ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 19 Октябр 2017 09:46


Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Россия барандаи ҷоизаи Бунин гардид. Маросими тақдими ҷоизаи Бунин 24.10.2017 дар  Донишгоҳи гуманитарии Москва баргузор хоҳад шуд.
Бояд қайд намуд, ки «Қиссаҳои тиллоии ишқ»-и Темур Зулфиқоров гулчини ҳикояҳои ҳикматомези адиб буда, соли 2017 ба нашр расидааст.
Ҷоизаи ба номи Иван Бунин ба олимон, адабиётшиносон ва суханшиносони забони русӣ барои хизматҳои шоиста ва назаррас дар ҷодаи тарғиби фарҳанг ва пажӯҳиши илмию адабӣ супорида мешавад.

СССР

Панҷшанбе, 19 Октябр 2017 09:33


   Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки  дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 955,2 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 ҳазор нафар мусофир ё 12,1% зиёдтар мебошад, аз он ҷумла: миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар давраи ҳисоботӣ  1897,0 тн.-ро ташкил додааст. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 207,6 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд.
   Чуноне ки ба мухбири дар маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” хабар доданд, теъдоди ҳолатҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 960 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 213 парвоз ё 28,5%  зиёдтар мебошад. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани  парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 644 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 182 ҳолат,
номусоидии обу ҳаво – 55 ҳодиса, ҷорӣ будани реҷа – 18 ҳодиса ва ғайра.
   Қайд кардан зарур аст, ки дар давраи ҳисоботӣ хадамоти ҷустуҷӯӣ, садамавӣ-наҷотдиҳии таъминоти парвозҳо дар масъалаи беҳсозии вазъи зиддисӯхтории объектҳо, сехҳо, қитъаҳои хадамот ва шуъбаҳои ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» корҳои зиёдро ба ҷо овард. Чунончи, техника ва асбобҳои сӯхторнишонӣ таъмир гардида, ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода карда шуданд. Бо ҳайати шахсии гуруҳҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ оид ба бехатарии зиддисӯхторӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд.

СССР


Чоршанбе, 18 Октябр 2017 16:31


Чангу ғуборе, ки имшаб Душанберо фаро гирифт, ба реҷаи нишасту парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи байналмилаллии Душанбе халал ворид намуда, боиси пеш омадани таъхири парвозҳо гашт.
Чуноне ки ба мухбири мо аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе хабар доданд, бо сабаби бад будани вазъи ҳаво ва маҳдуд шудани намоёниӣ хати парвоз, шоми гузашта аз соати 24-и шаб то соати 04:00 субҳ фурудгоҳи пойтахт барои фуруду парвоз баста шуда, хатсайрҳои ҳавоӣ дар масири Маскав-Душанбе (Ютейр), Екатеринбург-Душанбе(Уралские авиалинии), Дубай-Душанбе(ФлайДубай) маҷбур шуданд дар фурудгоҳщои шаҳрҳои Хуҷанду Бишкек бишинанд. Пас аз соати 6 и субҳи имрӯз бо назардошти беҳтар шудани намоёнӣ, фуруду парвози ҳавопаймоҳо аз рӯи реҷаи муқаррарӣ сурат гирифта истодааст.

СССР

Чоршанбе, 18 Октябр 2017 16:27


Санаи 14.10.2017 дар маркази ноҳияи Мастчоҳ, дар Қасри фарҳанги он базми шеъру сухан ба ифтихори 40-солагии фаъолияти эҷодии шоир, узви ИНТ Олимхон Исматӣ баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур Низом Қосим, раиси ИНТ, Зебо Аминзода, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, ансамбли овозадори “Зебо”, ҳунармандон Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Муродбеки Насриддин, Хосияти Зарафшонӣ, Лола Азизова, ҳунармандони ҷавон Дилноза Каримова, Муҳаммадрофии Кароматулло, Фотимаи Машраб, Дамирбек Олимов, адиб Аҳмадҷони Раҳматзод ва Орифҷон Набиев сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таҳти роҳбарии Ибодулло Машрабов, муовини вазири фарҳанги ҶТ ширкат доштанд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, адиби ваҳдатсаро Олимхон Исматӣ дар ин маҳфил аз ашъори тозаэҷоди худ намунаҳо хонда, ҳунармандон бар матни ӯ сурудҳои тару тозаро ба иштирокчиён тақдим намуданд.
Бояд қайд намоем, ки Қасри фарҳанги ноҳия, ки дорои 400 ҷойи нишаст аст, пур за мухлисон ва ҳаводорони суруду мусиқӣ  буду беш аз 1000 нафар мардуми дигар бинобар сабаби набудани ҷой дар толор берун аз дар монданд.Чунин барномаи ҳунарии бошукӯҳро Мастчоҳ кайҳо боз надида буд!

СССР

Чоршанбе, 18 Октябр 2017 14:41

Имрӯз, 18 октябр, Сайдализода Сайвалӣ-раиси суди ш.Қурғонтеппа дар сӯҳбат бо СССР афзуд, дар ин рӯзҳои охир, ки муҷозоти ронандагони маст сангин шудааст, дар шаҳр 3 ронандаи мастро ҷазои маъмурӣ дода, дигар то 5 сол ҳаққи ронандагиро надоранд. Дар 1 моҳи ахир 5 нафар ронандае, ки мошинро маст идора мекарданд, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳабс ва муҷозот шудаанд. 2 нафари онҳо ҷарима шуда, ҳаққи ронандагиро барои 5 сол аз даст додаанд. Ин ронандагон 15 шабонарӯзро бо ҷазои маъмурӣ дар маҳбас пушти сар мекунанд: Ҷамшед Ибрагимов, Баҳриддин Норов ва Амиршо Шарипов.
2 ронандаи дигар-Абдуназар Султонов 15.000 ва Маъруфҷон Валиев 20.000 сомонӣ ҷарима пардохт кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ ин муҷозот дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ сабт шудаанд. 2 моҳи пеш порлумони Тоҷикистон Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тағйир дод, ки бар асоси он ронандагӣ дар ҳолати мастӣ то 15 шабонарӯз ҳабс ва 15 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад. Ҷазои ронандагони маст дар ҳоле шадид шуд, ки бар асоси омори расмӣ аксаран садамаҳои пурқурбонӣ дар ҳудуди вилоят бо гуноҳи ронандагони маст сурат мегирифтаанд.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, 18 Октябр 2017 14:26


Баъзе аз вакилони порлумони Тоҷикистон аз банд мондани ҳазорҳо сомонӣ пули мардум дар бонкҳои кишвар интиқод карда, дар сурати ба зудӣ ҳал нашудани масъала истеъфои Ҷамшед Нурмуҳаммадзода-раиси БМТро талаб карданд. Ин баҳс рӯзи 18-уми октябр, ҳангоми баррасии тарҳи иловаҳо ба қонун дар бораи таърихи қарз, дар парлумон сурат гирифт. Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагон дар ин иҷлосия гуфт, масъалаи қарздории бонкҳо аз мардум бовари сокинонро ба ҳукумату порлумон ва бонкҳо коста кардааст. Ӯ ба раиси БМТ 2 ҳафта муҳлат дод, то ҳисоб кунанд, ки чӣ қадар аз пули сокинон дар бонкҳои кишвар дармондааст. "Ин мушкилро зуд ҳал кунед, ки он як дарди сар ба Бонки Миллӣ, порлумон ва дар ниҳоят ба раҳбарияти ҳукумат хоҳад шуд", - таъкид кард ӯ. Дар посух Нурмуҳаммадзода гуфтааст, ки “вакилон ҳангоми баёни андеша ва пешниҳоди суол ба иззати нафс нарасанд, пули мардум марҳила ба марҳила баргардонда мешавад”. Баъдан ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки беш аз 4 миллиард сомонӣ пули бонкҳо дар дасти мардум мондааст ва онҳо низ наметавонанд ин маблағро бигиранд.

Сешанбе, 17 Октябр 2017 16:27

Ба таваҷҷӯҳи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Насим Олимзода
Ба таваҷҷӯҳи раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ

Сешанбе, 17 Октябр 2017 09:07


Дар деҳаи дурдасти Аличури ноҳияи Мурғоб шӯъбачаи милитсияи деҳот таъсис ва барои кормандони он бинои 2 ошёна ба истифода дода шуд. Дар ифтитоҳи бинои мазкур муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини раиси ВМКБ Тоҷиддин Назаршоев, раиси ноҳияи Мурғоб Мурзобой Ҷоошбоев, сардори РВКД вилоят Абдулваҳоб Искандарзода ширкат доштанд.
Бо назардошти он, ки сардии ҳаво дар фасли сармо дар ин минтақа баъзан ба 40 дараҷа  мерасад, дар паҳлуи бинои асосӣ анборхона бунёд карда, дар он ҷо  маводи сӯзишворӣ, аз қабили ҳезуму ангиштсанг низ захира карда шуд. Дар сурати қатъ шудани нерӯи барқ кормандон метавонанд  бо истифода аз ҳезуму ангиштсанг ҳуҷраҳои кориро гарм кунанд.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни табрики ҳайати шахсии шӯъбача ва сокинон изҳор дошт, ки ин ҳама созандагию ободонӣ танҳо ба хотири таҳкими волоияти қонун, оромию осудагии сокинони кишвар роҳандозӣ мегардад. Мавсуф аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки бо сокинони маҳаллӣ робитаи қавӣ дошта бошанд, зеро бидуни ҳамкорӣ бо мардум ҷорӣ намудани тартиботи намунавии ҷамъиятӣ ғайриимкон мебошад.

СССР

саҳ 7 аз 17

Китобҳо

Flag Counter