ХАБАРИ ДОҒ

7 легионер ва 1 немис дар мунтахаби Тоҷикистон

  • Ҷумъа, Июн 09 2017


Ҳаким Фузайлов ба мунтахаби Тоҷикистон 7 легионерро даъват кардааст, ки аксари онҳо дар дастаҳои футболи Аврупо мебозанд. Дар зимн, немиси зодаи Хуҷандшаҳр низ ба мунтахаб даъват шудааст.

Александр Ҳубер, ки агенти озод аст, дар соли 2005 дар ҳайъати мунтахаби ҷавонони Германия (U20) бозӣ кардааст. Ӯ дар Бундестим ва Бундеслига дар клубҳои калидӣ ҳунарнамоӣ карда, ҳатто боре бо клубаш бар Баварияи номӣ пирӯз омадааст. Ҳар чӣ ҳам набошад, будани футболисти Бундестим дар мунтахаб бар нафъи кор аст.
Дар зер ҳайъати асосии мунтахаби Тоҷикистонро пешкашатон мекунем, ки рӯзи 13.06.2017 ба майдон бар зидди Филиппин мебароянд:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);
Муҳофизатгарон: Александр Ҳубер (агенти озод), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Болгария), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»), Зоир Ҷурабоев (ЦСКА «Помир»);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Болгария), Нозим Бобоҷонов (СК «Баҳрайн», Баҳрайн), Умедҷон Шарипов («Машъал», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Алиев, Амирбек Ҷурабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Комрони Мирзонаҷот (ЦСКА «Помир»);
Ҳуҷумкунандаҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»).
Сармураббӣ  – Ҳаким Фузайлов

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter