ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 06 Ноябр 2017 10:55


Баъди он, ки президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳамсоякишвараш-Қазоқистонро барои дахолат дар корҳои интихоботи президентияш муттаҳам кард, мақомоти Остона дар тӯли беш аз ним моҳи санҷиши мошинҳои ҷониби Бишкек дар марз садҳо ҳолати қонуншиканиро ошкор намуданд. “Намояндагони кумитаи нақлиёти Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон аз 10 то 30.10.2017 360 қонуншикании мошинҳои борбари қирғизро ошкор кардаанд. Дар ин давра дар ҷамъ 3054 воситаи нақлиёт санҷида шуд”, - омадааст дар ахбороти вазорат.

Душанбе, 06 Ноябр 2017 10:44


Шуарои классик шароб менӯшиданд?
Дуруд ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман ба домуллои гиромӣ, мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов 1 суол дорам. Оё шоъирони пештар ба мисли Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил…, ки дар шеърҳояшон калимаи «май»-у «шароб»-ро меоранд, мақсади онҳо нӯшидани оби ангур, ё ба истилоҳи мардум, «арақ» аст?

Анвар Очилдиев, ш.Қӯрғонтеппа

Душанбе, 06 Ноябр 2017 10:34


7.11.1990 ходими илмии Институти илмӣ-тадқиқотии кибернетикаи Ленинград Александр Шмонов қариб буд тақдири СССРро дигар мекард. Ин олими ҷавон бо камони пневматикӣ озими Маскав шуд ва ба сӯи Михаил Горбачев-ГенСеки вопасини СССР тир кушод.

Душанбе, 06 Ноябр 2017 10:26


Инқилоби октябрӣ, ки моҳи октябри с.1917 дар Русия иттифоқ уфтод, яке аз рӯйдодҳои сиёсии бузурги асри 20 ба шумор рафта, таъсири амиқ ба ҷараёни ояндаи таърихи ҷаҳонӣ гузошт.

Душанбе, 06 Ноябр 2017 10:18


3.11.1931. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз бойтарин ва қудратмандтарин ташкилот-Институти марксизм-ленинизм дар назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд.

Душанбе, 06 Ноябр 2017 10:12


Мақолаи дар сайти интернетии СССР бо акси ман чоп кардаи журналист Б.Уроқов аз он шаҳодат медиҳад, ки талаботҳои Конститутсияи ҶТ ва дигар қонунҳо риоя нашуда, муаллиф аз вазифаи хизматиаш суистифода намуда, бо ҳар роҳ мехоҳад шаъну эътибори маро ҳамчун раиси ноҳия паст зада, дар як вақт мехоҳад дар байни аҳолии осоиштаи ноҳия иғво ангезад. Қарори раиси ноҳия дар бораи додани қитъаи замин ба ҶДММ «Грин Голд», ки дар ҳудуди ҶТ фаъолият намуда, андозсупоранда аст, то давраи кории ман, яъне 2.03.2016 қабул шудааст. Дар асоси қарори мазкур ба ин Ҷамъият барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ дар майдони 88,61 га, ки аз ин 77,55 гектараш замини боир, яъне аз гардиши кишоварзӣ бозмонда, мебошад, дода шудааст. Беш аз 15 сол ин қитъаҳои замин бинобар набуди об истифода намешуданд. Ҷамъият баъди ба замин соҳиб шудан дар масофаи наздики 2000 метр роҳро ҳамвор намуда, барои мондани қубурҳои обкаш симчӯб монда, қувваи барқро бурда истодааст ва мехоҳад дар ин майдон ниҳоли писта шинонад… Воқеан, дар асоси муроҷиатҳои шифоҳии аҳолии деҳаи Ватан ва намояндагони ҶДММ «Грин Голд» ин мавзеъро аз назар гузаронидам ва аён гашт, ки баъди баровардани об замини қабристон, ки дар пастӣ ҷойгир аст, шояд зери об монад ва ин аз ҷиҳати талаботи қонунгузории ҳифзи саломатии аҳолӣ мухолиф аст, зеро оби он ҷасадҳоро зери об гузошта ва баргашта ба канали оби нӯшокӣ мерезад. Аз ин рӯ, таклиф кардам, ки барои қабристон замини ҷои баландро пешниҳод кунанд, таклифи онҳоро дастгирӣ мекунам. Намояндагони ҶДММ «Грин Голд» ҳатто гуфтанд, ки ба гӯронидани фавтидагон зид нестанд ва ҳатто барои маҳкам кардани атрофи қабристон кумак расонида, аз ҳисоби Ҷамъият бо симтӯр онро маҳкам менамоянд. Магар дар ин ҳолатҳо ягон қонуншиканӣ дида мешавад? Дар ҳолати такрор ёфтани мақолаҳои беасосу иғвоангез маҷбур мешавам, ки ба мақомоти судӣ муроҷиат намоям.

Оймаҳмадзода Р.А. Раиси н.Шаҳритуз

Аз СССР: Мӯҳтарам раис! Мо низ зиёд мехоҳем бо Шумо дар суд вохӯрем ва соҳибони он гӯрҳое, ки дигар роҳи рафташонро сари марқади азизонашон бастаед, низ он ҷо ҳузур дошта бошанд. Ҷои муҳокимаро худатон маълум кунед. Аммо мардумро бе гӯристон мондан дар 2 дунё ҷиноят аст: заминӣ ва замонӣ. Мо Метавонем!

Душанбе, 06 Ноябр 2017 10:06

Бидуни ғараз-2

Душанбе, 06 Ноябр 2017 09:59


Муддатест, ки байни зиёиён сухан аз боби аз узвияти ИНТ хориҷ шудани гурӯҳи адибон меравад. Бархе аз ин амалкарди роҳбарияти ИНТ ҷонибдорӣ карданду баъзе эътироз. Онҳое, ки ҷонибдоранд, бо фахр гуфтанд: «Адабиёт аз ёвагӯён пок шуд». Муштро ба сари худ бизанед. Аз узвияти ИНТ хориҷ кардан кори ғалат ва бахилӣ аст ва рӯҳи бузургони адабиёти тоҷикро ранҷур месозад.

Абдулло Бобоев, шаҳри Кӯлоб

саҳ 11 аз 14

Китобҳо

Flag Counter