ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 23 Август 2018 10:06


  Хизмати 1 рӯзаи корманди милитсияи сайёҳии ВКД ҶТ 250 сомонӣ муқаррар карда шуда, ба ғайр аз он масъулони ширкатҳои сайёҳӣ муваззаф гардидаанд, ки милисаҳои барои амнияти сайёҳон сафарбар шударо дар вақти сафар бо ҷойи хобу 3 маҳал хӯроки гарм таъмин намоянд. Ин маблағ ва ин харҷро ширкатҳои сайёҳӣ бояд пардохт намуда, хизматрасонии милисаҳои сайёҳӣ танҳо дар ш.Душанбе ройгон асту халос.
   Милисаи сайёҳӣ пас аз ҳамлаи маргбор ба сайёҳони хориҷӣ, ки рӯзи 29.07.2018 дар ҳудуди н.Данғара ба вуқӯъ пайваста буд, дар заминаи Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД таъсис ёфта, алакай барои ҳамроҳӣ ва хизмат расонидан ба сайёҳон оғоз кардааст. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии мамлакат мегӯянд, ки таъсиси милитсияи сайёҳӣ тадбири саривақтӣ ва лозима буда, аз 1 тараф амнияти сайёҳонро таъмин менамояд, вале аз тарафи дигар он харҷи иловагиро талаб мекунад.


Панҷшанбе, 23 Август 2018 09:53


 Хайрулло Мирсаидов, журналист ва роҳбари тими зарифон-КВН-и тоҷик дирӯз 22.08.2018 бо қарори додгоҳи вилояти Суғд аз зиндон озод шуд. Хабари озодии Хайруллоро нахуст хонаводаи эшон ва баъдан худи ӯ низ тасдиқ намуда, масвуф гуфтааст, ки ҳоло тамоми саъю талошашро барои сафед кардани худ дар зинаҳои болоии додгоҳ сарф хоҳад кард.
   Бояд қайд намуд, ки 11.07.2018 додгоҳи ш.Хуҷанд Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд. Мирсаидов ба "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ", айбдор дониста мешуд.
   Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5.12.2017, баъди он дастгир шуд, ки дар 1 изҳороташ дар интернет иддао кард, ки сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ 1000 доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода ин иттиҳомро 1 тӯҳмат номид ба аз болои Хайрулло Мирсаидов ба додгоҳ шикоят бурд.
   Баъди содир шудани ҳукми додгоҳи ш.Хуҷанд дар моҳи июл, хонаводаи Мирсаидовҳо гуфтанд, ки ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд. Ин маблағро додгоҳ дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони "зиёни молии давлат" зикр карда буд. Онҳо гуфтанд, бо вуҷуди он ки оила гунаҳгор будани Мирсаидовро эътироф намекунад, ба хотири озодии журналист тасмим гирифтанд маблағро пардохт кунанд.
   Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Хайрулло Мирсаидов, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, ки нафари таҳти ҳимояташ ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф шудааст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, бинобар он, ки Хайрулло Мирсаидов 9 моҳ дар ҳабс қарор дошт, ҳукми корҳои ислоҳиаш адо шуда, ӯ ҳоло бояд танҳо ҷаримаро пардохт кунад.

 
 

Панҷшанбе, 23 Август 2018 09:50


  Вазорати корҳои дохилии мамлакат аз боздошти 1 шаҳрванди кишвар, ки ҳангоми ронандагӣ дар хатсайри ғайриқонунии №3 нисбати мусофирон ва роҳгузарон, алалхусус ҷавондухтарон ба кирдору рафторҳои ношоиста даст мезадааст, хабар медиҳад.
   Санаи 17 август 1 гурӯҳ корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар ш.Душанбе хоҳиш намуданд, ки мақомоти милитсияи пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи номаълумро, ки ҳамчун таксӣ фаъолият менамояд, муайян намуда, нисбати кирдорҳои ғайриахлоқии ронанда, ҷавонписари тахминан 25-30-сола баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Зеро ронандаи автомашинаи мазкур зимни фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ пайваста ба дашному ҳақорат ва таҳқири дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даст зада, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии шаҳрвандонро поймол мегардонад.
   Ҳамагӣ баъди 1 рӯзи ирсоли муроҷиати шаҳрвандон, санаи 18 август кормандони милитсияи пойтахт зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомшаинаи мазкурро муайян намуда, автомашинаи мазкурро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
   Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Файзуллозода Лутфуллои Муртазо, соли таваллудаш 18-уми октябри соли 1992 буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 0203АК08, сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Қирғизон мебошад. Номбурда ба таври ғайриқонунӣ бе гирифтани иҷозатномаҳои дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамчун таксии кироякаш, дар хатсайри худсохтаи рақами 3, фаъолият намуда, зимни кашонидани одамон ба дашному ҳақорат ва таҳқири шаҳрвандони дигар даст мезадааст. Тавре аз навор бармеояд, номбурда ҳангоми идораи автомашина ва ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, ба назди ҷавонзани тахминан 25-30- сола, ки тариқи роҳи пиёдагардон ҳаракат менамуд, рафта автомашинаашро боз медорад ва нисбати ин ҷавонзан бо алфози қабеҳ суханҳои ғайриахлоқӣ мезанад.
Баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудани ронандаи бадахлоқ номбурда пурра ба кирдорҳои ғайриахлоқиаш иқрор гардид. Дар натиҷа нисбати ҳуқувайронкунанда бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 20 август бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Файзуллозода Лутфуллои Муртазо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шудааст.
   Илова бар ин нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Лутфулло Файзуллозода барои бе гирифтани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидан нисбати охирон бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба суд ирсол карда мешавад.

Панҷшанбе, 23 Август 2018 09:42


   Аз 1.09.2018 нархи фурӯши 1 сим-корти телефонҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 250 муқаррар карда мешавад. Қарор буд, ки ин тасмим аз 20.08.2018 ба иҷро дарояд, аммо ширкатҳои мобилӣ гуфтанд, ки барои муштариён барои дубора ба қайд гирифтани сим-кортҳои ба номашон буда, 10 рӯз имконият хоҳанд дод. Дар ин 10 рӯз ҳар шаҳрванде, ки ба номаш 2 ва ё зиёда сим-корт аз 1 ширкати мобилӣ сабт шудааст, бояд ба марказҳои хизматрасонӣ рафта, ба таври ройгон ин сим-кортҳоро дубора ба номаш ба қайд бигирад ё аз сим-корти дуюмӣ даст бикашад.
   Гуфта мешавад, ки ин тасмимро Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати кишвар бо иқдоми ВКД ҶТ пас аз ҳамлаи маргбор ба сайёҳони хориҷӣ, ки рӯзи 29.06.2018 дар ҳудуди н.Данғара сурат гирифта буд, пеш гирифта, мақсад аз ин он аст, ки мардум бояд ба қадри сим-кортҳо бирасанд ва онро ҳар рӯз иваз накарда, ба номи худ ба шахсони бегона низ сим-корт гирифта, надиҳанд. Инчунин, таҷриба нишон додаст, ки шаҳрвандони мамлакат ба хотири арзон будани нархи сим-корт ҳар яке то 10 сим-корт дошта, пас аз истифодаи кӯтоҳмуддат онро мепартоянд ва ё барои истифода ба шаҳрвандони хориҷӣ медиҳанд.
   Минбаъд бо гарон шудани нархи сим-корт ва дохил шудани ҳар шаҳрванде, ки аз 1 ширкати мобилӣ 2 сим-корт дорад ба феҳристи ВКД ҶТ, назорат аз болои чунин афрод ва истифодаи онҳо аз сим-кортҳо ҷиддитар хоҳад шуд.

СССР
 



Чоршанбе, 22 Август 2018 16:09


Имрӯз нархи 1 кг пахта дар бозори ҷаҳонӣ аз 8 то 9 доллари амрикоист, тибқи гуфтаи ТВҳои мо. Аммо бо ҳамин қадар меҳнату хароҷоти зиёди мо пахтаро аз мардуми истеҳсолкунандаи маҳаллӣ бо қимати 1 доллар ҳам намехаранд. Магар ин ҳам инсоф аст? Боз мегӯем, ки мо мусулмонем. Пас аз куҷо пахтакори маҳаллӣ соҳиби 1 даҳон нон мешавад? Бинед сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо ҳоло дар бозорҳо чӣ қадар нархи баланд доранд. Болои ин пахтаро бо даст мечинанд, тайёр карда, бо 2 дасти адаб бо техникаи худӣ ба хлоппункт бурда месупоранд. Марҳамат, ёбу гир!!! О, намешавад заводдорҳо техника ташкил карда аз истеҳсолкунанда бихаранду бибаранд? Охир, онҳо миллиону миллиард доранд ку! О, намешавад, ки аз 8 доллар ақаллан 2-3 долларашро ба истеҳсолкунанда диҳанд, то онҳо низ дар коркарду чиниш азоб накашанд? Ё аз қарз бираҳанд…
Барои ҳамин пешниҳод мекунам, заминро ба деҳқонони асил диҳанду аз дасти заводдорон кашида бигиранд? Дар вақташ, дар замони шӯравӣ, барои ҳар га аз ҳисоби пулҳои ҷудошуда кишоварзон ва колхозҳо маблағ мегирифтанд ва корҳояшонро иҷро карда боз бармегардонданд. Ҳозир «заминро ба халқ додем» гуфта дигар ҳеҷ кас парво надорад. Фақат андозро бисупор. Дигар аз куҷо ту пул меёбӣ, кор надоранд. Депутатҳо меросӣ шудагӣ барин ба фикрам дигар одамон ҳақ надоранд ба депутатӣ.

Таклиф мекунам:
1.Ягон одами вазифадор ба депутатӣ роҳ дода нашавад, чунки онҳо дидаву дониста гуноҳ мекунанд. Агар гуноҳашон ошкор карда шавад ҳам, онҳо бо сабаби депутатӣ халос мехӯранд. Аз ин сабаб онҳо аз қонун наметарсанд.
2.Шахсоне, ки дар вазифаҳои баланд кор мекунанд, хешу табор ва фарзандонашон дар кору вазифаҳои «ҳисобу китоб» роҳ дода нашаванд, махсусан, дар мақомот, коррупсия ва … дигар ҷойҳои пулдор.
3.Аз меҳнаткашон низ дар палатаҳо (манзурам парламент) аъзо қабул карда шаванд, то аз халқи оддӣ ҳимоя кунанд.
4.Бисёр соҳаҳо нолозим шуда мондаанд ва ҷои онҳо дар деҳаҳо корҳои дар ҷамоатҳо иҷро мешудагиро супорида, сарҳадҳои деҳаҳо ҷудо карда шавад, то аз ҳар куҷо омада заминҳоро аз худ накунанд.

Камолзода Саид,
н.Восеъ

Чоршанбе, 22 Август 2018 16:03


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ба рӯзномаву маҷаллаҳо, ҳатто ба китобҳои дарсии имрӯза назар меафканиву дар ҳайрат мемонӣ; калимаву вожаҳои наву нестандарчаҳон ба забони Тоҷикӣ ба дараҷае ворид шудаанд, ки аксарашонро дар луғоти саросари дунё наметавонӣ дарёб кунӣ! Шахсан камина ба омӯзиши забонҳои ғайритоҷикӣ дар кӯдакӣ ва мактаби миёна шуғл варзида будам ва бо 4 забон бемамониат гуфтугӯ карда метавонам: Вақте бори аввал ба Русия, ки дар даврони Шӯравӣ яке аз ҷамоҳири бародарӣ буд, сафар кардам, озод бо забони русии дар мактаби миёна омӯхтаам бо русҳои муқимӣ ҳарф мезадам. Якдигарро бе мушкилӣ мефаҳмидем.
Ба Арабистон борҳо сафар карда, он ҷо бо забони Қуръони қурайшӣ, ки 1400 сол пеш аз даврони мо нозил шудааст, сухан мекунам, касе аз ман нофаҳмие намебинад! Ё ба давлатҳои аврупоиву дигар мамолики дунё борҳо рафтааму бо забони англисии замони мактабиям, ҳарф мезанам, - чӣ дар Африқову чӣ дар Амрико оммафаҳму якранг аст, аммо дар Ватани худ бо забони Тоҷикиам, ки аз модарам омӯхтаву дар мактаби миёна такмил додаам, сухан биронам, маро тоҷикони Ватании худам ё намефаҳманд, ё ягон калимаву ҷумлаашро баргашта мепурсанд ва таъкид ҳам мекунанд, то иваз намоям (!). Агарчи ба он имлое, ки омӯхтаам, бо баҳои аъло имтиҳон супорида, ба Донишгоҳ дохил шуда будам!

1 имло 5 бор тағйир ёфт!!!
Танҳо дар якчанд соли баъди истиқлолият, агар хато накунам, Имлои Забони Тоҷикӣ 5(!) бор дигаргун шуд, вале боз ҳам нофаҳмою дағал! Ҳоло дар даст дорам китоби «Фарҳанги забони Тоҷикӣ» (чопи с.1990)-ро ва ҳар замон дар мавриди лозима аз он истифода мебарам. Китоб чунон содафаҳму осонбаён аст, ки бовар дорам, онро дар саросари ҷумҳурӣ ҳам деҳқону ҳам олим, ҳам коргари оддиву ҳам муҳандиси олимартаба хуб мефаҳманд ва ягон хел шарҳи илова ба он тавзеҳот лозим нест. Магар дуруст нест, ки аз вожаҳои номафҳуми луғатнависони эронипарасти имрӯза даст кашида, маҳз аз фарҳанги бойи аслии худ истифода барем? Бе калимаҳои «алкол»-у «силот»-у «хатт»… ва ин гуна навворидшудаҳо ҳам таркиби луғавии забонамон ба дараҷаи лозима бойю рангин будааст, пас барои чи дар муддати якчанд сол бо истифода аз забони бегонаву лаҳчавӣ ва ворид кардани якчанд калимот забонро олудаву дағал мекунанд?

Бигзор ман миллатчӣ бошам!
Донистани забон хуб аст, аммо дар кӯчаҳои шаҳр имрӯзҳо ҷавононе, ки қадамашон 1 маротиба ба Русия расида бошад, ҳаракат мекунанд, забони модариро фаромӯш карда, бо русӣ байни ҳам гуфтугӯ кунанд ва ё дар маъракае танҳо Тоҷикон иштирок дошта бошанду байни онҳо миллати дигаре ворид шуда монад, ҳамон лаҳза, қасам мехӯрам, ҳама (!!!) забони тоҷикиро фаромӯш карда, бо он забони гӯё «дӯст»-ашон бармегарданд, (ин аз рӯи меҳмондӯстиамон набуда, аз одати бади бегонапарастимон аст!). Бигзор маро ҳар касе хоҳад миллатчӣ ё ба таври дигар ном барад, аммо ман барои тоза нигоҳ доштану ҳифзи он ва шарафи миллати худам мубориза бурдааму мебарам, бигзор гӯри маро барои ин гуноҳам аз дигарон ҷудо кунанд, вале барои ман нанги миллат дар мадди аввал меистад!!!

Ҳаким Исмоилзода,
адиб, ш.Исфара

Чоршанбе, 22 Август 2018 15:59


Рустам Хоҷаеви 45-солаи тоҷик, собиқ сармураббии КФ "Хуҷанд" сартренери тими футболи "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолуддин Балхӣ (собиқ н.Колхозобод) таъйин шуд. Хоҷаев моҳи феврали соли равон аз вазифаи сармураббии клуби футболи "Хуҷанд" барканор шуда буд. Тағйирот дар ҳоле сурат гирифт, ки тими футболи "Хуҷанд" дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 аз тими "Аҳал"-и Туркманистон шикаст хӯрд.

Чоршанбе, 22 Август 2018 15:56


Соли 2004 ба раиси н.Данғара Сайдализода Маҳмадулло ариза пешниҳод кардам, ки ба ман 19,5 га замин барои хоҷагии деҳқонӣ ҷудо кунад. Раис розӣ шуд, вале раиси Кумитаи замини ноҳия Сафаров ба кашолкорӣ роҳ дода, заминро ҷудо накарда, ба Қурбонов Баҳодур-додари Абдусалом Қурбониён (собиқ вазири молия) дод. Он вақт А.Қурбониён раиси андози н.Данғара буд. Бо булдозер роҳи мошингард ва талу теппаҳоро ҳамвор намудам, ки ин ҳама аз ҳисоби худам буд. Абдусалом Қурбонов ба ман гуфт, ки харитаҳо ва нақшаҳоро кумитаи замин кашанд, ман розигӣ медиҳам. Ҳуҷҷатҳоро тайёр карда назди Қурбониён бурдам. Ӯ ба 19,5 га замин розигӣ надод, аз 3 қитъаи замин, 2 қитъашро гирифт ва дар ҷамъ 14,65 сотих ба ман монд. Хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда, 1700 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонидам, ки инак 4 сол шуд дар ҳосиланд. Зиндагии худ ва 50 нафарро таъмин мекунам. Баъде, ки замин ҳосилхез шуд, то бошишгоҳи саҳроӣ барқ кашидам. Баъд Б.Қурбонов фишор овардан гирифт, ки «заминатро мегирам, ту медонӣ, ки акаи ман вазири молия аст, ту 1 камбағалӣ куҷое меравӣ рафтан гир». Майи с.2017 гуфт, ки «заминатро ба ман фурӯш». Гуфтам, «ин қитъа аз бобоёну бузургонам меросист, дода наметавонам». Дар ҷавоб «қарори заминро акаам Абдусалом бекор мекунад, 1 телефонаш ба ту бас» гуфту рафт. Як рӯз додарам барои кори худаш ба кумитаи замини Данғара рафтааст. Раиси кумитаи замини ноҳия С.Холов ба додарам гуфтааст, ки «акаат хабар надорад, беш аз 1 моҳ шуд, қарори замини хоҷагиатон бекор карда шудааст». Пагоҳаш назди Холов рафта, сабаб пурсидам, ки гуфт: «Қарори шуморо аз 9.06.2017 таҳти №367 бекор кардаанд». Баъди чанд рӯз коргарҳои Баҳодур омада гуфтанд, ки «сеткаҳоятро меканем, ин ҷо бояд молҳои Абдусалом Қурбонов бичарад». Новобаста аз он, ки Қурбонов беш аз 3000 га замин дорад, боз 2 қитъа замини маро низ кашида гирифтанист. Хуллас, ба Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ бо ариза муроҷиат кардам, аммо ягон натиҷае ҳосил нашуд. Ҳоло, ки Қурбониён дигар ягон вазифа надораду бекор аст, мехоҳад замини маро бигирад! Пас мо-камбағалон куҷо равем???

Амиршо Икромов,
деҳаи Розиён, н.Данғара, тел: 93 549 49 55, 93 435 71 71

саҳ 4 аз 14

Китобҳо

Flag Counter