ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 16 Октябр 2017 09:44


Узви Ихвон-ал-СССР, Содиқ Ниёзов, сокини ноҳияи Ашт ба СССР занг задаву гуфт, ки аввало ман ба сардабири газетаи мардумии СССР-Сайёфи Мизроб барои нашри мақолаҳои патриотиаш арзи сипос мекунам. Баъдан ба журналисти бомаҳорат ва ғайюри вилояти Одессаи Украина-Сафват Бурҳонов барои гуфтани андешаҳои хуб, аммо кӯтоҳаш аҳсант мехонам! Ҳоло 2 пешниҳод дорам:
1.Бигзор дивизияи 201-и Русия, ки сахт амнияти моро мехоҳанд, полкҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Душанберо ба сарҳадҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Хитой кӯчонанд. Милиса нестанд-ку, ки дар байни шаҳрҳо гарданд! Мо барои ҳифзи дохил милиса ва артиши дохилӣ дорем.
2. Ҷавононе, ки мактабҳои миёнаро хатм мекунанд, то хизмати Модар-Ватанро ба ҷо наоранд, ба ягон донишкада қабул карда нашаванд, сарфи назар вай фарзанди кист: Бой ё камбағал (ғайри онҳое, ки дар оила 1 писар аст, ё маъюбанд). Инро комиссия ҳал мекунад.

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:43


Узви Ихвон-ал-СССР, ронандаи таксӣ Мунаввар Ҳакимзода аз шаҳри Ваҳдат ба СССР занг задаву гуфт, ки ман дирӯз 1 хабар шунидам. Мегӯянд, ки моҳҳои наздик дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат сими троллейбус мекашанд. Ёдатон бошад, ки миш-мишҳо 3-4 сол пеш баромада буд. Он замон мегуфтанд, ки баъд аз пурра ба истифода додани шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе хатти троллейбус то маркази шаҳри Ваҳдат хоҳад рафт. Ҳоло аз СССР хоҳиш дорам, ки воқеият доштани ин хабарро ба хонандагонаш аниқ кунад ва баъд чоп. Зеро агар ҳамин нақшаи шаҳрдории Душанбе амалӣ шавад, мардум аз мушкили нақлиёти мусофиркаш мебарояд. Мо-сокинони шаҳри Ваҳдат омодаем, ки бар ҳар тарҳи созанда ва дилписанд саҳми худро гузорем. Зеро ин Ватан-хонаи мост!

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:36


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Бародарони хуҷандӣ ва дар маҷмуъ, раҳбарияти имрӯзаи вилояти Суғд оё медонанд, ки Самарқанду Бухоро, Шаҳрисабзу Китоб, Фарғонаю Сариосиё мулки Тоҷиконанд ва барои аз даст рафтани ин сарзаминҳои тоҷикӣ маҳз хоини миллат-Абдулло Раҳимбоев гунаҳкор аст, ки ҳайкали ӯ майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-ро зеб медиҳад? Ӯ чӣ хиёнат кард? Ин шахс котиби якуми Комитети Иҷроияи Республикаи Туркистон-Бухоро буд. Аввал дар паспорт миллаташро ӯзбек навишт ва дар вақти тақсимоти республикаҳои Осиёи Миёна миллати худро инкор карда, тамоми обу хоки моро ба ӯзбекҳо бахшид. Ман аз кулли миллатдӯстон-шоирону муаррихону адибон хоҳиш дорам, ки дар ин хусус дар матбуоти даврӣ бинависанд ва ҳақро ба ҳақдор расонанд. Хоин ҳатто 1 рӯз ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки обу ҳавои ин Ватанро нафас бикашад, чӣ ба расад ба муҷассамаву пайкараи ӯ!!!

Насриддин Кабиров,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Айнӣ

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:34


Табиби собиқадор Хосият Ҳомидова, аз деҳаи Навкорами н.Ёвон (тел: 93 527 79 60) дари меҳмонхонаи СССРро кӯфт ва гуфт, ки ман бо 1 алам омадаам. Аз с.1973 то ҳол узви Ҳизби коммунистам. Аз 2.01.2014 тибқи шартномаи меҳнатӣ дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳия ҳамчун ҳамшира кор мекардам. Ҳоло дар нафақа ҳастам, лек он ба рӯзгорам намерасид, лиҳозо, ноилоҷ тибқи шартнома ба Беморхонаи ноҳия ба кор даромадам. Вале ҳар боре, ки бо сардухтури беморхона-Халилов Б.Ғ. шартномаи меҳнатӣ бастанӣ мешудам, бо ҳар баҳона инро намехост. Соле пештар вақте оид ба ин мушкил ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кардам, масъала ҳал шуд, аммо баъди ин ӯ ба ман хусумат пайдо кард. Баъди ин ҳам ӯ бастани шартномаи кориро бо ман рад кард. Боз ба Вазорат арз кардам, аммо ин дафъа ӯ бо ман танҳо барои 6 моҳ шартномаи меҳнатӣ басту халос. Ҳол он ки бо дигар кормандони дар нафақа буда шартномаро ба муҳлати дароз бастааст. То ҳол дар беморхона аз болои ман ягон арзу шикояте нест, ки асосе барои аз кор озод шуданам шуда бошад. Аз вазири тандурустӣ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки дар асоси қонун ба рафтори Халилов баҳо бидиҳад...

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:25


Расули мо чанд найза дошт?
Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) чанд найза дошт ва найзаҳояшон бо чӣ ном буданд?

Абдулло Асадуллоев, н.Ҳисор

Паёмбари мо 3 найза дошт
Посух: Паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) 3 найза доштанд: румҳ, масво, масно. Ва бо номҳои «Самсом», «Азаб», «Расуб».

Ҳазрати мо чанд ном доштанд?
Паёмбарамон ғайр аз номи Муҳаммад (с) боз дигар ном ҳам доштанд?

Зиёвиддин Ҷамолов, муаллим, н.Рӯдакӣ

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:20


Чанде пеш ҷавоне аз ноҳияи А.Ҷомиро, ки дар маъракаҳои азодорӣ пайдо шудаву садди роҳи гиряи овоздори ҷамъомадон мешудааст, салафӣ эълон намуда, пушти панҷара карданд. Марди миёнсоли дигареро низ аз н.Ҳамадонӣ ба он хотир зиндонӣ кардаанд, ки ӯ гуфтааст «чӣ лозим ҳамин чилу солу дигар маъракаҳо». Дар ин бора ТВ замоне гузориш медод, ки қонунгузории танзими расму оинҳо тағирот надида буд. Акнун дар қонун дигаргунӣ ворид шуд. Ҳоло ману ту ҳақ дорем ва коргарони давлатӣ уҳдадоранд айнан ҳамин ақидаҳоро миёни омма таблиғ кунанд. Пас чӣ бадӣ дорад агар ҳамин гуруҳи «салафӣ»-ҳо ба озодӣ бароянд?

Душанбе, 16 Октябр 2017 09:14


Боз 1 нуктаи муҳим он аст, ки ин маблағ на ба буҷаи давлат, балки ба ҷайби чанд нафар мераваду халос! Роҳи хуби пулкоркунӣ-истифодаи роҳи давлатӣ, мошинҳои шахсӣ ва ҷайби пур… бидуни меҳнату заҳмат! 

Душанбе, 16 Октябр 2017 08:46


Дар нақли шоҳидон Дилбар-ҳамсари Файзалӣ ва Ҳусейн-додари ӯ

саҳ 9 аз 17

Китобҳо

Flag Counter