ХАБАРИ ДОҒ

Муаллимаи собиқадор аз фанни математика барои синфҳои ибтидоӣ, муаллифи чандин китоби дарсӣ-Очаҷон Шуайбова, аз шаҳраки Қистакӯзи вил.Суғд (тел: 92 754 14 98) дар меҳмонии СССР гуфт, ки 2 гуфтанӣ дорам. 1.Газетаи СССР аз он ҷиҳат сахт писандам аст, ки Владимир Илич Ленин-доҳии пролетариати ҷаҳон барои камбағалон давлат, замин ва дониш дод! Тасаввур мекунед, бо барпо кардани 1 инқилоб 1 давлати кабирро аз бойҳо кашида гирифта ба дасти камбағалҳо дод. Инқилоби Октябр 99-сола шуд, аммо то ҳол ман пайрави ақидаҳои Ленин ҳастам. Ман дар давлати демократӣ зиндагӣ дорам, аммо мисли сотсиализм ягон вақт мо соҳиби сохт намешавем. Одам аз он беҳтарашро надидааст ва ҳам намебинад! Дар давлати барпокардаи Ленин ҳама баробар буд. 2.Ҳамин дирӯз маро Вазорати маориф ва илм барои таҳрири 1 китоби дарсии фанни математика даъват кард. Даъват карду роҳкироямро надод. Мани пир 100 сомонӣ хароҷот карда, аз худи Хуҷанд ба Душанбе омадам. Ин магар айб нест? Аҷибаш ин аст, ки Вазорати маориф 4000 сомониро ҳамчун «гонорар» барои 1 китоби дарсӣ ба 7 муаллиф тақсим кардааст. Ҳисоб кунед, ки он ба 1 нафар чанд сомонӣ мерасад…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter