Узви Ихвон-ал-СССР, Сайвалӣ Шерализода, омӯзгор аз ноҳияи Варзоб дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки мехоҳам дар бораи инсофи таксиронҳо бигӯям. Вақтҳои охир шамоли нарху наво на танҳо дар бозор, балки ба ронандаҳои таксӣ ҳам таъсир расонд. Дар ҳар ид аксарияти мусофирони хатлонӣ ба ноҳияҳои вил.Хатлон аз истгоҳи сунъии бозори «Саховат» мераванд. Ман бо чашми худ дидам, ки ронандаҳо барои клиент байни якдигар дашном чӣ, ки ҳатто ҷангу хархаша мекунанд. Инаш ҳам ба хайр. Ҳар замон, 1 рӯз пеш аз ид нархи роҳкирои Душанбе-Куйбишев (н.А.Ҷомӣ) 20 сомонӣ мешавад, ҳол он ки дар рӯзҳои муқаррарӣ 10-12 сомонист. Ронандаҳо ҳатто ба зораю таваллои пирону занон аҳамият намедиҳанд. Хуллас, бо машаққате 4 нафар дар 1 мошин нишаста, бо 10 сомонигӣ ба н.А.Ҷомӣ рафтем. Ронандаи мо-Лутфия Қурбонова аввалин ронандазан аз ин ноҳия буда, фақат дар фикри савоб аст ва барояш пул муҳим нест. Воқеан, солҳои пеш Лутфияро дар деҳа таъна мезадаанд, ки наход зан ронанда шавад. Аммо ронандагӣ барои Лутфия касби авлодист. Вале гап сари ин аст, ки чаро мақомот аз болоравии роҳкиро андеша намекунанд?