ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 20 Ноябр 2017 10:44


Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мақолаи «Назирӣ ҳамаро ба пахтачинӣ баровардааст!» (СССР, №38(471), 21.09.2017)-ро мавриди санҷиш қарор дод. Дар рафти санҷиш ваҷҳҳои дар мақола зикргардида тасдиқи худро наёфтанд. Муайян шуд, ки 4.09.2017 маҷлиси машваратии назди раиси н.Б.Ғафуров бо иштироки раисони ҷамоатҳо, сарварони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор ва дар рафти он иҷрои нақшаи дурнамои «Пахта-2017» муҳокима гардида, қарор карда шудааст, ки чиниши пахта муташаккилона гузаронида шуда, сафарбаркунии хоҳишмандон дар рӯзҳои истироҳат таъмин карда шаванд. Дар баробари ин дар мактуб қайд карда шудааст, ки духтурон, муаллимон ва хонандагони мактаб ба корҳои саҳроӣ сафарбар карда нашаванд. Ваҷҳҳои дигари дар мақола зикршуда оид ба он, ки роҳбарияти ноҳия ва мудири шуъбаи маорифу директорон пеш аз оғози ин кори ғайриқонунӣ гӯё худро ба қавле «страховка» карда аз номи омӯзгорон барои саҳм гузоштан ба чиниши пахта ариза гирифтаанд, низ тасдиқи худро наёфтанд. Прокуратураи ноҳия ин масъаларо зери назорати қатъӣ қарор додааст ва дар ҳолати ошкор кардани қонунвайронкуниҳо нисбати шахсони гунаҳкор чораандешӣ менамояд.

А.Р.Ҳасанзода, муовини Прокурори ноҳия,
мушовири дараҷаи 2

Душанбе, 20 Ноябр 2017 10:37


Чанде пеш шиносеро дидам, ки аз ҳолати ногувори роҳи мошингарди Ёвон-Ваҳдат ёдовар шуд. Ба хотирам расид, ки борҳо дар газетаи СССР раҳматӣ, муаллим Теша Азизов аз ш.Ваҳдат ва Зайнулобиддин Ҳусейнов аз н.Ёвон дар хусуси харобу бесоҳибии қитъаи роҳи Ваҳдат-Ёвон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чорсӯи ш.Ваҳдат (деҳаҳои Ғешӣ, Ғӯлакандоз, Бӯстон, Чорраҳа, Ғалчагӣ, Яланчинор) ва Чормағзак, Гулибодому Қуймоти н.Ёвон навишта буданд. Мутаассуф, хоби курсинишинони Вазорати нақлиёт заррае ҳам напарид, зеро боре ҳам бо нақлиёти хизмативу шахсияшон аз он намегузаранд. Ҳолати роҳ хоса дар қитъаи деҳаи Қалъаи малик (ағбаи Чормағзак) то деҳаи Муллобаротии н.Ёвон дар ҳолати ногувор қарор дорад. Зеро пас аз сохтмони корхонаҳои сементбарории «Ғаюр семент», «Моҳир семент» ва «Тоҷчайн» (ҳеҷ гоҳ зидди фаъолияти корхонаҳо нестам), ки маҳсулоташонро мошинҳои гаронвазн мекашонанд, роҳҳо вайрон шуданд. Худо накунаду ягон ронандаи аз вазъи ин роҳ бехабар шабона ба самти н.Ёвон ҳаракат кунад, ними мошинаш, махсусан қисмати зери он дар роҳ канда мешавад. Охир, сокинони ин деҳот низ шаҳрвандони кишваранд, ронандагон бошанд андози роҳ месупоранд ба умеде, ки муассисаҳои истифодабарии роҳҳо сари вақт роҳро ба андозае тахту ҳамвор мекунанд. Лек навиштаҳои муаллифон ба гӯши Вазорати нақлиёт нарасиду надаромад, зеро «савора парвои пиёда»-ро надорад. «Хушбахтона корхонаҳо соҳиб доранду афсӯс, роҳҳо бесоҳиб монданд»-гуфт он шиносам ва илова кард: «Оё Вазорати нақлиёт наметавонад дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои мазкур ақаллан барои таъмири ҷории ин қитъаи роҳ тадбир андешад? Дар пеш мавсими зимистон. Агар сол сербарф биёяд, ин роҳро кӣ тоза мекунад?».

Қиёмуддин Абдуллоев
шаҳри Ваҳдат

Душанбе, 20 Ноябр 2017 10:30


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман 1 мушкили заминӣ дорам. Духтари камина-Мунира Сафароваи 30-сола бо 1 фарзандаш дар хонаи ман зиндагӣ мекунад. Ӯ аз шавҳараш 4 сол пеш ҷудо шуда буд. Доир ба гирифтани замини наздиҳавлигӣ чандин бор ба раиси ноҳия-Миралӣ Раҷабзода муроҷиат кардем, аммо бе фоида. Охир, ин ба куҷо рост мегирад, ки модар бо 1 фарзандаш дар хонаи падар зиндагӣ кунад? Ман фикр мекунам, ки афроди ниёзманди беному бечораву бесоҳиб ҳич гоҳ соҳиби замин шуда наметавонанд! Ҳол он, ки Мунираи ман дар қатори садҳо ниёзманд ҳаққу ҳуқуқ дорад, ки дар хонаи алоҳида мисли одам зиндагӣ кунад!!! Дар ҷамоати “Ҷавонон”-и ноҳия даҳҳо нафар пас аз духтари ман ариза дода, соҳиби замин шуданд, аммо духтари ман неъ!!! Хуллас, ман ҳич намефаҳмам, ки раҳбарияти ноҳия оид ба гирифтани замин аз мо чӣ мехоҳанд?

Исфандиёр Сафаров,
деҳаи Хами Себ, н.Файзобод, тел: 93 930 68 38

Душанбе, 20 Ноябр 2017 10:29


Шоири ҳаҷвнигор, узви Ихвон-ал-СССР, Араби Дӯстмурод, сокини деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ бо телефони 98 540 81 49 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки ман ҳамин ҳоло дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дорам ва ин сабаб дорад. Дина (9.11.2017), соатҳои 8-9-и шаб, писари ман-Самандари Дӯстмуроди 19-соларо аз хона, аз ҷойхобаш кормандони ҷамоат Ашраф Ҳусейнов (дар бахши танзим), Сафархон Аҳтамов ва Осмонбика облава карда, хапу дам гирифта бурдаанд. Аҷибаш ин аст, ки баччаи маро бе ташхис, бе огоҳӣ ва бисёр «саросема» ба «военкомат»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бурдаанд. Вақте ба военкомати н.Восеъ муроҷиат кардам, онҳо гуфтанд, ки мо аз ин қазия аслан дарак надорем ва ин проблема ба мо дахл надорад. Ва аз ҳама аҷибтараш ин буд, ки дар ин облава ягон нафар аз корманди Комиссариати ҳарбии ноҳия набуд. Баччаи ман донишҷӯи курси 2-уми Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб буд. Хуллас, ин бори чорум аст, ки Самандарро облава мекунанд ва ҳама медонанд, ки писари ман мубталои бемории пӯст асту ҳам вазнаш намерасад. Охир, барои чӣ баччаи раиси ҷамоату раиси ноҳияро облава намекунанд? Зеро онҳо «крыша» доранд!

Душанбе, 20 Ноябр 2017 10:25


Узви Ихвон-ал-СССР, Бегмуҳаммад Баротов, сокини деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз ба СССР занг задаву гуфт, ки дирӯз дар 1 сомонаи интернетӣ хондам, мунаҷҷимони амрикоӣ аз Пажӯҳишгоҳи технологии аёлати Массачусетс ба номи Майкл Макдоналд 1 бурҷи осмониеро кашф кардаанд, ки дар 1 сол то 740 ситора меофарад. Ин бурҷи нави рекордшикан тақрибан 5,7 соли нур аз курраи Замини мо дур аст ва бори аввал аст, ки ситорашиносон ин гуна бурҷи серҳосили ситоразоро мушоҳида мекунанд. Бурҷи мазкур дар маркази кавкаби мавсум ба “Самандар” ҷойгир шудааст ва «Роҳи Каҳкашон» бурҷе, ки курраи Замин дар он воқеъ шудааст, солона танҳо 1 ситора меофарад. Мақсади ман ин аст, ки лжемуллову нимчамуллоҳои фанатики мо бошанд аз паси ришу сатру кулӯх мегарданд... Ин айб нест? "Тормоз"-и ҷамъияти пешравандаи мо маҳз ҳаминҳоянд. "Самоторможение"-и мо аз муллоҳост! Тамоми навигариро куфр медонанд ва офаридгори Худо меноманд. Ҳол он ки ба Миррих Одам бо ақлу қувваи худ рафт. Худо ба одам Ақл дод ва гуфт: Худат медонию дави аспат. Аммо мулло-тормози мо лаҷоми аспи пешрави моро дар даст дошта, моро аз давидан бозмедоранд! Нест бод чунин мулло-фанатикҳо!

