ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 05 Июн 2017 10:45


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ба қарибӣ рафиқам Бобониёз Фозилов аз истироҳатгоҳи машҳури ба забони халқ «физличебница Ғӯлакандоз» баргашт. Бо чанд рафиқ ба аёдаташ рафтем, вале табъи коҳидаи ӯро дида, аз рафтан пушаймон шудем. Гумон кардем, ки рафтани мо ба хонааш ӯро парешон сохта бошад, ки гуфт: «Бо табъи болида ба табобату истироҳат рафтам, вале ба ҷои табобат ба дили озурда баргаштам, зеро на дар санатория, на дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳити Тоҷикиро мушоҳида накардам. Ҳатто духтурон ва ҳамшираҳо барои забони «ӯзбеки»-ро надонистанам борҳо маро сарзаниш карданд. Дар ягон ӯтоқ, кӯча ва бозори ин ноҳия садои радиои Тоҷикиро нашунидам. Ҳама барномаҳои телевизиони Ӯзбекистонро тамошо мекунанд. Чанд сол пеш ба Самарқанд рафтуо доштам. Рафиқонам дар хона бо забони Тоҷикӣ ҳарф мезаданд ва баробари ба кӯча баромадан бо ман ҳам бо забони ӯзбекӣ сӯҳбат мекарданд. Сабаб пурсидам, гуфтанд: «Бояд забони давлатиро эҳтиром намуд!» Аммо чаро дар н.Ҷ.Расулов забони давлатии Тоҷикиро эҳтиром намекунанд??? Чаро раиси ноҳия-Комил Салимзода дидаву дониста барои ҳифзи мақоми забони Тоҷикӣ талош намекунад?


Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, н.Панҷакент

Душанбе, 05 Июн 2017 10:42


Нафақагир, Азизмурод Лутфуллоев, сокини ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР шикояти 1 нафар холаи гиромиро аз ноҳияи Ваҳдат оид ба дастнорасии телеканалҳои ТВТ хондам, ки 100% ҳақиқат аст. Чунин мушкил дар минтақаи мо низ вуҷуд дорад! Аммо ман ин ҷо нисбати барномаву маҳсули эҷодии кормандони ТВТ-Шабакаи 1 эътироз дорам. Ҳамчун шаҳрванд ва мухлиси ТВ аз ягон телеканалҳои телевизионҳои Тоҷикистон розӣ нестам. Чаро? Зеро ягон барномаи ҷолибу диданӣ ва омӯзишӣ надорад. Бар замми ин ҳамаи шабакаҳои ТВ Тоҷик аз антеннаҳои параболӣ ғайб заданд. Оё масъулин пеш аз амал андеша кардаанд, ки бо ин кор чӣ фоида ва зарар барои фарҳанги мардум мерасонанд?

Душанбе, 05 Июн 2017 10:36


Узви Ихвон-ал-СССР, Фаттоҳ Абдулвосиев, аспиранти яке аз донишгоҳи пойтахт дар сӯҳбат бо СССР гуфт, дар давлати СССР санъати моро то ҷое, ки тавонистанд 1 зумра фарзандони миллат-Акашариф Ҷӯраев, Боймуҳаммад Ниёзов, Зафар Нозим, Ҷӯрабеки Муроду Одинаи Ҳошим, Саидқул Билолов, Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддин, Кароматулло Қурбон, Баҳодур Неъмат, Далер Назар пеш бурданд. Аммо имрӯз осмони санъати мо пур аз ситораҳои беҷилост. Ба андешаи ман вақте овозхон месарояд, аввалан бояд маънои онро дарк созад, хешро дар он ҳис кунад то ба шунаванда эҳсоси лаззат бахшад. 2 абармарди санъати Шарқ-Аҳмади Зоҳир (шодравон) ва Муъин вақте месароянд тамоми ҳастиро ба суруд мебахшанд. Маҳбубияти эшон аз ин ҷост. Ҳоло мӯд шуда, ки бештари овозхонҳои тоҷик сурудаҳое аз Ватану Миллат месароянд, лек бисёр хандаоваранд, чунки дар умқи чашми онҳо на муҳаббат ва на самимият дида намешавад.

Душанбе, 05 Июн 2017 09:42


Чанд соли қабл Тоҷикистон воқеан ҳам дар вартаи экстремизм қарор дошту ҷавонон саф-саф ба коми муллоҳои таблиғгар меафтиданд. Аммо ин ҳамаро чигуна муллоҳо аз контроли Вазорати маориф баровардаву тобеъи «илм»-ҳои ба ном «ҷиҳод» намудаанд, медонед? Вақте, ки Вазорати маориф ҳамун шабу рӯз аз уҳдаи таълиму тарбияи насл набаромад! Талаба, ки бе муаллим монд, ҳатман муаллими дигар меҷӯяд, ҳоло муҳим нест, ки ун «муаллим» дарси исломаш медиҳад, ё террор. Аммо ҳаминак баргардем сари матлаб, ки роҷеъ ба иди занги охир, ё занги камолот аст. Мову шумо ҳар кадомамон на ба ҳайси 1 муаллим, ё журналист, ё вазир ва ё падару модар, балки ҳамчун 1 инсон андешем, ҳақиқат фаротар аз саддгузориҳои мост. Ман қабл аз он ки ин матлабро нависам аз 1 тан хонандаи синфи 8 шаклу услубу орзуи ҷашнгирии занги охирашро пурсидам ва ҳатто маълумот дар бораи харҷашро ҳам. Маълумотро пешкаш кунам, ҳуш аз саратон мепарад. Ин хонанда гуфт: Масалан 1 духтари синфи 11 барои винетка аз 60 то 150 сомонӣ, барои хурду хӯрок тақрибан ба нархи миёна аз 100 то 300 сомонӣ ва агар куртаи иҷора гирӣ, шояд 100-300 сомонӣ ва барои макияжу ороиши муй дар салонҳои ороишӣ 150 сомонӣ БОЯД харҷ кунад».
Ин маълумотро мутмаинан агар кадом зани маошхӯр хонад талхакаф мешавад, вале...

Назорат лозим, на запрет!
Вале суол ин аст, ки ин харҷи бузург ба ин маъно нест, занги охирро, ки ҷашни дӯстдоштаи ҳар ҳатмкунанда аст, решакан кунем?! Бояд ТАНЗИМ кард, на решакан!!! Мутаассуф, масъулони маорифи мо ҷои ин ки ҷашнро тавассути муаллимону шӯъбаҳои маориф дар контрол гиранд, баръакс барҳамаш додаанд, ки кори бадест. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар курсӣ  муваққатист ва рӯзе мерасад, ки дар ин курсӣ нафари дигаре хоҳад нишаст ва ҷашни занги камолотро ба талабаҳо ҳатман бармегардонад! Аммо агар шумо устодон, ки дар садорати Маориф нишаставу насли ҷавонро дар соле, ки президенти мамлакат «Соли Ҷавонон» эълон кардааст, аз дӯстдоштатарин ҷашн маҳрум кардед, дар тасаввури чанд насл ба ҳайси масъулини зидди  ҷашнҳои ҷавонӣ нақши сиёҳ хоҳед баст! Самимӣ мегӯям, ҳанӯзам шонс доред муҳаббати насли ҷавонро бештар бо таҷдиди назар бобати ҳамин қарори манъи занги камолот барқарор кунед! Ин ҳам дар ҳоле ки дар тамоми кишварҳо ин ҷашн дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ҳайси мисол президенти Чеченистон Рамзон Қодиров ҳамин сол санаи 25.05.2017 дар 1 мактаби кишвараш шахсан дасти хонандаеро гирифтаву садои занги охирро баровард! Агар бовар надоред, дилхоҳ нишониро диҳед тариқи инет шахсан ба адресатон сабташро равон мекунам! МО МЕТАВОНЕМ!


Шарифхони Тағоймурод,
ш.Маскав, Русия

Аз редаксия: Рамзан Қодиров идеали кист?
Ин Бонги изтироби журналисти муқими Маскави Тоҷик барои он нашр шуд, ки масъулини ВМ барои сафед кардани амалиёти «қатъи занги камолот» аз Рамзан Қодиров-президенти Чеченистон мисол оварданд, ки гӯиё ӯ низ занги охирро манъ карда бошад. Раҷабалӣ САНГОВ ном сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ бар зидди матлаби сардабири газетаи мардумӣ-«Ману ҷавонии ману ҷавонии ҷавонони муосир» (№20(453), 18.05.2017), мақолаи тунду тезе нигошта, дар охир менависад: Иқдоми пешгирифтаи Вазорати маориф ва илми ҶТ дар бораи манъи баргузории чорабинии «Занги камолот» бо ба инобат гирифтани як қатор омилҳо, имрӯз аз ҷониби дигар кишварҳо ҷонибдорӣ шуда истодааст. Чанде пеш роҳбари Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия Рамзан Қодиров пешниҳод намуд, ки аз анъанаи гузаронидани шабнишиниҳо ба муносибати занги охир даст кашида шавад...
Вале тавре ҳама дидем, маҳз Рамзан Қодиров худаш ба мактабе омадаву Занги Камолотро навохт. Бештар аз ин, кирдори президенти ҷумҳурие, ки сатру ришро дар мактабҳои миёна иҷозат додааст, аз кай мавриди тақлиди сармутахассиси Илм ва Инноватсияи вазоратхонаи мо шудааст? Баҳс ин ҷост, ки кай президенти республикаи зертобеи дигар республика барои масъулини вазорати маорифи мо, ин бор дар симои Раҷабалӣ Сангов, шахсияти мавриди тақлид қарор гирифта бошад? Магар Тоҷикистони азизи мо шахсиятҳое надорад, ки ба ӯ тақлид кунем? Ҳамакнун дақиқ бояд кард, ки сармутахассиси ВМ ин пайкро худаш навиштаву равон кардааст, ва ё ғайр? Зеро то ҷое медонему аз забони мӯҳтарам Вазири маориф худамон ҳам шунидаем, «дар бархе маврид муаллимону мутахассисин бо журналистон ҷавобияҳои хеле тунду тез менависанд, ки қобили қабул нест!». Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

Душанбе, 05 Июн 2017 09:37

SOS: Маҳсулоти кишоварзиро қирғизҳо ғайриқонунӣ ба хориҷа мебаранду сабаби болоравии нархҳо дар бозорҳои пойтахт мешаванд...

Душанбе, 05 Июн 2017 09:27

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст-2

Ҷумъа, 02 Июн 2017 15:57


Исфандиёр Сафарови 63-сола, сокини деҳаи Хами Себи н.Файзобод (тел: 93 930 68 38) дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар бораи марги ромишгари маъруфи Тоҷик, раҳматӣ Кароматуллои Қурбон гуфтаниям. Ман солҳои 1991-92 дар Ёвон бо зану фарзандонам мезистам. Дар Ёвон, дар зери дасти раҳматӣ Асадулло Ғуломов ба ҳайси сохтмончӣ кор мекардам. Хулосаи гап, вақте овозаи қатли Кароматулло бо дастаи ҳунарияш дар байни мардум паҳн шуд, ҳамаро ларза гирифт. Он шабу рӯз ҳамсарам таваллуд кард ва барои тифли навзод шир лозим шуд. Дар велосипед нишаста, аз пеши химзаводи Ёвон мегузаштам, ки 1 мӯсафед пеши кӯл бо диққат чизеро нигаҳ дорад. Вақте пешаш рафтам, ки тинҷӣ бошад, мӯсафед гуфт: «Ин ҷо ҷасаде ҳаст, аммо ҷуръат надорам, ки барорам». Агарчанде, пои рости ман андак зарб дида буду ба об даромадан мумкин на, вале дилам сӯхту бо кӯмаки мӯсафед ҷасадро аз об берун кашидам. Чун чеҳраашро дидам, шинохтам, ки Кароматулло аст. Ҷасад мӯйлаб дошту дар тан куртаю шими сафед ва дар даст соат. Ҳамин дам 1 мошини сабукрав омаду наздамон истод ва аз дохилаш ҷавонбачаҳо фаромаданд. Бо ёрии онҳо ҷасадҳои дигарро ҳам аз об кофта баровардем…

Ҷумъа, 02 Июн 2017 15:51


Сокинони деҳоти Хумдон дар ҷамоати деҳоти Қизил Қалъаи ноҳияи Хуросон аз дуди сиёҳи хонаҳояшон шикоят мекунад. Ин дуди сиёҳ, ба тибқи дурбини хабарнигори СССР, аз чанд танӯри оҳакпазӣ ба фалак бархеста, минтақаро пахш мекунад. Инак, бори 2-ум аст, ки сокинони ин деҳаи ба СССР аз ин мушкил муроҷиат мекунанд. Ба қавли сокинони атроф, ҳар сол афроди алоҳидаи оҳакпаз дар баҳору тобистон дар танӯрҳои оҳакпазӣ балону резин, мазут ва зарфҳои пластикиро партофта, зери тафси он оҳак мепазанд ва аслан парвое надоранд, ки ин дуди сиёҳ куҷо меравад ва киро мекушад. Мо зидди саноат нестем, аммо сиҳатии ҷамъиятро бояд ба назар гирифт, охир! 1 сол қабл СССР ба ҳамин мазмун матлаберо зери унвони «Бо дуди оҳак мардумро куштаниянд?» чоп кард. Дар пайи ин масъулини ҳукумати ноҳияи Хуросон дар вокуниши худ навиштанд, ки «Мо дуди оҳакро санҷидем ва супориш додем, ки безарар кунанд!». Охир, чи гуна санҷидаанд, ки оҳакпазҳои Хумдон имрӯз даҳҳо карат бештар танӯр гузоштаву ҳама ҷоро сиёҳ кардаанд?

ВАО мегӯяду корвон меравад?
Ғаниев Маҳмадзариф-нафақахӯр аз ҳамин деҳа дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки соле қабл аз телеканалҳои ТВТ дар ин хусус гузориши махсус карда буданд, лек ягон натиҷа нашуд. «Ман 40 сол пеш ба ин деҳа кӯчида омада будам. Он замон 1-2 танӯри оҳакпазӣ буду он ҳам бо коҳ ва ҳезум санги оҳакро тайёр мекарданд ва ягон зарра дуд надошт. Ва касе ҳам аз кори онҳо эътироз намекард. Имрӯз оҳакпазҳо тибқи масали «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» ҳар чизе ёфтанд ба танӯрашон мепартоянд. Имрӯз ману ҳамсояҳоям ба амрози қанду қалбу фишори хун… мубталоем ва тибқи гуфтаи табибон асоси ин ҳама бемориҳо дуди сиёҳи оҳак аст. Мехоҳем, ки ба бемористонҳои пойтахт равему табобат гирем, аммо шароити молӣ надорем…».
Даҳшати ин мушкили сунъӣ дар Хумдон то ҳаддест, ки сокинон саҳар аз хоб мехезанд, биниву лабонашон аз дуди оҳак сип-сиёҳ шудаанд. Ба гуфти бобои Маҳмадзариф, соли гузашта 1 сокини деҳа роҷеъ ба ин мушкил бо хабарнигоре мусоҳиба дод, аммо ӯро баъди ин сӯҳбат ончунон фишор доданд, ки дигар намедонад ба куҷо гурезад…
«Мо сокинон аз ҳукумати маҳаллӣ, аз масъулини дахлдори вилоят хоҳиш дорем, ки танӯрҳоро ба ягон дара ва дуртар аз нуқтаҳои аҳолинишин бикӯчонанд. Мо-пиронсолон аз ин дунёи гузарон чизеро дидему зиндагӣ кардем, лекин фикри ҷавонон ва наврасонро бояд кард», мегӯяд ин пири рӯзгордида.

Масъул: Аз дуди оҳак ким мурдаст?
1 сокини дигари ин деҳа дар сӯҳбат гуфт, ки дар ин ҷамоат ҳоло 4 ширкат ба оҳакпазӣ машғул буда, ҳар яке то 2-3 танӯр дорад ва сокини атрофи Хумдон аз субҳ то шом дуди сиёҳро нафас мекашанд. Роҳбари 4 хумдон дар ин наздикӣ хона надоранд ва бепарвоянд, ки дуди сиёҳи оҳак киро мекушад? Даҳшатовараш ин аст, ки дар наздикии дарё барои наврасон осоишгоҳ-лагери «Соҳил»-ро таъсис додаанд ва атфоли мардум аз субҳ то шом фақат дуд нафас мекашанд. Шаб хоб рафта, саҳар мехезанд, бинияшон аз дуди оҳак маҳкам шудааст. Мақомоти ноҳия аз хумдонҳои сунъӣ 100% дарак доранд, аммо хомӯшанд. Ба гумонам, фоидаи оҳак ба онҳо низ мерасида бошад? Ба масал, «бой кабоб мехӯраду бечора дуди кабоб!»


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

саҳ 15 аз 18

Китобҳо

Flag Counter