Панҷшанбе, 12 Октябр 2017 15:47


Ба гузориши сайти расмии Маҷлиси қонунгузор, намояндагони Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди рушди байналмилалии ОПЕК барои иҷрои тарҳи «Беҳсозии роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа (коридори 2,5 ва 6 CAREC)»-ро тасвиб карданд. Вазири нақлиёти ҶТ Худоёр Худоёрзода дар муаррифии ин тарҳ дар маҷлис гуфт, ки арзиши куллии он 96,38 млн доллар аст, ки аз ин маблағ 17 млну 18 ҳазор доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон ва боқимонда саҳми Бонки рушди Осиёӣ ва Бунёди рушди байналмилалии ОПЕК аст. Бо ин қарз қарор аст, 33,2 км аз бузургроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа азнавсозӣ шавад, ки 3,7 км-и он аз қаламрави ш.Душанбе, 17,8 км - аз қаламрави н.Рӯдакӣ ва 11,7 км аз қаламрави н.Хуросон мегузарад. Дар ин роҳ 4 пул бо дарозии 630 метр навсозӣ, шумораи хатти ҳаракат 4 то, паҳнои бахши мошингузар аз 14 то 24 метр, ғафсии қабати поёнӣ асфалт 6,5 см, қабати боло 5 см, шумораи истгоҳҳо 20 то, зергузарҳо 6 то барои роҳҳои саҳроӣ ва чорвогузар, шумораи лӯлаҳои обгузар беш аз 60 то, пиёдаравҳо дар маҳалҳои аҳолинишин 3325 метр карда хоҳад шуд. Бар асоси ин барнома, бозсозии ин шоҳроҳ дар 2 марҳала анҷом хоҳад шуд ва иҷрокунандаи он ширкати чинии "China Road Bridge Corporation" аст.

Панҷшанбе, 12 Октябр 2017 15:46

Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 11 октябр дар ш.Тошканд доир шуд, ҷонибҳо ҷиҳати таҳвили маҳсулоти консервшуда ва содироти сементу дигар молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои ҳамсоякишвар тавофуқ ҳосил карданд. Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, миёни Палатаҳои савдо ва саноати кишвар дар бораи таъсиси Шӯрои кории «Тоҷикистон - Ӯзбекистон» Созишнома ба имзо расидааст. Ҳамчунин байни ширкати ӯзбекистонии «Кварс» ва корхонаи истеҳсоли консерваҳои ба номи Ҳасанови ш.Исфара (аз сабзавоту мева) ёддошти имзои қарордод оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, миёни ООО «Ғаюр» ва ширкати NOVA-и Ӯзбекистон дар бораи фурӯши масолеҳи сохтмон, байни ширкати «Элегант» ва «Навинтеркомлюкс» (Ӯзбекистон) созишномаи нияти ҳамкорӣ ва байни ҶДММ «Кедр» ва АО UZRADE (Ӯзбекистон) созишномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ва таҳвили молу маҳсулот ба имзо расидаанд.

Панҷшанбе, 12 Октябр 2017 15:38


Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кулли ҳаводоронро ба маҳфили ёдбуди шоири ширинкалом Искандари Хатлонӣ, ки рӯзи 12.10.2017, соати 17:00 дар толори бузурги ИНТ барпо мешавад, даъват менамояд.

Панҷшанбе, 12 Октябр 2017 15:22

 

Дар натиҷаи 1 садамаи нақлиётӣ дар н.Восеъ 52 сар гусфанд ба ҳалокат расид…

Панҷшанбе, 12 Октябр 2017 14:58


Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди деҳаи Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, воситаи нақлиёти тамғаи ДАМАС, рақами қайди давлатиаш 9643 ВК -ро барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдор 150 килограмм маҳсулоти қаннодии қанди наъви «DOLLY»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон ошкор гардид.
Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки моли мазкур ба шаҳрванд С.Қ. соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи ноҳия Спитамен тааллуқ дорад.
 


 
Номбурда ин миқдор молро аз минтақаи наздисарҳадии Платинаи ноҳияи Спитамен аз як шахсӣ ба ӯ ношиноси шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки зимни вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст, харидори намудааст. Ӯ моли харидаашро бебарасмиятдарории гумрукӣ ҳамлу нақд намуда, мехост ба ноҳияи Ҷаббор Pacулов барои фурӯш барорад.
Ҳамин тавр, шаҳрванд С.К. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, содир намудааст.
Дар асоси гуфтаҳои зикршуда ва бо дастрасии талаботи моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба шаҳрванд С.Қ тибқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Панҷшанбе, 12 Октябр 2017 08:28


Имрӯзҳо дар ш.Тошканд, пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон намоишгоҳи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки ин намоиши даствордҳои истеҳсолию саноатии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият яке аз калонтарин намоишгоҳҳои Тоҷик дар таърихи навини ҳамкориҳои 2 кишвари ҳамсоя буда, дар он беш аз 150 ширкати Тоҷикӣ маҳсулоти хешро ба намоиш гузоштаанд.
Корхонаҳои калонтарини Тоҷикистон амсоли ТАЛКО, иттиҳодияи «Нассоҷи Тоҷик», «Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Шоҳона», «Атласи Хуҷанд», «Қолинҳои Қайроққум», ширкатҳои «Амирӣ», «Азизӣ», «Рухом», «Зари Кӯлоб» беҳтарин намунаи маҳсулоти хешро барои сокинон ва соҳибкорони ӯзбек нишон дода умед доранд, ки маҳсулоти асили Тоҷикӣ ба бозори кишвари ҳамсоя ба зудӣ роҳ хоҳад ёфт.

СССР

Панҷшанбе, 12 Октябр 2017 08:24


Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе бо 1 қарори вежаи худ аз 9.10.2017 ба фаъолияти бозори «Шоҳмансур» нуқта гузошта бо ин онро барҳам дод. Ин амал тибқи амалиёбии нақшаи генералии ш.Душанбе сурат гирифта дар назар аст, ки қитъи собиқ бозор азнавсозӣ гашта дар он макон иншоотҳои нави маъмурӣ ва истиқоматӣ қомат афрозанд.
Дар асоси қарори мазкур  Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  муваззаф гардидаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати кӯтоҳтарин барои боздоштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозори мазкур ва дар якҷоягӣ бо дигар бозорҳои коммуналию хусусӣ, марказҳои савдо бо мақсади бо ҷойҳои нави фурӯш таъмин намудани фурӯшандагон ҷиҳати идома додани фаъолияти соҳибкориашон дар дигар нуқтаҳои савдои муқарраршудаи муносиб тадбирҳои зарурӣ андешанд.

СССР
 


Панҷшанбе, 12 Октябр 2017 08:20



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 корманди баландпояи шӯъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ-ро боздошт намудааст.
Ба иттилои расида, ин 2 нафар-сардори шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ, подполковники милитсия Алоҳиддин Камолов ва ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ҷовид Ваҳобов буда, онҳо ҳамчун гумонбар барои гирифтани пора дастгир шудаанд.
Аз тарафи муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия аз рӯи парвандаи ҷиноятии нисбат ба А. Нуриддинов, Э. Носиров ва дигарон бо моддаҳои 105 қисми 2 бандҳои «ж,з», моддаи 30 қисми 3 моддаи 105 қисми 2 бандҳои «а,ж,з» Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои тафтишотӣ гузаронида шуда, зарурати ба сифати шоҳид пурсидани шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳрвандон «А» ва «Б» ба миён омад ва ба кормандони шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ барои ба тафтишот ҳозир намудани шахсони мазкур супориш дода шуд.
Сардори шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ, подполковники милитсия Алоҳиддин Камолов бо маслиҳати пешакӣ бо ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ҷовид Ваҳобов бо истифодаи мақоми хизматӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр 29 августи соли 2017 аз шаҳрванд «А» бо роҳи фиреб ва бо баҳонаи он ки ӯро ба парвандаи ҷиноятии мазкур на ба сифати гумонбаршуда, балки ба сифати шоҳид ҷалб менамоянд,  15 000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамуда дар утоқи кории Ҷовид Ваҳобов 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 10 000 сомониро талаб намудаанд.
Ҳамчунин Алоҳиддин Камолов ба ҳамин монанд аз шаҳрванд «Б» маблағи 15 000 сомонӣ талаб намудааст. Ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Ҷовид Ваҳобов бо маслиҳати пешакии А. Камолов 30 августи соли 2017 аз шаҳрванд «Б» дар назди Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар дохили мошини шахсиаш, тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш ЕВ 54-80 01 РТ  5000 сомониро гирифта, боз овардани боқимонда 10 000 сомониро талаб намудааст.
Шаҳрвандон «А» ва «Б» аз кирдорҳои ҷиноятпешаи А. Камолов ва Ҷ. Ваҳобов огоҳ гашта, бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардаанд, ки нисбат ба номбурдагон тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ худи ҳамон рӯз, яъне 30 августи соли 2017 дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе майори милитсия Ҷовид Ваҳобов бо маслиҳати пешакӣ бо Алоҳиддин Камолов зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани 10 000 сомонӣ дар дохили мошини шахсиаш дастгир гардида, маблағи 10 000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбат ба Ҷ. Ваҳобов ва А. Камолов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.
 


саҳ 11 аз 17
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase