ХАБАРИ ДОҒ

Монеагузории Русия таҳвили бору мусофиронро коҳиш додаст

  • Панҷшанбе, Нояб 17 2016

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар 10 моҳи соли 2016 ба 949,2 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидааст, аз он ба 511,1 ҳазор мусофири рафта ва 438,0 ҳазор мусофири омада.  Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, дар ин давра миқдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурудгоҳ қабулгардида ва интиқолдодашуда 1853 тн.- ро ташкил дод, ки аз ин миқдор 122,5 тоннаро маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мебошад, аз он ҷумла, асал -721кг, тути хушк 16278 кг, мевагӣ 104697кг., сабзавот 864кг.

Миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда дар даҳ моҳи соли 2016, аз он ҷумла рейсҳои доимӣ– 4431  адад, рейсҳои чартерии ғайринақдӣ 286 адад ва рейсҳои чартерии  нақд 30 ададро ташкил доданд. Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал бароварда мешаванд. Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 12 ададро ташкил мекунад.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter