ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 01 Ноябр 2017 15:52


Аз шумо 2 чашми 1 тан кам,
В-аз шумори хирад ҳазорон беш!
Хабари даргузашти донишманди фарзона ва шариф, ҷаноби Худоӣ Шариф мояи таассуф ва таассури ҳамагон гардид. Ин устоди бузургвор дар тӯли ҳаёти 80-солаи пурхайр ва баракаташ сарманшаи хадамоти фаровоне ба фарҳанг ва забони муштаракамон гардида, осор ва ёдгориҳои арзишманди он андешаманди бузург ҳамвора дар байни фарҳехтагони ҳамзабони кишварҳои Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди таваҷҷӯҳ ва истиқбол гаштааст. Дар муддате, ки дар Тоҷикистон ҳастам, борҳо тавфиқи ҳамнишинӣ ва ҳамсӯҳбатӣ бо эшонро ёфтаам ва ҳар бор нуқтаи адабӣ ва хислати ахлоқӣ аз ӯ омӯхтаам. Ӯ ба ростӣ марди худоӣ ва шариф буд. Ва ифтихор дорам, ки дар давраи хидмат, инҷониб дар Тоҷикистон, ҶИЭ 2 навбат нисбат ба посдошти хадамоти эшон иқдом кардааст. 1 бор ба асари бузурги устод таҳти унвони «Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ» ҷоизаи Саъдӣ ройзании фарҳангии сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистонро тақдим кардем ва бори дигар дар маросиме дар шаҳри Машҳад тавассути вазири фарҳанг ва иршоди исломии вақт ҷаноби Ҷаннатӣ аз эшон таҷлил шуд. Албатта, он чи сурат гирифта, ҳамсанги қатрае аз хадамоти ӯ нест. Ин устоди бузург алорағми касолат то вопасин дами ҳаёт бо инҷониб ва сафорат дар иртибот буд.
Даргузашти устоди бузург ва узви Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро ба хонаводаи гиромиқадр, ҷомеаи илмӣ ва донишгоҳӣ, давлат ва миллати шарифи Тоҷикистон ва ҳама сокинони Эрони фарҳангӣ тасаллият арз мекунам. Аз худои бузург мехоҳам, ки ӯро дар биҳишти ҷовидон ҷой диҳад ва ба ҳамаи мо тавфиқ ато кунад, ки роҳрӯи роҳаш ва посдори арзишҳое бошем, ки ӯ барои гиромидошти онҳо кӯшид.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ,
сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон

Чоршанбе, 01 Ноябр 2017 15:52

Суди вилояти Хатлон 1 сокини н.Бохтарро бо ҷурми узви равияи экстремистии «Салафия» будан 5 сол зиндонӣ кард. Муҳиддинзода Сайфуддин-додраси додгоҳи вилоят дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Назаров Муҳаммадсаид аз с.2015 таълимоти динии «Салафия»-ро дар мадрасаи «Ишоат Тавҳид»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон омӯхта, то ин ҷониб ҳамчун аъзои динии равияи «Салафия» иштирок карда, дар маъракаву маросими мардум дар байни омма ба ташвиқи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ машғул буда, дигар сокинонро ба ин равия ҷалб мекардааст. Ӯ ба онҳо ғоя, мақсад ва мароми равияи экстремистии мазкурро таълим дода, таълимоти мазҳабии «Ҳанафия»-ро пурра инкор намуда, тарзи намозгузориашонро тағйир дода, ба пайравии таълимоти динии равияи экстремистии «Салафия» даъват мекардааст.
Хотиррасон мекунем, ки фаъолияти Салафия дар асоси ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз 8.12.2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) манъ шудааст. Аммо Муҳаммадсаид дидаю дониста дар шабакаҳои интернетии «Whats App» с.2015 гурӯҳи махсусро бо номи «Муҳибони Саҳоба» кушода, дар он ақидаҳои динӣ ва экстремистии равияи манъшудаи «Салафия»ро омӯзиш дода, шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, Шарипов Лутфуллоро ба он талқин намудааст...

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, 01 Ноябр 2017 13:59


Дирӯз Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ба «Боғи кӯдакон ва наврасон» воқеъ дар бурриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Шоҳтемури шаҳри Душанбе омада бо лоиҳаи азнавсозии боғи мазкур ошно гашт. Лоиҳаи азнавсозии «Боғи кӯдакон ва наврасон» аз ҷониби ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотӣ»-и САНИИОСП тарҳрезӣ гардида, фармоишгари лоиҳа бошад, Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 «Боғи Кӯдакон ва наврасон» дар масоҳати 2,5 гектар доман паҳн намуда, тибқи лоиҳа дар он гулгашту роҳравҳо, фаввораҳо ва нишастгоҳу нишасткурсиҳои сершумор бунёд карда мешаванд. Ҳамчунин, дар боғ амфитеатр бо 240 ҷойи нишаст, таваққуфгоҳи автомобилӣ, майдончаи варзишӣ ва нишастгоҳҳо барои бозии шоҳмот сохта мешаванд. Баҳри дилхӯшии кӯдакон бошад, дар гӯшаҳои гуногуни боғ дастгоҳу лавозимоти бозиҳои кӯдакона насб гардида, дар як ҷониби он бо истифода аз буттаҳои ороишӣ лабиринт бунёд мегардад.
Бояд қайд намоем, ки “Боғи кӯдакон ва наврасон” дар шафати варзишгоҳи “Спартак” воқеъ буда солҳои охир ҳоли хуб надошт.

СССР

саҳ 14 аз 14

Китобҳо

Flag Counter