ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 09 Октябр 2017 13:02


Дирӯз 1 хабар диламро сип-сиёҳ кард: Вазорати молия даромади буҷетро барои соли оянда 20 млрду 643 млн сомонӣ, хароҷотро 20 млрду 977 млн сомонӣ муқаррар кардааст. Яъне, 334 млн сомонӣ на-ме-ра-сад!!! Ин камбудро аз куҷо пур мекунанд? Мегӯед, ки аз ҳисоби гранту қарзу ким-чиҳои дигар? Имсол ҳарчанд аз бонкҳои ҷаҳонӣ пул дарёфт шуд, камбуд 316 млн сомонӣ боқӣ монд. Соли оянда чӣ мешавад? Фишор болои соҳибкорон дучанд меафзояд (ҳарчанд имрӯз ҳам ҳар соҳибкор дод мегӯяд ва дари дӯкону фурӯшгоҳҳоро навиштаҷоти "фурӯхта мешавад", "ба иҷора дода мешавад" зеб медиҳанду рӯзномаҳо аз эълонҳои қабили "барҳам мехӯрад", "фаъолияташро қатъ менамояд" лаб задаанд). Болои кишоварзон ончунон андозро "зер" кардаанд, ки ҳар рӯз барои чанд деҳқони аз баҳри замини вобасташуда баромадан ариза навишта медиҳам. Агар аҳвол минбаъд ҳам ҳамин бошад, фардо дар биёбоне зиндагӣ мекунем. Зеро кишоварзро ба ҳолаш намегузоранд, андозҳои нестандарҷаҳонро барои коргари кироя болояш зам ва «ҷайб»-и ӯро ҳисоб мекунанд, ки чанд пул даромад гирифт, аммо харҷҳояш, шабзиндадорӣ, муборизаи зидди ҳашарот, барфу борону дигар офати табиӣ касеро ба қавле "не волнует". Андозро месупорӣ, тамом, боз ба миқдоре месупорӣ, ки мо мегӯем. Андозгирони Амир Олимхон об мехӯранд пеши инҳо! Хулоса, соҳибкорони азиз, омода бошед. Ба порлумон умед набандед, тарҳи буҷа бо 1 овоз қабул мешавад.

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад,
журналист, н.Конибодом

Душанбе, 09 Октябр 2017 12:59


Муаллимаи собиқадор, Гулбибӣ Икромова, аз ноҳияи Шаҳринав ба СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки ман аз тамоми волидон эҳтиромона хоҳиш дорам, ба фарзандону наберагони ноболиғи худ (то 18-сола!) истифодаи телефони мобилиро қатъиян манъ кунанд. Агар ин барои баъзеҳо ғайриимкон бошад, аз телефонҳои дорои бефунксия истифода баранд. Ҷавонони имрӯзро телефонҳое, ки воситаи наворбардорӣ ҳам дорад, вайрон кардан доранд. Дар чунин телефонҳо аксу наворҳои зӯроварӣ, шаҳвониро тамошо карда, беадаб шудан доранд. Хуб мешуд, ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон фармони махсус барои истифодаи телефонҳо нисбати ноболиғон мебаромад. Зеро ҳар чизе, ки аз меъёр гузашт, ба харобӣ меорад. Ана инро бояд танзим кунем…

Душанбе, 09 Октябр 2017 12:56


Узви Ихвон-ал-СССР, Бой Дӯстов, сокини деҳаи Ҷавонони шаҳри Ваҳдат (тел: 915 85 14 41) ба СССР занг задаву гуфт, ки дар 2 мавзуъ кӯтоҳ гуфтаниям. 1.Ман ҳар сол андоз-налоги замин месупоридам ва ягон вақт қарздор набудам. Аммо дина аз Идораи андози ноҳия омада гуфтанд, ки маблағи андози имсолаи шумо 250 сомонӣ мешавад. Ҳол он ки андози солҳои гузашта хело кам буд. Ҳаминро мехоҳам донам, ки андози замин ҳар сол аз кадом ҳисоб қимат мешавад? Хонаи ман дар маҷмуъ 18 сотих аст... 2.Ман хоҷагии деҳқонӣ дорам, заминаш 1 га аст. Вақте барои сертификат гирифтан назди Ҷаббор Давлатов (тел: 909 96 54 64) масъули Идораи замини ноҳия рафтам, бо ваъдаҳои “имрӯзу пагоҳ биё”, инак, 5 моҳ мешавад, ки маро сарсону саргардон кардан дорад. Ман намедонам, ки ӯ чӣ мехоҳад?

Душанбе, 09 Октябр 2017 12:53

Шаби 5 октябр тақрибан соатҳои 21-30 дақиқа дар шоҳроҳи ш.Кӯлоб, дар кӯчаи ба номи И.Сомонӣ, наздик ба Раёсати бозрасии автомобилии минтақаи Кӯлоб 2 автомашинаи тамғаи «Некси» ва «Опел-караван» ба ҳам бархӯрданд. Дар натиҷа, 2 тан дар ҷои ҳодиса ва 2 нафари дигар дар беморхона ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, дар ин садамаи марговар боз 5 тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ будаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳои расида, ҳамон шаб 1 автомашинаи дигар дар шоҳроҳи Муъминобод-Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ҷарӣ сарозер шудааст. Дар натиҷа, 1 нафар ҷони худро аз даст додааст. Аммо дар Раёсати Бозрасии давлатии минтақаи Кӯлоб дар мавриди садамаҳои рухдода маълумот додан намехоҳанд. Ба иқрори Абдусалом Искандарзода-сардори РБДА, «барои гирифтани маълумот журналистон бояд аз ВКД ва ё РВКД-и минтақаи Кӯлоб иҷозат гиранд». Вагарна, ба андешаи ин ҷаноб, кормандони БДА барои маълумот додан, аз «болобудагон» ҷазо мегиранд.


Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

Душанбе, 09 Октябр 2017 12:18


Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 23 милитсионери ШКДи н.Ёвон қаҳрамонона ҷони худро барои барқарор кардани Ҳукумати Конститутсионӣ нисор карданд, ки Худо раҳмат кунад. Аммо мақомот оё ба аҳли байти онҳо имтиёзҳо додааст?

Душанбе, 09 Октябр 2017 12:07

Курдистон ин ҳафта худро расман соҳибистиқлол эълон кард! Вале оё шумо медонед, ки дар таъсиси ҳаракати озодихоҳии ин миллат қаҳрамони Тоҷикистон-Бобоҷон Ғафуров низ замоне даст дошт?

Ҷумъа, 06 Октябр 2017 13:04


Ҳар рӯзи чаҳоншанбеи ҳафта, одатан баъди нашри газета маҷлиси редаксионӣ барпо мешавад. Рӯзи 4.10.2017 дар анҷоми маҷлис коллегияи СССР ба хулосае расиданд, то охири ин моҳ, ки обу ҳаво андак мусоиди ба пахтачинист, берун аз пойтахт пахта чинем. Ҳини машварат ба хулосае расидем, ки фардо бо даъвату мслиҳати Баҳодур Уроқов-мухбири хатлонии СССР ба пахтазори ноҳияи Бохтар биравем... Машварат якдилона қабул шуд!

Ҷумъа, 06 Октябр 2017 10:30


1 манбаъи СССР хабар дод, ки дар ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и н.Бохтар Абдураҳмон Бадиев-мӯсафеди 71 сола, “дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди хурди кисагии дар дасташ буда, 5 маротиба ба аъзои бадани ҳамсараш Бадиева Шакармоҳи 45 сола ва 4 маротиба ба аъзои бадани Бадиева Ҳадиса-духтари 16-солааш задааст.” Аз ин ҳодиса ҳамсар ва духтари ин мард ҷароҳат бардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд. Аммо ба гуфтаи манбаъ, худи мӯсафед “дар дарахти замини наздиҳавлигиаш хуро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.” Ин ҳодиса шаби 4 ба 5-уми октябр рух дод. Тафтиши ҳодиса идома дорад ва мақомот мегӯянд омилҳои рух додани қазия муайян карда мешаванд.

Баҳодур  Уроқов, СССР

саҳ 14 аз 17

Китобҳо

Flag Counter