ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 19 Июн 2017 08:12


Моҳи гуноҳсӯз, моҳи баста шудани шайтонҳои ҷиннӣ ба мо омад ва моро боз бар арсаи мубориза бар нафс во гузошт, моҳи мубораке, ки «агар мусалмон бузургии онро медонист, ҳатман орзу мекард, ки 12 моҳи сол, балки тамоми умр Рамазон бошад» ба назди мусалмон омад. Омад Рамазон, аммо… Рамазон моҳи 9-ум дар гоҳшумории қамарист ва теъдоди рӯзҳояш 30-то буда, дар луғат ба маънои «шиддати гармо ва тобиши офтоб ба регистон» меояд. Рамазон мисли дигар моҳҳои қамарӣ ҳамеша дар чархиш аст. Аз ин рӯ, гоҳе Рамазонро дар сардии зимистон ва гоҳе дар гармои тобистон ва гоҳе дар фасли хазонрезу гоҳи дигар дар рӯзҳои фараҳбахши баҳорон пешвоз мегирем. Чун рӯзҳои қамарӣ нисбат ба рӯзҳои соли шамсӣ камтар аст, аз ин рӯ ҳамасола моҳҳои шамсӣ 10 рӯз пештар фаро мерасанд. Чархиши даврии Рамазон (яъне, рамазоне, ки имсол дар 27 май омад) метавонад баъд аз 36 соли дигар мувофиқ ба ҳамин рӯз ояд. Бад-ин хотир ба боварӣ метавон гуфт, инсоне, ки беш аз 80 сол умр бинаду ҳанӯз аз замони кӯдакӣ ба рӯзагирӣ одат кунад, ҳамагӣ 2 чархиши Рамазонро шоҳид мешаваду бас!

Душанбе, 19 Июн 2017 08:07


Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст-4

Ҷумъа, 16 Июн 2017 09:26


Субҳи 15 июн, тақрибан соати 3:40, дар наздикии деҳаи Ионичёвкаи ноҳияи Петровский шоҳроҳи Саратов-Нижний Новгороди Русия 1 мошини тамғаи "Хюндай Солярис” бо 5 мусофираш, ки ҳамагӣ ҷавонони тоҷик будаанд, чаппа шудааст. Тибқи иттилои мақомоти Русия дар пайи садама 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гашта, 3 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба навиштаи расонаҳои Русия фавтидагон ҷавонони 19 ва 22-сола буда, маҷруҳон аз 25 то 27 сол доранд.

Ҷумъа, 16 Июн 2017 09:16


Бо ташаббуси СССР ва бо дастгирии ҲХДТ дар вилояти Хатлон-Хайриддини 44-сола соҳиби аробачаи маъюбӣ шуд. Хайриддин-сокини ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и н.Бохтар аз кӯдакӣ ба бемории фалаҷ гирифтор аст. Ӯ аз ин бемориаш руҳафтода нашуда, табъаш ҳамоно болида аст, чун инсонест, ки бо чеҳраи хандон бо сокинони деҳ сухан мегӯяд. Хайриддин чанд вақт пеш аз ман хоҳиш кард, ки ба аробачаи маъюбӣ ниёз дорад… Субҳи 16 июн Ализода Аҳмадҷон-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вил.Хатлон ба ӯ аробачаи маъюбӣ ҳадя намуд. Аҳсан ба раиси ҲХДТи Хатлон! Мо метавонем!


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, 16 Июн 2017 08:16


Хабарнигори мардумии СССР, Шокир Наим, муаллим аз шаҳраки Ғарми водии Рашт (тел: 98 107 02 81) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки Шуъбаи алоқа-почтаи ноҳияи Рашт дар маркази Ғарм қарор дорад ва рӯзе аз назди он наздики 1000 нафар мегузарад, аммо киоск-дӯкони газетаву маҷалла надорад! Вақте бо сарвари почтаи ноҳия-Қараев Шарифҷон дар ин бора сӯҳбат кардем, вай ҳамин қадар гуфт, ки “якчанд рӯз пеш низ ҳамин камбудӣ аз тарафи Вазоратамон таъкид шуд. Насиб бошад, ташкил мекунем...”. Баъд аз ин назди раиси ноҳия-Қаноатшо Лоиқов даромада, барои кушодани 1 киоск дар маркази Ғарм ариза пешниҳод кардам... Ҳайронам, ки барои чӣ то аз боло супориш нашавад, сардорони муассиса аз пеши худ ягон масъулият ҳис намекунанд? Ман ҳамасола дар нашрияи “Омӯзгор”, “Садои Шарқ” ва “Оинаи Рашт” шахсан обуна мешавам ва ҳамеша сари вақт дастрас мекунам. Аммо ба маълумоти Қараев мерасонам, ки шумораҳои №11 ва №12-уми Садои Шарқ (аз соли 2015)-ро хонандагон дар Ғарм то ҳол нагирифтаанд. Бо ин хел “тормоз”-и корӣ кай мо пешрафт мекунем?

