ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 17 Июл 2017 16:27


16.07. 2017, тахминан соати 15:25-дақиқа, ҳангоми расонидани кӯмак ба шаҳрвандон ва гузаронидани онҳо бо қайиқ аз деҳаи Ёгет ба деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз, бо сабаби ба ҳаракат надаромадани муҳаррик қайиқ ба дарё ғарқ шудааст.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷа корманди ШВКД дар ноҳияи Рушон, прапоршики милитсия Ёдалиев Анвар, корманди Вазорати мудофиа Саъдуллоев Наим ва ноболиғ Акобирова Фирӯза сокини ноҳияи Дарвоз ба дарё ғарқ шудаанд. Инчунин, Лангаров Дороб, Толибшоев Мутрибшо, Ҷавҳариев Раҳимҷон ва Ваҳҳобов Худодод ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба аҳли оила ва наздикону пайвандони корманди ҳалокгардидаи милитсия ва Вазорати мудофиа изҳори ҳамдардӣ менамояд.

СССР

Душанбе, 17 Июл 2017 11:15


Алмосбек Отамбоев-президенти Қирғизистон соли гузашта 1 млну 246.000 сом (қариб 18.000 доллар) даромад дошта, харҷаш 8 млну 385.000 сом (қариб 120.000 доллар) будааст. Ӯ дар эъломияаш навишт, ки аз ҳисоби даромадҳои шахсиаш харҷ кардааст. Тибқи ин ҳуҷҷат, Алмосбек 1 бинои иборат аз 116 метри мукааб ва боғи иборат аз 6,4 га-ро дар ихтиёр дорад. Ӯ амволи манқул надорад. Отамбоев пештар гуфта буд, ки қабл аз президентиаш миллионер шуда буд.

Душанбе, 17 Июл 2017 11:08


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки рӯзи 6 июл 77-сола шуд, дар остонаи Рӯзи Пойтахт ҳангоми сайругашт дар кӯчаҳои Остона зери навои мусиқии навозандагони кӯчагӣ лаҳзае чанд арғушт рафт. 2 ҳафта пеш фурудгоҳи байналмилалии Остонаро ба номи Назарбоев гузоштанд. Аммо худи ӯ дар 1 мусоҳиба бо ТВ Русия дар остонаи 77-солагиаш гуфт, ба номаш гузоштани номи ин ё он иншоотро хуш надорад: "Ман бисёр вақт 1 сухани султони бузурги Рум ва файласуф Марк Аврелийро ба ёд меорам. Ӯ дар посух ба ин савол, ки “чаро то ҳол ҳайкалатро насохтаанд?”, ҷавоб медод, ки “ман намехоҳам, пурсанд, ки ин ҳайкали кист. Беҳтар ин аст, то баъди ман бипурсанд, ки чаро то ҳол ба вай ҳайкал нагузоштаанд.”

Душанбе, 17 Июл 2017 09:34


Ба Боғи ҳайвоноти пойтахт, ки ягона дар кишвар аст, солҳои тӯлонӣ надаромада будам. Ҳеҷ гоҳ фикр ҳам намекардам, ки боғи ҳайвоноти Тоҷик, ки дар маркази ш.Душанбе ҷойгир аст, имрӯз чунин ҳоли табоҳу ҳузнангез дошта бошад. Шояд ба умеди кӯч бастан ба макони дигар аст, ё камбуди маошу маблағу шароит, ки кормандони зоопарк ин қадар фориғболанду барои ободи ин гӯшаи пойтахт саъю талоше намекунанд: Ин аз манзараҳои дохили ҳудуди боғ, шароити он, катакҳои холӣ ва бӯи ғализи оби кӯлҳояш маълум буд.

Либоси хос ку?
Субҳи 8.07.2017. Соат бо вақти Душанбе 9:30 дақиқа. Бо писарам Ромин, ки тайи 1 ҳафтаи охир орзуи дидани Боғи ҳайвонотро дошт, ба зоопарк расидем. Аз хазинаи боғ 2 чипта гирифтем, даромадан ба калонсолон 2 сомонӣ ва барои хурдсолон 1 сомонӣ будааст. Чиптаҳоро дар дари даромадгоҳ ҷавоне аз дастамон гирифт, ки нафаҳмидем кӣ буд ӯ, зеро на либоси махсус дошт, на ягон рамзи он, ки кормандони боғи ҳайвонот аст. Бояд қайд намоям, ки ҳангоми баромадан аз боғ бошад дар ҷои ӯ ҷавони тамоман дигаре меистод.
Боғи ҳайвоноти пойтахт зертобеи шаҳрдории Душанбест ва кормандони он аз директораш сар карда то посбон бояд либоси ягонаи махсус ба бар намуда, ба мардум хизмат расонанд. Имрӯз дар ин боғ намефаҳмӣ, кӣ корманд асту кӣ меҳмон. Инчунин, чанд савдогаре, ки бо фурӯши майда-чуйда дар ин боғ машғуланд, на либоси махсус доранд ва на пешдоман. Онҳо, баръакс сару рӯи худро бо чанд қабат рӯймол печонида ҳамчун қаҳрамонони филми тасвирии «Сангпушт-ниндзя» паси мизҳои пуранвои худ нишастаанд. Дар бораи сифату кайфияти маҳсулоти мефурӯхтаи онҳо аслан ҳарфе нест, ҳамааш маҳсулоти арзону пастсифати қаннодиву нӯшокӣ, ки метавонад кӯдаконро касал намояд.



Катакҳои холии Зоопарк
Соат бо вақти Душанбе 9:45 дақиқа. Бо Ромин ба тамошои олами вуҳуш баромадем. Аввал ба самти катакҳои бузу гӯсфандону шутуру паррандаҳо рафтем. Аз гармии ҳаво ҳайвонот беҳолу бемадор ва аксарият дар гӯшаҳои соядори катакҳояшон, назди ҷӯйборҳои пуроб хоб буданд. Мардум бо сабзиву карам, нони хушку печение бузу гӯсфанон ва паррандаҳоро зиёфат мекарданд. Оби кӯчаи хурди 1 тарафи боғ хеле ифлосу бадбӯ шуда буд. Аксарияти катакҳои қисмати чапи боғ холӣ буда, на хирсро дидем, на шер ва на барсро. Танҳо чанд маймун, ҷайраву харгӯшакҳову мушҳои обӣ дар катакҳои хурд маскан гирифта аз хонаашон, ки сояву торик аст, берун намебаромаданд. Дилам ба ҳоли шутурмурғ Эмми сӯхт, ки аз гармӣ сарашро зери қанотҳояш карда ҷои салқин меҷуст. Ку, он шеру палангу барсу хирсҳои азимҷусса, ки барои тамошояшон кӯдакон аз тамоми кишвар ба Душанбе меомаданд!?



Морҳо аз гармӣ худро зери обу хок карданд
Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа. Ба толори хазандагону ваҳшиҳои обӣ даромадем. Ин ҷо низ катакҳои шишагин қисман холиянд, чанд мори калону хурд, сангпушту тимсоҳчаҳо, калтакалосу моҳичаҳои хурдро дидем. Бароямон он аҷиб буд, ки морҳои хурду калон аз таъсири ҳавои гарм худро ба косаи обашон андохта буданд ва ё худро зери хоки нам кардаанд. Дар бархе аз катакҳо аслан на об буд ва на косаи об ва ин ҷонварҳо дар чунин ҳавои гарм бидуни об то кай мезиста бошанд!? Мутаассифона, 2 ҷавон, ки дар ин толор рафтуомад доштанд, нагузоштанд, ки чунин ҳолати морҳоро акс гирам. Ба суоли ман, ки кистанд, гуфтанд, нозирони боғ. Гуфтам агар нозирони боғ ҳастед, пас ку либоси махсус ва бейҷик бо номатон? Онҳо зери лаб пичир-пичир карда рафтанд…



Биноҳои зиёд, аммо кӯҳнаву тороҷшуда
Соат бо вақти Душанбе 10:45 дақиқа. Хостем аз боғ бароем, вале байни пиёдагарду катаку биноҳои дар дохили зоопарк буда гум шудем. Дар ҳудуди боғи ҳайвонот биноҳои гуногуни пасту кӯҳнашуда бисёр будааст. Ҳатто баъзеи онҳо талаву тороҷ шуда, танҳо 4 девору 1 панҷара боқӣ мондаасту халос. Дар қисмати шимолии бозор бошад ҳатто 1 чуқурии махсус кофта будаанд, ки он барои таъмири мошинҳо лозим аст. Ба ёдам омад, ки 10-12 сол пеш ин қисмати боғро ба устоҳои мошинҳо иҷора дода буданд. Биноҳои идориву хоҷагии боғ низ кайҳо кӯҳна шуда, на симои зоҳириашон ба талабот ҷавобгӯ, на шароити дохилашон. Ҳамагӣ ниёз ба барканор шудан доранд. Ба қавли Бедил: «Он хона, ки табдил наёбад, гӯр аст!» Шояд ба умеди кӯч бастан ба макони дигар аст ё камбуди маошу маблағу шароит, ки кормандони зоопарк ин қадар фориғболанду барои обод кардани ин гӯшаи пойтахт хасеро болои хасе намегузоранд.

Кормандони бепарвои зоопарк
1 обанбори дигари боғ, ки калон асту қаблан дар он паррандаҳои гуногун мавҷуд буданд, ҳоло холист. Оби он ҳам гандидаву бадбӯ шуда, вале чаро касе дар фикри иваз кардани об нест? Ҷӯйҳои боғ ҳама шодобанду дарёи Душанбе низ наздик, пас чаро обҳои кӯлҳоро тез-тез нав накунанд? Ё ин, ки паррандаҳо дар оби ифлосу ғализ гаштанро дӯст медоранд? Нафаҳмидем!!!
Ба боғи ҳайвоноти пойтахт, ки ягона дар кишвар аст, солҳои тӯлонӣ надаромада будам. Ҳеҷ гоҳ фикр ҳам намекардам, ки боғи ҳайвоноти Тоҷик, ки дар маркази ш.Душанбе ҷойгир аст, имрӯз чунин ҳоли табоҳу ҳузнангез дошта бошад. Кормандони зоопарк ин қадар бепарвоянду барои ободи ин гӯшаи пойтахт талоше намекунанд-ин аз манзараҳои дохили ҳудуди боғ, шароити он, катакҳои холӣ ва бӯи ғализи оби кӯлҳояш маълум буд. Ҳанӯз аён нест, ки боғи ҳайвонот кай ҷояшро иваз мекунад ва ба куҷо мекӯчад, пас чаро то ин муддат боғро обод карда барои садҳо кӯдакону наврасоне, ки ҳамарӯза ба зоопарк меоянд, шароити беҳтаре насозем? Мо тасмим гирифтем баъди чанд муддат боз аз боғи ҳайвонот дидан намоем. Мо метавонем!


Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе, 17 Июл 2017 09:23


Шоми 2.07.2017 дар бозори калонтарини пойтахт-«Корвон» сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор дар байни дарвозаҳои 6-7 сар шуда, алангаи оташ баъдан тавассути раставу дӯконҳо то ба дарвозаҳои 3-5 низ расид. Дар бораи сабабҳои сӯхтор, чораҳои амниятӣ, ҳуҷуми гурӯҳи дуздон ба бозор ва сабукиҳои шаҳрдорӣ ба зарардидагони ин офат мо дар шумораи гузашта ба тафсил гуфта будем. Бо супориши редаксия, пас аз 1 ҳафтаи сар задани сӯхтор, рӯзи якшанбеи гузашта мухбири мо боз ба бозори «Корвон» рафт ва бо вазъияти имрӯзаи он ошно гашт.

Мардум зиёду савдо дар авҷ
Рӯзи 9.07.2017. Соат бо вақти Душанбе 8:30 дақиқа.
Тавассути дарвозаи №10, ки яклухтфурӯшист ва одатан он ҷо матоъҳои гуногун савдо мекунанд, вориди бозор мешавам. Мардум мисли ҳамешагӣ зиёд асту хариду фурӯш ҳам дар авҷ: Гӯё чизе нашудааст, ҳама саргарми савдо. Байни растаҳо оҳиста-оҳиста қадам зада тамошо мекунам ва ҳам ба гапи мардум гӯш медиҳам. Дар бораи сӯхтори ба вуқӯъ омада қариб касе ҳарф намезанад. Танҳо шумораи муҳофизони либоси махсуспӯшида назар ба боздиди охиринам, ки 2 ҳафта пеш аз сӯхтор буд, ба маротиб афзудааст. Агар пештар танҳо дар назди даромадгоҳи дарвозаҳо 1-2 нафар посбонон ва муҳофизон менишастанд, айни замон дар ҳар раста 2-3 нафар посбонону муҳофизон равуо дошта, шахсоне, ки дар дасташон ашёҳои шубҳанок доштанд, манъ намуда ному насаб пурсида сумкаҳояшонро аз назар мегузарониданд. Ба назари ман ин кори хуб аст ва бояд ҳамеша ҳамин тавр бошад, зеро бозор ҷои асосии ҷамъшавӣ ва ҳамеша пуродам аст. Кош, посбонону муҳофизони ин бозор ҳамеша чунин кор мекарданд…

Даромадан ба дарвозаи №6 манъ аст!
Соат бо вақти Душанбе 9:30 дақиқа. Аз бозори яклухтфурӯшӣ гузашта ба қисмати рости бозор медароям. Дарвозаи №7-и бозор кушода асту мардум мисли қабл дар дӯконҳои хеш нишаста савдо доранд. Тамоми дӯконҳоро аз назар мегузаронам ва ҷои осеби сӯхторро намебинам. Танҳо ҳини наздик шудан ба растаҳои дарвозаи №6 дидам, ки дару девору пасмондаҳои сӯхтаро ҷамъ карда истодаанд ва гузаштан ба қисмати сӯхтаи бозор, ки асосан дар дарвозаи №6 ҷойгир аст, номумкин аст. Ба роҳи мошингард баромада мехоҳам тавассути дарвоза, ки қисман боз аст, дароям. Лек чанд нафар ҷавонмарди ҳарбипӯш «Даромадан ба дарвозаи №6 манъ аст!»-гӯён садди роҳ мешаванд. «Дугонаам дар инҷо дӯкон дорад, ба хабаргирияш омадам» мегӯям ман, вале боз ҷавоби рад мешунавам. «Журналистам, ба дидани ин макон омадам, мехоҳам бубинам, ки чӣ корҳо рафта истодааст, дӯконҳои мардум дар чӣ ҳол аст?!»- дубора муроҷиат мекунам, лек ин бор яке аз он ҷавонон маро аз назди дарвоза дур карда таъкид мекунад, ки «илтимос, равед, халал нарасонед, мо гап мешунавем, равед аз роҳбарон иҷозат гиред, баъд марҳамат!»
Умедамро наканда ба воситаи дарвозаи №7 даромада ба тарафи хонаҳои шахсии паси бозор меравам, шояд аз деворҳои он ҷои асосии зарардидаро бубинам, аммо ин ҷо низ маро ноумедӣ интизор буд-посбоне кунҷковиамро дида аз ман хоҳиш намуд, ки аз зери деворҳои мардум дур шавам…

Овозаҳо, овозаҳо, овозаҳо…
Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа.
Гирдогирди бозори «Корвон» хуб гаштам, вале натавонистам лоақал 1 дӯконеро, ки азнавсозӣ шуда истодааст, бубинам ва акс бигирам. Садои болғаву бурридани варақаҳои оҳаниву пластикӣ ба гӯш мерасад, лек муҳофизон тамоми дӯконҳои осебдидаро гирд карда ба қавле намегузоранд, ки пашшае пар зада аз наздашон гузарад. Маҷбур аз раъям бармегардам ва ба тарафи хона роҳ пеш гирифта микроавтобусро манъ мекунам. Дар дохили салони микроавтобус чанд нафар мусофир, ки ҳамаашон зан буданд, дар бораи сӯхтори «Корвон» хеле гарм баҳс мекарданд. Яке таъкид менамуд, ки бозорро махсус оташ задаанд, дигаре исрор менамуд, ки гунаҳкори асосӣ гармии ҳавост, ки ноқилҳоро сӯзон намудааст, сеюмӣ қайд менамуд, ки ин кори дуздон аст, зеро барқи бозорро ҳамарӯза соати 15:30 хомӯш мекунанд. Чорумӣ аз он шубҳа дошт, ки чаро новобаста аз насби садҳо дастгоҳи видеоӣ ва мушоҳидавӣ то ҳол гунаҳкорро пайдо карда наметавонанд, панҷумӣ бошад мегуфт, бозори «Корвон» кайҳо кӯҳна шудаасту ба ҷои он бояд 1 бозори муосиру замонаву бунёд шавад…


Мину Аминзода аз бозори «Корвон»
9.07.2017

Душанбе, 17 Июл 2017 09:21


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб мақолаи «Дар Кӯлоб штатҳоро мефурӯшанд» (СССР, №17, 27.04.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Масъалаи мазкур бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аксари кулли кормандони Бахши фарҳанг, бахусус кормандоне, ки солҳои охир ба кор қабул карда шудаанд, дида баромада шуд. Муайян гардид, ки маоши кормандон то моҳи майи с.2017 пардохт гардида, то ҳол мутахассисони нохонда ва беистеъдод ба кор қабул карда нашудаанд. Ҳамзамон кормандон бо маълумотҳои соҳавӣ ба кор қабул карда шудаанд ва ситонидани маблағ барои штатҳои корӣ мушоҳида нашуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб барои рушди фарҳанг, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар доираи ваколатҳои худ чораҳои заруриро амалӣ намуда истода, бо намояндагони ВАО барои ҳалли масъалаи ҷойдошта ҳамкорӣ менамояд.


К.Маҷидова, муовини раиси ш.Кӯлоб 

Душанбе, 17 Июл 2017 09:18


Салом, СССРи азиз! Эҳтиромат мекунем бо сар дабири доноят. Аммо пеши роҳи Сафвати Бурҳонро гиред, ки атфол онро 1 боз интизорӣ мекашанд, талбандагӣ гуфта барҳам мезанад? Агар Сафват зӯр бошад, ку «пасха»-и русҳоро барҳам занад… Магар Сафват давраи кӯдакӣ надошт ва «Ид муборак!» намегуфт? Иди Алифбо, Занги Охирон аз байн рафт, боз ба Идгардаки кӯдакон часпидед? Хайр, ҳаволааш ба Худо!!!


Неъматулло Абдуллоев,
Узви Ихвон-ал-СССР, тел: 904 28 38 75

Душанбе, 17 Июл 2017 09:13


Чанде қабл бо гуруҳе аз Тоҷик-арабгароёни аз нафрати зиёд нисбат ба ниёгони тамаддуновару тамаддунофарамон ба ифрот расида, дар мавзуи “оё мо то Ислом асари гаронарзише доштем, ё на?” баҳси ҷиддӣ сурат гирифта буд. Онҳо иддао доранд, ки мо то биъсати Паямбар ҷоҳилу гумроҳу аз хатту савод бебаҳра будем ва Ислом моро соҳибмаърифат намуд. Дар мавриди бузургии ин дини ҷаҳонгир ва инсонпарвару маърифатовар ман қоилам, аммо аз он ки Мо-Ориёиён то Муҳаммад(с) ба илму ирфон даст надошем, сафсаттае беш нест. Ба таваҷҷуҳи шумо, ки бештаратон аз аслу наслатон буридаеду ғайри "Чоркитоб"-у чанд сураи "Қуръон" чизеро нахондаву аз маърифати гузаштагони фарҳехтаамон бехабаред, мерасонам, ки тамоми андарзҳои дар мавъизаҳоятон истифодашуда то Ислом дар "Авасто" ва асари мондагори "Минуи Хирад" дарҷ ёфтаанд. Барои он ки сухан ба дарозо наравад, ҳоло намунаи нопурраи осори тоисломии ниёгонамонро пешкаш менамоям: "Динкард", «Баҳроми Чӯбиннома», «Ёдгори Зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Достони Рустам ва Исфандиёр», «Маздакнома», «Китоби Тоҷ», «Достони Шаҳрбуроз бо Парвиз», «Доро ва бути заррин», «Лӯҳросбнома», «Гузориши шатранҷ», «Номаи Тансар», «Пандномаи Бузургмеҳри Бахтгон», «Андарзи Хусрави Гавотон»...
Ҷанобон фанатикҳо, китоб бояд хонд!!!


Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
журналист

саҳ 9 аз 19

Китобҳо

Flag Counter