ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 20 2020

 

9 Май дар собиқ СССР ва ҳатто баъди азҳампошии он ҳам, чун Рӯзи ғалаба бар фашизми олмонӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо дар Аврупо ин ҷашнро як рӯз қабл-8 Май ҷашн мегиранд. Аммо ин, ки чаро дар собиқ СССР ва Аврупо Рӯзи Ғалабро дар рӯзҳои гуногун ҷашн мегиранд, барои бисёриҳо муаммост.

 

Фоҷеаи Рейх

Дар аввали соли 1945 вазъи Олмони фашистӣ дар ҷанг фоҷеабор гардид. Ҳуҷуми Артиши Сурх аз Шарқ ва артишҳои иттифоқчиён аз Ғарб, шикасти Рейхи саввумро ба як воқеъият табдил дод. Дар ин шароит артиши олмониро як хараҷу мараҷе фаро гирифу немисҳо дар соли 1945 ҳатто талафоти худро ҳам сабт намекарданд ва дар ин бобат маълумоти дақиқ то ба ҳол вуҷуд надорад.16 апрели соли 1945 Артиши Сурх амалиёти таҳоҷумии худро ба самти Берлин оғоз намуд ва баъди панҷ рӯзи амалиёт, 21 апрел аввалин ҷузъу томҳои Артиши Сурх ба қисмати шарқӣ ва ҷанубу шарқии Берлин зада даромаданд. 22 апрел дар қароргоҳи Гитлер нишасти фармондеҳони олмонӣ баргузор гардида, дар он қарор дода шуд, армияи 12-уми генерал Венкро аз фронти Ғарбӣ гирифта ба муқобили нерӯҳои Артиши Сурх равона кунанд. Ин охирин кӯшиши фармондеҳии олмонӣ барои таъсир расондан ба натиҷаи амалиёт буд. Аммо ин кӯшиш низ бе натиҷа анҷом гирифт. 25 апрел гурӯҳҳои зарбазании Артиши Сурх ба маркази Берлин баромаданд ва худи ҳамон рӯз дар соҳили дарёи Элба, нерӯҳои шӯравӣ бо нерӯҳои амрикоиҳо пайвастанд. Дар натиҷа нерӯҳои олмонӣ, ки барои пойтахташон меҷангиданд аз ҳам ҷудо гардида, иртиботашон бо ҳам қатъ гардид. Баъди ҷангҳои шадид, бегоҳии 28 апрел нерӯҳои Артиши Сурх ба наздикии Рейхстаг, маркази Рейхи саввум наздик шуданд. Субҳи  30 апрел бинои Вазорати корҳои дохилии Олмон ишғол карда шуд ва баъдти ин, роҳ ба сӯи Рейхстаг боз гардид. 

Худкушии Фюрер

Адолф Гитлер он ҳангом дар бинои зеризаминии Рейхсконселярия қарор дошт. Ба шаҳодати ҳаммаслаконаш, Гитлер дар рӯзҳои охир сахт метарсид, ки русҳо бинои зеризаминиро бо бомбҳои гази хоболуддошта бомбаборон кунанд ва ӯро асир гирифта, ба Маскав баранд ва дар қафас дар малаи диди мардум қарор диҳанд. Аз тарси ин паёмад Адолф Гитлер нисфирӯзии 30 апрел бо ҳамроҳии маъшуқааш Ева Браун ва яке аз ҳаммаслакони содиқаш Йозеф Геббелс даст ба худкушӣ зад. Бегоҳии ҳамон рӯз бошад, қисмҳои дивизияи 150-уми Артиши Сурх қисмати асосии бинои Рейхстагро ишғол намуда, субҳи 1 Май бар болои Рейхстаг Парчами Ғалаба барошуфта шуд. Немисҳо муқовимати сахт нишон медоданд ва танҳо шаби 1 бар 2 Май гарнизони Рейхстаг таслим шуд. Баъди ин, дар Берлин дар дасти немисҳо танҳо ноҳияи Тиргартен ва маҳҳалаи ҳукуматӣ боқӣ монда буду халос. Маҳз дар ин маҳалла канцелярия императорӣ қарор дошт, ки дар ҳавлии он паноҳгоҳи зеризаминии Фюрер ҷой гирифта буд.                                                         

  Шаби 1 май ба мавқеи армияи 8-уми генерал Чуйков, сардори  штаби генералии артиши пиёданизоми олмонӣ, генерал Кребс ҳозир шуд ва ба Чуйков хабар дод, ки Гитлер худкушӣ кард. Кребс инчунин хостори оташбасӣ муввақатӣ шуда, ин пешниҳодро ба фармондеҳии шӯравӣ расонид. Жуков хабари худкушии Гитлерро ба Сталин иттилоъ дода, пешниҳоди немисҳоро низ ёдовар шуд.

Сталин ба оташбасӣ муввақатӣ розигӣ надод ва талаби таслими бе чуну чарои немисҳоро хостор шуд. Немисҳо талаби фармондеҳии шӯравиро дар мавриди таслими бе чуну чаро рад карданд ва ҷанг аз нав идома ёфт. Аммо немисҳо дигар қудрати муқовимат бо Артиши Сурхро надоштанд ва 2 май тариқи радио ба ҷониби шӯравӣ муроҷиат карда, ба таслим розӣ шуданд. Соати 6-и субҳи 2 май, фармондеҳи мудофиаи Берлин генерал Вейдлинг бо ҳамроҳии се генерали дигар аз хатти фронт убур карда, ба нерӯҳои шӯравӣ таслим шуд. Баъди як соат дар штаби армияи 8-уми гвардиягӣ, Вейдлинг фармони таслими бе чуну чароро навишт ва ин фармон тавассути балангӯякҳо ва радио дар фазои Берлин пахш гардид. Баъди ин, муқовимати немисҳо дар маркази Берлин қатъ гардид ва то охири рӯзи 2 май, нуқтаҳои боқимондаи муқовимат низ торумор карда шуданд.

Садоқати Эйзенхауэр

Аммо бо худкушии Фюрер ва тасарруфи Берлин ҷанг ҳоло ба поёни худ нарасида буд. Ҳукмати нави Олмон, ки сарварии онро дарёсолори бузург (гросс-адмирал) Карл Денитс ба ӯҳда гирифта буд қарор дод, "немисҳоро аз Артиши Сурх наҷот диҳад". Тибқи ин қарор, артиши немисӣ мебоист муқовиматро дар Фронти шарқӣ идома дода, аҳолӣ ва нерӯҳои низомиро ба Ғарб интиқол медод. Дар Ғарб бошад, немисҳо мехостанд ба иттифоқчиён таслим шаванд. Аммо немисҳо медонистанд, ки тибқи созишнома миёни СССР ва иттифоқчиён касе таслими бе чуну чарори онҳоро дар Ғарб намепазирад. Бинобар ин, қарор дода шуд таслимҳои хурд-хурд, дар сатҳи гурӯҳи армияҳо ва поинтар анҷом дода шаванд.                                                            Ҳамин тариқ, 4 май гурӯҳи армияҳои немисӣ дар Ҳолланд, Дания, Шлезви-Голштейн ва Олмони Шимолу-Ғарбӣ ба нерӯҳои генерали англис Монтгомерӣ таслим шуданд. 5 Май гурӯҳи Армияҳои "G" дар Бавария ва Австрияи Ғарбӣ ба нерӯҳои амрикоӣ таслим шуданд. Баъд аз ин, миёни немисҳо ва иттифоқчиён гуфтушунид бобати таслими бе чуну чаро дар Ғарб оғоз гардид. Аммо генерали амрикоӣ Эйзенхауэр, немисҳоро ноумед кард. Эйзенхауэр муддаӣ шуд, ки таслим ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ ба вуқӯъ пайвандад ва армияҳои немисӣ ҳамон ҷое, ки қарор доранд бояд муттавақиф шаванд.                                                           

   Ин маънои онро дошт, ки на ҳама метавонанд аз Артиши Сурх фирор кунанд. Немисҳо хостанд эътироз кунанд, аммо Эйзенхауэр ҳушдор дод, ки агар немисҳо боз ҳам вақтро кашола диҳанд, бо роҳи зӯрӣ пеши роҳи гурезагонро ба Ғарб мегирад. Баъд аз ин, немисҳо чорае ҷуз таслими бе чуну чаро надоштанд.

