Узви Ихвон-ал-СССР, Меҳронаи Шавкат, сокини ноҳияи Шаҳритус дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Мардуми мо медонанд, ки исрофкорӣ ҳаром аст, аммо бо вуҷуди ин дидаву дониста даст ба «ҳаромкорӣ» мезананд. Баъди ҳар ид аз назди чанд нуқтаи мусорпартоӣ мегузарем ва мебинем, ки шаҳрнишинон дастурхони идонаи худро оварда партофтаанд. То ҳатто нону тарбуз ва озуқавории бутуну ношикаста ва дастнорасидаро дар мусор мерезанд. 2.Тахтасанг ё кафелҳои «подземка»-и чорроҳаи бозори Саховат меҷумбанд ва инро ҳангоми роҳ гаштан ҳис мекунед ва мебинед. Ҳатто аз гузаргоҳи самти ҷанубӣ 1 кафели паҳлӯиро канда бурдаанд ва ҷояш намоён аст. Ин ҳолатро дар «подземка»-и Маркази савдои Садбарг низ дидам. Дар даврони собиқ Шӯравӣ кафелҳоро рӯи замин тарзе мечиданд, ки на дар барфу борон зиён медид, на касе ҳатто бо белу каланд метавонист биканад. Кафелҳои имрӯза дар 1 бориши барфу борон мисли рег мешаваду нопадид ва ҳатто бо даст кандан ҳам мумкин.