ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 21 2019

Усмонов Ғуломҷон-зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар дар ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор ба миқдори калон боздошт шуд. Аз мақомоти қудратӣ бо тасдиқи ин хабар ба СССР гуфтанд, ки дар 1 амалиёти оперативӣ Усмонов бо 1 кг 930 гр ҳашиш ба даст афтодааст. Ҳоло нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, ш.Бохтар

 

Чоршанбе, Авг 21 2019

   Капитан Фаррух Иброҳимов, муовини командири баталиён оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 РҚД ВКД ҳангоми қарор доштан дар рухсатии меҳнатӣ дар зодгоҳаш ш.Конибодом баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сӯхтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова воқеъ дар маҳаллаи Ҳавзи баланд бетараф наистода, барои хомӯш кардани оташ талош кард. Афсари ҷавон, ки ҳамаги 27 сол дошт ба сӯхторхомӯшкунӣ машғул гашта, дар иҳотаи оташ ҷароҳатҳои вазнини сӯхтаи бадан мебардорад. Бо бардошти 85 % сӯхтани аъзои бадан дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

    Чуноне ки сомонаи ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳодисаи сухтор шоми 8.08.2019 сар зада, ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо амвол дар масоҳати 90 метри мураббаъ ба коми оташ меравад. Дар ин ҳодисаи сӯхтор дар баробари кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар ҳаққу ҳамсояҳо капитан Фаррух Иброҳимов барои хомӯш кардани он саъй намуда, бо мақсади наҷот додани моликияти соҳибхона ва пешгирии афзоиши зарар ҷони худро дар хатар гузошт. 

   Афсари қушунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рутбааш 2 зина боло бардошта шуда, бо рутбаи подполковник қадршиносӣ гардид. 

 

Чоршанбе, Авг 14 2019

Рафтори дағалона ва дастдарозии 1 нафар ронандаи кирокаши пойтахт нисбат ба зани раҳгузар боиси паси панҷара рафтани эшон гашт.

 Шоми 12.08.2019, тахминан соати 20:20 дақиқа 1 нафар ҷавондухтар, сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиат ва нашри маводе дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз дағалрафтории 1 ҷавонписар, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада» аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардид. Ҳамагӣ баъди 1 соати нашри муроҷиат кормандони милитсияи пойтахт зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомашинаи мазкурро муайян намуда, ронанда ва автомашинаи зикргардидаро ба Раёсати ВКД дар ш. Душанбе дастрас намуданд.     Тавре аз маркази матбуоти РВКД ба мухбири СССР хабар доданд, дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Давлатов Заробиддин Илҳомиддинович соли таваллудаш 16.06.1992 сокини н.Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навобод буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи «ВАЗ-21014» аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 мебошад. 

   Номбурда зимни пурсиш пурра ба амали содирнамудаи худ иқрор гардида, иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 12.08.2019 тахминан соати 20:20 дақиқа, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар кӯчаи Борбади ш. Душанбе аз тирезаи автомашинаи худ дасташро бароварда, қисмати рони пои чапи ҷавондухтарро қапида, рафтори дағалона намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҷавондухтарро паст задаст.

    Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Давлатов Заробиддин бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди н.Синои ш.Душанбе ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 13.08.2019 бо ҳукми Суди н.Сино барои кирдори майдаавбошӣ нисбати номбурда Давлатов Заробиддин ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуда, барои адои ҷазо ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ворид карда шуд.

 

 

Панҷшанбе, Авг 08 2019

   1 сокини ш.Истаравшан ҳамсари худро пас аз баргашт аз беморхона дар дохили таксӣ бо 10 маротиба корд задан ба баданаш ба ҳалокат расонидааст.

   Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Навобод, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 5.08.2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, аз сабаби муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсараш, зани 25-соларо, ки аз беморхонаи марказӣ ба хонааш бармегашт, дар дохили автомашинаи кирокаш (таксӣ) бо корд 10-маротиба ба узвҳои баданаш задааст. 

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

    Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

 

Панҷшанбе, Авг 01 2019

     Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 82-солаи сокини деҳаи Чилчашмаи н.Файзобод, нафақахӯр, бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд. 

   Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, номбурда, рӯзи 31.07.2019, тахминан соати 13:40-дақиқа, дар бинои масҷиди деҳаи Чилчашма аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шаҳрвандон-мардони 50 ва 79-солаи сокинони деҳаи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3 маротиба ба бадани марди 50-сола ва 1 маротиба ба гардани марди 79-сола задааст.

    Дар натиҷа, марди 79-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

 

Чоршанбе, Июл 31 2019

   

Дар натиҷаи баргузории амалиёти «Нелегал-Тобистон-2019» муайян карда шуд, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 96 ҳолати қонуншиканӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла 119 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубош ва бақайдгирӣ содир шуда, нисбати онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шудаанд. Инчунин, аз ин теъдод барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

   Тавре сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар баргузории амалиёт дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо 3196 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, 724 корхонаву ташкилотҳое, ки дар онҳо 3491 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз ҷумла 125 иншооти сохтмонӣ, 65 корхонаи истеҳсолӣ, 326 маркази савдо ва хизматрасонӣ, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо санҷида баромада шуданд. Зимни баргузории амалиёт риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи ҶТ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. 

 

 

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 75

Китобҳо

Flag Counter