ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 01 Июн 2017 08:19


Фотима Обидова, муаллимаи фанни забони русӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки ман аз 1 камбуди забонӣ хело азияти равонӣ мекашам. Барои чӣ забони китобҳои дарсӣ ин қадар ва то рафт мушкил шудан дорад? Набераҳои мактабхони ман вақте китобро мекушоянду мехоҳанд вазифаи муаллимаи худро иҷро намоянд, бо душворӣ супориши муаллимаро иҷро мекунанд. Ман низ азият мекашам, вақте ба онҳо кӯмак карданӣ мешавам. Зиёд  калимаҳои душворҳазми арабиро истифода бурдаанд, ки бори аввал чунин вожаҳоро мебинам. Шумо 1 бор фикр мекунед, ки аз истифодаи чунин вожаҳои мураккаб хонандаи мактаби мо ҳич вақт босавод намешавад? Хонандаро калимаҳои душворҳазм «инвалид» мекунад. Ин фақат фикри ман не, балки назару алами садҳо муаллима мебошад. Шавҳари ман ҳам муаллим асту сиёсатшинос ва гоҳе вақт калимаву ибораҳои нофаҳморо аз ӯ мепурсам ва баъд мефаҳмам, ки ин чӣ маънӣ доштааст. Аз дастандаркорон, аз ҷумла, аз Вазорати маориф хоҳиш дорам, ки эроди мо-муаллимонро ба назар бигиранд. Бо ин забони мушкил ҳич вақт хонандаи бе ин ҳам китобгурези мо босавод намешавад…

Панҷшанбе, 01 Июн 2017 08:11


Синфи деҳқонони бой дар Русия замони ислоҳоти Столипин пайдо шуду рушд кард. Дар натиҷаи ислоҳоти ӯ деҳқононе, ки бо роҳҳои гуногун соҳиби замини зиёд шуда буданд, онро ба деҳқонони дигар иҷора медоданд. Иҷорапулӣ ба деҳқонон имкон фароҳам намуд, ки заминҳои зиёдеро аз ҳамдеҳагонашон харида, ба заминдори калон табдил ёбанд.  Деҳқонони пулдор инчунин ғалларо бо нархи арзон аз деҳқонони дигар харида, зимистон ҳини қаҳтӣ онро бо нархи қиматтар ба ҳамдеҳагон мефурӯхтанд. Ин синфи навро дар Русия кулак номиданд.

Панҷшанбе, 01 Июн 2017 08:06


2.06.1917. Дар пойтахти Гурҷистон-Тифлис князи бузург Николай (амаки подшоҳи Николайи 2) ба ҳабс гирифта шуд. Ҳукумати муваққат Николайро барои исён алайҳи ҳукумат айбдор мекард.

саҳ 18 аз 18

Китобҳо

Flag Counter