Душанбе, 20 Ноябр 2017 10:19

Вежагии сессияи 16-ум ин аст, ки ҷангсолорон аз ҳар 2 ҷониб Сулҳхоҳро сари қудрат оварданд…

Бидуни ғараз-4

Душанбе, 20 Ноябр 2017 10:16



Суқути РН-5 дар Рӯшон
16.02.1942 тайёраи РН-5, ки бо масири Сталинобод-Хоруғ парвоз мекард, дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба садама дучор шуд. Он шояд мисли дигар садамаҳои ҳавоӣ диққати зиёде ба худ ҷалб намекард, аммо тақдири мусофирони он корро комилан тағйир дод. РН-5 7 мусофир дошт. Дар тайёра Сардори отряди сарҳадии Помир, майёр Масловский Андрей Евдокимович, корманди НКВД отряд капитан Михаил Вихров, корманди НКВД РСС Тоҷикистон Жуковский ва Анна Гуреева-зани Иван Гуреев-сардори фурудгоҳи Хоруғ бо 2 кӯдакаш-Валерийи 6-моҳа ва Александри 10-сола озими ш.Хоруғ буданд. Тайёраро летчики ботаҷриба Княжниченко Василий Василевич идора мекард. РН-5 соати 13:00 аз Сталинобод парид. Аз ҳама аҷиб, тақрибан баъди 1 соати парвоз дар болои Файзобод чархи чапи лижадори он боз нашуд ва летчик қарор дод ба Сталинобод баргардад. Лек баъди тай кардани 15 км сигнализатсия фурӯзон ва чархи тайёра боз шуд. Ӯ қарор дод роҳро идома диҳад. Қарибиҳои нисфирӯзӣ тайёра аз болои дарёи Язғулом гузашта, ба дарвозаи Рӯшон даромад.

Дарвозаи сархӯр
Дарвозаи Рӯшон яке аз хавфноктарин қисмати масири Хоруғ-Сталинобод будӣ ва ба бахти бади мусофирони РН-5 он лаҳза бо сабаби тирагии обу ҳаво убур аз он имкон надошт. Летчик қарор дод дарвозаро бо баромадан ба баландии болотар пушти сар кунад, аммо роҳро гум карда, ба кӯҳпорае бархӯрд. Тайёра қариб пурра вайрон шуд ва танҳо “фюзелаж”-и он ва қисмати болоиаш осеби ҷиддӣ надиданд. РН-5 даруни барфтӯда афтида, мусофиронаш осеби ҷиддӣ надиданд. Сарнишин ва мусофирони РН-5 дар баландии 4500 метр дар шароити бисёр сахт асири кӯҳҳои касногузар шуданд. Дар тайёра ҳини садама аз маводи хӯрока танҳо 600 гр равғани маска, 1 кг ҳасиб, 1.200 гр панир, 1 қуттии консерв ва 3 шишаи арақ буду халос. Об тамоман набуд. Мусофирони бечора барфро об карда, менӯшиданд. Барфи кӯҳ бошад ташнагиро намешикаст. Онҳо танҳо 1 бор ва ҳам аз кулли анвои ғизоӣ кам-камӣ мехӯрданду халос. Дар оғоз летчик ҳамроҳи мардони дигар кӯшиданд роҳро пайдо кунанд, аммо тамоми кӯшишашон бе натиҷа анҷомид. 7 мусофир шабҳо дар дохили тайёра рӯи зонуҳои ҳам хобида, рӯзҳо дар пайи ҷустуҷӯи роҳи халосӣ буданд.

