ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 16 Октябр 2017 10:24


Дар газетаи СССР (24.08.2017, №34(467) мақолаи сардабир С.Мизроб «Паспортро супурдан ба маънии патриот шудан аст?»-ро хонда ба андеша фурӯ рафтам. Муаллиф дар бораи ба нафақа баромадани генералу полковникҳо муҳокимаронии дуруст намуда, гуфтааст, ки «… парлумон нафақаро лаҷом задааст ва меъёр гузоштааст». Ӯ дарди ҳазорон нафарро, ки аз 1.01.2017 ба нафақа баромадаанд, изҳор намудааст. Ман низ аз ҷумлаи шахсони дар с.2017 ба нафақа баромада мебошам. Дорои маълумоти олӣ ва хизматчии давлатиям. Ҳамагӣ 415 сомонӣ нафақаи пиронсолӣ мегирам: ними обедпулии 1 вакили мардумӣ, ё директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ. Бо ин нафақа, ки барои хариди дору, барои табобатам басанда нест, чи тавр зиндагиро пеш барем? Фикр мекунам, ки вакилон ва муҳтарам директори Агентӣ дар солҳои охир ягон бор ба ягон бозор рафтагӣ нестанд. Агар мерафтанд, медонистанд, ки нархи дору, 1 кг картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, 1 халта орду 1 кг равған ва қанди сафед чанд сомонист ва пеш аз қабули қонун дар бораи нафақа, ки онҳо онро бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.03.2013, таҳти №90 овоз дода, қабул ва бо фармони худ аз 5.02.2016, таҳти №11 тасдиқ кардаанд, перомуни ояндаи нафақахӯрон каме фикр карда, дар дами пиронсолӣ муҳтоҷ ва дастнигар намекарданд.

Агар ҳоли хизматчии давлат ин аст…?
44 сол собиқаи корӣ дорам, ки аз ин 13+4 солаш хизматчии давлатӣ аст. Барои нафақаи хизматчии давлатиро гирифтан бояд 15 сол собиқаи кори хизматчии давлатии тоза бошад. Вале ман 13+4 (аз ин 4 солаш бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз рӯи зарурат дар 1 вақт дар 2 вазифа кор кардам), яъне 17 сол собиқаи хизматчии давлатӣ дорам. Дар кор ба бемории катарактаи чашм (2 бор ҷарроҳӣ ва 3 бор бо лазер чашмамро сӯзонданд) гирифтор шудаму 380 сомонӣ нафақа таъйин ва 6 моҳ пас аз нафақаи маъюбӣ таъин ва сипас аз вазифаи хизматчии давлатӣ озод карданд. 3 моҳ пас аз озод намудан аз кор ВТЭК-и минтақаи Кӯлоб бо сардории Қ.Хоҷаев нафақаи маъюбиамро низ бо баҳонаи «Мо план дорем» барҳам дод. Чӣ кор кунам? Касе арзатро гӯш намекунад! Ба куҷоҳое муроҷиат накардам… Ба ман нафақаи хизматчии давлатиро намедиҳанд ва ягон имтиёз надорам. Мегӯянд, ки 2 солат намерасад. Дар ҳеҷ куҷо дигар арзатро гӯш намекунанд.
Вакилони муҳтарам, вақте овоз дода, қонунро қабул намуданд, 15 сол собиқаи кори хизматчии давлатӣ, 180 моҳ ва бисёр дигар нофаҳмиҳои подарҳаворо аз куҷо гирифтанд? Чаро фикр накарданд, ки хизматчии давлатӣ одам аст, ӯ бемор мешавад, мемирад. Чаро онҳо барои 10, 12, 14 сол собиқаи кори хизматчии давлатӣ ягон имтиёз нагузоштанд? Бигзор 100% не, 60, 70, 80, 90% ӯро ҳамчун хизматчии давлатӣ имтиёз диҳанд. Магар ин аз рӯи адолат ва инсоф аст, муҳтарам вакилони мардумӣ ва директори Агентӣ?
Ё ин ки метарсед, пул мераваду давлат камбағал мешавад? Давлатро аз ҳисоби нафақа бой карданӣ ҳастед? Ҳақ аст, С.Мизроб, ки мегӯяд: «Ин рӯз ба сари шумо ҳам меояд».

Одина Баротов,
нафақахӯр, н.Муъминобод

Душанбе, 16 Октябр 2017 10:07


Дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат 5-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти ҶТ баргузор гардид, ки дар он паҳлавонон аз 15 кишвари дунё-Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Россия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Арманистон, Украина, Голландия, Америка ва Куба иштирок намуданд. Ҳамчунин дар ин Мусобиқа барои дарёфти Ҷом 20 тан варзишгарони маъруфи Тоҷик, аз ҷумла, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Саидҷалол Саидов, Акмалиддин Муродов, Саидҷамол Алимардонов ва Ғазалшоҳи Давлатшоҳ қувваозмоӣ карданд. Хотиррасон менамоем, ки паҳлавонони шинохтаи Тоҷик Саидҷалол ва Комроншоҳ дар вазни 90 кг бар ҳамаи рақибонашон ғолиб омада, ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Дар даври финалии мусобиқаи байналмилалӣ Саидҷалол Комроншоҳро бо 1 «бардошт» мағлуб намуда, ғолиби Мусобиқаи мазкур барои дарёфти Ҷоми Президент гардид.
Ёдовар мешавем, ки барои ғолибони ин Мусобиқа барои ҷои якум 7000 доллар, ҷои дуюм 4000 доллар ва 2 ҷои сеюм 2000 доллари ИМА мукофот таъйин шуда буд.
Тавре, хонандаи ин сутур нек ёд дорад, Комроншоҳ Саидҷалолро дар 1 гӯштии миллии наврӯзӣ дар моҳи марти ҳамин сол, дар ш.Душанбе ҳини мағлубият «ҳақорати маҳаллӣ» дода буд, ки он дар натиҷа аз ҷониби коршиносон вокуниши шадидеро ба вуҷуд овард.
-Ӯ тавассути чандин канали ТВ Тоҷикистон бо ҳаракати баду беандешонаву дағалу нораво ва ишораи даст ҳамаи моро 1 бор зад!-навиштанд расонаҳо. Аммо тарафдорони Устопириён баракс ҷониби Комроншоҳро гирифтанд. Сабқати 5 октябр бошад тамоми суолҳоро посух гуфт:
-Саидҷалол бар посухи он дашноми ҳариф ӯро на бо ҳақорат, балки бо зӯри даст ва амалан зад ва нишон дод, ки паҳлавонӣ чист ва паҳлавон кист.
Мо Метавонем!

Дар ҳамин маврид-рубрика!!!
Устопириён 3 узбекро зада чемпион шуд!
Ҳамагӣ бо гузашти 3 рӯз аз ин сабқат Комроншоҳ дар Тошканд 3 ҳарифи ӯзбекашро зада, соҳиби медали тиллои Гран-Прии Тошканд дар самти дзюдо гардид. Паҳлавони Тоҷик дар вазни 90 кг бар Достон Мелиев (Узбакистон), Яҳё Имомов (Узбакистон) пирӯз омада, ба финал роҳ ёфт ва дар финал, во аҷабо, боз 1 ӯзбеки дигар-Дилшод Чориевро шикаст дода, соҳиби медали тилло ва 3000 доллар гардид!!! Аҳсанту офарин!
Аммо кори Сайидҷалол Саидов дар вазни 100 кг барор накард ва ӯ соҳиби медал нашуд. Ҳамин аст кори паҳлавонӣ, «Гаҳе рӯи зину гаҳе зин ба пушт!». Зимнан тарафдорони ин ё он паҳлавон ба қаҳрамонҳои ватани хеш набояд аз рӯи маҳал, ки ҳунар баҳо диҳанд. Воқеан ҳам, овозаҳост, ки дар ҳамон гуштии Наврӯзӣ, баъди моҷарои маъруф, Сайидҷалол ҷоизаро 2 қисмат кардаву нисфашро ба Комроншоҳ дода буд. Офарин!

Ш.Амин
СССР

Душанбе, 16 Октябр 2017 10:01


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар 1 нишаст Қаҳрамон Қуронбоев-раиси Иттифоқи ҷавононро барои маъракаи ҳиҷобпартоӣ дар н.Музрободи вил.Сурхондарё гапҳои сахт зад ва гуфт: "Магар шумо ба ғайр аз сарашон кашидани ҳиҷоби духтарон кори дигар надоред? Даст аз ҳиҷоби занону духтарон бардоред ва ба корҳои ҷиддитар машғул шавед. Онҳоро ором гузоред! Бигзор чизе ки хоҳанд, пӯшидан гиранд! Шабакаҳои иҷтимоиро бихон, фикри мардумро бихон. Онҷо мардум менависад, ки Иттифоқи ҷавонони Узбекистон ин вориси Комсомоли Шӯравӣ аст, ки фаранҷиро аз сари занон мекашид.”

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:59


Еленаи 35-сола, сокини шаҳри Алейски кишвари Алтайи Русия, зодаи шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд)-и Тоҷикистон номзадиашро ба курсии президентии Русия, дар соли 2018 пешбарӣ кардааст. Ӯ ба хотири ҷамъоварии маблағ барои таъсиси штаб ва оғози маъракаи интихоботиаш дар Интернет саҳифаи махсус кушодааст. Елена худро нахустин "Прометейи асри 21” номида, гуфтааст, "омодаам, ки ба сари кӯҳ баланд шуда, фарёд бикашам, ки "Ман ҳама чизро тағйир хоҳам дод.” Елена 24.03.1982 дар ш.Ленинобод ба дунё омада, падару модари ӯ ҳамроҳи 2 духтарашон дар ибтидои солҳои 1990 бо оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон аз Ленинобод ба Алтай кӯчидаанд...

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:57


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев сафараш ба Русияро бекор кард ва гуфт, ки шояд дар ҷараёни интихоботи президентӣ шӯриш ба амал ояд. Ӯ бояд фардо дар нишасти раҳбарони кишварҳои СНГ дар Сочӣ ширкат мекард. Ҳоло бо ҷои ӯ ҳайъате таҳти раҳбарии нахуствазир Сапар Исоқов ба Сочӣ меравад ва худи президент дар Бишкек мемонад.

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:54


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар робита ба эътирози президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев "нотаи ҷиддӣ" баён кард. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш аз ин Отамбоев дар шарҳи маъракаҳои интихоботӣ аз мулоқоти президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов бо танқид гап зада буд. Вазорати Қазоқистон ҳарфҳои Отамбоевро "бемасъулиятона, ҷанҷолбарангез ва таблиғоти пешазинтихоботӣ" номид.

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:48


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муроҷиати шаҳрванд Илёсова Мастона, сокини н.Фирдавсӣ, кӯч.Борбад-66, хонаи 22-ро, ки дар бораи дастрас кардани аробачаи маъюбӣ ба модараш Саидова Гулчеҳра нашр шудааст, мутолиа намуд. Ва таъҷилан бо муаллифи он Илёсова дар суҳбати телефонӣ аз асли воқеа маълумоти пурра гирифта, ба маъмурияти Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати ба тариқи истисно ҷудо намудани 1 адад аробачаи маъюбӣ супориш дод. Худи ҳамон рӯз, соати 1400 аз ҷониби корхонаи мазкур 1 адад курсӣ-аробачаи маъюбӣ ҷудо шуда, шахси масъули вазорат ҳамроҳи намояндаи завод ба манзили истиқоматии шаҳрванд Саидова Гулчеҳра ташриф оварда, аробачаи маъюбиро дар ҳузури духтараш Илёсова супориданд. Дар мавриди муносибати номатлуби мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Фирдавсӣ Тошева Зумрад хабар медиҳем, ки ӯ дар баёноти худ суханони муаллифи мақоларо қатъиян рад намуда, ҳамзамон қайд кардааст, ки воқеан 5.07.2017 шаҳрванд Илёсова ҳамроҳи бародараш ба ҳуҷраи кории ӯ ҳозир шуда, додани 1 адад аробачаи маъюбиро ба модарашон талаб намудаанд…

М.Камолзода, муовини вазир

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:46


Гарчанде, оид ба мушкилоти хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш дар ш.Кӯлоб ва танбашавии нақлиёт дар назди бозори «Саховат»-и ш.Кӯлоб ва терминали мусофиркашӣ борҳо тариқи ВАО гузоришҳо ба табъ расида буд, лек то ҳол вазъ тағйир наёфтааст. Гумон мекунам, Кӯлоб ягона шаҳрест, ки то ҳол автобус надорад. Аниқтараш солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар Кӯлоб 3 маршрути хатсайри автобусҳои мусофиркашон бо нархи арзон хизматрасонӣ мекард. Солҳои 1980 аҳолии Кӯлоб 50.000 нафар буд. Ёд дорам, 50-ҳазорумин шаҳрванди шаҳру ноҳияи Кӯлоб Азизмоҳ Сайфуллоева-духтари ҳамсояи ман, омӯзгор Сайфуллоев Комил буд, ки с.1981 ба дунё омад. Ба ӯ бо қарори ҳукумат хона доданд. Ҳоло бошад шукронаи Истиқлолият ва тинҷию амонӣ, аҳолии шаҳру ноҳияи Кӯлоби ман аз 200.000 ҳам боло рафтааст, лек сифати хизматрасонӣ 0 гашт! Дар Хуҷанду Чкаловск ҳам автобус ҳаст, ҳам троллейбусу ҳам микроавтобусҳо. Пас чаро дар Кӯлоби 200 ҳазорнафара 2 автобус нест?

Ҷаббор Раҷабов,
хабарнигори мардумии СССР, ш.Кӯлоб

саҳ 8 аз 17

Китобҳо

Flag Counter