ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 23 Октябр 2017 09:18


Ҳолномаи «Чингиз»
Аҳмад Ҷумаев, 25.07.1959 дар н.Москва (ҳозира Ҳамадонӣ) таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Бо тахаллуси «Чингиз» барои барқароркунии Ҳокимияти Қонунӣ ҷанг карда, бо ордену медалҳои «Ҷасорат», «20-солагии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барои хизмати олии сарҳад» қадр шудааст.

Седою Ёқубу Исматчаву Нурулло зидди ҷанг буданд
-Чун майдоншиниҳо сар шуд, ман ба қувваи ҳукуматӣ пайваста, ба майдони «Озодӣ» омадам. Аз ноҳияи Маскав бачаҳои зиёде дар майдони «Озодӣ» ширкат доштанд. Ёдам ҳаст, хонаи радиоро бачаҳои Ёвон ҳимоя мекарданд ва бо худ яроқ доштанд. Мо бошем бе яроқ. Дар миёни 2 майдон ҳар лаҳза вазъият тезу тунд мешуд. Масъулиятро дар майдони Озодӣ Ғаффор Седой ва Исматча ба дӯши худ гирифта буданд. Бояд гуфт, ки ҳар вақте сухан атрофи Ғаффор Седою Исмат Тӯрахонов, Ёқуб Салим, Нурулло Лоиқов… сухан меравад, махсус таъкид кардан лозим аст, ки онҳо воқеан зидди ҷангу қатлу куштор буданд ва сидқан мекӯшиданд, ки митингбозиҳо ба хунрезӣ накашад. Ин ҳақиқатро нодида гирифтан гуноҳи бузурги таърихӣ аст.
Оппозитсия бошад ҳар лаҳза талаботҳои нав ба нав пеш мегузошт ва дар майдони Шаҳидон ошкоро дар даст микрофон мегуфтанд, ки ба ҷанг омодаанд.
Аз н.Маскав мардуми зиёде ба майдони Озодӣ, барои ҳимоят аз Ҳокимияти Конститутсионӣ омада буданд, ки дар миёни онҳо занҳо низ кам набуданд.

Шеъри Хайрандеш-шиори Озодӣ
Майдоннишинон барои ҳамовозӣ бо лидерони майдон чунин мисраҳои Хайрандешро ҳамчун «шиор» қироат мекарданд:
Эй сарат аз санг Сангак,
Ҷон фидоят Файзалӣ.
Офарин Ёқуб, душман
Зери поят Лангарӣ...
Яке аз он бонувони фаъол Ситорамоҳ Кӯчарова аст, ки айни ҳол ба ҳайси раиси Ҷамоати шаҳраки Москва дар н.Ҳамадонӣ фаъолият дорад ва то охир мардона истодагарӣ кард. Чун авзоъ то ба ҷангу тиркушоӣ расид, бо сардории Ғаффор Седой занҳоро ба ноҳия бо вертолёт фиристодем. Азбаски мо беяроқ будем, объектҳои асосии пойтахт аз даст рафт. Мо бо ҳамроҳии Ашӯр Раҷабов, Искандар Бобоев, Зубайдулло Ибодов, Айниддин Амиршоев… бачаҳои Ёвонро, ки яроқ доштанду техника не, ба Камазҳо бор карда, ба Ёвон омадем. Ин оғози ҷанги гражданӣ буд. Баъд Фронти халқӣ таъсис ёфт. Дар Кӯлоб ба мо яроқ доданд ва мо ба ҳимояи Ватан бархостем.

«Горячая точка»-и ҷанги гражданӣ
Аз Кӯлоб мо рост ба совхози Туркманистони ноҳияи Вахш, ки нуқтаи гарми ҷанг ба ҳисоб мерафт, омадем. Ба Фронти халқӣ Сангак Сафаров роҳбарӣ мекард. Баъди он ки совхозро озод кардем, мо-бачаҳои «московский»-ро ба штаби Сабзавот партофтанд. Он ҷо ба мо бачаҳои маҳаллӣ - Асадулло, Одина-челест, Таваралӣ, Раҷабалӣ Гулов пайвастанд. Аскаронро бобои Файзулло ҳамроҳӣ мекард. Дар бисёр ҳолатҳо дар вақти ҷанг бачаҳои Файзалӣ Саид бо мо ҳамроҳ мешуданд. Дар ин ҷанги бемаънӣ садҳо ҷавонмарди асил ҷони худро аз даст доданд. Ҷояш мешуд, дар чуқурии дарозияш 10-15 метр то 100 нафар мурдаро болои ҳам мегӯронидем.
21.12.1992 Ҳусейн Каримов ва Сайка-патриоттарин ҷанговарони моро нерӯҳои мухолиф кушта, баъдан ба об партофтаанд. Ҷасади Сайка ёфт шуд, вале ҷасади Ҳусейнро наёфтем. Ҳамон рӯз гуруҳи аввалини бригадаи сарҳадоти Тоҷикистон-яъне гурӯҳи моро ба ноҳияи Шаҳритус фиристоданд. Чун ба ин ҷо омадем, аллакай мардуми зиёд ба Афғонистон гузашта буданд. Аз миёни қумзори сарҳади Афғонистон 27 кӯдак ва 3 занро дарёфт карда, ба штабамон овардем, ки ҳоли зоре доштанд. Дар Шаҳритус арабҳои маҳаллӣ мардуми таҳҷоиро азият медоданд. Дар ин ҷо даҳшати зиёдеро дидем. Онҷоро тинҷ кардем. Ба ноҳияи Панҷ омадем. Ин ҷо Фронти халқӣ зери раҳбарии Ғаффор Седой ба ҳимоят аз мардум кор мебурд.

Бозгашти гурезаҳо ва негрҳои мухолифин
Соли 1993 гурезаҳоро аз Афғонистон оварданд. Онҳоро дар Эшакмайдони н.Қубодиён ҷамъ ва мустақар карданд. Аммо мардуми маҳаллии Қубодиён инро ҳаргиз намехостанд ва муқобили он буданд, ки гурезаҳо ба Ватан баргарданд. Худам шоҳид будам, ки аксарияти фирориёни Тоҷикро худи бобои Сангак хона ба хона мегузошт ва кафолат медод, ки «ҳомии ҷони шумо манам!» 1 лаҳза ҳаргиз аз пеши назарам намеравад: дар Эшакмайдон тахмин 30-40 кӯдаки гурезаҳо аз хунукӣ ях карда мурда буданд.
Чун Фронти халқӣ барҳам хӯрд, ба Қӯшунҳои сарҳадӣ пайвастам. Аз с.1994 то с.1997 дар отряди ҷангии н.Ҳамадонӣ, дар қисми ҳарбии №2620, сипас дар Тавилдараву Сағирдашт хизмат кардам. Дар ин ҷанг ба мо генерал Маҳмудбек Аҳмадов роҳбарӣ мекард. Аз ҳама ҷанги дарозмуддат ҷанги Тавилдара будӣ. Дар ин ҷо зархаридони хориҷӣ аслан негрҳо ва афғонҳо аз ҷониби мухолифин ҷанг мекарданд.
Соли 1996 дар Тавилдара ҷанги сахте шуд. Яке аз лаҳзаҳое, ки ҳеҷ аз хотирам намеравад, ин набарди сахту хунини мову мухолифин буд. Роҳбарамон Бӯрӣ Ҷобиров буду тарс бо мо бегона! Чун тирҳои мо қариб тамом шуд, моро барои бо яроқ таъмин кардан ба совхози «Пограничный» фиристоданд. Ман яроқҳоро гирифта баргаштам. Вале дар миёни қувваҳои мухолифин афтидам, байни ману онҳо 15-20 метр масофа монда буд. Бо инояти Худованд онҳо маро надиданд. Чун соат 10-и шаб шуд, пинҳонӣ ва пои пиёда, бо байни кӯҳҳо баъди 2 шабонарӯз ба хона баргаштам. Қариб 1 моҳ роҳ гашта натавонистам…
Худованд он рӯзҳоро дигар ба мардуми мо нишон надиҳад.

Таснифи Бадахшон Зардакова,
ш.Қӯрғонтеппа, тел: 919 18 66 00

дар ҳамин маврид
Муродалӣ қотили Сангаку Файзалӣ?
Дафтари матбуоти Прокуратураи ш.Маскав хабар дод, ки Муродалӣ Содиқов-шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон ба Душанбе фиристода шуд. Ӯ ба он айбдор мешавад, ки шаби 30.03.1993 дар ш.Қӯрғонтеппа ҳамроҳи шариконаш 3 нафарро куштааст. Он шаб, тавре маълум, 2 фармондеҳи аввали Фронти халқӣ-Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов кушта шудаанд...
Муродалӣ ҳанӯз моҳи январи с.2017 дар истгоҳи метрои "Румянтсево”-и ш.Маскав аз ҷониби маъмурони пулиси метро дастгир шуда, ахиран ГенПрокуратураи Русия қарори истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро содир кардааст. Бино ба ин манбаъ, Содиқов беш аз 10 сол боз аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон бар асоси моддаи 10-уми Кодекси ҷиноятии ин кишвар бо иттиҳоми куштори беш аз 2 тан аз ҳиссиёти авбошӣ ва бо бераҳмии махсус ҷустуҷӯ мешуд. Прокуратураи Маскав бо гуфтани ин хабар тафсилоти аз ин бештар наовардааст, вале шаби 30.03.1993 дар н.Бохтари вилояти Хатлон С.Сафаров ва Ф.Саидов дар 1 шароити то ҳол пурасрор кушта шудаанд. Дар хусуси куштор газетаи СССР дар шумораи гузаштаи худ ва қаблан низ борҳо навишта буд. Аммо дақиқан маълум нест, ки Муродалӣ бо ин куштор ҷустуҷӯ мешуд ва ё бо иллати дигаре.
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Ҷумъа, 20 Октябр 2017 10:34


Тавре агентии хабарии “РИА Новости” мегӯяд, дар канори шаҳри Маскав-пойтахти Русия пулис аз 1 ҳуҷраи хидматӣ дар ҳудуди аэропорти Домодедово 2 корд ва 1 китоби динии мамнӯъро ёфта, 5 муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбекистонро низ дастгир кардааст. Ин ҳуҷра ба хадамоти масъули тозакунии ҳавопаймоҳои ширкатҳои S7 ва "Глобус" тааллуқ дошт ва муҳоҷирони тоҷику узбек дар ҳамин ширкат кор мекарданд...

Ҷумъа, 20 Октябр 2017 10:32


Дар Мурғоб як ҷавони 25-сола бо гумони дуздии 14 сар чарвои хурди шохдор дастгир шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ба мақомоти милитсия марди 40-солаи сокини н.Мурғоб шикоят бурдааст, ки моҳи августи соли 2016, шахси номаълум пинҳонӣ аз дохили “ферма”-и назди ҳавлиаш 14 сар чорвои майдаи шохдор, ки арзиши умумиашон 4 ҳазору 52-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 25-солаи ноҳияро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд...






Ҷумъа, 20 Октябр 2017 10:29


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон меояд. Ин сафари расмии президент, рӯзи 19 октябр, зимни вохӯрӣ ва сӯҳбати вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон Бердинияз Мятиев садо додааст. 

Ҷумъа, 20 Октябр 2017 10:27


Тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёти ҶТ, барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва Украина бо шиносномаҳои хориҷии муқовааш кабуд, ки муҳлаташ дароз шудааст, иҷоза нест. Аз ин рӯ доштани шиносномаи хориҷии биометрӣ зарур аст. Дароз кардани муҳлати амали шиносномаҳои хориҷӣ барои аксари шаҳрвандони қулай буд, зеро на ҳама ба харидани шиносномаи нави хориҷии биометрӣ имкон доштанд: ба расмият даровардани он 86 доллар (75 доллар худи шинсонома ва 100 сомонӣ - боҷи давлатӣ). Дар номаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо ишора шудааст, ки дар робита ба ҳодисаҳои манъи вуруду ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик бо шиносномаҳои хориҷии муҳлаташон дарозшуда, аз 16 октябр дигар ба шаҳрвандони дорои чунин шиносномаҳо билет фурӯхта нашавад. Феълан арзиши шиносномаи биометрӣ дар Тоҷикистон, ки дар муҳлати 15 рӯз омода мешавад, 75 доллар ва 100 сомонӣ боҷи давлатӣ, дар муддати 7 рӯз - 150 доллар ва 100 сомонӣ боҷи давлатӣ ва дар муддати 2 рӯз - 225 доллар ва 100 сомонӣ боҷи давлатиро ташкил медиҳад.