Ҷумъа, 16 Июн 2017 08:03


Ҳоло омӯзгоре нест, ки бо қурби имрӯза 100$ маош гирад, вале ҳама проблемаро имрӯз ба сари омӯзгор бор мекунанд! Баробари моҳи сентябр ба мактаб қадам монданаш аз ӯ пули журналу чанд ҳуҷҷати дигар талаб мекунанд. Ҳафтае нагузашта омӯзгорро ба ҷари обунаи маҷбурӣ тела медиҳанд. Ҳар омӯзгор на кам аз 200 сомонӣ месупорад, вале ба ҳафтанома ё маҷаллаи дилхоҳаш обуна шуда наметавонад, чунки обуна супоришӣ аст! Пас аз он сар мешавад, фалон муаллими фалон мактаб бемор будааст, бояд ҳар муаллим бе саркашӣ пул партояд, хонаи фалонӣ сӯхтааст, пул ҷамъ кардан зарур, кино меомадааст, курсҳои такмили ихтисос… Хуллас, рӯзе нест, ки аз омӯзгор пул наситонанд. Бар болои ҳамаи ин дар ш.Панҷакент картошкашинониро фронти зарбдор эълон карда, омӯзгорро маҷбур намуда истодаанд, ки барои хариди тухмӣ 100 сомонӣ супораду худ ба картошкакорӣ машғул шавад! Масъулин амали худро «супориши боло» мехонанд! Ғайр аз омӯзгор дар ин ҷомеа дигар кас зиндагӣ намекунад?! То кай омӯзгорро таҳқир мекарда бошанд???


Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент

Ҷумъа, 16 Июн 2017 07:59


Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» баъди 10 соли ҳастӣ боз мавриди муҳокимаи умум қарор гирифт. Давоми 10 сол одамони камбизоат Қонунро риоя карданду «пояшонро чени кӯрпа дароз». Дар тӯйҳои арӯсию домодии писар, хатнасури набера аз талаботи қонун кам тӯякӣ доштанд, ҳатто тӯйро бе ҳофизӣ мегузаронанд. Баъзе ашхоси камбизоат дар хусуси хатна кардани писару набера ба духтурҳои ҷарроҳ муроҷиат менамоянд ва ба таври осону ихчам аз тӯю маърака ҷонро халос мекунанд. Ҳоло шоҳиди баъзе тӯю маросими азодории шахсони миёнаҳол, бойбачаҳо мешавед, болои хон танҳо шири мурғ намерасад. 1 сабаби болоравии нарху наво ба ҳиммати бойбачаҳо вобастагӣ дорад. Фурӯшанда чи қадаре, ки талаб намояд ин гуна одамон дар харидан ақибнишинӣ намекунанд. Ман таклиф дорам, ки монанди мамолики арабу афғон гузарондани чилу соли фавтидагон тамоман манъ карда шавад, зеро сафи онҳое, ки маросими чилу солро дар тарабхонаҳо мегузаронанд, зиёд шуда истодааст. Албатта ин чорабинӣ дар хондани дуою фотиҳа дар ҳаққи марҳум ба ҷо оварда шавад. Тӯйи домодию арӯсӣ низ ба таври содаю оддӣ ба роҳ монда шуда, дар САҲШ-и ноҳия ба қайд гиранд ва байни навхонадорон аҳдномаи никоҳ баста шавад. Ҳар қадар ба сӯи хоксорӣ роҳ паймоем, ҳамон қадар буҷаи хонаводагӣ бой мегардад. Чӣ гуфтед?


Зайнулобиддин Ҳусейнов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Ёвон

Ҷумъа, 16 Июн 2017 07:58


Узви Ихвон-ал-СССР, Рамзия Акобирова, донишҷӯ аз ноҳияи Ванҷ ба СССР занг задаву гуфт, ки ҳамин ҳоло ман дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастам ва аз газетаи СССР мақолаи «Наврӯз ва тарс»-и Сайёфи Мизробро хонда истодаам, ки бисёр бамаврид ва ҷолиб навиштааст. Сухан ин ҷо сари маршировка меравад. Инро ҳама медонист, аммо ҷуръат ва ё дилу гурдаи шерона надорем, ки ошкоро гӯемаш. Зеро метарсем, ки моро мезананд, масхара мекунанд. Гуфтаниам, бо ташкили маршировкаҳои бемаврид мо ба ҳеҷ куҷо нахоҳем расид. Бо ин қадар хараҷу мараҷ ва вақткӯркуниҳо кай донишҷӯи мо босавод мешавад? Кай студенти мо дар сатҳи муҳассилини Аврупо программист ё атомшинос мешавад? Агар Иду ҷашнҳои мо минбаъд ҳам чунин ҷараён гирад, аз донишҷӯёни мо умеди баромадани ягон олиму академик нест!

саҳ 7 аз 18

Китобҳо

Flag Counter