ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 12 Июн 2017 10:33


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар бораи танзим 1 пешниҳод дорам. Ҳар 1 соҳиби маърака 10 рӯз пеш аз чорабинӣ оид ба ӯҳдадории шаҳрвандӣ барои риояи қонун ҳуҷҷатҳояшро тавассути нотариус дуруст кунад. Агар баъди ин ягон камбуде шавад, дар назди қонун худи ӯ ҷавобгар аст…


Асрор Ғаффуров,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Конибодом, тел: 92 928 44 98

Душанбе, 12 Июн 2017 10:32


Салом СССР-и гиромӣ ва мардумӣ! Ҳоло дар ҳар 1 қадам УЗИ пайдо шуда, вале нархи онҳо аз якдигар фарқ доранд. Масалан, дар деҳаи Бунгакиён н.Файзобод УЗИ барои дидани гурдаҳо 5 сомонӣ аст. Дар ҶДММ «Маснавӣ ЛТД» бошад аз ман барои УЗИ кардан 27 сомонӣ гирифтанд. Дар беморхонаи «скорий» бошад 20 сомонӣ додам. Охир, ин нархномаҳоро аз куҷо мемонанд? Барои чӣ аз болои онҳо ягон нафар назорат намекунад? То кай аз ҳисоби халқи камбағалу бечора, аз ҳисоби бемороне, ки худ ба 1 сомонӣ зоранд, ҷиғилдон пур мекунанд? Дар давоми 2-3 дақиқа кисаҳоят холӣ мешаванд. Боз раҳмат ҳам мегӯӣ! Солҳои пеш ҳамин УЗИҳо набуданд ва бе инҳо ҳам ташхисро муайян мекарданд! Аҷибаш он аст, ки вақте ҷавоби 1 УЗИро назди табиб мебарӣ, мегӯяд, «ин УЗИ дуруғ аст, назди фалон УЗИ рав». Аз ин бармеояд, ки УЗИи мехостаи ӯ шояд аз ягон хешу табораш аст. Хуллас, дар ҳама ҷо дуруғ, фиреб, мардумозорӣ ва мафия дар авҷ. Ин табибони фиребгар-шогирдони Синои бузург фикр намекарда бошанд, ки фардо чӣ ҷавоб медиҳанд? Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ин хусус чӣ мегӯяд? Бигзор табибон аз ин пас на ба Гиппократ, балки ба модарашон савганд ёд кунанд.


Ғуломалӣ Асоев,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод

Душанбе, 12 Июн 2017 09:54


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР-Ҳоҷӣ Абдуллоев, сокини пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, аз вожаи маъмули «квитансия» мо мефаҳмидем, ки пардохти пули ягон корхона ё шахсони воқеӣ ба идораи дахлдор гузаронида шуда, ифодаи хешро пурра анҷомшуда меҳисобид. Вақтҳои охир ба ҷои «квитансия» вожаи «расид»-ро ба кор мебаранд. Аммо чаро «расид»? Чӣ расид? Албатта ҷавоб тайёр. Пул расид. Пули чӣ расид? Пули пардохти ин ё он хизмат ба нишонаи хизматгузор. Ин ҷо вожаи «расид» нопурра аст. Ба фикри банда агар ба ҷои «расид» «пардохтпулӣ», «пардохтнома» ё «пардохтхат» мегуфтему менавиштему мехондем, мантиқи «квитансия» пурра фаҳмида мешуд. Аз ин рӯ, аз дастандаркорони идораҳои дахлдор эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ҷои вожаи «расид» (чӣ расид, чӣ нарасид), ки нопурра ва нофаҳмост, вожаҳои «пардохт» ва амсоли онро истифода бурдан айни мудаост. Бигзор дигарон ҳам ба ин баҳс ҳамроҳ шаванд.

Душанбе, 12 Июн 2017 09:47


Узви Ихвон-ал-СССР, Шамсулло Қосимов, соҳибкор аз ноҳияи Ашт ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз баъзеҳо аз норасоии кадр дар идораву корхонаҳои давлатӣ шиква мекунанд. Аммо дар асл дар тамоми соҳаҳо кадрҳои ҷавону бақувват дорем, вале аксарияташон дар хориҷа ҳастанд ва онҳоро кофта овардан даркор. Онҳо қобилияти дар ҳамаи самтҳо ҳунари кашфкунӣ ва сохтанро доранд. Гап сари ин аст, ки ба онҳо маоши дуруст бояд бидиҳем. Ба ин бояд давлат кӯмак кунад ва ба сари вазифа биорад. Аз сӯи дигар вақте кадри болаёқат ҷои по, ки наёфт, берун меравад аз пайи ризқ. Имрӯз ҳама шоҳидем, ки аксари кадрҳои шоистаи мо дар Русия муздуранд...

Душанбе, 12 Июн 2017 09:31


Дар Қуръони Карим Худованди бузург ба рӯзадорон чунин ҳушдор медиҳад: Ба шумо иҷозат дода мешавад, ки дар шабҳои рӯза ба занонатон наздикӣ дошта бошед. Онҳо либоси шумоанд ва шумо либоси онҳоед. Худованд донист, ки шумо худатонро мефиребед ва ба шумо рӯ оварду аз шумо хостори он шуд, акнун бо онҳо алоқа кунед ва он чӣ, ки Худованд ба шумо ҳукм намуда, биҷӯед.

Душанбе, 12 Июн 2017 09:18

 
Мухбир-ревизори газетаи СССР ҳафтаи 2-юм аст, ки бозорҳо ва марказҳои савдои калонтарини пойтахтро зери назар гирифта, рейдҳои хешро анҷом медиҳад. Тайи 2 рӯзи охир низ мо бори дигар аз бозорҳои «Шоҳмансур», «Деҳқон», «Саховат» ва гипермаркети «АШАН» боздид карда, нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили гӯшт, картошкаву пиёз, меваю сабзавот ва обҳои нӯшиданиро зери назорат гирифт.

Душанбе, 12 Июн 2017 09:11

Душанбе, 12 Июн 2017 09:02

Ҳавзҳои «очистной»-ро афғонҳо моҳипарварӣ кардаанду мардум дар лаби кӯли коррезӣ хона сохта, кӯдакон мариз мешаванд ва шикоят аз дигар ширкат доранд...

саҳ 10 аз 18

Китобҳо

Flag Counter