ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:30


12.11.1940 вазири корҳои хориҷии СССР Вячеслав Молотов бо даъвати ҳамтои олмонии худ-Иоахим Риббентроп озими Берлин гардид. Ӯ дар Берлин бо Риббентроп ва Адолф Гитлер гуфтушуниди дурӯза дошт ва мақсади асосии он ҳамроҳ шудани Иттиҳоди Шӯравӣ ба Иттиҳоди сегона буд.

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:24


10.11.1961. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳри Сталинград ба Волгоград тағйири ном кард. Номи пештараи ин шаҳр Царицин буд ва баъди сари қудрат омадани Иосиф Виссарионович онро ба Сталинград табдили ном карданд.

Имрӯзҳо аз он номи қадима қариб ки ёд намекунанд. Аммо номи Сталинро ба таъбире ҶБВ таърихӣ кард ва имрӯз низ муҳорибаи Сталинград намегузорад номи муллои гурҷӣ аз номгӯи ин шаҳр ҳазф шавад.

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:17


Пайғамбари мо чанд фарзанд дошт?
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ба домуллои гиромулқадр, устод Ҳоҷӣ Мирзо 1 саволе аз таърих дорам. Ҳазрати Муҳаммад (с) чанд фарзанд дошт, аниқтараш чанд бачча ва чанд духтар? Зеро дар ин боб ҳар кас ҳар хел андеша дорад. Аммо шумо чӣ мегӯед? Хоҳишмандам, инро сода карда фаҳмонед.

Насим Ҳоҷиев, ш.Қӯрғонтеппа

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:11


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар робита ба мақолаи Валиева Мамлакат «Бемории силаму хона надорам» (СССР, 19.09.2017) чунин маълумот медиҳад. Тибқи маълумотномаи сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе, Валиева (с.тав.1966, маъюби гурӯҳи 2) таҳти назорати мутахассисони Маркази саломатии ш.Душанбе қарор дорад. Ӯ соли 1991 бо ташхиси «Сили ҷузъии шуши рост» дар қайди Маркази шаҳрии мубориза бар зидди бемории сили ш.Кӯлоб гирифта шудааст. Моҳи сентябри с.1991 бемор дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» ба табобат фаро гирифта шуда, баъдан табобати дармонгоҳиро дар Маркази шаҳрии мубориза бар зидди бемории сили ш.Кӯлоб давом дода, пурра шифо ёфтааст. Тибқи хулосаи Комиссияи машваратии тиббии Маркази мубориза бар зидди бемории сили ш.Душанбе аз 27.10.2011 вай бинобар ба сабаби шифо ёфтанаш аз қайди дармонгоҳи маркази мазкур бароварда шудааст. 21.09.2017 ӯ аз муоинаи мутахассисони Маркази саломатии №6-и ш.Душанбе ва таҳлилҳои озмоишгоҳӣ ба таври ройгон гузаронида шуда, ба ӯ табобати дахлдор таъин ва бемор бо маводи дорувории зарурӣ ба таври ройгон таъмин шудааст. Ташхису табобати бемор ба бемории сил иртибот надорад. Ягона хоҳиши ӯ ин таъмин намудан бо манзили зист аст.

А.Одиназода, муовини вазир

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:04


Ҳоло хуб аст, ки филмҳои тасвириро ба забони модарии мо тарҷума ва пешкаш мекунанд. Ҳарчанд онҳо бо забони кӯчагӣ ҳам бошанд, аммо аз русиву англисӣ хубтаранд. Зеро мо-кӯдакон онро мефаҳмем. Вале масъулони ин филмҳои тасвирӣ дар ин кор ба хатоҳо роҳ медиҳанд. Масалан, дар филми тасвирии «Шефи Кӯдакон» онҳо чанд хато кардаанд. Аввал, ҷои кӯдак-кудак навиштаанд. Ва боз ба ҷои «ба забони тоҷикӣ» «ба Забони Тоячикӣ» навиштаанд. Магар миллати мо ТОЯЧИК аст, ё Тоҷик? Ман, ки бо ҳамроҳии хориҷиҳо мехонам, дар назди дӯстонам шарм мекунам, ки миллати маро ТОЯЧИК нависанд. Ин корро бас кунед! Мо Метавонем!
Мубориз Достиев
Хонандаи синфи 5, Мактаби байналмилалии президентӣ-IPS

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:03


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ба домуллои гиромӣ Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов бо 1 саволи муҳим муроҷиат карданиям. Барои мусалмонҳо нӯшидани кулли машруботи спиртӣ-аз ақл берункунанда манъ асту ҳаром, аммо дар фаъолияти тиббӣ иҷозат аст. Мисле, ки пеш аз укол кардан аввал спирт мемоланд. Яъне бе спирт кору табобат дар тибб номумкин аст. Назари шумо ба ин чист? Магар вақте спиртро дар тан мемоланд, либоси мо бенамоз намешавад?
Акнун ҳоло дар бораи 1 тазодди мантиқӣ гуфтаниям. Амри маъруф ва мавъизаҳои домулло Ҳоҷӣ Мирзоро ҳамин шабу рӯз аз радиову телевизионҳои Афғонистони ҳамсоя мешунавем, аммо барои чӣ дар радиову ТВҳои миллии мо Ҳоҷӣ Мирзо нест? Магар пахшу паҳн кардани эҷодиёти ӯ мамнӯъ аст? Ман фикр мекунам ягон суханрониву баромади Ҳоҷӣ Мирзо бар зарар нест, балки ҷавонони кишварро ба роҳи росту дуруст раҳнамун месозанд. Ё не? Инчунин талоқу ҷудоии навхонадорон ҳам кам шуданаш мумкин…


Исмоил Маҳмудов,
н.Ҷайҳун (Қумсангир), тел: 93 388 07 47

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:02


Узви Ихвон-ал-СССР, Мирҳаким Мирдадоев, сокини деҳаи Шаватки ноҳияи Айнӣ ба СССР занг задаву гуфт, таври маълум, ҳоло ҳам аксарият доир ба иқтидору чеҳраи сиёсии миллати мо бо чашми каҷ менигаранд. Агар макони Тоҷиконро танҳо кӯҳсор ҳисобед, пас Самарқанду Бухорову Кӯлобу Хуҷанд, Истаравшану Панҷакент ва дигар шаҳрҳои Тоҷикнишинро кӣ бунёд кардааст? Шефи тамоми Осиёи Миёна то соли 1924 маҳз Тоҷикон буданд. Иншооллоҳ, рӯзе мерасад, ки боз абармиллати дунё мешавем! Зеро Мо Метавонем!!!

Душанбе, 13 Ноябр 2017 09:52


Хонандаи гиромии газетаи мардумии СССР, Зебонисо Муродова аз маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсӣ ба СССР занг зада, аз зиёд шудани сагҳои дайду дар маҳаллаи 61 (атрофи мактаби миёнаи №24) шикоят карда гуфт, ки аз доду войи сагҳои бегонаву дайду шабҳо хоб надорем. Бештар ин даҳшат дар атрофи мактаби миёнаи №24, ки назди он ҷои ахлотпартоӣ ҳаст, ба назар мерасад. Кӯдакон ва модарон баъди ғуруби офтоб аз тарс берун рафта наметавонанд...

саҳ 8 аз 14

Китобҳо

Flag Counter