ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 20 Ноябр 2017 10:07


(идома аз шумораҳои пешин)

Кенҷаев дар бозори Термиз
Дар ин нишасти Регар, барои он, ки сарбозони дастаҳои гуногун ҳамдигаррро шиносанд ва ягон ҳодисаи нохуше миёни онҳо сар назанад, ба қарор омаданд, ки дар дасти чап-аз оринҷ боло ҳар сарбоз бояд то соати 14-и рӯз порае аз матоъи сурх, пас аз соати 14 то соати 10-и саҳарии рӯзи дигар (25.10.1992) латтаи сурхро наканда, матоъи сурху сиёҳ ва аз соати 10-и саҳар латтапораи сурху сиёҳро наканда, матои сафед бидӯзад. Чунин тартиби якдигарро фарқ кардани сарбозону афсарон ба қумондонҳои ФХТ ва командирҳои шаҳру навоҳии ҷануби кишвар фаҳмонида шуд. Барои амалӣ намудани ин «низом» Сафаралӣ Кенҷаев аз шаҳри Термиз 10 метр матоъ (сон)-и сафед, 10 метр матои сиёҳ ва 10 метр матои сурх харидорӣ намуд. Аз ҳар намуди ин матоъ ӯ ба Ҷиёнхон ва чанд нафари дигар бо қайчӣ буррида дод. Дар охир, бори дигар аз Ҷиёнхон, Пирӣ Ҳусейн ва Рустами Абдураҳим хоҳиш кард, масъалаи ҳуҷум ба Душанберо хело дақиқ ва ҷиддӣ ҳал кунанду Сангаку Файзалӣ бояд ба пойтахт дароянд. Хуллас, он рӯз Кенҷаев 1 нусхаи нақшаи Душанбешаҳрро барои Ҷиёнхон дода, онҳоро ба Кӯлоб гуселонид ва ба он умед, ки Рустам бо дастаи худ ва тибқи барномаи хос бояд, ки соати 10-и рӯзи 16.10.1992 ба Регар биёяд…

Рӯзи ҷумъаи бахосият…
Вилояти собиқи Қӯрғонтеппа он шабу рӯз ба полигон-майдони ҳарбу зарб табдил ёфта буд. Ҳар 2 тараф-ҳам ФХТ ва ҳам нерӯҳои мухолифин дар задухӯрд аз техникаи вазнини ҷангӣ кор гирифтанд, ки дар натиҷа даҳҳо ҷавонони мулкӣ кушта ва биноҳои давлатию шахсӣ ба хок яксон гардиданд. Ахир, 19.10.1992, соати 12-и рӯз вукалои вил.Кӯлоб-Ҷиёнхон, Рустам ва Пирӣ ба Регар меоянд ва дар ҳузури мутахассисони ҳарбӣ, миёнаравон… ҳар кас андешаи худро мегӯяд, ки барои чӣ амалиёти 17.10.1992 ба Душанбе доир нашуд. Он ҷо ҳама Ҷиёнхонро гунаҳкор мекунанд, ки ба ин бемасъулиятӣ маҳз айби ӯст. Сипас ӯ вазъи дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа бамиёномадаро ба ҳозирин объективона фаҳмонд, ки воқеан новобаста аз хоҳиши онҳо 1500 нафар силоҳдоронро аз дастаи Лангарӣ ва Файзалӣ дар давоми 2 рӯз ҷамъ намуда, бо силоҳ таъмин ва шинос намудан кори осон набуд. Дар ин вақт Рустам Ҷиёнхонро тарафдорӣ намуд. Ҳар 2 байни ҳам чизе пичиррос карданд. Пас Рустам ба ҳозирин рӯ оварда мегӯяд:
«Рӯзи ҷумъа (23.10.1992) бисёр рӯзи бахосият аст ва агар худо хоҳад, соати 5-и саҳар ба Душанбе медароем». Ин дам Кенҷаев ва чанд тани дигар аз ҳар 2 қотеъона мепурсанд, ки оё рӯзи 23.10.1992-ро бо қумондонҳои саҳроии худ маслиҳат кардаанд, ё на? Рустам мегӯяд, ки ин рӯз қарори қатъӣ асту амри муқаддасу раъйи муҳим. Кенҷаев аз Ҷиёнхон талаб мекунад, ки рӯзи 23.10.1992, соати 12 Рустам бо дастаи наттоқони идораи радио ва ТВи Кӯлоб бо барномаи хос ҳатман ба Регар биёяд ва ҳамроҳ ба Душанбе мераванд…

Ҳуҷуми ногаҳонӣ ба Кенҷаев
Рустам рӯзи 23.10.1992, соати 16:00 бо чархбол тани танҳо ва бе дастаи наттоқони радио ва ТВ Кӯлоб ба Регар меояд. Ӯро Кенҷаев пешвоз гирифта, чунин ранг гирифтани корро мепурсад. Дар посух Рустам мегӯяд: «Наттоқон бо чархбол ба Калининобод (ҳоло Сарбанд) ба штаби Сангак ва Файзалӣ парвоз карданд. Аз рӯи аҳд субҳи 24.10.1992 бо дастаи Файзалӣ ба Душанбе даромада, пешакӣ дар сари пули рӯди Душанбе (Путовский) бояд вохӯранд.
Субҳи 24.10.1992 Рустами Абдураҳим ба соаташ нигарист, ки соат аз 6 гузаштааст ва ба Кенҷаев рӯ оварда мегӯяд: «Дер кардем-ку?! Дастаи Лангарӣ ва Файзалӣ соати 5 ба Душанбе шояд даромада бошанд. Охир, нақша соати 5-и саҳар буд-ку!».
Вақте ки армияи Кенҷаев аз кӯпруки дарёи Душанбе ба кӯчаи Путовский (ҳоло И.Сомонӣ) мегузаранд, мухолифин онҳоро бо тиру туфанг пешвоз мегирданд. Тирпаронӣ аз тарафи бинои бозори Баракат ва хонаи истиқоматии 9-ошёнаи рӯбарӯи ҳамин бозор сар мешавад. Тири снайперу автомати Калашников ва пулемёти дастӣ аз 2 тараф ба сари армияи Кенҷаев мерезад. Ҳама зуд аз трактору мошинҳо фаромада, ба ҳуҷум мегузаранд. Ба қавли шоҳидон, мавқеъ-мишени оппозитсия хело хуб буд, чун онҳо аз боло, аз самти хонаҳои истиқоматии 9-ошёнаи кӯчаи И.Сомонӣ тир мекушоданд.

Аз нерӯи ҷанубӣ то ҳол дараке нест
Ин ҷо тибқи нақша бояд Файзалӣ бо аскаронаш омада, бо ҳам вомехӯрданд ва ҳамроҳи онҳо мебоист ровиёни радиову ТВ Кӯлоб низ мебуданд. Мувофиқи ҳамин маслиҳат Файзалӣ бо ёрии танку БТРҳо вориди маркази Душанбе шуда, дастаи наттоқонро гирифта, ба идораи радио ва ТВи марказӣ мерафтанд. Ин дам соат аз 6 гузашта буд. Рустам ин ҳолатро дидаву дар ҳайрат монда, дар фикр рафта ба Кенҷаев мегӯяд: «Чӣ сирре ин ҷо ниҳон бошад? Чаро онҳо наомаданд? Ягон ҳодиса рух дод магар?!»
Дар ин шапошапӣ 3 аъзои ФХТ маҷрӯҳ ва 1 нафар ҳалок мешавад. Рустам бошад дар байни муҳофизон. Дар ин лаҳза радду бадале байни Кенҷаеву Рустам сар мезанад ва Кенҷаев бо исрор аз ӯ мепурсад, ки барои чӣ армияи Сангаку Файзаливу Лангарӣ… дар ин вақту соати ваъдагӣ наомаданд? Ин ҷанги бидуни нақша ва аблаҳона расо 25-30 дақиқа давом мекунад. Мухолифин нобуд шуда, боқимонда мегурезанд. Кенҷаев аз рӯи нақша 50 сарбозро бо қумондонаш дар болои пули рӯди Душанбе (кӯч.Путовский) мегузорад, то ин ки касе аз самти шимолу ҷануб ва ғарб вориди марказ нашавад.

Сангаки зидди амалиёти Кенҷаев буд
Соат қариби 7 буд. Кенҷаев ба Рустам нигариста мегӯяд: «Чӣ бояд кард? Наттоқони кӯлобиро интизор шавем, ё не? Вақт рафта истодааст…». Рустам дар посух мегӯяд: «Не, корро худамон сар мекунем!»
Ҳар 2 ба ошёнаи 2-уми Хонаи Радио медароянд. Кормандони радио-3 нафар занони рус зуд студияи 1-умро барои онҳо кушода, ба кор медароранд. Рустам назди микрофон нишаста, мардумро ба оромӣ даъват мекунад. Аз бинои Хонаи Радио баромада, ба дивизияи 201-и Русия мераванд. Он замон садои тир дар Душанбе аҳён-аҳён мебаромад. Авзоъ дар пойтахт мисле ки ором буд, аммо аз дастаи Лангариву Файзалӣ ва гурӯҳи наттоқони радиову ТВ Кӯлоб хабаре набуд. Ин замон Рустами Абдураҳим бетоқатона дар ҳузури Кенҷаев ва чанд қумондони ФХТ ба Ҷиёнхон тавассути телефони ВЧ занг зада, нисбати то ҳол ба Душанбе наомадани дастаҳои Лангариву Файзалӣ бо ғазаб ва дуруштона мепурсад. Дар посух аз ун тарафи гӯшӣ Ҷиёнхон дар бораи Сангак чизе мегӯяд, ки барои Кенҷаеву Рустам аслан нофаҳмо буду ғайриинтизор. Ба гуфти Ҷиёнхон, Сангак комилан зидди воридшавии дастаи Лангариву Файзалӣ ва гурӯҳи дикторҳои радио ва ТВ Кӯлоб ба Душанбе будааст…


Шаҳрзоди Амин,
СССР

Ҷумъа, 17 Ноябр 2017 15:06


1 манбаъи мӯътамади СССР ҳамин ҳоло хабар дод, ки рӯзи 16 ноябр судяи ноҳия Зоирзода Саидаҳмадро 1 нафар сокини ҳамин ноҳия лату кӯб карда, бо ҷароҳатҳои бардоштааш ба беморхона муроҷиат кардааст. Сардухтури беморхонаи ҳамин ноҳия дар сӯҳбат бо СССР гуфт, худи судя, ки аз ҷамоати деҳоти шаҳраки Панҷи ноҳия аст, ба табибони беморхона занг зада, муроҷиат кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ соати 14:55 дақиқа ба табибони беморхонаи ноҳия занг зада, онҳоро ба утоқи кориаш даъват намудааст, то ташхис кунанд. Ҳамсӯҳбати мо қайд намуд, ки қисмати чапи гардан ва пешонаи судя ҷароҳат бардоштааст, аммо аз бистарӣ шудан даст кашидааст. Мақомоти қудратӣ аз сӯҳбат бо СССР дар ин робита худдорӣ карда, ҳамин қадар гуфтанд, ки судя аз шикоят даст кашидааст ва таҳқиқ ҳоло идома дорад.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, 17 Ноябр 2017 13:41


Гулсара Холмуродоваи 33-сола (тел: 907 39 44 13), сокини деҳаи Файзободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 2 фарзанд дорам. Шавҳарам-сокини ноҳияи Шаҳритус, ки дар вақташ қассоб буд, соли 2017 аз бемории “сибирская язва” бандагӣ кард. Ин дард ба ӯ аз ҳайвонҳои хонагӣ сироят намуд. Аммо дарди ман бешавҳарӣ на, балки бехонагист. Вақте шавҳарам мурд хоҳару апаҳои ӯ сари ман хеста, аз хона пеш карданд. Бо 2 фарзанд дар кӯча мондам. Ба суди н.Шаҳритус арз кардам, шикоятро қабул намуда, хонаро ба номи ман сабт карданӣ буданд. Аммо пайвандони шавҳарам дар суд зид баромад карда, хонаро надоданд. Ман ЗАГС надорам. Баъдан ба суди н.А.Ҷомӣ ариза додам. Аммо онҳо дар посух гуфтанд, ки “адвокат бигир”. Пул надорам, ки адвокат гирам. Аниқтараш адвокат ёфтам ва онҳо гуфтанд, ки “ба мошини мо бензин бирез, мо ба суди Шаҳритус рафта, масъаларо мебинем”. Хуллас, ҳоло дар хонаи апаам, дар н.Ҷомӣ зиндагӣ дорам, аммо ӯ низ шароите надорад, ки маро ба роҳат дар кулбааш ҷо кунад. Ҳоло ҳайронам, ки дар пеш зимистон асту мабодо барфу бороне бизанад, бо ин 2 кӯдак куҷо меравам?

