ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 02 Октябр 2017 09:52


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдукарим Исматов, сокини деҳаи Сарои ноҳияи Ашт ба СССР занг задаву гуфт, аз телеканалҳои ватанӣ ва ҳам хориҷӣ наворҳои ҷангу қатту кушторро дида, шукр мекунам, ки дар 1 давлати тинҷу ором ба сар мебарам. Бовар кунед, агар оташи ҷанги граждании Тоҷикистон хомӯш намешуд, Ватани мо айнан дар чунин аҳвол мемонд. Мо имрӯз менолем аз он, ки русҳо моро мутеъи худ карда буданд. Ҳол он ки муқассири асосӣ худи мо будем, на русҳо. Аз асри 10 то 15 вазъият дар Бухоро хуб буд ва баъд нимчамуллоҳои мо оғоз карданд кофирхониро. Ин калима барои он муллочаҳо дастаке шуд, ки ҳатто агар нафаре бо дасти чап об менӯшид, ӯро ҳатман кофир мехонданд. Мардум баъди ин қадар кофирхониҳо гумроҳ ва дасту дилашон аз дунё хунук гашт. Вақте мардум парешон шуд, ҳама ҳолат рӯй доданаш мумкин. Воқеаҳои солҳои 90 ба 7 пушти мо басанда аст.

Душанбе, 02 Октябр 2017 09:45


Хонанда, дӯст ва узви Ихвон-ал-СССР, Исрофил Ашуров, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки айни замон дар калонтарин бозори кишвар-Корвон қарор дорам ва аз ҳар тараф, аз дӯконҳои сабти овоз, садои сарояндагони ӯзбеки Ӯзбакистон ба гӯш мерасад ва фурӯшандагони онҳо ҷумлагӣ Тоҷиканд ва ба онҳо пул муҳимтар аз фарҳангу забони миллист. Вақте кинофилмҳои туркӣ ба психологияи мо-Тоҷикон таъсири бад мерасонанд, пас кӣ кафолат медиҳад, ки клипҳои ӯзбакӣ ҳам мисли «Ҳомиён»-у «Водии гургон» бар зарар набошад?

Душанбе, 02 Октябр 2017 09:38

Бадтарин ва беақлтарин муҷоҳидони тоҷикнасаб Мулло Абдуллову Алии Бедакӣ буданд, ки на савод доштанд, на дониш, на исломро медонистанду на Худоро мешинохтанд. Онҳо на танҳо дар куштори сарбозу афсарони Тоҷик, ки қатли генерал Мирзо-Ҷага Зиёев ва писарони ӯ низ даст доштанд…

Душанбе, 02 Октябр 2017 09:16


Салом, ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Ман нисбати кормандони КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» 1 шикоят дорам.

Душанбе, 02 Октябр 2017 09:08

саҳ 17 аз 17

Китобҳо

Flag Counter