ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 06 Июн 2017 12:59


Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо кормандони гумруки Мурғоб, дар дидбонгоҳи гумрукии Қизил-Арт воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи УАЗ - 469, рақами қайди давлатиаш 06 КG 725 АА таҳти идораи ронанда О. А., соли таваллуд 1969 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқомакунадаи ноҳияи Мурғоб боздошт гардид.
Чуноне ки маркази матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттиллоъ медиҳад, дар вақти гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 720 адад шишаи (0,5 литр) арақи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон тамғаи «Русская водка» дарёфт ва мусодира карда шуд. Санҷиш муйаян намуд, ки машруботи спиртии мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон М. А., ки ҳоло дар шаҳри Хоруғ муваққатан истиқомат дорад, тааллуқ дошта ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молро надоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур мувофиқи талаботи моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


СССР


Душанбе, 05 Июн 2017 14:43


Ҷаҳонбек Азамқулов-варзишгар аз ш.Панҷакент дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод сазовори ҷои аввал гардидааст. Мусобиқаи мазкур дар ш.Хуҷанд аз 19-20 май доир шуда, дар он варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат намуданд. Азамқулов дар вазни 125 кг бо шикаст додани ҳарифони худ ҷои аввалро ба даст овард.


Хуршед Фозилов

Душанбе, 05 Июн 2017 14:42

Аз додгоҳи вилояти Хатлон ба СССР гуфтанд, ки аз ҷониби додситонҳои шаҳру навоҳӣ ва додситони вилоят, аз аввали соли ҷорӣ 28 парвандаи ҷиноӣ, ки хусусияти террористию ифротгароӣ доштааст, ба онҳо расидааст. Сайфиддин Муҳиддинзода-муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, ки аз 28 парвандаи хусусияти террористию ифротгароидошта 20-тои он баррасӣ шуда, 8 парвандаи ҷиноӣ дар дасти баррасии додгоҳ қарор доштааст. Тибқи иттилои расмӣ ин афрод дар соли гузашта аз ҷониби мақомотҳои шаҳру навоҳӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо аъзои "Давлати исломӣ" тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шудаанд ва чанд нафари дигараш аз шаҳрҳои Русия баъди боздошташон оварда шудаанд. Расулҷон Раҳимов-сокини 24 солаи ҷамоати деҳоти Дӯстии н.Ҷайҳунро барои он, ки дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» беш аз 10 акси парчами сиёҳи ДИИШро гузошта, ақидаҳои ИГИЛро дастгирӣ мекардааст, барои 7 солу 6 моҳ равонаи зиндон намуданд. Тибқи иттилои додситони вилоят, дар 1 соли гузаштаи 2016 дар шаҳру навоҳии Хатлон беш аз 300 парвандаи хусусияти террористию экстремистидошта боз шудааст.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Душанбе, 05 Июн 2017 14:39


Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Қӯрғонтеппа ҷаласаи ғайринавбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Мавзӯи Шуро «Оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон дар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистидошта» буда бо маърӯзаҳои худ роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр-Азимзода Назир, прокурори шаҳр-Сафарзода Баҳриддин, сардори ШКВД дар шаҳри Қӯрғонтеппа-Исозода Набиҷон ва намояндагон аз Кумитаи амнияти миллӣ ва аз Прокуратураи вил.Хатлон баромадҳо намуда, оид ба пешгирии чунин ҷиҳатҳои характери террористиву экстремистидошта таклифу пешниҳодҳои мақсаднок намуданд. Вохӯрии гуруҳи кории мақомоти қудратӣ ва ҳукумати ш.Қурғонтеппа дар масҷиди ҷомеъ, дар маҳаллаи «Ҷалилов» барпо шуд. Ҳозирин ба сухан баромада дар бораи терроризм, экстремизм ва ба амалҳои номатлуб даст задани ҷавонон ибрози андеша намуданд.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Душанбе, 05 Июн 2017 11:13


Агар занони ҳомила ва кӯдаки ширмак дошта, хавф баранд, ки рӯзадорӣ ба саломатии худу тифлашон зиён меоварад, метавонанд, Рӯзаро шикананд ва танҳо пас аз таваллуд ё хатми ширхорагии кӯдак рӯза бигиранд. Вале агар мусофир барои гирифтани рӯза ягон душворӣ ё вазниние набинад, рӯза доштанаш беҳтар аст. Ҳар гоҳ бемор сиҳат ёфт, ё мусофир муқим шуд, ба андозаи рӯзҳои беморияш аз мусофир ба қазо доштан лозим меояд.

Душанбе, 05 Июн 2017 11:09


Ҳадиятулло Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии исломии Тоҷикистон (тел: 98 816 79 79) дар меҳмонии СССР гуфт, ки мардуми азизи кишварро бо моҳи шарифи Рамазон сидқан таҳният мегӯям. Ин муборак моҳест, ки Қуръони азимушшаън бар Муҳаммад (с) ва инчунин ҳама кутуби самовӣ нозил шуд. Ин моҳи шариф мардумро ба покизагии руҳу ҷисм ҳидоят ва қалбҳоро нарм мекунад, то ки ҳамзистиву ҳамбастагии байни инсонҳо бештару беҳтар гардад. Ҳамзамон тавассути рӯза доштан сиҳатмандии инсон комилтар мегардад. Ба таъбири дигар дар муддати моҳи шариф дунёи маънавии инсон болида шуда, ҷисмаш роҳат ёфта, қавӣ мегардад. Дар маҷмуъ, дар ин моҳи шариф сарҳади ҳаққу ботил ва ҳалолу ҳаром чун оина муҷалло мегардад, ки инсони нек онро ба чашми сар мебинад, тавассути эҳсосу идроки ботинии хеш. Аслан Худованд моҳи шарифи Рамазонро барои бандагонаш аз он ҷиҳат фарз кардааст, ки ҷисму рӯҳашон роҳат ёбад, аз фисқу фуҷур ва нобасомониҳои мухталиф. Бо раҳмати Аллоҳи зулҷалол дар айёми моҳи рамазон инсони рӯзадор дар даҳаи аввал муҷиби раҳмат ва дар даҳаи сонӣ боиси мағфират ва дар даҳаи сеюм аз оташи дӯзах наҷот меёбад. Даҳаи охир шабест барои қадр-лайлатулқадр-беҳтарини  шабҳо барои ибодат, ки бо ояти каримаи «Лайлатул қадри хайрум-миналфи шаҳр» собит шудааст.

Душанбе, 05 Июн 2017 10:57


Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ мақолаи «Мактаби фиреб, ё фиреби мактаб?» (СССР, 30.03.2017, №13)-ро, ки аз ҷониби сокинони деҳаи Обҷувози ш.Истаравшан ҷиҳати сохтмони муассисаи таълимии №50 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Бояд гуфт, ки аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷои нишаст дар деҳаи Обиҷомаки ҷамоати деҳоти Гули сурх, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 300 ҷои нишаст дар ш.Истаравшан ва сохтмони Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ барои 320 ҷои нишаст дар ш.Истаравшан идома дошта, тибқи нақшаи пешакӣ иншооти мазкур соли 2018-2019 ба истифода дода мешаванд. Маврид ба ёдоварист, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ҷиҳати сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва кам намудани теъдоди иншооти сохтмонаш нотамоми соҳаи маориф номгӯи иншооти сохташаванда аз ҳисоби марҳилаи 4-уми Фонди Саудии Рушд таҳия ва бо Ҳукумати ҶТ мувофиқа карда шудааст. Ба ин руйхат сохтмони бинои муассисаи таълимии №15 барои 240 ҷои нишаст дар деҳаи Сӯфӣ Орифи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли ш.Истаравшан ворид карда шуда, тибқи нақша сохтмони иншооти мазкур нимаи дуюми соли равон оғоз карда мешавад. Тибқи маълумот сохтмони муассисаи таълимии №50 ба руйхати иншооти сохташавандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ворид шуда, оғози сохтмони иншооти мазкур ба таъхир монда шудааст. Аз ин рӯ, истиқоматкунандагон метавонанд ҷиҳати тезонидани сохтмони иншооти мазкур ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намоянд.


А.Зарипов, сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати
маориф ва илм

Душанбе, 05 Июн 2017 10:51


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Бархе сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қаламрави Федератсияи Русия худро на Тоҷик, балки помирӣ муаррифӣ карда, ба осиёби иғвогарони ВАОи рус об мерезанд. Мисли Нурулло Ҷумъахонов дар Санкт-Петербург! Масъулини самти идеологӣ ва маорифи ин вилоят чаро хомӯшанд? Ё дар дил «орзӯ»-и Донбасс шуданро доранд???


Акмалҷони Шариф,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан

саҳ 14 аз 18

Китобҳо

Flag Counter