ХАБАРИ ДОҒ

Облаваи мӯсафеди 62-сола!!!

  • Чоршанбе, Нояб 21 2018

Узви Ихвон-ал-СССР, Бобомурод Раҷабови 62-сола, сокини деҳаи Саричанори Поёни ноҳияи Ваҳдат (тел: 919 78 08 00) бо чашму рӯи варам ва сахт латхӯрда, лангида-лангида дари СССРро кӯфт. СССР ӯро дар меҳмонхонааш пазируфт ва дардашро гӯш кард. Меҳмон бо чашмони пурнам гуфт, «бовар мекунед, ки маро облава карданд?». Коллективи СССР дар ҳайрат монд ва аз ӯ хостем, воқеаро ба тафсил бигӯяд.
Раҷабови 62-сола гуфт:
-Солу санаи таваллуди ман 2.03.1957 аст! Торикшаби рӯзи шанбе (10.11.2018) вақте аз хонаи рафиқам баромада, ҷониби хонаам равон будам, 1 гурӯҳ дар роҳ аз мошини рангаш сиёҳи «ВАЗ-2106» ва «Опел» фаромада, аз дастонам қапида, бе салому алейк ва пурсишу посух, бо ҳақорату дашномҳои хело вазнини «очаатро фалон кунам!» маро бо мушту лагад кӯфта, мегуфтанд, ки «чаро ту аз аскарӣ мегурезӣ? Чаро хизмат намекунӣ?».
 Ҳамин қадар мегуфтам, ки «э бачаҳо, охир, ман ҷавон нестам, шумо хато кардаед! Ман ҳамсоли падаратон ҳаст», аммо ҳамоно суханҳои худро такрор карда, маро то даҳани дари мошин, рӯи асфалт кашида-кашида ва ба рӯву даҳону сарам кӯфта-кӯфта, бурданд. Он шаби наҳс дар сарам шапка буду дар танам ҷинсу куртка (бояд қайд кард, ки ин мӯсафед лоғарандоми газгушт асту дар торикӣ чун ҷавонон менамояд-ред).
Тифоқо шапка аз сарам афтиду яке аз онҳо рӯямро нигариста гуфт, ки «эҳ, инро сар диҳед, ки мӯсафед будааст!».


 Онҳо маро дигар ба ҳоли худ гузоштанду ба мошинҳо савор шуда гурехтанд. Аммо охир маро маъюб карданд-ку!!! Марҳамат, бинед, тамоми аъзои баданам аз зарбу лати онҳо хуншор ва кабуд шудааст. Вақте фардояш ба ҷамоат рафтам, он ҷо «участковый» низ ҳузур дошт ва ҳамроҳи раиси ҷамоат ош мехӯрданд. Ба онҳо шикоят карда, воқеаро нақл кардам. Онҳо гуфтанд, ки «ба куҷое муроҷиат мекунӣ кардан гир, аз дастат чизе намеояд!».
Вақте бо мани мӯсафед чунин рафтор кунанд, пас бо ҷавонҳо чӣ кор мекарда бошанд???

 

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter