ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 08 Июн 2017 13:09


8.06.1918.Дар Маскав таҳти роҳбарии Феликс Дзержинский аввалин Конфронси умумирусиягии Комиссияҳои фавқулодда (ЧК) ба кор сар кард.

Панҷшанбе, 08 Июн 2017 13:06


Ё худ чӣ тавр 50 нафар фиреб хӯрд?

Панҷшанбе, 08 Июн 2017 13:04


Дар газетаи мардумии СССР (27.04.2017) мақолаи Собир Тӯйчиев аз ноҳияи Сарбандро бо номи «Ҷанги мо аз берун буд!» хонда, хеле ҳайрон шудам. Ӯ гуфтааст: «Аввал ин ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 на аз ҷониби муллоҳо оғоз шуд, балки нақшаи пешакие буд, ки берун аз Тоҷикистон шурӯъ шуда буд… Дар ин боб китоби Аслиддин Соҳибназаров «Субҳи ситоракуш»-ро хонед».
Аз муҳокимарониҳои Тӯйчиев маълум шуд, ки ин шахс дар бораи ҷанги шаҳрвандии соли 1992-97 камтар маълумот дорад. Боз маслиҳат додааст, ки китоби А.Соҳибназаровро гирифта хонем будаст. Тӯйчиев дуруст намедонад, ки худи Соҳибназаров кӣ буд? Вагарна чунин маслиҳат намедод. Яке аз ташаббускорони асосии ҷанги шаҳрвандӣ ҳамин Соҳибназаров буд. Мардум ӯро «фолбини Тоҷикистон» номида буданд.
Гунаҳкори асосии ҷанги шаҳрвандӣ муллоҳо ва эшонҳои машҳури Тоҷикистон буданд, ки дар майдони ба ном «Шаҳидон» гирдиҳамоии 53-рӯзаро ташкил карданд. Тӯйчиев таъкид кардааст, ки ҷанги шаҳрвандиро хориҷиён сар карданд. Оё одами оқил гапи шахси ҷангандозро мегирад? 1 шахс гӯяд, ки худро аз ҷарӣ парто, оқил одам худро аз ҷарӣ мепартояд? Ҳаргиз не!

Ҷанги мо аз дарун буд!
Хотиррасон мекунам, ки инҳо гунаҳкорони ҷанги шаҳрвандӣ буданд: Саид Абдуллои Нурӣ, Эшони Саидашраф, эшони Алломаи Турсунзодагӣ, Ҳоҷӣ Акбар, эшони Қиёмиддин, Ҳоҷӣ Мулло Абдуғаффори қаллоб. Инчунин аз демократҳо: Давлат Худоназаров, Шодмон Юсуф, Тоҳири Абдуҷаббор, Қадриддин Аслонов, Мақсуд Икромов, Раҳим Мусулмониён, Аслиддин Соҳибназаров.
Магар ин шахсони номбаршуда муллою ба ном «демократ» набуданд? Маҳз ҳамаи инҳо барои мансаб, мардумро аз музофот ба майдонҳо оварда, барои Тоҷикистонро давлати исломӣ кардан ҷанги шаҳрвандиро сар карданд. Мардуми аз сиёсат покиза бехабарро ба майдони «Шаҳидон» даъват карда, гирдиҳамоии дарозмуддат ташкил намуданд.

Фатвоҳои одамкуш
«Нони муаллим ва коммунист ҳаром, коммунистон ва муаллимонро ҷаноза накунед, онҳо кофир, фарзандони аз 3-сола болои онҳоро кушед, зани муаллимро беникоҳ гиред!!!» гуфтагиҳо киҳо буданд? Ин фатвоҳои муллоҳо, эшонҳои беимонро халқ аз забони нотиқони майдони «Шаҳидон» бо 2 гӯш шунидаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯзи Тоҷикистон тибқи ҳисоб 150.000 шаҳрванд кушта шуда, 55.000 писару духтарро кӣ ятим кард? Ҳамаи ин бадбахтӣ маҳз ҳамин муллоҳои мансабпараст, худобехабар ва исломистон буданд. Аз ҳама гуноҳи азим одам куштан аст, хоҳ вай мусулмон бошад, ё ғайри дини ислом. Касе, ки 1 бор калимаи шаҳодат бар забон ронда бошад, ӯ мусулмон аст. Кӣ мусулмон аст, кӣ кофир, танҳо Худо худаш медонад, банда намедонад! Касе, ки шахсро кофир ҳукм мекунад, ба корхонаи Худо даст дароз кардагӣ мешавад, худро гунаҳгор мекунад. Аз соли 1978 Саид Абдуллои Нурӣ тарҳи табаддулоти Тоҷикистонро кашида буд. Агар СССР барҳам намехӯрд, мушти Рустамонаро ин табаддулотчиён аниқ бар фарқи сар мехӯрданд.


Хайрулло Олимов,
муаллими мактаби №58, н.Ҳисор




Панҷшанбе, 08 Июн 2017 13:04

Панҷшанбе, 08 Июн 2017 13:00

Панҷшанбе, 08 Июн 2017 12:30


Аз ин ба баъд маъмурони милиса дар Тоҷикистон ҳаққи доштани шаҳрвандии кишвари дигарро надоранд ва дар сурати ифшо шудан, ин кормандон билофосила аз кор барканор мешаванд. Дар иҷлосияи 7 июни Маҷлиси намояндагони ҶТ, ба қонун "Дар бораи милиса" тағйирот ворид шуд, ки тибқи он, фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, ашхоси бидуни шаҳрвандӣ ва душаҳрвандӣ дар ниҳодҳои умури дохилаи кишвар, мамнӯъ шуд. Ин тарҳро дар порлумон Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, муаррифӣ кард. Аз ин қабл, дар моҳи декабри соли 2014 дар Тоҷикистон санаде тасвиб шуд, ки бар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бо ду шаҳрвандӣ, ҳаққи фаъолият дар вазорати умури хориҷаро надоранд. Дар моҳи ноябри соли 2016 чунин мамнӯъият дар нисбати кормандони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон, ҷорӣ гардид. Тибқи бархе аз иттилоъ, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки давоми 20 соли охир шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд, аз 300 то 500 ҳазор нафар унвон мешавад.

Панҷшанбе, 08 Июн 2017 12:25


Ҷӯрахон Маҷидзода, вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд, гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ҳамарӯза ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мазмуни пайвастан ба ин гуруҳ, бештар аз 90 ҳазор SMS-паёмак мефиристад. Маҷидзода дар ин бора 7 июн дар ҷаласаи навбатии порлумонӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай, айни ҳол дар Тоҷикистон қариб 3 миллион корбари шабакаи Интернет мавҷуд буда, зиёда аз 80 фоизи онҳо ҳадафмандона ва ё ғайриихтиёр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба маводи дорои хусусияти террористӣ дастрасӣ пайдо менамоянд. Мавсуф гуфт, моҳи декабри соли гузашта дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва тундгароӣ қабул шуд, "зеро террористон технологияи муосирро бо ҳадафи таблиғи ақидаҳояшон истифода ва афроди навро ба сафи худ ҷалб мекунанд".

Чоршанбе, 07 Июн 2017 14:01


Додгоҳи вилояти Хатлон Расулҷон Бухориев-сокини ҷамоати деҳоти Дӯстии н.Ҷайҳун (Қумсангир)-ро барои он ки дар саҳифаи сайти интернетии «Одноклассники»-и худ беш аз 10 акси парчами ДИИШ-ро гузошта, ақидаҳои "Давлати исломӣ"-ро дастгирӣ мекардааст, ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. "Бухориев Расулҷон бо он ки фаъолияти равияи "Салафия" ва гуруҳи "Давлати исломӣ" дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ ва ҳатто террористию ифротгароӣ эълон шудааст, аммо баъзе аз наворҳои ин созмонҳоро ба телефонҳои дигарон гузарондааст" омадааст дар баёнияи Суди вилоят.
Бухориев ҳангоми дар «Одноклассники» будан ақидаҳои ташкилоти экстремистию террористии «ДИИШ»-ро пазируфта, баъди қабул намудани ин ақидаҳо бо мақсади ташвиқу тарғиботи фаъолияти ташкилоти барҳамдодашуда ё манъкардашуда ӯ дар саҳифаи «Одноклассники»-и худ ДИИШро пайваста таблиғ мекардааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ин ҷавон тариқи интернет ба ақидаҳои салафия гаравида, 1 барномаи телевизиониро, ки зидди сиёсатҳои кунунии Тоҷикистон намоиш пахш мекард, пайваста тамошо мекардааст.
Бухориев аввали моҳи декабри с.2016 аз ҷониби КДАМ дар н.Ҷайҳун боздошт шудааст. Хонаводаи ӯ аз сӯҳбат худдорӣ мекунанд, аммо додгоҳ мегӯяд, ки вай қисме аз иттиҳомотро дар мурофиа эътироф кардааст. Судяи суди вилояти Хатлон Олимзода Улфат нисбати Бухориев Расулҷон бо моддаҳои 307-1 қисми 2 ва 307-3, қисми 2 КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 7 солу 6 моҳ бо адо кардани ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш шадид таъйин намуд.
Яке дигар аз онҳое, ки имсол ба зиндон маҳкум шуд, Муҳаммадсолеҳ Бобоев-сокини ҷамоати "Бохтариён" аст, ки ӯро дар Молдова боздошт кардаанд ва ба Тоҷикистон супурдаанд. Ӯ гӯё эътироф кардааст, ки мехост, аз Молдова ба Туркия ва сипас ба Сурия биравад. Бобоевро моҳи апрел аз Молдова ба Тоҷикистон оварданд ва ӯ моҳи май 10 сол ба зиндон маҳкум шуд. Ин сокини ноҳияи Бохтар дар шаҳри Екатеринбурги Русия зиндагӣ карда, мубаллиғони ДИИШ ӯро ба домашон андохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ифротгароӣ хатари ҷиддӣ ба амнияти миллии кишвар ва Хатлон яке аз осебпазиртарин минтақаҳо дар баробари ин зуҳурот аст. Соли 2016 дар вилоят беш аз 300 парвандаи ҷиноии вобаста ба терроризм ва ифротгароӣ боз шудааст.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

саҳ 13 аз 18

Китобҳо

Flag Counter