ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 13 Июн 2017 16:31


Зайнура Азимова, ки директории мактаби рақами 1-и шаҳри Панҷакентро ба зима дошт,  ба мансаби муовини раиси шаҳр таъин гардид.
Дар ин бора аз Ҳукумати шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.
Мансаби муовини раиси шаҳри Панҷакент, тӯли 4 моҳ холӣ буд ва пеш аз ин Маҳбуба Ҳабибӣ дар ин мансаб фаъолият дошт.
Эҳтимоли таъин шудани Зайнура Азимова ба курсии муовини раиси шаҳрро мо дар СССР аз забони коршиносони маҳаллӣ баён дошта будем.

Сешанбе, 13 Июн 2017 09:17


Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2017, таҳти №63, сабикаҳои (хиштҳои) ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 12 июни соли 2017 сар карда, ба муомилот бароварда шуданд.
Сабикаҳои ченакии тиллои БМТ 5, 10, 20, 50 ва 100 гр. вазн дошта, дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA), тайёр карда шудаанд. Сабикаҳои ченакӣ аз ҷониби Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фурӯхта мешавад.
Чуноне ки аз шӯъбаи матбуоти БМТ ба СССР хабар доданд, барои харидани сабикаҳои ченакӣ ва бозфурӯши онҳо шахсони ҳуқуқӣ - ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи шахси ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бояд пешниҳод намоянд.
Нархи фурӯши сабикаҳои ченакиро Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин муқаррар хоҳад кард:
- нархи тилло барои 1 унсияи трой (31,1034768 грамм), ки мутобиқи қайди (фиксинги) пагоҳирӯзии Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон дар рӯзи гузашта муайян карда шудааст;
- хароҷотҳои воқеӣ барои тайёр намудани сабикаҳои ченакӣ (бо тарҳи арзиши металли қиматбаҳо), хароҷоти нақлиёт, суғурта, барасмиятдарории гумрукӣ ва ғайра.
Нархи фурӯш ва нархи бозхариди сабикаҳои ченакӣ барои ҳар рӯз бо пули миллӣ барои ҳар як намуди сабикаи ченакӣ дар алоҳидагӣ ҳисоб ва муқаррар карда шуда, аз санаи 12 июни соли 2017 дар саҳифаи асосии сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд бо “Тартиби ба муомилот баровардани сабикаҳои ченакии тилло ва нуқраи Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳо”, дар саҳифаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон (www.nbt.tj)муфассал шинос шаванд.


Душанбе, 12 Июн 2017 15:46


Беш аз 106 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷик, ки бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои буду боши кишвари Россия аз тарафи мақомоти қудратии ин мамлакат ба мӯҳлати то 3 сол воридшавиашон манъ карда шуда буд, дуобра иҷозати вурудро ба Россия ба даст оварданд. Айни замон теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия муваққатан манъ гардидааст, зиёда аз 151 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Чуноне ки хабар дода мешавад, тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи моддаи 26 банди 2 Қонуни Федератсияи Россия «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» ва  моддаи 27 ва  18.8 -и қонуни мазкур бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд ва  ба категорияи авф дохил намешаванд, татбиқ намегардад.  Вале дар муҳлати муайян онҳо низ аз руйхати  хориҷшудагон бароварда мешаванд.
Ҳамчунин, 12 ҳазору 262 нафар шаҳрвандони  Тоҷикистон бо сабаби бо роҳҳои ғайриқонунӣ гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бо  қарорҳои суди Россия ба муҳлати 10 сол депортатсия карда шудаанд. Инчунин  воридшавӣ ба Россия барои  4 ҳазору 977 нафар шаҳрвандони мо, ки  дар вақти будубош дар ин кишвар   ҳангоми ташхиси духтурон дар онҳо  бемориҳои сироятӣ, сил, ВИЧ/СПИД ва дигар касалиҳои сирояткунада   муайян карда шудааст,  ба муҳлати  якумра манъ карда шудааст.

СССР

Душанбе, 12 Июн 2017 14:00


Ҳукумати кишвар бо 2 қарори худ соҳаи туризми мамлакатро аз тобеияти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷудо намуда барои равнақи минбаъдаи ин соҳа Кумитаи рушди сайёҳиро таъсис дод. Қарори вежа дар бораи таъсисёбии кумитаи нав 27.06.2017 ба тасвиб расида буд. Бино ба иттиллои ба даст расида, штати кории Кумитаи рушди сайёҳӣ аз 32 нафар иборат буда фаъолияти он аз ҳисоби маблағҳои буҷа дар мувофиқа бо вазорати молияи ҷумҳурӣ амалӣ хоҳад ёфт. Инчунин, ба раиси кумитаи имкон дода шудааст, ки ба худ 2 муовин интихоб намояд, аз он ҷумла 1 нафар муовини аввалро. Барои истифодаи хизматӣ бошад ба кумитаи нав 4 адад автомашина ҷудо карда шудааст. Дар муддати 2 моҳи оянда, кумитаи рушди сайёҳӣ тамоми ҳуҷатгузорӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолияти хешро аз сари нав дида баромада бояд барои илова намудани тағийротҳо пешниҳодҳои мушаххас ирсол намояд. Ҳамчунин, кумита муваззаф аст, ки дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳири Тоҷикистон низ намояндагиҳои худро боз карда ба кори воқеӣ шурӯъ намояд. Ҳанӯз маълум нест, ки кӣ раиси ин кумитаи нав интихоб хоҳад шуд, аммо ҳолдонҳо ҳадс мезананд, ки ба курсии раисии ниҳоди нав шояд Сомони Эмомалӣ, писари хурдии президенти кишвар низ бишинад.


СССР

Душанбе, 12 Июн 2017 13:28


Рӯзи 3.06.2017,  тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ба самти ҷамоати шаҳраки Сомониён, дар ҳудуди деҳаи Табибони н. Рӯдакӣ, писарбачаи 2-солаи сокини деҳаи зикргардидаро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Бо рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ, муттаассифона, писарбачаи хурдсол, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Чуноне ки дар дафтари матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР гуфтанд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи фирории автомашинаи тамғаи “Портер”, марди 31-солаи сокини н. Рӯдакӣ дастгир гардид.  Айни замон дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома дорад.


СССР


Душанбе, 12 Июн 2017 11:47


Имрӯз расо соати 10:50 дақиқа бо вақти Душанбе ҳавлопаймои ширкати давлатии ҳавопаймоии "Туркманистон" дар фурудгоҳи Душанбе нишаст. Он парвоз дар 25 соли Истиқлолияти Тоҷикистон бори якум сурат гирифта, характери техникӣ дорад. Бо ин парвоз наздики 100 нафар зиёиёну тоҷирон ва масъулин аз доираҳои кории Туркманистон ба Душанбе омада, имрӯз дар 1 ҷаласаи муштарак ҳамкориҳои ояндаро баррасӣ хоҳанд кард…

Душанбе, 12 Июн 2017 10:48


Санаи 27-28 майи соли равон дар ш.Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонони соли таваллуди 2001-2003 бахшида ба «Соли ҷавонон» доир шуд. Аз ш.Панҷакент 6 нафар гӯштингир дар ин мусобиқа ҷойҳои намоёнро ишғол кард. Темиров Руслан дар вазни 85 кг, ҷои якум, Аҳмадҷони Аскар дар вазни 76 кг, Оқилҷони Бобомурод дар вазни то 69 кг ва Бобоев Алишер дар вазни 100 кг ҷойҳои дуюмро соҳиб шудаанд. Ҷои 3-юм дар вазни 100 кг ба Шодиев Сулаймон ва дар вазни 85 кг ба Ардамеҳри Рустам насиб шудааст. Дастоварди гӯштингирони Панҷакент дар ҳолест, ки ин ҳама ғолибиятҳоро на ягон намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ва на ягон намояндаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ш.Панҷакент дастгирӣ ва қадр накард. Ба замми ин ба варзишгарон на раҳпулӣ додаанду на маблағи ҷои хоб. Мураббиёни ин варзишгарон Ҳасанов Саъдулло, Бобомуллоев Улуғбек, Ҳасанов Зоир ва Раҷабов Шариф тӯли солҳост, ки шогирдонро тарбия мекунанд, лек баъзе аз онҳо изҳор медоранд, ки аз рӯи қоида бояд пас аз соҳиби ҷои аввал шудани шогирд маоши мураббӣ ба андозаи аз 10 то 30% зиёд карда шавад. Аммо мегӯянд онҳо, соли гузашта низ чанд шогирдонамон ҷои аввалро гирифтанд, вале маоши мо зиёд нашуд, ки нашуд. Ба мусобиқаҳо меравем, мураббиёни гӯштингирони дигар шаҳру навоҳӣ варақаи сафархидматии (командировочный)-ро мӯҳр мезананд. Вале мо нигоҳ карда мешинем. Барои мо на сафархарҷӣ медиҳанду на маошамонро зиёд мекунанд.
Некрӯз Кенҷаев-мудири навтаъини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ш.Панҷакент вобаста ба масъалаи мазкур гуфт, «чанд нафар варзишгароне, ки ба мусобиқа рафтаанд, бе мувофиқа бо мо рафтанд. Аз ин рӯ, аз рафтану омадани онҳо мо хабар надорем. Аммо ҳамеша мекӯшем ва омодаем бо варзишгарон ҳамкорӣ кунем. Вале мо варзишгаронро ҳамеша дастгирӣ мекунем».
Дар ҳамин ҳол коршиносони соҳаи варзиш мегӯянд, солҳои пешин нисбатан варзишгарони панҷакентӣ натиҷаҳои назаррасу дастовардҳои шоён нишон медоданд. Соли 2017 бо ибтикори президенти мамлакат «Соли ҷавонон» эълон шудааст ва агар масъулини соҳаи варзиши Панҷакент воқеан мехоҳанд варзишгарон дастовардҳои назаррас дошта бошанд, бояд ҳамкорӣ ва дастгирии онҳоро фаромӯш насозанд.


Хуршед Фозилов,
Панҷакент, махсус барои СССР

Душанбе, 12 Июн 2017 10:38


Ҳунарманди маъруфи Тоҷик, Ортиқ Қодир дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, 1 нафар чанд шумора пеш дар газетаи СССР навишта буд, ки гӯё бобои Сангак дар майдони Озодӣ маро 1 мушт зада бошад. Аммо тамоман ин хел гап набуд ва ин нисбати ман тӯҳмат аст! Гап сари ин аст, ки вақте бобои Сангак маро ба кабинети Карпов-мухбири махсуси “Известия” барои сӯҳбат бурд, наздаш гуфтам, ки “Тоҷикистон ҳоло мисли қуттии борут аст. Аз берун қувваҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ин борутро гӯгирд зананд. Вале мо бояд ҳар 2 майдонро 1 кунем. Агар ин кор шавад пирӯзии миллат аст!”. Ҳатто шоҳидони сӯҳбати мо имрӯз низ дар қайди ҳаётанд. Бобои Сангак маро ба он хотир даъват кард, ки гӯё ман ба майдони Шаҳидон шомил шудаам. Аслан ин тӯҳмати онҳоест, ки маро ба Сангак сиёҳ карда буданд. Ҳатто то назди бобои Сангак рафтану аз пеши ӯ баромадан ҳам, кампиракону мӯсафедони майдони Озодӣ аз ҷо бо эҳтиром хеста, сари 1 пиёла чойи дастурхон даъват мекарданд. Чунин сияҳкорон дар ҳама давру замон ҳастанд. Аммо бало ба пасашон!

саҳ 9 аз 18

Китобҳо

Flag Counter