Ҷумъа, 17 Ноябр 2017 13:34


16.11.1938. Кумитаи умумииттиҳодии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо фармони худ тарзи гӯштини "самбо"-ро яке аз беҳтарин васоили мудофиавӣ ва нодиртарин намуди варзиш эътироф кард. Ин рӯзро метавон рӯзи таваллуди "самбо" муаррифӣ кард. Дар РСС Тоҷикистон аввалин ҷаҳонпаҳлавон дар ин риштаи варзиш Саидмуъмин Раҳимов гардида буд.
16.11.1972. Ширкати амрикоии "Пепсико" барои фурӯши маҳсулоташ "Пепси-кола" и маъруф дар СССР иҷозатнома дарёфт кард ва 1 соли баъд ин нӯшокии амрикоӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо низ фурӯхта мешуд. Дар иваз СССР ба ширкати "Пепсико" ҳуқуқи фурӯши арақи "Столичний"-ро дар ИМА дод.

Ҷумъа, 17 Ноябр 2017 13:22


Даври интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар тамоми қораҳо ба анҷом расид. Ба ғайр аз мунтахаби Русия, ки роҳхатро ҳамчун мизбон гирифтааст, 31 дастаи мунтахаби дигар роҳхатро ба ин бозиҳои муҳташам гирифтанд. Ин ҷо ном, қора, мақом дар рейтинги ФИФА, беҳтарин футболбози даври интихобӣ, нишондоди даста дар ин давр ва як факти ҷолиб оварда мешавад.
1.Бразилия. Конфедератсия: Амрикои Ҷанубӣ; Мақом дар ФИФА: 2-юм; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Неймар; Бозӣ: 18; ғолибият: 12; мусовӣ: 5; бохт: 1; Қаҳрамони 5-каратаи ҷаҳон, 4 ҷоми даста дар он мусобиқоте ба даст омадаанд, ки дар он Ҳолланд иштирок надошт. Аввалин ҷомашро бошад, соли 1958, дар мусобиқоте, ки Италия иштирок надошт, ба даст овардааст.
2.Эрон. Конфедератсия: Осиё; Мақом дар ФИФА: 34-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Сардор Озмун; Бозӣ: 18; ғолибият: 12; мусовӣ: 6; бохт: -; Мунтахаби Эрон рекорди бозиҳои голсарнадодаро гузоштааст, ки он 12 сабқатро дарбар мегирад.
3.Япония. Конфедератсия: Осиё; Мақом дар ФИФА: 44-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Мая Ёсида; Бозӣ: 18; ғолибият: 13; мусовӣ: 3; бохт: 2; Футболбозони даста барои гузаронидани машғулияти пешазбозӣ бо Арабистони Саудӣ бо сабаби тамба шудани роҳҳо, бо таксӣ ба варзишгоҳ рафтанд.
4.Мексика. Конфедератсия: Амрикои Шимолу Марказӣ; Мақом дар ФИФА: 16-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Эктор Эррера; Бозӣ: 16; ғолибият: 11; мусовӣ: 4; бохт: 1; Дар бозии интихобӣ бо Гондурас дарвозабони Мексика Очоа ба дарвозаи худ, баъди расидани тӯб ба сараш, автогол зад.
5.Белгия. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 5-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Кевин Де Брёйне; Бозӣ: 10; ғолибият: 9; мусовӣ: 1; бохт: -; Ромелу Лукаку дар ин даври интихобӣ беҳтарин голзан дар таърихи дастаи мунтахаб шуд(31).
6.Кореяи Ҷанубӣ. Конфедератсия: Осиё; Мақом дар ФИФА: 62-юм; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Сон Хин Мин; Бозӣ: 18; ғолибият: 12; мусовӣ: 3; бохт: 3; Ягона мунтахаби осиёиест, ки дар даври ниманиҳоии ҶҶ иштирок кардааст(2002).
7.Арабистони Саудӣ. Конфедератсия: Осиё; Мақом дар ФИФА: 63-юм; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Муҳаммад Ас-Саҳлавӣ; Бозӣ: 18; ғолибият: 12; мусовӣ: 3; бохт: 3; Дар Арабистони Саудӣ аз соли 2018 сар карда, ба занон иҷозати ба варзишгоҳ барои тамошои футбол рафтанро медиҳанд.
8.Олмон. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 1-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Ҷошуа Киммих; Бозӣ: 10; ғолибият: 10; мусовӣ: -; бохт: -; Дар задани голҳо “Машинаи олмонӣ” рекорди давраи интихобии Аврупоро бо 43 гол гузошт, сипас Белгия низ ин нишондодро такрор кард.
9.Англия. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 12-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Гарри Кейн; Бозӣ: 10; ғолибият: 8; мусовӣ: 2; бохт: -; Дар бозии рафиқона бо Бразилия, пеш аз ҶҶ, сармурабии англисҳо Гарет Саутгейт дарвозабони “Манчестер Ситӣ” Ангусс Ганна, ки ягон бозӣ дар ҳайати асосии клубаш нагузарондааст, даъват карда буд.
10. Испания. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 8-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Иско; Бозӣ: 10; ғолибият: 9; мусовӣ: 1; бохт: 0; Херард Пике барои дастгирии референдуми Каталония, қариб ки аз мунтахаби Испания хориҷ карда шавад.
11.Нигерия. Конфедератсия: Африқо; Мақом дар ФИФА: 41-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Виктор Мозес; Бозӣ: 8; ғолибият: 5; мусовӣ: 3; бохт: -; Собиқ футболбози “ССКА”-и Маскав Аҳмад Мусо, ки дар ҳайати асосии “Лестер Ситӣ” ягон бозӣ накардааст, то ҳол ба мунтахабаш мунтазам даъват мешавад.
12.Коста – Рика. Конфедератсия: Амрикои Шимолу Марказӣ; Мақом дар ФИФА: 22-юм; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Кристиан Боланёс; Бозӣ: 16; ғолибият: 9; мусовӣ: 5; бохт: 2; Имсол собиқ Президенти Федератсияи футболи Коста – Рикаро барои амалҳои коррупсионӣ то абад аз футбол дур сохтанд.
13.Полша. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 6-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Роберт Левандовски; Бозӣ: 10; ғолибият: 8; мусовӣ: 1; бохт: 1; Левандовски бо 16 гол беҳтарин голзани даври интихобӣ, инчунин, бо 51 гол беҳтарин голзан дар таърихи мунтахабаш шуд.
14.Миср. Конфедератсия: Африқо; Мақом дар ФИФА: 30-юм; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Муҳаммад Салоҳ; Бозӣ: 8; ғолибият: 5; мусовӣ: 1; бохт: 2; Мухлисони мунтахаби Мисрро, ки бо дастаашон ба Русия меоянд, ҳукуматдорони кишвар огоҳ кардаанд, ки “бо сабаби пулдӯстдории духтарони рус” бо онҳо муносибат накунанд.
15.Исландия. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 21-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Гилфӣ Сигурдссон; Бозӣ: 10; ғолибият: 7; мусовӣ: 1; бохт: 2; Сармураббии ин мунтахаб Хеймир Халлгримссон, дар навбати худ, баъди кори мунтахаб, ҳамчун табиби дандон кор мекунад.
16.Сербия. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 38-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Душан Тадич; Бозӣ: 10; ғолибият: 6; мусовӣ: 3; бохт: 1; Мунтахаби Сербия бо 21 имтиёз аз мақоми аввали гурӯҳ баромадааст, ки ин аз ҳамаи дастаҳои ҷойҳои 1-ум ва баъзе мақомҳои дуюм низ камтар аст.
17.Фаронса. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 7-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Антуан Гризманн; Бозӣ: 10; ғолибият: 7; мусовӣ: 2; бохт: 1; 78%-и фаронсавиҳо зидди ба мунтахаб баргаштани Карим Бензема ҳастанд.
18.Португалия. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 3-юм; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Криштиану Роналду; Бозӣ: 10; ғолибият: 9; мусовӣ: 0; бохт: 1; Роналду дар 9 бозии даври интихобӣ иштирок кард ва Португалия ҳамаи онҳоро бо ғалаба анҷом дод. Вале дар як бозии набудаи ин ситораи футбол португалиҳо бохтанд.
19.Аргентина. Конфедератсия: Амрикои Ҷанубӣ; Мақом дар ФИФА: 4-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Леонел Мессӣ; Бозӣ: 18; ғолибият: 7; мусовӣ: 7; бохт: 4; Мунтахаби Аргентина бо Мессӣ дар 10 бозӣ 21 имтиёз ва бе ӯ дар 8 бозӣ 7 хол ба даст овардааст.
20.Колумбия. Конфедератсия: Амрикои Ҷанубӣ; Мақом дар ФИФА: 13-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Хамес Родригес; Бозӣ: 18; ғолибият: 8; мусовӣ: 2; бохт: 7; Дар бозии охири интихобӣ Колумбия бо Перу мусовӣ карданд. Дар рафти он Фалкао ба рақибон фаҳмонд, ки ин натиҷа ҳарду дастаро ба ҶҶ мебарад. Чилӣ аз ин шикоят кард, вале то ҳол натиҷае нест.
21.Уругвай. Конфедератсия: Амрикои Ҷанубӣ; Мақом дар ФИФА: 17-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Эдинсон Каванӣ; Бозӣ: 18; ғолибият: 9; мусовӣ: 4; бохт: 5; Каванӣ ва Суарес беҳтарин голзанони ду давраи интихобии ҶҶ дар Амрикои Ҷанубӣ мебошанд. Имсол Каванӣ 10 гол зад , Суарес бошад, дар давраи гузашта 11 гол зада буд.
22.Панама. Конфедератсия: Амрикои Шимолу Марказӣ; Мақом дар ФИФА: 49-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Роман Торрес; Бозӣ: 16; ғолибият: 6; мусовӣ: 5; бохт: 5; Футболбози даста Амилкар Энрикес баҳори соли ҷорӣ дар назди хонааш кушта шуда буд. Дар ҳоле, ки вай ҳамагӣ 3 ҳафта пеш аз он охирин бозиашро дар ҳайати тими миллиаш гузаронида буд.
23.Шветсария. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 11-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Штефан Лихтштайнер; Бозӣ: 12; ғолибият: 10; мусовӣ: 1; бохт: 1; Баъди бозӣ бо Ирландияи Шимолӣ, швейтсариҳо ба ҶҶ баромаданашонро аҷоиб ҷашн гирифтанд: футболкаҳое пӯшиданд, ки дар он бо ҳуруфи кириллӣ “Шветсария” навишта шуда буд.
24.Марокко. Конфедератсия: Африқо; Мақом дар ФИФА: 48-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Мбарк Буссуфа; Бозӣ: 8; ғолибият: 4; мусовӣ: 3; бохт: 1; Баромадани дастаро мухлисонаш чи дар Марокко, чи дар Фаронса ва чи дар Брюссел бо раҳпаймоиҳо ҷашн гирифтанд.
25.Тунис. Конфедератсия: Африқо; Мақом дар ФИФА: 28-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Ваҳбӣ Хазрӣ; Бозӣ: 8; ғолибият: 4; мусовӣ: 3; бохт: 1; Яке аз футболбозони калидии мунтахаб – ҳимоятгари “Марсел” Аймен Абденнур дар аксари бозиҳои давраи интихоби иштирок надошт. Мегӯянд, ки ин ҳолат аз рӯйи нофаҳмӣ бо сармураббӣ рӯй додааст.
26.Шветсия. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 25-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Андреас Гранквист; Бозӣ: 12; ғолибият: 7; мусовӣ: 2; бохт: 3; Дар бозии шведҳо бо Италия ҳамлагар Маркус Берг бинии ҳимоятгар Леонардо Бонуччиро шикаст.
27.Дания. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 19-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Кристиан Эриксен; Бозӣ: 12; ғолибият: 7; мусовӣ: 3; бохт: 2; Сармураббии даниягиҳо Оге Харейде соли 2002 аз дастаи “Брондбрю” ба истеъфо рафт, то ба ҳамсараш барои ғалабаи бемории саратон кӯмак кунад. Инро вай танҳо баъд аз 2 сол гуфт.
28.Сенегал. Конфедератсия: Африқо; Мақом дар ФИФА: 32-юм; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Садио Мане; Бозӣ: 8; ғолибият: 5; мусовӣ: 3; бохт: -; Бозӣ бо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубиро аз он ки довари асосӣ дар бозиҳои шартномавӣ доварӣ намудааст, аз нав баргузор намуданд. Дар ҳарду бозӣ ҳам сенегалиҳо ғолиб баромаданд.
29.Австралия. Конфедератсия: Осиё; Мақом дар ФИФА: 43-юм; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Тим Кэхилл; Бозӣ: 22; ғолибият: 14; мусовӣ: 6; бохт: 2; Австралиягиҳо пеш аз бозии ҳалкунанда бо Гондурас, барои тамошои тайёрии онҳо аз усули махсус истифода карданд.
30.Хорватия. Конфедератсия: Аврупо; Мақом дар ФИФА: 18-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Марио Манҷукич; Бозӣ: 12; ғолибият: 7; мусовӣ: 3; бохт: 2; Сармураббии даста дар рафти даври интихобӣ гуфта буд, ки мехоҳад, дар дастааш 11 Манҷукич бошанд.
31.Перу. Конфедератсия: Амрикои Ҷанубӣ; Мақом дар ФИФА: 10-ум; Футболбози беҳтарини даври интихобӣ: Ҷеферсон Фарфан; Бозӣ: 20; ғолибият: 8; мусовӣ: 6; бохт: 8; Аз барои бозии Перу бо Зеландияи Нав гурӯҳи консертии “GreenDay” маросими консертии худро ба рӯзи дигар гузаронида буд.

Маҳмадшариф Муродов,
шореҳи футбол

Панҷшанбе, 16 Ноябр 2017 09:50


Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ ҳамватанонро бо Рӯзи Парчами Давлатӣ табрик намуда, эълон медорад, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши тарифҳо аз рӯйи ҳамаи самтҳо паст карда мешаванд. Нархи чиптаҳои ин ширкат дар самти Душанбе-Маскав алакай то ба 1000 сомонӣ поин рафтаанд. Агар қаблан нархи чипта дар ин самт аз 2400-2600 сомонӣ оғоз мешуд, субҳи имрӯз алакай ин қимат то ба 1600 сомонӣ поин рафтааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати мазкур хабар медиҳад, 2 ҳафта пеш ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар самти Кӯлоб-Москва-Кӯлоб хатсайри нав ифтитоҳ намуда, инчунин парвозҳоро аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва оғоз намуд.
- «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуково ҳафтае 3 маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвоз мекунад. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ. Аз Хуҷанд низ парвозҳо ба фурудгоҳи Внуково ҳафтае 3 маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа амалӣ мегарданд. Вақти парвоз соати 18:35 ба вақти маҳаллӣ. Ҳамаи парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737 иҷро мегарданд, - гуфт Тимур бандишоев.
Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) буда, парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самти Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.
 Илова бар ин, ба наздикӣ дар доираи иштирок дар кори Намоишгоҳи авиатсионии Дубай – Dubai Airshow, байни ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ширкати “Боинг” дар масъалаи харидории ҳавопаймои нави Боинг 787-800 Протокол ба имзо расонида шуд. Тавре, ки дар маросими баимзорасонии Протокол қайд гардид, ҳавопаймо бояд дар семоҳаи аввали соли 2018 ба Тоҷикистон оварда шавад.

СССР

Чоршанбе, 15 Ноябр 2017 15:57


(Вокуниш ба мақолаи «Аэропорти Хуҷанд: Мусофирони Душанбе қадр надоранд», СССР, 30.10.2017)

Чоршанбе, 15 Ноябр 2017 11:28


Қарор аст ҳамаи 63 депутатҳои Парламенти кишвар рӯзи 17.11.2017 ба Хуҷанд сафар намуда, дар иҷлосияи ҷашнӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми ҶТ ширкат варзанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар низ рӯзи 16.11.2017 бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар намуда, дар баробари иштирок намудан дар чорабиниҳои идона, аз баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ боздид ба амал оварда, дар ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ширкат хоҳад варзид. Бояд қайд намуд, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи Шӯрои олии ҶТ баргузор гашта, дар он Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоб гаштааст.

СССР


саҳ 6 аз 14

Китобҳо

Flag Counter