ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 11 Октябр 2017 16:50


Роҳбарони шаҳру навоҳӣ, варзишгарони номдор ва роҳбарияти донишгоҳу пизишкони беморхонаҳо ҳудуди 2000 нафар, дар ҳашари умумивилоятии кӯмакрасонӣ ба деҳқонон ширкат карданд. Ҳашарро Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон бо ҳамроҳии Ҷаббори Ғаффор дар ҷамоати деҳоти "Бохтариён"-и н.Бохтар оғоз карданд. Аз варзишгарон дар ин ҳашари пахтачинӣ Набимуҳаммад Хоркашев низ буд.
Ҳикматулло Умаров, мудири хоҷагии муассисаи такмили ихтисоси вилоят мегӯяд, ки солҳои сол пахта начинда буд, вале ахиран ӯро барои ҷамъоварии пахта даъват карданд. "Ба саҳро баромадем, то ин ки ба деҳқонон кумак кунем, боз пулашро ҳам медодаанд. Ҳоло корхонаю ташкилотҳои зиёд омадаанд, барои ин ҳашар".
Масъулин мегӯянд, мақсади эълони ҳашари оммавӣ сард омадани ҳаво будааст, ки бим доранд пахта талаф меёбад ва барои ҳамин бояд зуд ҷамъоварӣ шавад. Зеваршо Воҳидов, ҳуқуқшиноси Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон мегӯяд: "Рӯзҳои истироҳатӣ ҳозирем, ки пахтаро ҷамъоварӣ кунем, ки талаф наёбад…".
Тоҳиралӣ Тоҳиров, саркишоварзи заминҳои ҷамоати "Бохтариён" гуфт, аз духтуру омӯзгор то кормандони ҳукумат дар ин ҳашар ширкат карда, дар 1 соати аввал 15-килограммӣ пахта чиданд: "Ин ҷо духтурон ва кормандон аз корхонаҳо қариб 2000 нафар омадаанд ва ният доранд, ки пахтаро пурра биғундоранд. Дар ин хоҷагӣ пахта имсол хуб шуд…".
Масъулини хоҷагие, ки тариқи ҳашар пахтаро ҷамъоварӣ мекунанд, мегӯяд, ҳар 1 корхонаро номнавис карда, барои 1 кг пахта 50 дирам медиҳанд.

Баҳодур Уроқов

Чоршанбе, 11 Октябр 2017 14:05


Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Федератсияи Россия аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсиф намуда гуфтааст, ки ҳукумати кишвараш ба сафари Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои барояш душвор, яъне фавти бародараш, баҳои баланд додааст.
Дмитрий Песков ин нуктаро дирӯз, пас аз ба итмом расидани мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, ки дар ш. Сочи баргузор гашт, зикр кардааст. Зимни мулоқот Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон нисбати даргузашти бародараш Нуриддин Раҳмон арзи тасаллият баён намудааст.

СССР

Чоршанбе, 11 Октябр 2017 12:18


Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ш. Душанбе, ҷойи кораш амалиётгари нозири маркази хизматрасонии филиали ҶСК “Бонки Эсхата”, ҳамчун гумонбар дар исрофкорӣ ё азонихудкунӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шуд, ки номбурда, дар давраи фаъолияти кориаш санаи 16-уми сентябри соли 2017, аз хазинаи филиали бонк 27000-сомониро гирифта азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.  Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

СССР

Чоршанбе, 11 Октябр 2017 12:00


Пагоҳ, 12.10.2017 дар Душанбе ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ баргузор мешавад. Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, вазъияти амнияти минтақа яке аз мавзӯҳои асосии ин ҷаласа хоҳад буд.
Барои ширкат дар ин ҷаласа вазирони мудофиаи 12 кишвари ИДМ имрӯз ба пойтахти Тоҷикистон меоянд. Аз он ҷумла, ҳайати баландпояи вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон субҳи имрӯз ба Душанбе расид, омадани ҳайати вазорати мудофиаи Федератсияи Русия бо роҳбарии Сергей Шойгу-вазири мудофиаи ФР шоми 11.10.2017 ба назар гирифта шудааст.

СССР



Чоршанбе, 11 Октябр 2017 11:56


Аз субҳи 10.10.2017 бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт баста шуда, ба тамоми тоҷирон ва савдогарони бозори мазкур тавсия шудааст, ки барои идомаи фаъолияти соҳибкорӣ ба маҷмааи савдои «Меҳргон»-собиқ «Пойтахт-90» бираванд. Ба фурӯшандагони бозор барои ҷамъоварии ашёи хеш ва фурӯши маҳсулоти боқимонда 5 рӯз мӯҳлат дода шудааст.
Чуноне ки ба мухбири мо аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, бозори «Шоҳмансур» тибқи нақшаи генералии ш.Душанбе, ки тайи солҳои охир ба тадриҷ амалӣ ёфта истодааст, бартараф хоҳад шуд. Маҷмааи «Меҳргон» бошад тамоми имконоту шароити муосирро барои савдою тиҷорат фароҳам оварда дорои 3000 ҷойи савдо мебошад.
Дар бораи он, ки ба ҷойи бозори «Шоҳмансур», ки яке аз рамзҳои ш.Душанбе буд, чӣ бунёд мешавад ва шароити фурӯшандагон дар маҷмааи «Меҳргон» чӣ гунна аст, дар гузориши мухбирони газетаи СССР дар шумораи оянда хоҳед хонд.

СССР

Душанбе, 09 Октябр 2017 15:17


Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи ҶДММ «Сармад 2000»-умро барои кочоки молу маҳсулоти ниёзи мардум боздошт намуданд.
ҶДММ «Сармад 2000»-ум ба воситаи автомашинаи боркаши тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиаш 12 79 СР 01 ядакаш 399 РС аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 27 номгӯи молу маҳсулотҳои ниёзи мардумро аз қабили таҷҳизоти техникӣ, либосҳои гуногун, чархи ароба, телевизор ва ғайраро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст. Дар маҷмӯъ кочоқи мол ба маблағи 1 миллиону 845 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад.
 ҶДММ «Сармад 2000»-ум ба шаҳрванд Қаҳҳоров Абдуҷалил соли таваллудаш 1982 мутааллиқ мебошад. Ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба чунин амали ғайриқонунӣ даст задааст.
Қаҳҳоров Абдуҷалил бо роҳи фиребгарона дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ (инвойс) як номгӯи молро нишон додааст, ки нуриҳои минералӣ ба миқдори 500 ҷой бо вазни умумии 25 ҳазор килограмм буда, бо декларатсияи транзити дохила №762415/230917/0002390 дар дидбонгоҳи гумрукии «Кулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тартиб дода шуда, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фиребгарона ва истифода кардани ҳуҷҷатҳо тариқи қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда, минбаъд бо мақсади пинҳон кардани кирдори худ автомашинаи мазкурро бо борҳояш таҳвили ҳаракати молро иваз намуда, ба анборҳои ҶДММ «Сармад-2000»-ум, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир мебошад, барои нигоҳ доштан интиқол додааст, ки зимни гузаронидани санҷиш боздошт карда шуд.
 Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулотҳои тариқи қочоқ ворид намудаи Қаҳҳоров А. Қ. ва дигарон маблағи умумии 1 миллиону 845 ҳазору 650 сомонию 4 дирамро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдонаи Қаҳҳоров А. Қ., ва дигарон ба давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.
 Бо назардошти он, ки дар ҳаракатҳои Қаҳҳоров А Қ, ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, моддаҳои 140, 145, 146, 148, 161, 162 ва 168-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, нисбати намояндаи ҶДММ «Сармад 2000»-ум Қаҳҳоров Абдуҷалил Қӯчқорбоевич ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2-и Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаааст.
 Тафтишот дар ин самт аз ҷониби муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 09 Октябр 2017 14:22


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев қонун дар бораи аломатгузории 85%-и марзи 1 ҳазору 280 километрии кишвараш бо Ӯзбекистонро имзо кард. Тибқи ин қонун, аломатгузории 1 ҳазору 170 километри марз тамомшуда эълон шуд. Ёдрас мешавем, ки баҳси марзӣ дар байни 2 кишвари Осиёи Марказӣ аз соли 1991, аз замони пошхӯрии Шӯравӣ ва эълони истиқлолияти Қирғизистон проблемаи №1-и ин кишвар буд.

Душанбе, 09 Октябр 2017 14:21


Собиқ губернатори вилояти Одессаи Украина-Михаил Саакашвили ҳамаи ҳаводорони худро ба митинги бузург дар Киев даъват намуда гуфт, ки он бояд 17 октябр барпо шавад. Ӯ ҳадафи минтингро барҳам задани гурӯҳҳои бандитӣ дар Киев ва маҳви коррупсия унвон кард.

саҳ 12 аз 17

Китобҳо

Flag Counter