ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 13 Ноябр 2017 09:45

Газетаи мардумии СССР дар пайи зангҳои бешумори ҳаводорони матолиби таърихӣ-ҷангномаҳои солҳои 1992 тасмим гирифт, ки дар такя бар асноди 25 соли пеш ва сӯҳбат бо шоҳидони ҳаводис муфассал ва бисёр фарох роҷеъ ба вуруди «Армияи Кенҷаев» ба Душанбешаҳр бинависад… Ҳоло аз он мегӯем, ки муқаддима-хишти аввалини «ҳуҷум ба марказ» дар Регар чӣ гуна, кай ва бо ширкати киҳо гузошта шуд ва ҳадаф чӣ буду ҷонибдорону муқобилон киҳо буданд?...

Душанбе, 13 Ноябр 2017 09:38

Қасри фарҳанги ноҳия аз сари нав таъмиру таҷдид гашта, дар атрофаш боғи наву варзишгоҳ ва толори варзишӣ бунёд карда шуд. Ҳоло ин боғ ҷои дӯстдоштаи мардуми шаҳрак шудааст, ки шомгоҳон омада бо фарзандони хеш назди фаввораҳо истироҳат менамоянд. Мактаб-гимназияи наву муосир, Хонаи ақди никоҳ, коргоҳи дӯзандагиву ҳунар, ки дар он занону духтарон ҳам касб меомӯзанд ва ҳам маош гирифта зиндагиро пеш мебаранд, маҳз бо ибтикори раис сохта ва таҷдиду таъмир карда шудаанд. Аз ҳама муҳим, шаҳрак шабҳо чароғон гардидааст!

Душанбе, 13 Ноябр 2017 09:37

Душанбе, 13 Ноябр 2017 09:17

Бидуни ғараз-3

Ҷумъа, 10 Ноябр 2017 10:14


Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини собиқ бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт бинобар зарурати эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ қатъ гардонида шуда, қитъаи замин дар масоҳати 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил карда шуд.
Аз ҷониби раиси шаҳр Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и  шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур  бо КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» ҷиҳати бартарафсозии иншооти  мазкур вазифадор гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки КВД «Бозори Шоҳмансур» бо мақсади  татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  моҳе  қабл барҳам дода шуд. Дар ин замина қитъаҳои замини ҳудуди бозори собиқ ва  атрофи он, воқеъ  дар кӯчаҳои Н.Муҳаммад, А. Лоҳутӣ ва Х.Деҳлавӣ, ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта  шуда,  ба соҳибмулкон  ҷуброни зарари амволи иншооти бартарафшаванда  пардохт мегардад.

СССР

Панҷшанбе, 09 Ноябр 2017 14:44


Барои ин потенсиали эҷодӣ ба пуррагӣ мерасад, танҳо як сарпарасте лозим, ки ин ниятро дастгирӣ ва сармоягузорӣ кунад. Мутмаинам аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Ин ҷо чанд нафареро номнавис мекунам, ки ҳоло Амрикоро макони кору пайкор ва зисту зиндагонии худ мувақат қарор додаанд:
-Далер Иброҳимов- журналист, ровии телевизион, собиқ муовини директори Телевизиони "Тоҷикистон”,
- Нури Наср- журналист, ровии телевизион, собиқ сармуҳаррири Идораи барномаҳои муаллифии "Эҷод"- и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Муҳаммадсафои Ҳасан- журналист, ровӣ, шореҳи варзиш, собиқ сармуҳаррири Идораи барномаҳои "Ҷавонӣ ва варзиш"- и Телевизиони "Точикистон”,
- Зафар Саидов- журналист, ровии телевизион, собиқ муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои муаллифии "Эҷод"- и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Умед Аҳмадзода- журналист, ровӣ, шореҳи варзиш, собиқ сармуҳаррири Идораи барномаҳои "Ҷавонӣ ва варзиш"- и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина", сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии " Хабар"- Муассисаи давлатии "Телевизиони Варзиш",
- Маҳноз Ҷонмаҳмадова-журналист, ровии телевизион, собиқ муҳаррири варзидаи Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Талабшо Муқимов-журналист, ровии телевизион, собиқ муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои муаллифии " Эҷод"- и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Абдураҳими Умариён-журналист, собиқ корманди дафтари матбуоти Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Ҳотами Файзулло- журналист, нависанда, собиқ ровии барномаи " Субҳ"- и Телевизиони "Точикистон”,
- Иброҳим Раҷабов- журналист, ровии телевизион, собиқ ровии барномаи " Субҳ"- и Телевизиони "Тоҷикистон”,
- Диловар Ашӯров- наворбардор, собиқ сардори Идораи наворбардорони Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Шеравлиё Алимов-танзимгар, собиқ танзимгари Идораи барномаҳои муаллифии " Эҷод"- и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Адиба Рустамзода-журналист, собиқ корманди Муассисаи давлатии "Телевизиони Ҷаҳоннамо”...
Ҳамзамон дар Амрико теъдоди зиёди ҳамватанони боистеъдод ва эҷодкори тоҷик ба сар мебаранд, ки дар якҷоягӣ метавон як неруи бузурги фарҳангиро ин ҷо эҷод кард!!!! Ин дар навбати худ тарғибу ташвиқи фарҳангу маданияти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон хоҳад буд. Бояд гуфт, ки диаспораи дигар миллатҳо, аз ҷумла русҳову ӯзбекҳо аллакай дар шаҳрҳои гуногуни Амрико (аз ҷумла дар Ню-Йорк) шабакаҳои радиоиву телевизионӣ кушодаанд ва барномаҳояшон бо чандин забонҳои дигари дунё тарҷума ва пахш карда мешавад. Нуфузи ин миллату халқиятҳо низ дар Амрико аз пушти тарғибу ташвиқот аст.
Вобаста ба ҳамин бисёр мехостам, ки ин тасмим аз ҷониби кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, махсусан тоҷикони амрикоӣ дастгирӣ ёбад, ки як кори таърихӣ хоҳад шуд. Ба қавли акаи азизам Сайёфи Мизроб- Мо метавонем!!!

Умедҷон Ҳикматулло АҲМАДЗОДА,
журналисти тоҷики муқими Амрико

Панҷшанбе, 09 Ноябр 2017 11:32


Рӯзи 8.11.2017 наздикиҳои соати 15:00 дар назди Варзишгоҳи марказии пойтахт тӯда-тӯда ҷавонон ҷамъ меомаданд. Гӯё ягон маросими консертӣ ё “Оши наҳор” бошад. Вале на. Онҳо байни ҳам, шиносу ношинос доир ба футболу футболбозони кишвар мегуфтанд. Оҳиста-оҳиста автобусҳо ва маршрутҳо низ омада, қарор карданд. Маълум гардид, ки ҳамаи ин тайёриҳо барои рафтан ба шаҳри Ҳисори шодмон, бо мақсади дастгирии ҷавонони то 19-солаи тоҷик дар бозии даври охирини гурӯҳӣ, барои дарёфти роҳхат ба Чемпионати Осиё – 2018, Индонезия  оид ба футбол миёни ҷавонони то 19-сола, дида шудааст. Яъне, танҳо пирӯзии ҷавонони тоҷик дар ин давр барои ба Индонезия роҳхат гирифтан лозим буд. “Мо ба шербачаҳомон боварӣ дорем”- мегуфтанд, мухлисон. Нақлиёт ба роҳ баромад, ҳама ҷониби Ҳисор равон шуд. Наздикиҳои соати 17:00 ба Варзишгоҳи Ҳисор расидан баробар шоҳиди даромадани анбӯҳи одамон ба дохили варзишгоҳ шудан мумкин буд. Дастаҳо ба майдон баромаданд, сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон садо доданд, садои “чуррр”-и довари асосӣ ва бозӣ сар шуд. Ҷавонони тоҷик аз дастгирии ҳазорҳо мухлис дар варзишгоҳ нерӯи баланд гирифта буданд ва ин аз дақиқаҳои аввали бозӣ бараъло аён буд. Мизбонон 5-10 дақиқаи аввал ба меҳмонон ҳатто тӯбро намедоданд. Сипас, бозӣ каме баробар шуд ва бо ҳисоби 0:0 45 дақиқаи аввали дидор хотима ёфт. Баъди танаффус тоҷикон боз ҳам бо ҳамлаҳои хатарноки худ қисми дуюро оғоз карданд ва натиҷаи ин фишори футболбозони ҷавони мо голи дар дақиқаи 53-юм задаи онҳо буд. Пас аз ин ӯзбекҳо низ як-ду ҳамлаи хуб карданд, вале дарвозабон ва ҳимоятгарони моҳири мо онҳоро ба осонӣ гардонданд. То охири бозӣ ҳисоб ҳамчунон боқӣ монд ва бо ин ғолибияти таърихӣ ҷавонони мо ба мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 Индонезия (U19) роҳхат гирифтанд. Онҳо воқеан, ба ин сазовор буданд, чунки аз ибтидои вохӯриҳои марҳилаи гурӯҳӣ бозии арзандаро нишон дода истода буданд. Мо бошем, ибтидо онҳо, сипас, ҳамаи халқи шарифи кишварамонро бо ин роҳхати таърихӣ табрик мегӯем ва бовар дорем, ки ҷавонони нерӯманди мо ғалабаҳои аз ин дида бузургтарро соҳиб мешаванд.

Маҳмадшариф Муродов,
шореҳи футбол

Чоршанбе, 08 Ноябр 2017 17:05


Президенти клуби футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода бозии финалии Ҷоми КФО-2017-ро бо «Эйр Форс» (Ироқ) натиҷагирӣ намуда, сипосгузории худро ба мухлисон баён кард ва изҳор дошт, ки ғалабаҳои бузурги клуби футболи тоҷик ҳанӯз дар пешанд.
-“Дӯстони азиз, мухлисони гиромӣ! Аз Шумо барои оне ки давоми баргузории Ҷоми КФО-2017 моро гарму ҷӯшон дастгирӣ намудед, сидқан сипосгузорам. Барои ман дидани истиқболи гарми шумо аз клуб боиси ифтихор аст. Дастгирии шумо махсусан дар бозии финалӣ эҳсос мешуд. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки ба ин бозӣ омада, моро дастгирӣ карданд ва ҳам ба онҳое, ки дар хона пеши экранҳои ТВ моро мухлисӣ доштанд. Баъди анҷоми бозӣ мо аз оне ки натавонистем орзуҳои шуморо бароварда созем, на камтар аз шумо маъюсу ошуфтаем. Натавонистем он бозиеро нишон диҳем, ки шумо интизорашро доштед ва бароятон шодии зиёд оварда, ҷоизаро соҳиб шавем. Ҳамаи мо медонем, ки бозиҳои финалӣ озмоишу имтиҳони вазнину мушкиле мешаванд, ки на ҳама вақт дар онҳо имконияти маҳорати худро нишон додан ҷо дорад. Дар аксари мавридҳо тақдири бозиро як иштибоҳ ва ё як гол ҳал мекунад. Ин варзиш мебошад ва дар он бурду бохт, офтодану бархостан ва гиряву ашки хурсандӣ ҳаст. Вале мо набояд сарафканда бошем ва биёед ба хотир меорем. Дар се мавсим “Истиқлол” ду маротиба ба финал роҳ ёфт. Бохтҳо сабақ мешаванд, мо ваъда медиҳем, ки боз ҳам пурқувваттару қавитар гашта, ба оянда бо боварӣ менигарем. Натиҷаҳои солҳои охир ба таври ҳисоботӣ нишон медиҳанд, ки футболи тоҷик ба самти дуруст рушд карда, дар роҳи боварнок қарор дорад ва дар ин муваффақият нақши Федератсияи футболи Тоҷикистон беназир аст. Давоми ташкилу баргузории бозии финалӣ дар Ҳисор корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд. Ин бозӣ дар таърихи Ҷоми КФО ҳамчун яке аз сермухлистарин ва зеботарин бозиҳои дидании финалӣ шомил гардид. Алоқамандона ба ин мехоҳам ба роҳбарият ва ҳамаи кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳори ташаккур намуда, инчунин ба роҳбарият ва кормандони ТВ “Варзиш” ва дигар ВАО барои тарғиб ва инъикоси саривақтии мавзуҳои марбут ба ин бозӣ сипосгузорӣ баён созам. Барои дастгирии ҳамаҷониба ва дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намудани бозӣ ба маъмурияти шаҳри Ҳисор низ изҳори ташаккур мекунам. Натоиҷи мусбате, ки дар чанд соли охир футболи тоҷик ба онҳо муваффақ шуд бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд. Маҳз бо ташаббусу ибтикор ва ҳидояти бевоситаи Пешвои муаззами миллат соҳаи варзиш, бахусус футбол дар кишварамон рушду пешрафт мекунад. Дастаҳоямон дар мусобиқаҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаҳои намоёнро соҳиб мешаванд. Боварӣ дорам, ки рушди бомароми варзиши рақами як дар кишвар, дар наздиктарин маврид футболи тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ мебарорад”, - изҳор намуд роҳбари “Истиқлол”.

саҳ 9 аз 14

Китобҳо

Flag Counter