Панҷшанбе, 30 Август 2018 16:08

Панҷшанбе, 30 Август 2018 16:04

Панҷшанбе, 30 Август 2018 15:59

Чоршанбе, 29 Август 2018 17:50



Қадаҳи Петри Бузург
25.08.1941 дар Иттиҳоди Шӯравӣ фармони №0320 ба имзо расид, ки ба аскарони Артиши Сурх додани 100 гр арақро дар рӯз қонунӣ кард. Муаррихон дар бобати ин иқдоми роҳбарияти Шӯравӣ назари мутафовит доранд. Баъзе таълимоти алкулии ҷанговарони Артиши Сурхро вежагии муайянкунандаи ғалаба дар ҷанг медонанд ва иддаи дигар бар инанд, ки шаробхорӣ дар артиш сабаби майлу рағбат пайдо кардани як насли мардони шӯравӣ ба майнӯшӣ шуд.
Таърихи таъмини аскарони рус бо маводи алкулӣ чандин садсола пеш аз болшевикон шуда, ба замони Петри I бармегардад. Маҳз ӯ аввалин шуда ба аскарон нӯшонидани шаробро иҷозат дод. Ин анъана ба низомиёни рус бисёр писанд омад ва аз авохири қарни ХVIII ба аскарони қатории Артиши Русия дар замони ҷанг 3 қадаҳ (чарка) "шароби нонӣ" ва ба аскарони ғайриқаторӣ бошад 2 қадаҳ дар тӯли ҳафта шароб муайян карда шуд. Дар флоти баҳрӣ ҳам вазъият чунин буд.

Чоршанбе, 29 Август 2018 17:46


23.08.1935. Дар манораҳои Кремл ситораҳои ёқутӣ, ки дар яке аз корхонаҳои Донбасс сохта шуда буданд, насб гардиданд.
23.08.1939. Дар Маскав миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони нозӣ Созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накардан ба имзо расид. Ин Созишнома бо “пакти Молотов-Рибентроп” маъруф аст ва барои муддате ҷангро миёни СССР ва Олмон боздошт.
23.08.1942. Оғози муҳорибаи Сталинград. Дар ин рӯз артиши олмонӣ ба наздикиҳои Сталинград расида, мудофиа шаҳр оғоз гардид.
23.08.1943.Дар рафти ҶБВ ба Артиши Сурх муяссар шуд, шаҳри Харковро аз дасти немисҳо озод кунад. Ҷангҳо барои Харков бисёр шадид буданд. АС 3 маротиба кӯшиш кард шаҳрро ба тассаруф дарорад, аммо 2 кӯшиши аввал ба нокомӣ анҷомида, танҳо дар дафъаи 3-ум немисҳо тоб наоварда ақиб нишастанд.

Чоршанбе, 29 Август 2018 17:44


   Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ бо 1 қарори худ арзиши нави сим-кортҳои телефонҳои мобилиро тасдиқ кардааст. Аз 1.09.2018 нархи 1 сим-корт 250 сомониро ташкил дода, аз ин 215 сомонӣ барои пайвастшавӣ ва 35 сомонӣ ба тавозуни муштарӣ гузаронида мешавад.
   Гуфта мешавад, ки дар сурати зарурати аз нав барқарор кардани сим-корт баъди корношоям ё гум шудани он, ин маблағ дубора пардохт намешавад. Инчунин, шаҳрванде, ки сим-корт дорад, ҳаққи ба нафари дуввум додани онро надорад. 1 нафар аз 2 ширкат ҳаққи харидани 2 сим-кортро нахоҳад дошт. Дар сурати ба нафари дигар, хоҳ афроди наздик аст ва ё шаҳрванди хориҷӣ додани сим-корт, ҷарима карда хоҳад шуд.


Чоршанбе, 29 Август 2018 17:39


Варзишгари Тоҷик Беҳрӯз Хоҷазодаи 23-сола дар бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар гӯштии навъи кураш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Бар асоси ҷадвали эълон Беҳрӯз, ки ҳамагӣ 73 кг вазн дорад, имрӯз дар сабқати ниҳоӣ бо Алӣ Акбари Илёси 30-сола дар вазни 81 кг қувва озмуд. Илёсӣ, ки аз ӯ 8 кг вазнинтар буд, бо бартарии 1 хол медали тилло ба даст овард. 
Медали Хоҷазода дуюмин медали Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё-2018 аст. Қаблан Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик бо касби мақоми дуюм барои тими Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё-2018 нуқра овард, ки нахустин медали кишвар дар ин бозиҳо мебошад.



Чоршанбе, 29 Август 2018 17:37


Фарҳод Калонов-президенти клуби мототсиклсаворони Тоҷикистон бо мошинаш ба 50 кишвари ҷаҳон сафар мекунад. Ба гуфтаи ӯ, 2 моҳ аст, ки дар сафар асту Русия 16-умин кишварест, ки вай сафар мекунад. Ба гуфтаи сайёҳ мошин барои ӯ мисли манзилест, ки дар он тамоми шароитҳо муҳайёст: ошхонаву ҳамом  дораду ҷойи хобаш ҳам мошинаш аст. Ба гуфтаи вай, аввал ӯ бо ду фарзандаш ба роҳ баромада буд. Бо онҳо 7 кишварро саёҳат карду аз Туркия писаронашро ба Тоҷикистон гусел кард. Ин гардишгари тоҷик дар рафти саёҳати ҷаҳон ба бештар аз 50 кишвар сафар карда, 100 ҳазор километрро тай хоҳад кард. Ӯ як сол дар саёҳат мегардад. Ба гуфтаи ӯ, мақсади асосиаш кӯмаки башардӯстона мебошад. Вай сафарашро рӯзи 1 июл — Рӯзи ҳифзи умумиҷаҳонии кӯдакон оғоз кардааст.

саҳ 2 аз 14
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase