ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 09 Октябр 2017 14:12


Пушаймонӣ охири кор аст?
Салом алейкум, домуллои гиромӣ! Ман ба шумо 1 савол дорам. Мехостам бифаҳмам, ки шахс гуноҳ карду аз гуноҳҳояш пушаймон аст ва аз даргоҳи Худованд барои гуноҳҳои содиркардааш пушаймонӣ ва тавба мекунад. Ӯ вақте сидқан тавба мекунад, пас дар охират ӯ ҷазо мебинад, ё не?

Эркин Асроров, сокини н.Турсунзода

Душанбе, 09 Октябр 2017 14:06


Субҳи 30.09.2017 дар нахустин рӯзи сарди тирамоҳи ҳамин сол, аз Душанбе ба роҳ баромада, новобаста аз ҳавои сарду боронӣ ва тумани ғафс дар роҳи Шаҳристон, шоми ҳамон рӯз, соати 18:00 ба маркази шаҳраки Бӯстон расидам. Мо Метавонем!

Душанбе, 09 Октябр 2017 14:03


1 манбаъи СССР, ҳамин ҳоло занг зада гуфт, ки дар шоҳроҳи Муъминобод-Душанбе марги 4 нафар ҳамсинф дар 1 садамаро шунидааст. Ва яке аз ҳамсинфон дар беморхонаи ш.Норак бистарист. Манбаъ мегӯяд, ки ин ҷавонон Наим, Тоҷиддин, Меҳроҷ, Комрон ва Абдулфайз аз 1 деҳа буда, дирӯз дар туйи 1 ҳамсифашон иштирок доштанд. Азбаски донишҷу буданду дар ш.Душабе таҳсил мекарданд, баъди хатми туй хостанд ба ш.Душанбе сафар кунанд. Ҳангоми ҳаракати нақлиёт дар самти Душанбе, ронанда аз уҳдаи нақлиёт набаромад, ба садама дучор  мешавад. 4 нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд. Толибов Абдулфайз дар беморхонаи ш.Норак бистарӣ аст. Дар ҳамин ҳол сардухтури беморхонаи ш.Норак Зоидов Тағойбек дар сӯҳбат бо СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, дар ҳақиқат 5 нафари онҳоро ба шӯъбаи қабул оварданд ва 4 нафари онҳо аллакай фавтида буданд. Ҳоло вазъи Толибов вазнин арёзбӣ мешавад.


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Душанбе, 09 Октябр 2017 13:49


2 Берлин
7.10.1949 Кунгураи мардумӣ, ки аз ҳисоби намояндагони ҷамъияти Олмони Шарқӣ ташкил ёфта буд, дар Берлини Шарқӣ ҷамъ шуд ва таъсиси Ҷумҳурии Демократии Олмонро эълон кард. СССР ин кишвари навтаъсисро ба расмият шинохт ва муносибати дипломатиро барқарор кард. Баъди торумор дар ҶБВ иттифоқчиён Олмонро ба 4 минтақаи ишғолӣ тақсим карданд. Дар шарқи кишвар нерӯҳои шӯравӣ ва дар ғарбӣ он нерӯҳои амрикоӣ, англисӣ ва фаронсавӣ қарор гирифтанд.

Душанбе, 09 Октябр 2017 13:46


5.10.1938. Дар СССР бо ҷурми заҳролуд кардани Максим Максимович Горкий (Пешков) яке аз беҳтарин табибони рус Дмитрий Плетнев ба ҳабс гирифта шуд.

Душанбе, 09 Октябр 2017 13:07

Мушкили мо-1

Душанбе, 09 Октябр 2017 13:06


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ёвон матлаби Теша Азизов-«Ёвон: проблема пур аст» (СССР, №30(463), 27.07.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дод! Муаллиф оид ба чангу ғубори корхонаи сементбарории «Ёқут» (воқеъ дар ағбаи «Чормағзак»), ки дар фазои чанд деҳаи н.Ёвон доман паҳн кардааст, гуфтааст. Аз сабаби он, ки ин корхона берун аз ҳудуди ноҳия ҷойгир буда, ба ш.Ваҳдат мансуб аст, ҳалли масъала ба салоҳияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон намедарояд. Масъалаҳои дигаре, ки муаллиф ба онҳо дахл кардааст, пули вайроншудаи болои дарёчаи Ёвонрӯд (дар маркази ноҳия) ва «ба талабот ҷавобгӯ набудани роҳи мошингузари «Ваҳдат-Ёвон» мебошанд. Воқеан, боришоти боронҳои бошиддат, жола ва омадани селу лойқа рӯзи 25.04.2014 ба якчанд иншооти ҳаётан муҳими ноҳия зарари ҷиддӣ расонида, пули мазкурро ба куллӣ хароб карда буд. То ин ҷониб ҳама иншооти зарардида таъмиру азнавсозӣ шуда, тайи як сол мешавад, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони саховатпешаи ноҳия корҳои тармиму барқарорсозии пули вайронгардида идома ёфта истодаанд.

Амирбеки Темур
Раиси ноҳия

Душанбе, 09 Октябр 2017 13:04


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Мо ҳамарӯза тариқи радиову телевизион ва газетаҳо асъори миллиро эҳтиром ба миллат мегӯем, аммо чаро барои дуруст истифода бурдани СОМОНӢ фаросат надорем? Бовар кунед, ягон нафареро надидаам, ки пулро дар пулдон гузошта бошад. Бозор равед, ҳамаи харидоронро СОМОНИро аз кисааш кашида бароварда медиҳад, ки дар натиҷа он медарад ва ё аз арақаи баданаш тар шудаву фарсуда гардидааст. Бо доллару рубл чунин муносибати бад надорем…

Абдусалом Икромӣ,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Шаҳристон

саҳ 13 аз 17

Китобҳо

Flag Counter