Чоршанбе, Апр 22 2020

Ба зодрӯзи Владимир Илич Ленин саду панҷоҳ сол пур шуд. Ин санаро ҷашн ҳисоб мекунам ва ҳамаи ҳамақидаҳоямро ба ин муносибат табрик менамоям. Зеро ман аз эътиқодмандони ақидаи Ленин мебошам. Гумон мекунам,ки агар андешаи сиёсии ӯ дар соли 1917 пирӯз намешуд,имрӯз аҳволи халқи тоҷики мамлакати мо, яъне миллати давлатдори Тоҷикистони соҳибистиқлол аз сарнавишти тоҷикони Афғонистон,курдҳои Эрон,Ироқ,Туркия ва Сурия,арабҳои Фаластин беҳтар намебуд. Чунки зимомдорони давлатҳои Туркистону Бухоро мутлақо ба тоҷикон истиқлолияти сиёсӣ ва миллиро қоил набуданду намешуданд. Давлати шӯравӣ тоҷиконро беватан накард, балки аз панҷаи ситами дигарон, ақалан як лахти замини аҷдодии моро зӯран гирифта, давлате бароямон сохт. Ба ҳаминаш ҳам раҳмат, зеро дар ҳазор соли то он ҳеҷ кас, ин корро барои мо накард ва ниёгони савлатдори мо аз ӯҳдаи ин кор набаромаданд.

Қадри ин ҳиммату талошро эҷодкорони ҳамон замони мо донистанд. Устод Садриддин Айнӣ дар навиштаҳои зиёдаш таъкид намуд ки ҳукумати шӯравӣ ҳар он чизеро, ки барои зиндагӣ ва рушди як халқ, як миллат зарур аст, ба мо дод. Шоири халқ Саидалӣ Вализода боифтихор суруд, ки:

Ленин ба мо дилдор шуд

Бар камбағалҳо ёр шуд.

Золим ҳама ҷо хор шуд,

Ленин бародар раҳнамо.

Воқеан Ленин роҳбари давлат буд, аммо ба халқ бародарвор муносибат мекард. Ин хислаташро адиби бузурги шӯравӣ А.М.Горкий нозукона зикр намудааст:”Халқ Плехановро барин (хуҷаин,соҳиб), Ленинро бародар мегуфт”.

Ман,ҳамчун муҳаққиқ ба ҳуҷҷатҳо, мактубҳо, декретҳову резолютсияҳои имзокардаи Ленин бисёр корафтода шудаам.Аз ҷумла, аз онҳо дарёфтам, ки ӯ ба сарнавишти мардуми мусулмони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Ба коммунистони рус, ки дар ин минтақа кор мекарданд, гаштаю баргашта таъкид дошт, ки ба мардуми маҳаллӣ сахт нарасанд, маданият ва эътиқодашонро эҳтиром намоянд, аз сарнавишти онҳо бепарво ва беаҳамият набошанд, ба онҳо дасти мадад диҳанд. Ленин мегуфт: бояд ҳар халқ бо забони худ давлатдорӣ кунад, мактаб кушояд, матбуот нашр кунад. Масъулияти коммунистони мусулмон дар он аст, ки онҳо ватани худро бояд барои Шарқи хориҷӣ намуна созанд, то миллионҳо нафар ҳамқавмҳои онҳо дар Афғонистон, Ҳиндустону Эрон аз онҳо ибрат гиранд. 

Дар тақсимоти ҷаҳонии охири асри 19 аввали асри 20 аз нигоҳи расмӣ Осиёи Миёна сарзамини туркӣ-тоторӣ ба ҳисоб мерафт. Гарчӣ дарк шуда буд, аҳли илм зикр мекарданд ва ба генерал губернатори Туркистон (1899) маълум ҳам карда буданд, ки  аҳолии аслии таҳҷоӣ тоҷикон мардуми эронитаборанд. То омадани мустамликадорони рус ба ин минтақа (1868) хонигариҳои Хуқанду Хива намояндаи хонадонҳои туркӣ буданд. Аллакай садҳо сол боз дар адабиёти арабу арабпарвард ин минтақа Туркистон ном бурда мешуд, ҳатто ба адабиёти ба забони мо таълифёбанда ҳам:

Тарсам нарасӣ ба каъба эй аъробӣ,

К-ин роҳ ки ту меравӣ, ба Туркистон аст.

Ҳамин навъ омилҳо буданд, ки империяи рус ин минтақаи ишғолкардаашро Туркистон номид ва ба мардумаш дар ҳамин замина муносибат дошт. Бухоро низ ба шоҳидии бузургони мо Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ аморати мангитӣ маҳсуб меёфт ва ба он ҳамчун ба мардуми ғайри эроннажод муносибат доштанд. Дар аввалҳои замони Шуравӣ ҳам чунин муносибат идома ёфт. Ҳатто бо ибтикори тоторҳо ва туркҳои усмонӣ соли 1919 кушиш шуд, ки забони расмии кишварро туркӣ гӯянд. Хушбахтона ин бадбахтиро бародарони туркману ӯзбек қабул накарданд.

