Душанбе, 12 Июн 2017 08:49


(Ҳушдор: Ин матлабро баъди ифтор хонед! Мо Метавонем!!!)

Душанбе, 12 Июн 2017 08:43

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст-3

Ҷумъа, 09 Июн 2017 15:09


ВКДи Русия яке аз лидерони олами криминал ва мафияи тоҷик дар Маскав-Лутфулло Муҳаммадиевро ҳабс кард. Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ навиштаанд. Оҷонсии Росбалт бо такя ба манбаъи боэътимод аз пулис гуфтааст, ки «Анвар» (исми мустаори Лутфулло) дар шаҳри Вязники вилояти Владимир, дар паноҳгоҳаш боздошт шудааст. Хотиррас мешавем, ки моҳи ноябри соли 2016 Лутфулло Муҳаммадиев бар асари тиркушоӣ дар «сход» бо ҳоҷӣ Абдуҷаббор ном авторитети дигари мафияи Тоҷикон захмӣ шудаву фирор карда буд. Он замон пулиси Маскав гуфт:
-Лутфулло дар паноҳгоҳе шифо меёбад ва баъди сиҳҳат ёфтанаш Маскавро «разборкаҳои гангстерӣ»-е чун тиркушоиҳои Амрикои солҳои 1930-40 интизор аст. Тиркушоии мазори Хованск пеши ин разбор бозии кӯдакона хоҳад намуд...
Воқеан ҳам пулиси Маскав Лутфуллоро яке аз дастандаркорони тиркушоӣ дар мазори Хованск мехонд. Ҳарчанд, моҳе пеш суди Маскав барои ин куштор чанд русеро дастгир кардаву ҳабс намуд.


Ту кистӣ, гангстери тоҷик?
Росбалт навиштааст, ки Лутфулло Муҳаммадиев собиқ фармондеҳи яке аз ниҳодҳои қудратии милисаи Тоҷикистон аст. Аммо генерал Ҷӯрахон Маҷидзода-собиқ сардори УБОП ҶТ соле қабл ин иддаоро рад карда, гуфта буд, ки «Муҳаммадиев корманди қатории оперативӣ буд, ки барои рафтору аъмоли бадаш ҳанӯз 15 сол муқаддам аз сафи милитсияи Тоҷик ронда шуд»…


(тафсилоит бештар дар шумораи навбатии газетаи СССР)

Ҷумъа, 09 Июн 2017 11:49


Бино ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, кумитаи одоби ФФТ Ғайрат Мираҳмадов-сармураббии тими “Равшан”-и Кӯлоб ва 2 бозингари он-Абдураҳмон Нозимову Сайдамири Сайдаҳмадро ҷазо додааст. Ғайрат барои таҳқири доварон дар дидори “Равшан” ва “Барқчӣ”, ки 1 июн дар доираи бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд, аз ҳаққи иштирок дар 5 мусобиқа маҳрум шуда, иловатан, вазифадор шудааст, ки 500 сомонӣ ҷарима бипардозад. Тибқи хабари ФФТ, Абдураҳмон барои задани сардовар аз ҳамаи мусобиқоти таҳти сарпарастии ФФТ маҳрум ва 1250 сомонӣ ҷарима шуда, Сайидамир барои талоши истифодаи қувваи ҷисмонӣ нисбат ба сардовар аз 4 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима гардидааст…

Ҷумъа, 09 Июн 2017 10:53


Ҳаким Фузайлов ба мунтахаби Тоҷикистон 7 легионерро даъват кардааст, ки аксари онҳо дар дастаҳои футболи Аврупо мебозанд. Дар зимн, немиси зодаи Хуҷандшаҳр низ ба мунтахаб даъват шудааст.

Ҷумъа, 09 Июн 2017 10:31


Салом, СССР! Соат бо вақти Панҷакент 10:00 дақиқа. Ба «Амонатбонк»-и ш.Панҷакент бо корти бонкӣ барои гирифтани 100 сомонӣ маблағи дар ҳисобам буда рафтам. Чун одати пешина банкомат кор намекард. Қатори дигарон дар навбат истодам. Чун навбатам расид, хазинадор-Вафоқул ба яке «ҳоҷӣ дар навбат наистад!» мегуфту ба дигаре «ҳоҷибибиро мунтазир накунем!». Азбаски ман ҳоҷигиро унвон намедонам, хомӯш меистодам. Чандин кас бе навбат соҳиби маблағ шуд. Ҳатто ёру рафиқонашро ба пушти сараш мехонду корашонро иҷро мекард. Чун ба ман эътибор надод, назди раиси филиал даромадам. Вақте аз назди ӯ баромадам, ба ман гуфт: «Ҳой, раисшинос, ба болотар рафта арз кун, ман дар ин ҷо шоҳаму табъам вазир!» Оё бо ин хулқ дар ин корхона кор кардан ҷоиз аст? Ин даргоҳест, ки асосан ба беморону пирон сарукор дорад.
Дар ш.Панҷакент касе, ки кӯр-кӯрона ба ҳаҷ меравад, обрӯи бештар дорад. Оё ҳоҷиён соҳибимтиёзанд?


Исмоил, ҳоҷии 2-каратаи галстукдор,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент, тел: 92 895 05 55

Ҷумъа, 09 Июн 2017 10:27


Аз эҷодиёти солҳои 90-уми Низом Қосим-ҳозира роҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон:
… Мардум ба Елсин,
Мекунад таҳсин,
Мардум ба Собчак,
Мезанад чак-чак…
Ин шеър дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» замоне чоп шуд, ки аввалӣ Роғунро монеъа гашта буду дуввумӣ митинги Шаҳидонро тарафдор. Ҳоло бошад, Низом Қосим Усмони Сабз барин мардони фарҳангии миллатро аз сафи ИНТ хориҷ мекунад. Аҷаб дунёе!


Ҷалолиддини Сафарзод,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Темурмалик

Ҷумъа, 09 Июн 2017 10:15


Узви Ихвон-ал-СССР, Додарбек Усмонов, нафақагир аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба СССР занг задаву гуфт, ки ҳамин дар ёдам омад, ки 25-26 сол пеш дар Тоҷикистон Қадриддин Аслонов кушта шуда буд. Аммо номаълум, ки ӯро кӣ кушт? Дар газетаи кишвар оид ба рӯзҳои вопасини Қадриддин Аслонов-муаллифи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳоро зиёд мехонем. Он аблаҳоне, ки ӯро бо азобу шиканҷа ва таҳқир қатл кардаанд, Худованд ҷазояшонро дод. Рӯҳу арвоҳи Аслонов шод бод, ОМИН! Аз шумо хоҳиш дорам, ки дар бораи чӣ тавр ва аз ҷониби кӣ кушта шудани Аслонов ягон матлабе нависед ва аниқ кунед, ки қотили Аслонов кӣ буд???

саҳ 11 аз 18
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase