ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Август 2018 17:34


Узви Ихвон-ал-СССР, Наҷмиддин Расулов, аз ноҳияи Шаҳринав дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР дар тамос шудаву гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР андешаи Комрони Далерро оид ба танзим ва исрофкориҳо хондам, ки занонро сабабгори асосии серхарҷӣ номидааст. 100% рост мегӯяд. Воқеан, яке аз вайронкунандагони талаботҳои қонун дар бораи танзим маҳз занонанд. Росташро гӯям, баробарии ҳуқуқи зану мардро ҷамъияте риоят мекунад, ки он солим асту ақлу заковату фаросат дорад. Дар тӯйи рафиқе ширкат кардем. Марди хона медавиду мепарид, то духтарашро хурсанд гусел намояд. Ин ҳангом зани ӯ аз чизе норозӣ барин, бо овози баланд ба шавҳар дод мезад. Худро нишон медод, ки сардори маърака ӯст ва чизе хоҳад, бояд иҷро шавад. Мо 5-6 нафар ноҳинҷор шуда, ба тарафи дарвозаи ҳавлӣ дуртар рафтем… Ана баробарҳуқуқӣ! Тамоми хароҷотро мард мекунаду дар маърака зан хӯҷаин. Занҳоро бояд ҷазо бидиҳанд, баъд мефаҳманд, ки зиндагӣ чист.

Чоршанбе, 29 Август 2018 17:32


Муаллими собиқадор-Мирзоҳикмат Маҳкамов аз деҳаи Ворухи шаҳри Исфара бо телефони 98 799 64 05 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман 2 гуфтанӣ дорам:
1.Чанд вақт боз газетаи дӯстдоштаи мо-СССР ба Ворух намеояд. Сабабашро намедонем. Хоҳиш мекунам, ки ҳамин мушкилро дида бароетон. Зеро СССР дар Ворух бениҳоят ҳаводори зиёд дорад…
2.Дирӯз бародар ва дӯсти гиромии мо, яке аз иқтисодшиносони маъруфи Тоҷик Муртазо Қаҳҳоров дар синни 74-солагӣ даргузашт. Бояд гуфт, ки мавсуф номзади илмҳои иқтисодӣ буду сармуаллими кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Дар Бонки Миллии Тоҷикистон ҳам чанд муддат ба ҳайси муовин фаъолият карда буд. Раиси Амонатбонки Исфара ҳам буд. Шодравон дар тарбияи кадрҳои иқтисодӣ саҳми бориз гузоштааст. Худо раҳматаш кунад, ин марди бузургро!

Чоршанбе, 29 Август 2018 17:28


Баъди нашри мақолаи «Эҳсон»-и беэҳсон!», ки дар СССР чоп шудааст, гурӯҳи корӣ, бо иштироки муовини соҳавӣ, мутахассисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бохтар ва сардухтури МНДСЭ таъсис дода шуда, тарабхонаи мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки тарабхона дар як вақт то 100 нафар мизоҷро қабул намуда, ба онҳо 3 пешхизмат хизмат мерасонанд. Бо роҳбарияти тарабхона камбудиҳои дар мақола ҷойдоштаро баррасӣ намуда, иваз намудани чойнаку пиёлаҳои шикаста, либоси ягона ва оид ба курси омӯзишӣ ҷалб намудани пешхизматон масъалагузорӣ карда шуд. Лозим ба зикр аст, ки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ш.Бохтар аз 20.05.2018 курси омӯзишии 2-моҳа ташкил намуда, ҳамаи пешхизматҳои тарабхонаю ошхонаҳои шаҳр ба курси омӯзишӣ ҷалб карда шудаанд.

Исмоилзода А.А.
Раиси шаҳр

Чоршанбе, 29 Август 2018 17:24


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман 1 мушкили мактабӣ дорам. Дирӯз духтарчаам-Бибизаҳро Ёроваро ба мактаби миёнаи №6-и ноҳия бурдам, барои синфи 1. Аммо қабулаш накарда, гуфтанд, ки «барои қабули духтарчаи шумо ба синфи 1 чанд ҳафта намерасад ва 7-сола нест…». Хоб гуфтам. Аммо чӣ маро алам кард? Духтарчаи ман 6-солаю 6-моҳа асту сахт хоҳиши мактаб рафтан дорад ва ҳар рӯз пеши ману очааш гиря мекунад, ки «чаро дугонаи ман-Зарнигор мактаб рафту ман не?!». Дар шоҳидии ман 1 кӯдакеро гирифтанд, ки он ҳам мисли духтарчаи ман синну соли кам дошт. Хуллас, ман мехоҳам бифаҳмам, ки кӯдакро аз синфи чанд бояд ба мактаб бигиранд? Ба ин суоли ман кӣ бояд посух бидиҳад? Фикр мекунам, мисли ман даҳҳо падару модар чунин мушкили мавсимии мактабӣ доранду намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд…

Бахтиёр Мирзораҳматович Ёров,
н.Мастчоҳ, деҳаи Оббурдон, тел: 92 700 20 14

Чоршанбе, 29 Август 2018 17:17


Аҳмад-ШОҲ МАСЪУД бузургтарин афсаре дар таърихи сиёсии тоҷикони муосир аст; Номбурдаро аз саҳни бархурдҳои сиёсӣ бо дастури абарқудрате бо роҳи роҳандозӣ намудани амали террористӣ ҳазф карданд; Мавсуф нерумандтарин инсонест, ки садоқатро нисбат ба Меҳану миллат гиромӣ доштааст; Миллат ин афсари қавииродаро аз ин хотир дӯст медорад, ки Аҳмадшоҳ худро аз мардум пиндошт ва барои мардумон корнома сохт. Корномаи ӯ дар таърих назир надорад! Ӯ бузургтарин чеҳраи майдонҳои геополитикист, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ӯро бар василаи тарсу пайсаву дипломатия зархарид карда натавонистанд ва билохира барои ваҳшиёна аз байн бурданаш дастур доданд! Дар торихи тамаддуни башар бисёранд тоҷиконе, ки бо бозгӯ намудани илму адаби ҷаҳонгир айни замон машҳури олам гардидаанд ва ҳар як давлатеву қудрате ононро барои аз миллати худ пиндоштан талош меварзанд, аммо чун Шоҳ Масъуди Хуросонӣ агар дар аҳди бостон ва давраи асримиёнагӣ бешумор бошанд, вале дар замони ҷадид ангуштшуморанд ва ин ҷо месазад мову шумо аз шери Панҷшер ба унвони яке аз барҷастатарин ва гиромитарин чеҳраҳои сиёсии миллати худ ёдоварӣ бинмоем. Корномае, ки мавсуф ба ёдгор гузоштааст, дар сартосари таърих ҳувайдост ва ин корномаро ҳар касе, ки ба сарнавишти миллате бепарво несту набудааст, бояд давом бидиҳад!

Машраби Абдулло,
журналист

Чоршанбе, 29 Август 2018 17:13

Марзи миллӣ-6

Ҷумъа, 24 Август 2018 09:25


Вебсайти Агентии мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар медиҳад, ки барои ишғоли мансаби ёвари мудири супоришҳои махсус, нозири калони раёсати ташкили кор, нозири калони раёсати кадрҳо, нозири калони бахши коргузории махфӣ, муфаттиши бахши тафтишотӣ… ба кор даъват мекунад. Дар агентӣ 15 мансаби холӣ муайян шудааст, ки ба он аз ҳисоби мутахассисон корманд қабул карда мешавад. Барои кор дар Агентӣ таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ ҳатмӣ буда, аз 1 то 3 сол собиқаи корӣ талаб карда мешавад. Маош аз 628 то 859 сомонӣ муайян шуда, иловапулӣ низ дода мешавад.

Ҷумъа, 24 Август 2018 09:21


Дафтари матбуоти Раёсати ВУД дар Душанбе хабар медиҳад, ки Шаҳноза Қироноваи ҷавон дар ш.Душанбе ҳангоми идораи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ дастгир шуд. Ӯ ҳангоми идораи "Мерседес-Бенс" (рақами қайди давлатиаш 5511ЕЕ01) ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Баробари ӯ 12 ҷавони дигар дар чунин ҳолат ба сари рӯл нишастаанд. Дар 1 ҳафта дар ҳудуди пойтахт 3120 қонуншиканӣ дар роҳ ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 355 пиёдагард дар 1 ҳафта дар Душанбе қоидаи роҳро вайрон кардаанд.

саҳ 3 аз 14

Китобҳо

Flag Counter