Аммо В.И. Ленин дар ҳамон солҳо низ диққат медод, ки ҳақиқати этникии ин мардум муқаррар карда шавад. Ӯ соли 1918 навишт, ки ба забони бухороӣ ҳам рӯзнома бояд нашр шавад. Забони давлатии Бухоро тоҷикӣ буд ва Ленин ҳаминро дар назар дошт. Соли 1923 (моҳи июн) аснодеро ба давлатдории се халқ-ӯзбекҳо, қиргизҳо ва туркманҳо табдил додани Туркистон омухта навишта буд, ки “Барои таъсиси ин давлатҳо шитоб накарда, аввал вазъи этникии маҳалҳоро дақиқан омӯзед”. Аммо мутаассифона, соли 1924 тақсимоти ҳудуди миллӣ чунон шуд, ки ба ақидаи академик Бартолд халқи аслии таҳҷоӣ, “абореген”-ҳои ҳақиқии Туркистон эрониҳо-тоҷикҳо бе давлат монданд. 

Хайрият камтар дер бошад ҳам, бо камбудиҳои ҷиддӣ бошад ҳам, ин норасоии бузург ислоҳ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистони Шуравӣ таъсис ёфт, ки он заминаи истиқлолияти миллии Тоҷикистонро дар соли 1991 фароҳам сохт.

Татбиқи андешаҳои В.И. Ленин нафақат барои рушди фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон замина гузошт, балки бештар аз он барои ҳамчун миллат ташаккул ёфтани халқи тоҷик шароит муҳайё кард, зеро дар тӯли ҳазор соли гузашта баъди хонадони Сомониён халқи тоҷик дар давлатҳо, хонигариҳо ва мулкҳои хурду калон, ки дар ҳамааш аҷнабиҳо ҳукмрон буданд, пароканда шуда, рӯз то рӯз аз ҳам дур мешуд, ба ҳамдигар бегона мешуд, ҳатто гӯишу анъанаҳои ҳархела ба миён меомаданд.

Сиёсати давлати Ленин ин равандро боздошт ва ба самти нек баргардонд. Шояд барои ҳамин ҳам, аз ҷумла, устод Мирзо Турсунзода гуфтааст:

Авлоди башар чун ту фидокор надидаст,

Ҷон додию ҷони ҳамаи халқ харидӣ.

 

И.Усмонов, профессор нафақахур. 

 

Чоршанбе, Апр 22 2020

 

Нахустин кайҳонавард

Имрӯз қариб тамоми дастовардҳои илмии бани башар, аз алоқаи мобилӣ гирифта, то интернет ба кайҳон бастагӣ доранд. Солҳои тӯлонӣ тасхири кайҳон ба масъалаи доғи сиёсӣ низ табдил гардида буд ва асоситарин майдони рақобат миёни абарқудратҳои вақт, хусусан СССР ва ИМА ба шумор мерафт. Ва дар ин рақобат, аввалин кишвари Шӯроҳо ҳамеша як қадам аз ИМА пеш ҳаракат мекард ва аввалин шуда, кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин 12 апрели соли 1961 ба фазои кайҳонӣ баромад. 

Мушак ва таърихи он

Заминасози парвози аввалин техникаи мушакӣ гардид. Маҳз ба шарофатии мушакҳо, аввалин киштиҳои кайҳонӣ ва аз ҷумла "Восток”-и Гагарин сохта шуданд. Мушакҳо ва моҳвораҳоро мешуд ҳам ба мақсади осоишта ва ҳам бо мақсади ҳарбӣ истифода бурд. Пешгоми мушаксозӣ дар ҷаҳон немисҳо ба шумор мерафтанд. Олмон баъди шикаст дар ҷанги ҷаҳонии аввал, тибқи сулҳномаи Версал аз доштани тупхонаи дурзан маҳрум гардида, фармондеҳии олмонӣ қарор дод, силоҳи мушакиро бисозад. Олимони немис аз миёнаҳои даҳаи 20-уми қарни гузашта, ба сохтани силоҳи мушакӣ рӯй оварданд ва соли 1942 гурӯҳи кории олимони немис бо сарварии Варнер фон Браун, ба партоби аввалин мушак муваффақ шуданд. Соли 1943 бошад Олмон ба истеҳсоли саноатии мушакҳои "Фау-2" оғоз намуд. Ин мушак то 1000 кг маводи тарканда дошт ва метавонист 300 км масофаро тай кунад.                                                                                                     

  Дар авохири ҷанги ҷаҳонии дуввум ҳам СССР ва ҳам ИМА мекӯшиданд ба технологияҳои мушакии немисҳо даст ёбанд. Амрикоиҳо дар ин ҷодда муваффақтар буданд. Фармондеҳии амрикоӣ баҳори соли 1945 дар Олмон амалиёти махсусеро таҳти унвони "Скрепка" (Часпаки оҳанин) пиёда кард. Дар натиҷаи ин амалиёт "падари" саноати мушакӣ Варнер фон Браун бо гурӯҳи калони олимони немис ба ИМА интиқол дода шуд. Бо вуҷуди ин аввалин кишвари Шӯроҳо дар ин сабқат пештоз гардид. Ба андешаи мутахассисон пештозии СССР чанд сабаб дошт. Баъди анҷоми Ҷанги ҷаҳонии дуввум ИМА аз теъдоди зиёди тайёраҳои бомбафкани дурпарвоз бархурдор буд.

Чоршанбе, Апр 15 2020

 

(Ба муносибати 75-солагии ғалабаи Халқи Советӣ дар ҶБВ)

Сталин аз ҳуҷуми Гитлер хабар дошт!

Маршали Иттифоқи Советӣ Г.К.Жуков дар китоби худ ёддоштҳо ва мулоҳизаҳо овардааст:

-Бегоҳии 21 июни соли 1941 сардори штаби округи ҳарбии Киев генерал-лейтейнант М.А.Пуркаев хабар дод, ки ба назди сарҳадбонон гурезаи немис омада, иброз медорад, ки қушунҳои немис дар назди сарҳад омодагӣ доранд ва субҳи 22 июн ҳуҷумро оғоз менамоянд. Дар ин бора ҳамон лаҳза ба нарком ва И.В.Сталин занг задам.

Сталин гуфт: «Бо НарКом зуд ба Кремл ҳозир шавед!». Ӯ танҳо маро қабул кард ва дар изтироб буд.

И.В.Сталин пурсид: Гурезаро барои барангехтани зиддият нафиристода бошанд?

С.К.Тимошенко: Гуреза гапи ҳақро мегӯяд.

Ба утоқи И.В.Сталин аъзои Бюрои Сиёсӣ даромаданд. Чӣ бояд кард,-пурсиданд И.В.Сталин. Ҳама хомӯш буданд.

Ба округҳои ҳарбии сарҳадӣ амри директивӣ додан лозим, ки онҳо аз ҷиҳати ҳарбӣ омода бошанд,-гуфт нарком.

Г.К.Жуков матни телеграммаро қироат намуд.

21.06.1941. Соат ба вақти СССР 00.30 дақиқа.  Телеграмма ба округҳои ҳарбӣ расонда шуд. 

 

 Шурӯъи ҶБВ

22.06.1941. Соат ба вақти СССР 03:17 дақиқа. Фармондеҳи Флоти Баҳрӣ адмирал Ф.С.Октябрский хабар дод, ки аз тарафи баҳр шумораи зиёди самолётҳо пайдо шуданд, чӣ бояд кард? Қарори шумо пурсидам?

Қарор якто: бо оташи зиддиҳавоии флот пешвоз мегирем.

Чоршанбе, Апр 08 2020

 

Авохири даҳаи 90-и асри ХХ барои Русия як давраи буҳронӣ ба шумор рафта, ин буҳрон тамоми соҳаҳои ҳаётӣ ин кишвар ва мардумашро фаро гирифта буд.                     Дар асл ин ҳангом, Русия дар садади аз даст додани тамоми манофеъи худ қарор дошт. Дар ин кишвар ҳамаи аслҳои давлатдорӣ, аз идоракунии давлатӣ гирифта, то танзими умур ва муҳофизати шаҳрвандон халалдор гардида буданд.Тамоми аслҳои асосӣ, ки дар тӯли қарнҳо давлати Русияро ба ҳам муттаҳид мекард аз қабили адолат, ҳамбастагӣ, вуҷуди як роҳбар, ки битавонад рушди ин ду аслро таъмин кунад, аз даст рафта буданд. Одамон комилан боварӣ ба кишварашон ва ба як ояндаи некро аз даст дода буданд. Ва маҳз дар чунин шароит 20 сол қабл Владимир Путин президентӣ нави Русия интихоб гардид. Дар он интихобот ба тарафдории В.Путин 52% интихобкунандагон, ё наздики 40 миллион нафар шаҳрвандони Русия овоз доданд.

Президентбозор ё аз Горбачев то Елтсин

Михаил Горбачев соли 1990 президентӣ СССР интихоб гардид. Замони ӯ ҳодисаи аҷибе рух дод, сарварони ҳамаи ҷамоҳири собиқ СССР якбора президент шуданд.  Сари кор омадани якбора 14 президент дар як кишвар воқеъан ба таъбире "нонсенс" буд, гарчӣ аксари ин президентҳо дар асли сиёсати кишвар чандон дахил ҳам набуданд. Истисно роҳбари Русия Борис Елтсин буд ва баъдан Назарбоев ва то ҳадде Гамсахурдияи гурҷиро ба худаш ҳамроҳ кард. Елтсин баъди президеншавии М.Горбачев дар СССР, президенти РСФСР гардид. Ва рӯи рост дар баробари Горбачев алам рост кард. Даргирии ин ду, билохира бо пошхурии Шӯравӣ ба охир расид ва Елтсин ҳокими мутлақи Русия гашт, ки меросбари собиқ СССР маҳсуб меёфт.

Аз Елтсин то Путин

Замони пошхурии СССР ва сари қудрат омадани Елтсин шояд мушкилтарин давраи таърихи Русия бошад. Борис Николаевич, ки аз Вашингтон идора мешуд, комилан кишварро зери султаи ғарбиён бурд ва баъди чанде Русия ба сахттарин буҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ мувоҷеҳ гардид. Замони Елтсин соҳаи саноатӣ ва аграрии кишвар аз ҳам пошид ва давлати вақт, вазифаи муҳофизатии худ ва пеш аз ҳама ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонашро аз даст дод.

Душанбе, Март 30 2020

 21 март дар сар то сари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шудааст. Ин қарор 19 феврали соли 2010 дар 64-мин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда шуд. Дар банди 49 рӯзномаи ин ҷаласа, ки дар бораи "Маданияти дунё" ном дошт, чунин омода буд: "Ассамблеяи Генералии СММ 21 мартро чун  Рӯзи байналмилалии Наврӯз мепазирад ва кӯшиши давлатҳои баргузоркунандаи Наврӯзро дар бобати нигаҳдорӣ ва тарвиҷӣ фарҳанги Наврӯз истиқбол мекунад".   Ҳамин тариқ, Соли нави мардуми ориёитабор эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кард. Албатта, ин кор ба осонӣ ба даст намомад, зеро барои ин солҳои тӯлонӣ ва заҳмати зиёде кашида шуд.

 

Бедории табиат

Ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо як шаҳомату шукӯҳи хосае ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои соли навии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз тавалуди ҳазрати Исо (с.а) ҷашн мегиранд.Соли нави қамарӣ,ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд аз ҳиҷрати Паямбари ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хоссе доранд. Аммо ҳеҷ кадом аз инҳо, ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо соли нави ориёӣ пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст.                                                     

 Чун маҳз дар фарвардин (март) табиат аз хоби зимистониаш бедор мешавад ва мардуми ориёитабор ин бедориро Наврӯз ном ниҳода, аз қадимтарин даврони таърихи хеш ин ҷашни бошукӯҳро то ба ин рӯз зинда нигаҳ  доштанд. Наврӯз чуноне, ки аз номаш маълум аст ҷашни миллии қавми ориёист ва метавон гуфт, бузургтарин ҳадяи ин қавм ба таммадуни башарист. Таърихи Наврӯз дар асотири ориёӣ ба замони Пешдодиён мерасад ва бештари муаррихон ин ҷашнро ба шоҳи 4-уми ин сулолаи афсонавӣ Ҷамшед марбут медонанд. Дар қадимтарин маъхази мардуми ориёитабор «Авасто» низ аз ин ҷашн ёд шуда, маҳз Ҷамшед дар он, чун поягузорӣ он зикр гардидааст.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 36

Китобҳо

Flag Counter