Аввал Валерийро хӯрд...
24 феврал, соати 7-и субҳ мусофири аз ҳама хурдсол-Валерийи 6-моҳа фавтид. Ахир, 28 феврал Княжниченко, Масловский, Жуковский ва Вихров баъди машварати кӯтоҳ қарор доданд бо ҳар роҳ поини кӯҳ фароянд. Анна ва писари 10-солааш Саша дар тайёра боқӣ монданд. Ба ин зани нотавон ваъда доданд, ки баъди расидан дарҳол дар пайи наҷоташон мешаванд, лек ба ваъдаи худ вафо накарданд. Анна бо кӯдакаш танҳо монд ва ин рӯзҳо ба таъбири худаш даҳшатноктарин лаҳзаҳои ҳаёт шуданд. Зан ва кӯдаки гурусна барои наҷоти ҷони худ, баъди чанде ба хӯрдани Валерий сар карданд. Ҳар рӯз қисмате аз бадани яхбастаи ӯро бурида мехӯрданд. 17 март гӯшти бадани Валерийи хурдакак тамом шуд ва Анна бо Саша дигар хӯрдание надоштанд. 21 март вазъи саломатии Саша низ бад шуд. Модар чун дигар хӯрдание надошт рагҳои дасташро бо сӯзан шикофта, аз хунаш ба ӯ мехӯронд. Саша дар асл писари шавҳари Анна буд, аммо ӯ писаракро чун фарзанди худаш нигоҳубин мекард. Бо вуҷуди ин аҳволи писарак батар шудан гирифт ва 23 март Александри 10-сола низ мурд.

...баъд Сашаро
Акнун ӯ тани танҳо монда буд. Зани мусибатзада чанд рӯз косахонаи сари Валерийро хоида рӯз гузаронд ва ба ҷасади Саша даст назад. Аммо гуруснагӣ билохира корашро кард ва 28 март зан ба хӯрдани Саша оғоз намуд. Нисфи дасташро бурида, ҳар рӯз қисмате аз онро мехӯрд. Аммо ҷасади ӯ низ то охири моҳи апрел ба охир расид. Зан дигар чизе барои хӯрдан надошт.
СССР он шабу рӯз даргири ҷанги хунин бо Олмон буд ва кишвар эҳтиёҷи шадид ба масолеҳ ва лавозими ҷангӣ дошт, аз ҷумла, ба муҳаррики тайёраҳо. РН-5 - сохтаи тайёрасоз Поликарпов, яке аз тайёраҳои хуби СССР будӣ. Дар СССР ҳудуди 7000 РН-5 сохта шуда, 1000 донааш ба Аэрофлот тааллуқ гирифт, ки дар хатсайрҳои гуногуни Иттиҳод мусофир мекашиданд. Дар оғози маймоҳи с.1942 ба раёсати Душанбегии авиатсияи мусофиркаш телегроми махфии Молотов ирсол шуд. Ӯ дар ин телегром аз масъулини раёсат тақозо кард, тамоми тайёраҳои Р-5 - ро, ки дар Тоҷикистон садама дида буданд, ҷамъ оварда, муҳаррикҳояшонро ба Нерӯҳои Ҳавоии кишвар фиристанд.

Телеграммаи наҷотбахши Молотов
Маҳз ин телегром ҷони Аннаро наҷот дод. Княжниченко, Масловский ва Вихров он шабу рӯз дар Хоруғ қарор доштанд. Онҳо баъди чанд рӯзи саргардонӣ ахир ба деҳаи Мотравни Язғулом расиданд ва сокинони маҳаллӣ онҳоро ба Хоруғ оварданд. Дар Хоруғ пойҳои сармозадаи Масловский ва Вихровро буриданд. Княжниченкоро бошад мӯзаҳои гарми ҳавонавардиаш наҷот доданд. Ҳеҷ кадом аз ин 3 кас дар деҳа аз мавҷудияти Анна ва кӯдакаш ёд накард. Баъдан сокинони Мотравн мегуфтанд, агар онҳо ҳамон лаҳза аз мавҷудияти Анна ва фарзандаш хабар медоданд, шояд ҷони Саша ҳам наҷот меёфт. Танҳо дар Хоруғ летчик ва ҳамроҳонаш иқрор карданд, ки Анна ва кӯдакаш дар тайёра боқӣ мондаанд ва шояд аллакай аз гуруснагиву хунукӣ ҳалок шуда бошанд. Баъди телегроми Молотов дар Душанбе дастаи кофтукобии махсусе таъсис доданд. Ин даста ба Хоруғ омада аз летчик ҷои суқути тайёраро маълум намуданд.

Зан зинда буд, аммо девона!
Ба ин даста шавҳари Анна низ ҳамроҳ шуд. 9.05.1942 даста барои ҷустуҷӯи тайёра ба роҳ баромад. Баъди чанд рӯз аъзои даста ҷасади Жуковский-мусофири дигари РН-5-ро ёфтанд. Ӯ ҳангоми фаромадан аз кӯҳ афтида буд ва дар оғоз зинда монд. Инро тирҳои зиёде дар атрофаш собит мекарданд. Ӯ бо тирпарронӣ хост диққати ҳамроҳонашро ба худ ҷалб кунад, аммо ба садои тири ӯ таваҷҷӯҳе накарданд ва ӯро низ партофта рафтанд. Билохира, дар рӯзи 3-уми ҷустуҷӯ аъзои даста ба ҷои номбаркардаи летчик расиданд, лек он ҷо тайёра набуд. Танҳо баъди гузаштан аз қуллаи кӯҳ аъзои даста якбора ҳайратзада шуданд. Дар масофаи 30 метр дуртар аз онҳо Анна дар болои тайёра нишаста буд. Нигоҳи зан вақте ба одамон афтид, шавҳарашро миёни онҳо дид ва аввалин суханаш ин буд: “Ваня, ту аллакай зан гирифтӣ?" Ин ҳарфи зани нимзинда ҳайрати мардонро боз ҳам бештар кард, чун 1 моҳ пеш Гуреев воқеан зан гирифта буд. Ӯ бошад аз фарзандонаш пурсид: “Канӣ Саша?” Ва ҷониби зан омад. “Саша, ана вай!” - гуфт Анна ва ба косахонаи сари дар наздаш буда ишора кард.

Хоинони парвоз суд шуданд
Баъди наҷоти ӯ нисбати сарнишин Княжниченко, Вихров ва Масловский делои ҷиноӣ боз карда, онҳоро барои партофта рафтани зан бо фарзандонаш дар ҳолати ногувор маҳкум карданд. Вихров ва Масловский суд шуданд. Княжниченко бошад ба фронт фиристода шуд. Анна Гуреева беш аз 1 сол дар бемористони касалиҳои рӯҳии Душанбе табобат гирифт. Баъди хуб шудан дубора шавҳар кард ва фарзанддор шуд. Баъзе мегӯянд, ӯ дар ноҳияи Ванҷ баъдан ҳамшираи шафқат шуда кор мекард, бархе муътақиданд, ки Анна дар Норак сукунат дошт ва он ҷо дар пиронсолагӣ вафот кард. Тибқи баъзе маълумоти дигар, ин зан дар Душанбе аз олам гузаштааст.

Меҳрубон Салимшоев,
таърихнигори СССР

Душанбе, 20 Ноябр 2017 10:12


Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби колхози ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ш.Хуҷанд 16.11.1992 дар шароите оғоз шуд, ки пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар ҳоли муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт ва вазъият дар сангарҳои ҷанг, бахусус, дар водии Вахш басуръат ва ба фоидаи Фронти Халқӣ тағйир меёфт. Бо вуҷуди нокомии ҳамлаи рӯзи 24 октябри Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе нирӯҳои вафодор ба Ҳукумати муросои миллӣ (ҲММ) натавонистанд муваффақияти низомии худро ба фаротари атрофи Душанбе тавсиа диҳанд ва нирӯҳои аз пойтахт ақибнишастаи Фронти Халқӣ (ФХ) ҳамагӣ дар километри 10-уми шоҳроҳи Душанбе-Регар дар давру бари тарабхонаи "Шоҳамбарӣ" сангар гирифтанд. Рӯзи 1 ноябр ин нирӯҳо танҳо хатти роҳи оҳани ба сӯи Душанберо аз чанд ҷо тахриб карда, пойтахтро дар ҳоли муҳосираи иқтисодӣ қарор медиҳанд. Баста шудани роҳҳо бар иловаи дастикам 120.000 гуреза аз 2 водӣ-Вахшу Ҳисор, ки низ худро ба Душанбе зада буданд, мунҷар ба афзоиши ҳангуфти қимати маҳсулот дар бозорҳои пойтахт ва норозигии ҳарчӣ бештари мардум аз ҲММ мешуд. Дар ҳамин авоили моҳи ноябр буд, ки ҲММ дар тақрибан ҳама навоҳии водии Вахш аз Фронти Халқӣ шикаст мехӯрад. ҲММ дар таърихи 7 ноябр 1 Шӯрои давлатӣ иборат аз 18 касро таъсис дод. Ба ин Шӯро фармондеҳи вақти дивизияи 201-и артиши Русия генерал Мӯҳриддин Ашӯров низ ба ҳайси муовин шомил шуд. Аммо таъсиси Шӯро ҳам натавонист вазъро тағйир диҳад. 9 ноябр дар Бишкек нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ доир шуд. Дар ин нишаст ҳар 2 тараф-ҳам ҲММ ва ҳам ФХ ҳаряке мустақилона талош меварзанд, ҳақиқати худро ба самъи маҷлис бирасонад. Душанберо дар нишасти Бишкек раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров ва Фронти Халқиро раиси тозамунтахаби кумиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов намояндагӣ мекарданд. Аммо ҲММ натавонист Русияву Узбакистонро қонеъ кунад ва 12.11.1992 розӣ шуд иҷлосияи 16-умро дар Хуҷанд баргузор кунад. Дар Душанбе баргузории он имкон надошт. Вакилони зиёд аз омадан ба пойтахт бим доштанд. Бино бар ин Хуҷандро чун ҷои амн барои баргузории он интихоб намуданд. Иҷлосияи 16-ум дар таърихномаи миллати тоҷик ҳамчун маскани барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ сабт шуд. Бо вуҷуди авзои нобасомон аксарияти вакилони мардумӣ ба Хуҷанд ҳозир шуданд. Аз 230 нафар вакилони халқ дар кори Иҷлосияи 193 вакил ширкат варзид. Бо ҳамин, иҷлосия дар Қасри Арбоб 16 ноябр шурӯъ шуда, то 1 декабр идома дошт. Вакилон аллакай 18 ноябр Искандаровро аз мақоми раёсат фаро хонда, раиси ҳукумати вилояти Кӯлоб Э.Раҳмоновро бо аксарияти овоз ба мақоми раиси нави Шӯрои Олӣ интихоб карданд. Маҳз интихоби Ӯ ба раҳбарии кишвар яке аз бозёфтҳои асосии иҷлосия будӣ. Ҳарчанд ҷанги шаҳрвандӣ боз 5 соли дигар давом кард, иҷлосия дар тирамоҳи хуношоми с.1992 ҳамон нуқтаи атфе шуд, ки роҳро ба сӯи оштиҳои баъдӣ боз намуд. Шахсе сари қудрат омад, ки аз иродаи устувор бархурдор буд. Барои барқарории сулҳ ва пойдории давлати Тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ дошт. Дар Иҷлосия баҳри таҳкими давлату давлатдорӣ инчунин 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул шуд. Он барои тоҷикистониён тақдирсоз буд ва аҳамияти таърихию умумиҷаҳонӣ касб кард, зеро ба шарофати он оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ба тадриҷ хомӯш шуда, ҳукумати қонунӣ барқарор ва дар қаламрави Тоҷикистон пойдевори сулҳ гузошта шуд. Гарчи истиқлолияти сиёсии давлати мо 9.09.1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз Иҷлосияи 16-уми ШО маншаъ мегирад. Дар Иҷлосия инчунин Қонунҳои ҶТ «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани ашхоси ширкаткунанда дар даргириҳо» баррасӣ ва қабул карда шуданд. Иҷлосия Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ тасдиқ намуд.


Зокирҷон Бобоев,
ноҳияи Ҳисор

саҳ 5 аз 14

Китобҳо

Flag Counter