ХАБАРИ ДОҒ

«Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе

  • Чоршанбе, Июл 19 2023

Маҳаллаи бо номи «Мардон» машҳури ноҳияи Синои пойтахт, ки аз шумори маҳалҳои серодам ва маъмули навоҳиву шаҳр мансуб меёбад, тайи чанд муддати охир симои худро куллан дигаргун сохтааст. Дар ин замина, навбати нахуст роҳҳои пиёдагарде, ки аксарашон вайрону валангор буданд, аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Ин иқдом боиси хушҳолии роҳгузарон гардид. Бунёди мағозаву дӯконҳо, дорухонаву ошхонаҳо ва дигар хизматрасониҳо ба аҳолӣ дар сатҳи намоён ба роҳ монда шудааст. Вале...

 

Ҳамагӣ 1 киоски газетфурӯшӣ

«Дӯстӣ» ном макони ин ҷо, ки анқариб қисми зиёди иншооти ба мардум хизматрасон дар ин мавзеъ ҷойгиранд, макони серодам мебошад. Ҷиҳати фароғати кӯдакону наврасон дар ин ҷо иншоотҳои дилхушиву кӯдакона, атраксионҳо фароҳам омадаанд. Назди биноҳо майдончаҳои варзишиву бозии футбол амал мекунанд. Вале айни ҳол, ки фасли тобистон асту ҳаво гарму сӯзон, бештар мардум, махсусан наврасону ҷавонон ба оббозиву шиноварӣ майл мекунанд. Аммо дар ин ҷо барои наврасону ҷавонон ҳавзҳои шиноварӣ, кинотеатру муассисаҳои фарҳангӣ мавҷуд нестанд. Аз 3 нуқтаи фурӯши нашрияву маҷаллаҳо (киоскҳо) ҳамагӣ якеаш амал менамояд. Дутои дигарро бастаанд! Бастаанд ва боз менолем, ки чаро мардум китобу газит намехонад...

 

Партовгоҳҳои бе назорат

Назди аксарияти биноҳо дар фосилаи 100-200 метр ё зиёдтар аз он партовгоҳҳо мавҷуданд. Аз чанде ин гуна нуқтаҳои партов, ки мо дидан намудем, табъамон бисёр ҳам хира гашт, зеро ҳолаташон ташвишовар аст. Партовҳо ҳар куҷо паҳну парешонанд. Илова бар ин, муддати зиёд партовгоҳҳо тоза нашудаанд, аз ин рӯ бӯйи ғализ атрофро фаро гирифтааст. Зиёд ҳам макони хароберо мемонад!

Аз бемасъулиятии бархе нафарон бармеояд, ки қуттиҳои партов холӣ гузошта шудаву мардум дар гирду атрофи он мусорашонро ҳаво додаанд. Партовҳои ҷамъшуда дар ҷӯйҳо низ, ки тоза карда нашудаанд, табъи касро хира месозад. 2 рӯзе, ки мо аз ин ҷойҳо дидан намудем, ҳанӯз ҳам он тоза карда нашуда буд.

 

Проблема дар чист?

Қаблан раҳораҳ дар зиёд маконҳо нуқтаҳои хизматрасонӣ (минҷумла фурӯши яхмос, обҳои ташнашикан, коктейл) амал мекарданд. Аммо баъди аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ гузаронидани рейд ҳамаи онҳо аз роҳ бардошта шудаанд.

Яке аз фурӯшандагони ин гуна обҳои ташнашикан, ки назди маркази савдои Ёсин фаъолият мебурд, гила кард, ки ’’кормандони милитсия бидуни шарҳе аксари фурӯшгоҳҳои сарироҳиро бастанд. Бинобар ин муддати зиёд аз кор мондем. Аммо ҳамоно бархе дар роҳу паскӯчаҳо ба фурӯши анвои гуногуни хӯрока машғуланд. Ин моро дар ҳайрат мегузорад.’’

Дар маҳаллаи «Мардон» - и навоҳии Сино ҳар сари қадам ҷойҳои хӯрокхӯриву ошхонаҳо мавҷуданд. Вале мушкилоти асосӣ ин гарон будани нарх ва дар бархе ҷойҳо ҳолати  бади санитарии онҳо аст.

 

Макони оворагардону майзадаҳо

Маркази дилхушии «Дӯстӣ», ки чанд муддат инҷониб фаъолият мекунад, шабҳангом макони аксари иштиёқдорони тарабу мастист. Ҳолати ташвишоваре, ки ба чашм бармехӯрад, вазъи майзадаҳои аз дискоклуб буруномада мебошад. Аммо ҳолати дигаре, ки аз ин дида нигаронкунанда аст, оворагардон-БОМЖҳоянд, ки беҳушу беёд дар истгоҳу роҳҳо хобидаанд...

Дар бораи дискоклуби «Дӯстӣ» бошад дар шумораҳои оянда ҳатман бештар хоҳам гуфт. Мо Метавонем!

 

Чароғакҳо ислоҳ мехоҳанд

Дар гузаргоҳи калони поёнтар аз истгоҳи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, ки аз 4 пайроҳа мошинҳо рафтуо менамоянд, барои гузаштани пиёдагардон ҳамагӣ 26 сония вақт муайян шудааст. Дар ин муддати кӯтоҳ наметавон аз 4 пайроҳа зуд гузашт. Ба ҳар ҳол то пайроҳаи охир нарасида, вақт тамом мешавад. Мардум аз ноилоҷӣ шитоб мекунанд ва ё ин ки дар чароғаки сурх роҳро убур мекунанд, ки ин албатта хатар эҷод мекунад.

 

Беҳрӯзи Сайфулло,

коромӯзи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter