Душанбе, 06 Ноябр 2017 09:58


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Аҳсант ба сардабири СССР-Сайёфи Мизроб барои матлабаш-«Арӯса дар арӯсиш»! Дар ҳақиқат, дар қазияи Раҷабалӣ Одинаев барои қарзи 170 миллион сомонӣ маҳз Вазорати Молияи ҶТ гунаҳкор аст, зеро он, яъне ҳамин Вазорат функсияҳои бонкҳои тиҷоратиро гирифта, ба қарздиҳӣ гузаштааст. Аз ҳисоби андозҳои бо нӯги сӯзан ҷамъкардаи мо!!! Офарин ба дилу гурдаи қарздиҳанда-Вазорати молия!!!

Неъматулло, Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Душанбе, тел: 904 28 38 75

Душанбе, 06 Ноябр 2017 09:51


Узви Ихвон-ал-СССР, Шавкат Насимов, соҳибкор, тоҷир аз бозори Корвони пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки ман перомуни маъракаҳои интихоботии парлумонӣ 1 андеша дорам. Аввалаш ин ки дар ҳамин 26 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ягон депутат-вакили мардумӣ коре накардааст, ки ному насабаш дар ёди мардум ва таърихи миллат монда бошад. Аз ин лиҳоз, чунин мепиндорам, ки давлат барои интихоботҳо маблағи калон сарф накунад. Бигзор ҳамин парлумон боз 4 соли дигар монад! Мақсади ман чист? Ҳамин қадар пуле, ки дар ин маърака масраф мегардад, ба сохтмони Роғун резем! Ин андешаи ман ягон хел тамаллуқ нест.

Душанбе, 06 Ноябр 2017 09:49


Инженер-сохтмончӣ Ҷамолиддин Раҳмонов, аз минтақаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо телефони 93 905 52 61 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, фаромӯш накунед, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон барои фонди сохтмони ГЭСи Роғун аз моҳи январи соли 2010 то ҳозир маблағ мегузаронда, дар бунёди он саҳми худро мегузорад. Дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар саҳмияи Роғунро харид. Барои хазинаи Роғун пул гузоштанд, то ин ки соҳиби барқ-рӯшноӣ шаванд. Акнун Роғун чӣ ҳақ дорад, ки пули мо-мардумро ба 1 соҳибкор диҳад? Яъне ГЭСи Роғун ҳаргиз бе маслиҳати Вазорати молия 1 тинро бе фоида ва бе нақша истифода намебарад. Бо ин гуфтаниям, ки 171 миллион сомониро НОБи Роғун бо иҷозату миёнаравии Вазорати молия додааст. Ман ин ҷо Вазорати молияро айбдор мебинам, на «Умед-88»-ро! Ин аст ҳақиқати ҳол!!!

Душанбе, 06 Ноябр 2017 09:43


Ахиран 1 сокини Ҳисор собиқ раиси шаҳри Душанберо дар қатли падари худ муттаҳам кард. Тафтишот шуруъ шудааст…

Душанбе, 06 Ноябр 2017 09:37


Расо 25 сол пеш, Сафаралӣ Кенҷаев барои ғасби ҳукумат ба Душанбе даромада, худро президенти кишвар хонд. Аммо «ҳукумати ӯ» 24 соат давом накарда, бо қатли Рустами Абдураҳим-мушовири аршадаш хатм ёфт…

Душанбе, 06 Ноябр 2017 09:31


Ин барои бори чандум аст, ки бозорҳои кишвар бо иллати «расиши кӯтоҳи барқӣ» месӯзанду садҳо миллион зарар меоранд. Аммо ин иллат рафъ намегардад. Айб дар ош аст ё дар мош? Шояд замоне расида, тоҷире, ки бо айби ӯ дӯконаш месӯзаду дигаронро месӯзонад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад? То ин сӯхторҳо қатъ гарданд…?

Ҷумъа, 03 Ноябр 2017 17:11


Даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо дишаб ба поён расид, ки дар он бозиҳои ҷолиб кам набуданд

Ҷумъа, 03 Ноябр 2017 12:14


Узви Ихвон-ал-СССР, кондуктори хатсайри мусофиркашонии №33, Юсуф Хоҷаев (тел: 902 02 45 53, 900 64 55 33) сокини пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ман 1 хоҳиш ё таклифи ронандаҳои хатсайри №33-ро ба шумо расонданиям, чун онҳо нек медонанд, ки ман пайваста СССРро мехонам, барои ҳамин сахт хостанд, ки инро ба СССР бирасонам. Ронандаҳои автокалоннаи №2927 мехоҳанд, роҳкирои хатсайри №33 андак тағйир дода шавад. Масалан, аз бозори Корвон то бинои Сирк 1 сомонӣ, баъди он то истгоҳи охирин (Хитойбозор) 2 сомонӣ. Ин дархост ва андешаи ронандаҳо аз он пайдо шуд, ки вақте аз бозори Корвон то маҳаллаи Сирк мусофиронро меорем, дигар бақияпулӣ-пули майда надорем, ки ба онҳо 20 дирам ёфта бидиҳем. Чунки тавре шоҳидем, маҳз дар ҳамин масъала ва бисёр маврид мусофирон бо ронандаҳо дар баҳс мешаванд ва бисёр асабӣ. Ҳоло тибқи нархномаи расмӣ аз аввал то “конечка”-истгоҳи охири хатсайр роҳкиро 1 сомониву 60 дирам аст. Агар инро 2 сомонӣ мекарданд, дигар ягон ҷои баҳсу асабоният намемонд. Мо бовар дорем, ки Хуршед Хизиров-раҳбари “Автоколонна-2927” хоҳиши ронандаҳоро дастгирӣ мекунад.

саҳ 12 аз 14
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase