ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 20 Июл 2017 09:39


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Вақтҳои охир дар макотиби миёнаи ноҳияи Мастчоҳ, дар чанд синфхонаи компютерӣ бо баҳонаи «компютерҳо корношоям аст» ба мактаббачаҳо иҷозат намедодаанд, ки вориди компютерхона шуда, дарси компютерӣ омӯзанд. Акнун саволи асосӣ ин аст, ки бо чӣ сабаб ба муҳассилин иҷозати дарсхонӣ дар компютерро намедодаанд? Посух: Компютерҳои синфхонаи компютерии чанд мактабро ғоратгарон бо ҳар роҳ дуздида бурдаанд. Ва маъмурияти мактабҳо аз тарс ва бо ҳамин баҳонаи мазкур намегузоштаанд, ки хонандагон дари синфхонаи компютериро бикушоянд ва аҳвол огаҳ шаванд. Ман роҷеъ ба ин мушкил 2 бор бо аризаи шикоятӣ ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд муроҷиат кардам. Хушбахтона, дар 2 ҳолат ҳам раҳбарияти Раёсати Агентӣ дар посух навишт, ки ғоратгарон ошкор ва маълум карда шуд. Ва бояд дар доираи қонун ҷазо бигиранд… Аммо ман ҳайронам, ки ғоратгарон ба мактаб ворид шуда, чӣ хеле хоҳанд ва нотарсона чизи мехостаашонро бо худ мебурдаанд? Магар мактабҳо дару тиреза ва посбон надоранд? Наход, мактабҳои мо то ин дараҷа бесоҳиб бошанд-а???


Хусрав Ҳусейнов,
н.Мастчоҳ, тел: 92 934 94 94

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 09:33


Дар байни мусалмонҳо одате ҳаст, ки фикреро гуфтанӣ шаванд «Худо чунин гуфтааст», гуфта 2-3 ҷумла ба забони арабӣ далел меоранд. Ё ҳодисае шавад «Хости Худо чунин будааст» гуфта худро тасаллӣ медиҳанд. Дар маросими хайрия бошад, аз «Қуръон» сураеро қироат намуда, аз ҳазрати Одаму Ҳаво сар карда ба тамоми пайғамбари яҳудиён сабукӣ талаб мекунад. Дар охир ба гузаштагони хайркардагӣ, раҳмат мехоҳанд. Ҳамаи ин протсесҳо қариб бо пуррагӣ ба забони арабӣ сурат мегирад. Забони давлати мо тоҷикист. Оё намешавад, ки бо ин забон сухан ронем? Мавлонои Балхӣ мефармоянд:
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабонӣ шуд ҷудо,
Бе забон шуд, гарчи дорад 100 наво.
Агар ба ин тарз «омин» кунем, хуб нест? «Омин, фариштаҳое, ки ҳозиред, савоби хайри кардаи бандаи Худоро ба даргоҳи Худованд расонед. Рӯҳи ҳамаи гузаштаҳояшро шод гардонед. Ба зиндаҳо пеш аз ҳама саломатӣ, тавфиқ ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро ато фармоед»… Лекин мушоҳида мегардад, ки ҳамаи «супоришҳоро» ба Худо мефармоянд ё аз Худо ину он талаб мекунад. Ба андешаи ман ин нодуруст аст.


Ҳаким Ғуломов
н.Дӯстӣ (Ҷиликӯл)

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 09:32


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдусаттор Ҳайбуллоев, аз ноҳияи Сарбанд дар гуфтугӯи телефонӣ бо СССР мегӯяд, ки оё имрӯз магар мо ғайр аз ришу фаш дигар проблема ва ё шуғле надорем, ки фақат дар бораи инҳо менависем? Дар интернет 1 бор сар халонед, ҳамаи баҳсҳо сари ришу фашу сатру ҳиҷоб аст… Магар эрониҳо бо риш рафта аз мо қафо монданд? Афғонҳо чӣ? Бовар кунед ҳамун афғони оддӣ бо саллаи муқаррариаш тарзе меандешаду мегӯяду менависад, ки баъзе олимони мо дар сатҳи онҳо ҳеҷ чизанд. Беҳтар аст, ки дигар ришу фаш нагӯему кор кунем, ҳунарро нишон диҳем. Риш надоштану беҳунар будан ба кӣ даркор? Аз ришбозӣ ғайр аз риш чизе намерӯяд!

