ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 15 Ноябр 2017 11:12


Чуноне ки хабаргузориҳои эронӣ иттилоъ медиҳанд, шумораи фавтидагон пас аз зилзилаи шадиде, ки 12.11.2017 дар марзи Эрону Ироқ ба вуқӯъ пайваст, дар Эрон аз 445 нафар гузашт. Теъдоди ҷароҳатбардоштагон бошад ба 7156 нафар расида, дар вилояти Кирмоншоҳ мотами 3 рӯза эълон шудааст.
Шумораи фавтидагон дар Ироқ бошад 7 нафарро ташкил дода, беш аз 321 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаҳо бистарӣ шуданд. Зилзилаи шадид, ки аз рӯи ҷадвали Рихтер 7,3 баллро ташкил карда буд, дар ҳудуди 2 кишвар ҳисороти зиёд оварда, зарари бештар ба қисмати эронии он расидааст.
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ин ҳодисаи маргбор ба унвони президенти ҶИЭ Ҳасан Рӯҳонӣ барқияи тассалият ирсол намуда, дар он таъкид намудааст, ки мардуми Тоҷик аз ин мусибати бар сари мардуми Эрон омада сахт андӯҳгин аст.

СССР


Чоршанбе, 15 Ноябр 2017 09:28


Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ш.Ҳисор бо вуҷуди ҳавои сард, бештар аз 12.000 мухлис барои дастгирии дастаи мунтахаби кишвар омада, тӯли 90 дақиқаи бозӣ “То-ҷи-кис-тон”, “Оле-оле”, “Гол-гол-гол”... гуфтанд. Ҳамаи онҳо ба боварӣ омада буданд, ки тими миллиамон соҳиби 3 имтиёз ва роҳхати Чемпионати Осиё мегардад. Сармураббӣ ва капитани даста низ пеш аз бозӣ бо итминон аз омодагии хуби мунтахаб ба ин бозӣ ҳарф зада, аз мухлисон дастгирӣ хоҳиш менамуданд. Сармураббии Яман бошад, дар майдони тоҷикон гузаштани ин вохӯриро аз афзалиятҳои дастаи Фузайлов дониста буд. Албатта, ин суханҳои онҳо мухлисонро водор мекард, ки бо боварӣ ба варзишгоҳ оянд ва шоҳиди ғолибияти футболбозони тими миллии худ шаванд. Дар нимаи аввали бозӣ мо ду дастаи баробарқувваро дидем, ки ҳарду ҳам бо эҳтиёт бозӣ мекарданд ва нияти аввал гол сар доданро надоштанд. Аз лиҳози ҳолатҳои хатарнок ва дигар омор низ ҳарду тим қариб ки баробар буданд. Дар қисмати дуюми рақобат бошад, мизбонон нисбат ба меҳмонон фаъолтар буданд ва як-ду имконияти хуби голзанӣ ҳам доштанд, вале дирӯз бахт ба рӯйи футболбозони тоҷик нахандид ва ин дидор бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Дар бозии дигари ин давр мунтахабҳои Непал ва Филлипин низ бо ҳисоби якранги 0:0 вохӯриашонро анҷом доданд. Акнун барои баромадан аз гурӯҳ, дастаи мунтахаби моро мебояд дар сафар Филлипинро мағлуб кунад ва бо се имтиёз ба хона баргардад.
“Албатта, ин бозӣ аст, ҳар ранг гирифтанаш мумкин. Вале Мо метавонем дар дидори минбаъда ғолибият ва роҳхатро соҳиб шавем”-гуфт баъди бозӣ, Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон. Мо ҳам боар дорем, ки онҳо метавонанд ва бо роҳхат аз Филиппин бармегарданд.

Маҳмадшариф Муродов,
шореҳи футбол

Душанбе, 13 Ноябр 2017 11:00


Дар масҷидҳои Узбекистон истифодаи баландгӯяк-микрофон барои гуфтани азони намозҳоро иҷозат додаанд. Ёдрас мешавем, ки муфтиёти Узбекистон моҳи гузашта аз президент Шавкат Мирзиёев хоста буд, ки истифодаи баландгӯяк барои гуфтани азон ва ҳамчунин пӯшидани ҳиҷоб барои занонро иҷозат дода, дар мактабҳо фанни диншиносӣ ҷорӣ кунанд. Инак, чанд рӯз боз дар масҷидҳои Узбекистон азонро бо микрофон мехонанд.

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:54


Қаҳрамони мо аз нашри ин матлаб хабар надорад. Мо пинҳонӣ аз ӯ мақоларо навиштаем. Баъди хондан мефаҳмед, ки чаро Мо Метавонем!

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:50


Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров зимни 1 баромади телевизионии худ даъват кард, ки ҷасади Владимир Ленин-доҳии пролетариати ҷаҳонро аз мавзолей бароварда, ба хок супоранд. "Бас аст мурдаро тамошо кардан",- гуфт ӯ. Ба назари Қодиров дуруст нест, ки дар пойтахти Русия, дар Майдони сурх, тобуту ҷасад нигоҳ дошта шавад.

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:47


Афсари собиқи КГБ-и шӯравӣ, Владимир Путин-президенти Русия дар шаҳри Маскав зимни таҷлил аз 100-солагии Инқилоби Кабири Октябр суқути шӯравиро “бузургтарин фалокати геополотикӣ” дар қарни 20 номид. Вале ӯ худи Ленинро дар соли 2016 танқид карда буд, ки ба қавли ӯ, дар Русия “бомбаи соатӣ” гузошт.

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:42


Майори Қӯшунҳои марзӣ, Абдушафеъ Тоҷов (тел: 98 107 23 37) нафақагир дар меҳмонии СССР гуфт, ки «Фоҷиаи Сичароғ» ҳич аз пеши назарам дур намешавад. Ҳақиқатан ҳам русҳо намехостанд, ки ҳифзи марзи давлатиро ба соҳибонаш баргардонанд. Вақте онҳо диданд, ки Тоҷикон воқеан ҳам Ватани азизи худро дӯст медоранд, содиқона хизмат мекунанд, роҳи дигари айбдоркуниро пеш гирифтанд. «Разведка»-и русҳо нафари худро аз он тарафи соҳил, яъне афғоне, ки ба онҳо ҳамкорӣ дошт, гузоштанд. Ба ӯ маслиҳат карданд, ки соатҳои 19 ва 20-и шаб, аз нуқтаи рӯбарӯи деҳаи Потхнови н.Дарвоз гузарад ва ба онҳо вохурда соҳиби амволи зиёд, аз ҷумла, тиру яроқу аслиҳа мешавад. Баъдан русҳо гурӯҳи «оперативии» худро пинҳонӣ бо роҳи нақлиёт ва пайроҳаҳо ба деҳаи «Дровак» оварда, дар хонаи яке аз шаҳрвандон то шом нигоҳ дошта, шаробнушӣ мекунанду пас ба амалиёт мегузаранд. Бояд гуфт, ки с.1998 1 қитъаи марзи давлатӣ аз минтақаи Яхш-Пун то Қалъаи Хумро, ки зиёда аз 80 км аст, ба ӯҳдаи марзбонони Тоҷик, ҳамчун «эксперимент» супорида буданд. Яъне мехостанд донанд, ки Тоҷикон аз ӯҳдаи ҳифзи сарҳад баромада метавонанд ё не? Инро провокатсия мегӯянд! Дар бораи ин Фоҷиа ҳамчун шоҳиди бевосита барои шумораи ояндаи СССР ҳатман менависам.

Душанбе, 13 Ноябр 2017 10:36


11.11.1905 дар шаҳри Севастопол сотсиал-демократони рус исёни зидди ҳукуматиро оғоз намуданд.

саҳ 7 аз 14

Китобҳо

Flag Counter