Ҷумъа, 20 Октябр 2017 10:07


23.10.1966 ҷосуси шӯравӣ Ҷорҷ Блейк аз зиндони машҳури шаҳри Лондон гурехт. "Уормвуд-Скрабс" яке аз зиндонҳои машҳури пойтахти Англия ба шумор мерафт ва дар ин ҷо зиндониёни зиёде нигаҳдорӣ мешуданд. Фирори ӯ аз зиндон сару садои зиёде барангехт ва ба яке аз аҷоибтарин ҳаводиси сол табдил ёфт.

Ҷумъа, 20 Октябр 2017 10:03


18.10.1905. Дар Маскав яке аз инқилобчиёни касбӣ ва фаъоли ҳизби болшевикӣ Николай Эрнестович Бауман ба қатл расид. Ӯро дар РСДРП ба хотири убури устокоронаи сарҳад "шӯрнӯл" (грач) лақаб ниҳода буданд.

Панҷшанбе, 19 Октябр 2017 11:15

Фарёд занад фалак: каси  нек гузашт,
Устоди Фалак Гургалии Бек гузашт.
Дар саҳнаи дилҳои ҳама ҷой гирифт,
Аз саҳнаи дунёи фано  лек гузашт.


Муҳаммад Ғоиб, шоир

Эй тирамоҳи  пур  зи гулҳои  хазони  ман!  Эй тирамоҳе, ки  рангҳои  сурху зарди ту  ба баҳори зиндагӣ  хазонрез меоранд. Ман ҳар  замон  дар  синаи   абру  борон  ва  шамолаки  пур аз бодҳои арғувонии ту  умеду  орзуи  гусастаи  худро  мебинаму  мегуям биё -биё, ки баҳори  пуртаровати  мо  рафт!  Замоне  туро  ситоиш  ҳам доштам , мисли оне, ки  дар нолаи  дутори  бародари  зиндаёдам Ҳабибулло авҷҳо  бо мавҷҳо ҳамбаста, садоҳо ба  боди ҳавас  афтида,  гӯш ба нози  фалак доштанд.
Аммо имрӯз хабаре аз  хазонрези ту ба гушам омад, ки дигар  Ҳабибуллои  мо вопасин  сурудаи фалакиро ба   фалак таслим кард. Не, не ӯ паҳлавон буд, онҳо  дигаргуна  мемиранд ва замину осмон ҳам барои  онҳо дидаи  тар дорад. Ин дафъа , бародари  оғуштаи шеъру ғазал, мутриби хушсадо, дӯсти  беҳамто,  акаи Ҳабибулло  бо садои бесадоӣ  олами лутфу маъниро падруд намуда, дидаҳои  моро селоби баҳорӣ кард. Ман аз шунидани  ин хабар  мисли оне  ки дар падруди падар ашк мерехтам, нотавонӣ доштам. Аммо чӣ илоҷ, ҳаёти одамӣ ҳамин будааст, лек  шахсоне, ки  дилашон саршори  муҳаббати  бепоён ва қалби  тифлонаи зебояшон ҳамеша барои хизмати  ватан  боз аст, ҳамеша фавти мардона доранд. Бовар кунед, онҳо  намемиранд, то ҳануз садои торҳои  нозуки  дутори бародарам дунёи маро тасхир дорад, ки ин садои  зиндаи зиндагист. Алвидоъ эй Рустами бонги саҳар, алвидоъ эй паҳлавони  кишвари  шеъру  суруд, алвидоъ эй фарзанди  куҳсори ишқ бо ту фахрам ҳаст зиёд аз зиндагӣ!

Муҳаммад Абдураҳмон

саҳ 6 аз 17

Китобҳо

Flag Counter