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 09:24


Хабарнигори мардумии СССР, Туманҷон Сафаров аз ноҳияи Фархон бо телефони 902 77 90 77 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман оид ба 1 мусибат ба шумо хабар доданиям. Дирӯз (10.07.2017) аз деҳаи Лолазори Фархор 4 нафар (2 нафар духтару 2 писар ва ҳамагӣ ба балоғат расидаанд) барои оббозӣ ба дарёи Сурхоб рафта, 2 нафараш дар об ғарқ шудааст ва то ҳол МЧС ҷустуҷӯ дорад, аммо ягон ному нишоне аз онҳо нест. Тибқи шунидаам, кор ин хел шудааст. ин 4 нафар аз 1 хонавода ҳастанд ва ҳамагӣ бемории «гармича» доштаанд. Тавре маълум, гармича аслан дар ҳавои гарми тобистон рӯ мезанад ва хурӯҷ мекунад. 1 нафаре калонсол ба онҳо «тавсия» додааст, ки «агар хоҳед гармича тезтар нобуд шавад, дар рӯди Сурхоб оббозӣ кунед». Ин 4 нафар, ки гапи «мушовир» гӯш карда, худро ба Сурхоб меандозанд. Хуллас, 3 сол пеш 1 ҷияни ман ҳам дар ҳамин дарё ғарқ шуда буд…

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 09:19


Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон мақолаи «Нишасти изтирории ҳавопаймои «Тоҷик-Эйр» дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд» (СССР, №11(444), 16.03.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дод ва муайян шуд, ки санаи 9.03.2017, соати 19-05 дақиқа тибқи ҷадвали тасдиқшуда, аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-300», бо хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Тарас-Домодедово», аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» бо 149 мусофир, аз ҷумла, 9 ҳайати сарнишин, 103 нафар мард, 21 нафар зан, 9 нафар кӯдаки то 12 сола ва 7 тифли то 5 сола парвоз кард. Тахмин, соати 19-50 дақиқа ҳавопаймо бо мақсади таъмини сӯзишворӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии «Тарас»-и Қазоқистон нишаст. Аз ҷониби кормандони фурудгоҳ ба ҳавопаймо хизматҳои аэродромӣ расонида, дар 1 вақт 10 тонна сӯзишвории дигар ба он пур карда шуд. Пас аз ин, соати 21-05 дақиқа бо иҷозати кормандони фурудгоҳ ҳавопаймо бо мақсади идома додани парвоз ба ҳаракат даромад. Ҳангоми ҷудо шудан аз замин ҳайати сарнишинон садои шубҳанокеро эҳсос карда, дарҳол сарнишини он-Ясинов Абдурашид Мусоевич ба муҳандиси ҳавопаймо Маҳмудҷонов Ҷовид супориш медиҳад, ки аз ҷои махсуси ҳавопаймо қисми берунии онро дида барояд. Ҷовид қисми беруни ҳавопайморо аз дари махсус дида, муайян мекунад, ки чархҳои тарафи рости ҳавопаймо корношоям шудаанд ва фавран ба сарнишин маълумот медиҳад. Аз ин рӯ, ба ҳайати сарнишинон зарурат ба миён меояд, ки бозпас ба фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд баргарданд. Бо ин мақсад аз фурудгоҳи байналмилалии «Тарас» ба самти Хуҷанд парвоз карда, соати 21:50 дақиқа ба ҳудуди фазои ш.Хуҷанд омада, бинобар сӯзишвории зиёд доштани ҳавопаймо, ки дар чунин ҳолат ба замин нишастани он хатарнок аст, то соати 00-38 дақиқа дар ҳаво парвоз карда, мунтазам бо танзимгари фурудгоҳ дар алоқа буданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Суғд тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва тандурустии вилоятро бо дигар шахсони масъул барои қабул кардани ҳавопаймо дар ҳолати садамавӣ тибқи ситоди фаврии вилоят дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд фавран ҷамъ овард. Баҳри рух надодани садама ва наҷот додани одамон хатти парвози нишасти ҳавопаймо зиёда аз 1300 метр маҳлули махсуси кафкунанда рӯйпуш карда шуда, ёрии таъҷилӣ, кормандони хадамоти оташнишонӣ, хизматчиёни кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи гражданӣ ва дигар шахсони масъул дар назди хати парвоз дар ҳолати омодабошӣ қарор доштанд. 10.03.2017, тахмин соати 00-38 дақиқа, пас аз харҷи миқдори зарурии сӯзишворӣ, сарнишинони ҳавопаймо дар ҳолати садамавӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нишастанд ва ҳама мусофирон, ҳайати сарнишинон бе ягон ҷароҳати ҷисмонӣ аз ҳавопаймо фароварда шуданд. Аз ҷониби кормандони прокуратураи нақлиёти Суғд фавран аввалин ҳаракатҳои санҷишӣ дар ҷои ҳодиса аз қабили гузаронидани азназаргузаронии ҳавопаймо, гирифтани баёноти ҳайати сарнишинони ҳавопаймо, мусофирони ҳавопаймо, кормандони масъули ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия»… ба анҷом расонида шуд. Ҳангоми азназаргузарони ҳавопаймо муайян карда шуд, ки 2 чархи самти рости ҳавопаймо пурра корношоям шудааст.


Кишварзода А.Г., Прокурори нақлиёти Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 09:14


Чанд сол пеш вақте системаи кортӣ барои гирифтани музди меҳнат ҷорӣ шуд, мутасаддиёни соҳа ба воситаи ВАО ҳай бо воҳима таъриф мекардандееее. 1 сол нагузашта на танҳо дар ноҳияи Муъминобод, балки дар тамоми ҷумҳурӣ аз манфӣ будани ин «дастовард»-у «пешравӣ» ҳарфҳо баланд шудан гирифтанд. Сухани мусбӣ не, балки манфӣ ва пур аз таассуфу ноумедӣ, шикояту баҳсу даъвоҳо… Инак, чанд мушоҳидаи худро ҳамчун маошхӯри соҳибкорт аз дари банкоматҳо гуфтаниям.
1.Вақте 30-31-ум ва ё 1-2-юми моҳ мешавад, тамоми муҳосибон ба кормандони муассисаҳои буҷетӣ мужда медиҳанд, ки «дар кортҳоятон маблағ гузашт». Ана, баъд сар мешавад-ееее! Назди ягона банкомати филиали «Амонатбонк»-и н.Муъминобод маошгирони қариб 100 идораю муассисаҳо ҷамъ мешаванд. Дар ҳисоби кортҳо маблағ ҳаст, вале пули нақд нест!!!
2.Омӯзгорони деҳаи Дашти ар-ар аз масофаи 30 км ва аз деҳаи Олимтой, аз дурии 100 км ба маркази ноҳия 5-20 сомонӣ харҷи роҳ карда меоянду дар банкомати «Амонатбонк» пул нест. Ягон шинос дошта бошад бахайр, набошад гашта боз ба Кӯлобу Восеъ, ба меҳмонхона мераванд. Чунки дар н.Муъминобод меҳмонхона нест. Хӯроки шому саҳар 20-30 сомонӣ, ба болояш боз 10-15 сомонӣ харҷи роҳ карда Муъминобод меоянд, боз пули нақд нест. Баъзан ин даву ғеҷҳо аз 100-у 200 сомонӣ мегузаранд. Абдусамад Қурбонов-омӯзгори деҳаи Боғгаӣ мегӯяд, «ҳамон системаи пешина нағз буд, ки хазинадор омада пулро мебурду дар 10-15 дақиқа ҳамаи омӯзгорону коркунони хоҷагӣ маошашонро бе ягон мамониат дар даст мегирифтанд. Вақте ба маркази ноҳия меравӣ назди ягона банкомат тӯдаи маошгиронро бе навбату доду ғирев дида ҳуш аз сарат мепарад. Ту гӯӣ, ки Баҳманмоҳи соли 1991-и назди СеКаи Тоҷикистон бошад. Охир, тасаввур кунед, ки омӯзгору духтуру милисаву фаррошу роҳрӯбу нозир… назди банкомат тӯда шуда, чи рӯзи маҳшареро ба вуҷуд меоранд…».
3.Агар худо накунаду маошгирии беш аз 100 идораю ташкилотҳои буҷавӣ то рӯзҳои 5-6-уми моҳ идома ёбад, ана, баъд сар мешавад навбатпоии   нафақахӯрон. Беш аз 5000 нафар нафақахӯрони аз 63 то 80-сола назди бинои «Амонатбонк»-анд. Боз пули нақд нест!!!
Бо ҳамин ҳолу аҳволу кашмакашию асабхаробкуниҳо маошу нафақа ҳафтаҳо кашол меёбанд. Кор ба ҳадде мерасад, ки то рӯзҳои 25-26-уми моҳ низ пирон нафақапулии моҳи гузаштаро дастрас карда наметавонанд. Бонкҳои Тоҷикистон мисли қурбоққае ҳастанд, ки бо дидани бонкҳои хориҷӣ аспҳояшонро наъл зада истодаанд. Ё мо ҳоло аз истифодаи технологияҳои пешрафтаи бонкӣ фарсахҳо дур ҳастем, а, ҷаноби Руҳулло Ҳакимзода?!


Нурулло Ҳасанов,
журналист, н.Муъминобод

Панҷшанбе, 20 Июл 2017 09:06

«Дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати халқи тоҷик, ба хусус, давраи исломии он, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омаданд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши беандозаро гузоштаанд».


Эмомалӣ Раҳмон, «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ»,
(«Ҷумҳурият», 13.11.2008)

Хокдоне пур аз мардони Худо!
Омӯзиши кору зиндагӣ ва мақоми бузургони гузашта барои худогоҳии ҳар халқ басо муҳим аст. Хоса, омӯзиш ва пос доштани рӯҳи онҳое, ки фаъолияташон баёнгари замони гузашта аст, барои шинохти таърихи хеш ва худогоҳии миллӣ дар замони ба Истиқлолият расидани кишвар хеле нафърасон аст. Бояд гуфт, ки фарзандони фарзонаи халқи тоҷикро, ки тӯли 5000 сол миллатро бо ҳувияташ то имрӯз овардаанд, бо ангушт шуморидан хеле душвор аст. Оромгоҳҳои онҳо дар қаламрави Хуросони Бузург ва дигар кишварҳо мавҷуд буда, таърихи гӯёи мо мебошанд. Мисли дигар ҷойҳои кишварамон дар н.Данғара ва марзҳои гузаштаи таърихии он низ шахсиятҳои бузург мисли Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддини Дашти Кулакӣ, Хоҷаи Зинда, Хоҷаи Заррин, Хоҷаи Нур, Хоҷа Бобои марди Валӣ, Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ, Ҳабибуллоҳ ибни Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ (Соҳибзода), Хоҷа Мастона, Хоҷа Аслихо, Хоҷа Гулгун, Хоҷа Сабзпуш, Хоҷа Ҷароия, Шайх Ҳусайн, Ёқуб Саҳоба, Мирсаид Ибод, Ҳоҷӣ Шарофиддин, Ҳилҳилакбобо, Хоҷа Фатҳулло, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Мири Назири Шингихоӣ, Маҷнуни Сиёпӯш, Ҳоҷӣ Муҳаммадкабири Муҷаддавин, Домулло Шамс, Домулло Файзуллоҳ ва Мақсуди Мавлавии Кӯлобӣ, Девона Мақсум ва дигарон фаъолият намудаанд, ки дар миёни онҳо Хоҷа Шақиқи Балхӣ (асрҳои 8-9) яке аз чеҳраҳои бузурги фарҳанги форсӣ маҳсуб меёбад.
Соли таваллуди бузургвор аён нест. Ӯ дар шаҳри қадимаи тоҷикон-Балх ба дунё омада, солҳои 809-810 дар замини Хатлон (Данғара) дар деҳаи ҳамном-Хоҷа Шақиқи Балхӣ аз дунё гузаштааст. Имрӯзҳо аз вафоти ӯ 1207 сол сипарӣ мешавад. Олими тоҷик Ғолиб Ғоибов дар бораи фаъолияти илмии Хоҷа Шақиқ то тавонистааст маълумоти бештаре гирд овардааст. Хоҷа Шақиқ аз рӯи навиштаи уламои асримиёнагӣ ва муосир шогирди поягузори мазҳаби Ҳанафия Имоми Аъзам ибни Нӯъмон ибни Собит будааст. Шайх Аттор-муаллифи шеъру достонҳои ирфонӣ дар асараш «Тазкират-ул-авлиё» дар бораи Хоҷа Шақиқ менависад: «Ҳотами Асамм муриди Хоҷа Шақиқи Балхӣ буд». Ҳотами Асамм (қабраш дар н.Файзобод (Вашгирди таърихӣ) воқеъ буда, 30 сол дар назди Шақиқ шогирдӣ кардааст. Ҳотами Асамм (кӯр, аммо кар набуд) ҳамаи улуми замон-ҳандаса, ҷуғрофиё, нуҷум, фиқҳ, Илоҳиёт ва шариатро аз устодаш азбар карда, мисли Хоҷа Шақиқ яке аз орифони машҳури Хуросон гашта буд ва бузургии ӯро Саъдии Шерозӣ дар китобаш «Бӯстон» тасвир карда ба анкабут ташбеҳ додааст:
Баромад танини магас бомдод,
Ки дар чанбари анкабут афтод.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар асари ирфонии хеш «Нафаҳот-ул-унс» ба Хоҷа Шақиқ баҳои баланд дода мегӯяд, ки «Ҳотами Асамми машҳур шогирди ӯ буд».

Аз сабр то шукри Шақиқ
Хоҷа Шақиқ дар мулки арабу аҷам сафари бисёре карда, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меорад. Мегӯянд, ӯ мутаалими аҳли сиёсату давлатмандон ва фақеҳон будааст. Дар асарҳои олимони асримиёнагӣ оид ба вохӯриҳову шарафёбии ӯ ба шахсиятҳои мазкур хеле зиёд оварда шудааст. Масалан, боре халифаи машҳур Ҳорун-ар-Рашид ӯро ба дарбор даъват карда, аз ӯ панд мепурсад. Халифа мегӯяд: Ай Шақиқ, ба ман панде бидеҳ! Шақиқ мегӯяд: Ту чашмаву аъмоли ту ҷӯйҳоро мемонад. Агар чашма равшан шавад, тирагии ҷӯйҳо зиён надорад ва агар чашма торик бувад, бар равшании ҷӯйҳо умед нест (Ғ. Ғоибов, с.22).
Боре Хоҷаи мавсуф ба мутафаккири бузурги олами Ислом Иброҳими Адҳам вомехурад ва аз ӯ суол мекунад, ки дар маош (рӯзгузаронӣ) чӣ кор мекунӣ? Адҳам мегӯяд, мисли шумо, агар бирасад, хайр мекунам, нарасад шукр. Шақиқ мегӯяд: «Мо аҳли аҷамем, сагони Хуросон мисли шумо мекунанд. Сониян ӯ аз Шақиқ ин ҳолатро мепурсад. Шақиқ ҷавоб медиҳад: агар бирасад, шукр мекунам, агар нарасад, сабр мекунам («Хазинат-ул-асфиё»).
Хоҷа мегуфт, Худованд яктост ва динҳо бисёр ва адёни дигарро низ эҳтиром мекард. Тифоқо, ӯ ба мулки Чин сафар карда, дучори саҷдаҳои ин мардум ба худоҳои худ мегардад ва мегӯяд, ки чаро шумо ба бутҳо ибодат меоред. Онҳо мегӯянд, ки мо аз рӯи саҷдаи худоҳоямон соҳиби ризқу рӯзӣ ҳастем.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ. (Ҳофиз)
Хоҷа Шақиқ тафохурро бад медид, зиндагии порсоёна мегузаронд, ба боғкорӣ машғул буд, либоси оддӣ ва арзон ба бар мекард. Боре имоми Балх дар тан либосҳои қиматбаҳо Шақиқро мазоҳ карда мегӯяд:
Ай Шақиқ, ин чӣ гуна ҷома аст, ки ту пӯшидаӣ? Шақиқ ҷавоб мегӯяд, ҷомае, ки бар ман аст, ба ҷомаи Расули Худо монанд аст».
Хоҷа Шақиқ дар охири умр дар мулки Хатлон, дар Кулон (Дашти Кулак), яъне Данғараи имрӯза умр ба сар мебарад ва ҳангоми сафараш ба Вашгирд (назди муридаш Ҳотами Асамм) аз тарафи туркҳои забткору саҳронишин ба ҳалокат мерасад. Ҳоло қабраш дар мазори деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ (собиқ деҳаи Себистон)-и н.Данғара макони зиёрати мардуми олам аст. Баъзе олимони замони Шӯравӣ, аз ҷумла, Бартолд ва устод Аҳрор Мухторов гуфтаанд, қабри Шақиқ дар мазори шаҳри Балх аст, баъзеҳо бар онанд, ки тани ӯ дар гӯристони н.Данғараву сараш дар мазори Балх аст. Аммо сухани дуруст ба олими тоҷик, сокини шаҳри Балх шайхулислом Шафиуддин дахл дорад. Ин олим с.1192 аз Балх ба Дашти Кулак ва Вашгирд (Файзобод) сафар карда, гӯри Хоҷа Шақиқ ва Ҳотами Асаммро (2 бор) зиёрат кардааст. Аммо олимони тоҷик, аз ҷумла, шодравон Ғолиб Ғоибов қабри дар мазори Балх будаи Хоҷа Шақиқро қабри сунъӣ медонанд.

Қабри Шақиқ ниёз ба табдил аст
Дар бораи ҳаёти Хоҷа ва дигар ҳаводиси таърихии Хатлонзамину Дашти Кулак олимони давраҳои гуногун (асримиёнагӣ ва шӯравӣ) Абдураҳмони Ҷомӣ («Нафаҳот-ул-унс»), Абуюсуфи Балхӣ (имоми шаҳри Балх), Сафиуддин («Фазоили Балх»), Ғуломсарвари Лоҳурӣ («Хазинат-ул-асфиё»), Варсаҷӣ («Ҳафтод машоихи Балх»), Ҳабибӣ (Тавзеҳот ба «Фазоили Балх»), аз-Зирикли («Ал-Аълам», «Лисон-ул-мизон»), Авазбоқии Балхӣ («Ҷарида»), Муҳаммад Доро Шукӯҳ («Сафинат-ул-авлиё»), Бартолд, А.Мухторов («Средневековый Балх», «Ҳудуд-ул-олам», Ғолиб Ғоибов «Мазорҳои Мавлоно Тоҷиддини Дашти Кулакӣ ва Шақиқи Балхӣ дар Данғара»), Бозор Муродов («Таърихи Данғара аз замони қадим то имрӯз, ҷ.1») корҳои пажӯҳишӣ анҷом додаанд. Имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангӣ, тавсеаталабии абарқудратҳо, ба оламиён бад нишон додани дини Ислом, афзоиши терроризм ва экстремизми байналхалқӣ, мо тоҷиконро зарур аст, ки аз фарҳангу таърихи ғании худ, аз адабиёти оламшумули он ва муборизаҳои озодихоҳонаи родмардони халқамон огоҳ гардем ва асолати худро дар шароити нав нигоҳ дорем. Оромгоҳи бузургонро обод ва мавриди сайру саёҳат қарор диҳем. Ҳоло мақбараи Шақиқ дар гӯристони назди деҳаи Хоҷа Шақиқи н.Данғара қарор дошта, мӯҳтоҷи ободсозист. Мақбара дар асри 15 ба таври назарногир сохта шуда буд. Дар охири асри 20 соҳибкорони дилсӯзи ватанхоҳ мақбараро ба тарзи оддӣ тармим карданд. Аммо бино ба сабки меъмории асрҳои 9-10 ҷавобгӯ нест. Зиёда аз он, агар кас ба зиёрати мақбараи Хоҷа равон шавад, бо пайроҳаҳои хокии дохили қабрҳо ба он ҷо мерасад, ки ин аҳвол касро ба хиҷил меорад. Бояд гуфт, ки аз Афғонистону Эрон ҳам ба хотири ин шахси бузург, зодаи шаҳри Балхи бостон мардуми зиёде ба зиёрат меоянд. Солҳои пеш 1 анъана буд, ки барои пайванди риштаҳои гусастаи таърихӣ байни шаҳрҳои Табрезу Хуҷанд (ба хотири Камоли Хуҷандӣ) ва Кӯлобу Ҳамадон (ба хотири Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) аҳди бародаршаҳрӣ баста шуда буд. Намешавад, ки байни шаҳрҳои Балху Данғара алоқаҳои бародаршаҳрӣ барқарор карда шавад ва омаду рафти сайёҳону олимони кишварҳои ҳамзабон байни ҳамдигар ба роҳ монда шаваду оромгоҳи бузургонамонро мо дар якҷоягӣ ободу зебо, шодоб ва рӯҳашонро шод гардонем???

Чанд панди Хоҷа Шақиқи Балхӣ
1.Оқил ҳамвора аз се чиз метарсад: тарсидан аз гуноҳҳое, ки кардааст, агар донад, ки баъди ягон соат чӣ ҳодиса рух медода бошад ва аз он ки охират пурҳазар бошад, тарсад, ки бар чӣ хатм гардад.
2.Агар хоҳӣ, ки умри ту ба роҳат гузарад, бихӯр он чӣ туро додаанд, бинӯш он чӣ ёфтаӣ ва розӣ ба қазои Худо бош.
3.Овардани амал ба илм аст, то ҳар ки дар коре бе илм шурӯъ намояд, ба сарҳади мақсуд намерасад.
4.Мард дарахти хурморо шинонда, метарсад, ки хор оварад ва мунофиқ хор шинонад ва умед дорад, ки хурмо бор диҳад.
5.Ба одамон ҳамчун ба оташ дӯстӣ кун. Аз он манфиат бардор, вале эҳтиёт бош, ки туро насӯзонанд.
6.Ман аз гуноҳи нокарда беш аз он метарсам, ки аз гуноҳи карданӣ. Донам чӣ кардаам, аммо намедонам, ки чӣ хоҳам кард.
7.Таваккул он аст, ки дили ту ором гирад ба он чи ки Худои таоло ваъда фармуда.
Чист таърих, ай зи худ бегонае,
Достоне, қиссае, афсонае?
Ин туро аз хештан огоҳ кунад,
Ошнои кору марди роҳ кунад.
Роҳро сармояи тоб аст ин,
Ҷисми миллатро чу аъсоб аст ин.
Забт кун таърихро поянда шав,
Аз нафасҳои рамида зинда шав.
Қавм равшан аз саводи саргузашт
Худшинос омад зи ёди саргузашт
Даргузашти ӯ гар аз ёдаш равад,
Боз андар нестӣ гум мешавад.

(М. Иқбол)  


Бозор Муродов, бунёдгузори осорхонаи Данғара,
таърихшинос, тел: 901 99 68 78

Сешанбе, 18 Июл 2017 10:50


Академияи илмҳои ҶТ бо мақсади ҷалб намудани олимони намоёни кишвар ба фаъолияти илмии академӣ, пурзӯр намудани роҳбарии таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои гуногуни дониш ва пурра кардани ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  аъзои пайваста  (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳоро интихоб намуд.
Вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид (антропологияи фалсафӣ), раиси КДАМ ҶТ  Саймумин Ятимов (сиёсатшиносӣ), сардори Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ Абдуфаттоҳ Шарифзода (таърих), муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ (шарқшиносӣ) аз зумраи нафароне ҳастанд, ки аъзои вобастаи Академияи илмҳои ҶТ интихоб гардиданд.
Инчунин, Ҳикмат Муминов (физика), Зарулло Раҳмонов (математика) ва Юсуфшо Яқубов (таърих) аъзои пайваста (академикҳо)-и  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Ба иттилои Раёсати Академияи илмҳо, Гулчеҳра Қоҳирова (астрономия), Абдураҳмон Муҳаммад (сиёсатшиносӣ), Сахидод Раҳматуллозода (забоншиносӣ), Абдусаттор Саидов (зоология), Сайфиддин Назарзода (забоншиносӣ), Қозимамад Абдуламонов (генетика), Ҳабибулло Абдуллоев (физикаи назариявӣ), Абдулхайр Бадалов (химияи ғайриорганикӣ), Тошбой Бобоев (физикаи ҳолатҳои конденсӣ), Саидалӣ Гулов (растанипарварӣ), Сайфиддин Давлатзода (ботаника ва экология), Хайридин Идиев (фалсафаи иҷтимоӣ), Худоӣ Шарифов  (адабиётшиносӣ), Бахшулло Ҷумъаев(физиология ва биохимияи растаниҳо), Шарофиддин Тӯйчиев(физикаи ҳолатҳои конденсӣ), Абдулло Табарӣ (математика), Мирзоҳасан Султонов (забоншиносӣ), Тағоймурод Салиҳов (физикаи назариявӣ), Лутфилло Саидмуродов (иқтисодиёт), Исматулло Раҳимов (химияи дорусозӣ), Сулаймон Исҳоқов (математика), Зайнолобуддин Кобулиев (экологияи муҳити зист), Аламхон Кӯчаров (адабиётшиносӣ),  Умархон Мадвалиев (физикаи таҷрибавӣ), Дилрабо Мансурӣ (мошинсозӣ), Музаффар Муҳаммадалӣ (антропологияи фалсафӣ), Эмомалӣ Насриддинзода (ҳуқуқшиносӣ), Ҳайдаршо Пирумшоев (таърих) ва Маҳмад Раҳимзода (ҳуқуқшиносӣ) аъзои вобастаи (аъзо-корреспонденти) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
 


саҳ 8 аз 19

Китобҳо

Flag Counter