ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Сен 25 2017


Шоми 24.09.2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо  иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барномаи фарҳангиро вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанги ФР Сергей Абривалин оғози расмӣ бахшида, баргузор намудани  барномаи фарҳангиро таҳкимбахши робитаҳои соҳавии 2 кишвар арзёбӣ намуданд.
Ба ҳайати эҷодии меҳмонон Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва гурӯҳи созии «Трио»-и  Консерваторияи Москва шомил буда, дар доираи Рӯзҳо баргузории барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намоишгоҳи «Русский север» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Инчунин, имрӯз, 25 сентябр ҳайати меҳмонони Федератсияи Россия ба ш. Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафар намуда, ба  сокинони он барномаи консертӣ пешниҳод намуданд. Худи ҳамин рӯз консерти Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи  А. Муҳаммадҷонов дар назар дошта шудааст.

СССР

Душанбе, Сен 25 2017


Мудернистони исломии азиз, ки аз номи Ислом дурӯғ мегӯед, оё аз Аллоҳ наметарсед? Аз баробарҳуқуқии зан дар Ислом мегӯед, занеро ҳимоя мекунед, ки дар донишгоҳҳо хонад, бозорнишин бошад? Латтаи арабии охундӣ ба сар дошта бошад бас? Чаро аз Худо наметарсед??? Агар баробарҳуқуқ бошад, чаро дар дунёю охират баробар намегиред? Чаро дар намози ҷумъа паҳлӯтон намемонед? Чаро имом намекунеду иқтидо намекунед? Чаро дар ҷаноза паҳлӯтон нест? Рӯтона сиёҳ накунед! Зан дар Ислом бо мард баробарҳуқуқ нест. Агар муслима аст, на ҳаққи хондан дораду на бозорнишинӣ. Латтаҳои сиёҳи шумо ҳамун тампакси тозию охунд аст, динӣ не, сиёсӣ аст. Президент ва ҳукумати Тоҷикистон вазифадоранд, ки барои амнияти ҷомеаи исломии Тоҷикистон латтаҳои сиёҳи сиёсии шуморо аз саратон бигиранд!!!

Ҳуқуқи зан, яъне чӣ?
Вақте "ҳуқуқ" мегӯем, чаро рост намегӯем? Метавонед, ки дар масҷиди худ занеро имом интихоб кунеду аз пасаш намоз гузоред? Ин ҳам ҳуқуқи зан чун инсон аст-ку?!
Чунин ҳуқуқ (аз мард пеш гузаштан)-ро Ислом ба зан надодааст. Баробарҳуқуқӣ, институтхонию корвоншинию туркияравиро низ. Агар зан ҳуқуқи имоматӣ дар намози мардонро надорад, пас чӣ фарқ аст, ки сурх пӯшад, ё сиёҳ. Ин бозии сиёсӣ аст, на мазҳабӣ.


Сафват Бурҳонов,
Одесса, Украина

Ҷумъа, Сен 22 2017


Ин намод с.2013 аз гӯристони Чилтанбобои баландии Ӯртабузи ноҳияи Фархор, дар вақти кандани гӯри фавтида-Шокиров А., аз жарфии 2 метр ба даст омадааст. Бозёфтҳои солҳои охири бостоншиносӣ, дар ин мавзеъ ба он далолат менамоянд,  ки Уртабуз дар худ таърихи қадимтарини моро ниҳон дорад ва интизори омӯзиши ҷиддӣ аст. Вожаи Ӯртабуз аз решаи Ури авестоӣ-баланд ва Буз-бузург буда, баландии бузургро ифода мекунад. Намод (нишон) 52х50 см андоза ва 5 кг вазн дорад. Сангтароши Фархорӣ бо санъати баланд, дар санги 50 см борагӣ дошта, чилипо-салиби мураббаи 21 ба 21 см андоза доштаро буридааст. Намод ба ҳазораҳои 3 ва 2-и пеш аз милод нисбат дорад. Он намунаи рамзи нажодӣ ва давлати ин диёр аст. Азбаски дар ин давра давлати Каёниён дар Бохтари бузург вуҷуд дошт ва ин ҷо бахши Ориён Виҷ меҳисобид ва дини зардуштӣ, ки тамоюли офтобпарастӣ дорад, ин намод сумбули давлати Каёниён ва ё давлати дар он замони дар ин бахш буда бошад. Намод бозёфти нодир ва ягона буда, қадимият, ориёӣ, кишоварз ва соҳибдавлат будани мардуми ин диёрро тасдиқ менамояд. Ҳоло пешниҳод менамоем, ки ин бозёфти нодир намоди ноҳия интихоб шавад ва дар осорхона барои он ҷои ифтихорӣ ҷудо намоянд. Намод дар шакли салиби чиликӣ тасвир шудааст ва он яке аз сумбулҳои қадимтарини ифодаи коинот аст. Хат буриш ва ба 4 бахш тақсим шудан, маънои 4 унсур-Замин, Об, Оташ ва Ҳаво, 4 тарафи олам ва ҳамбастагии онҳоро ифода менамояд.

Доктори илми бостоншиносӣ Юсуфшоҳ Яъкубов
Декани факултети таърихи ДМ Раҳмоналӣ Шарифов


 

Панҷшанбе, Сен 21 2017


Аз 16 то 20.09.2017 дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон 2-умин Фестивали байнулмилалии Филмҳои кӯтоҳ «Навсоз-2017» баргузор гардид. Фестивали мазкур дар пасманзари 80-солагии Артисти халқии СССР Ҳошим Гадоев ва Соли Ҷавонон гузашт, ки дар он беш аз 24 филм аз Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбакистону Афғонистон, Русияву Мисри Аараб ва Тоҷикистон миёни ҳам сабқат карданд.
Филми «Ҳолат»-истеҳсоли Тоҷикистон беҳтарин филм ва Абдукарим Машрабов беҳтарин актер дониста шуданд. Аммо Гран-При ё худ Шоҳҷоизаи Навсоз насиби филми «Бозгашти Эркин»-истеҳсоли Русия гардид.
Ҳамзамон режиссери ҷавони эронӣ, хонум Фарноз Аминӣ (филми «Буриш») сазовори ҷоизаи вежаи сардовари ҳакамот барои «интихоби мавзуъи муосир» шуд.
Сардабири газетаи мардумии СССР, Сайёфи Мизроб ба ҳайси довари ин озмун 4 рӯз кор кард ва Гран-Приро маҳз ӯ ба коргардони филми «Бозгашти Эркин»-Мария Гускова супорид.
Фестивалро гурӯҳи ҷавонони ташаббускор ва ҳаводорони синамои миллӣ таҳти сарварии Муҳибназар Холназаров таъсис ва пешкаши мухлисони филмсозӣ карданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд. Шиори «Навсоз» шиори газетаи СССР гашт, яъне «Мо Метавонем!». Ва ин ҷавонон воқеан ҳам тавонистанд, ки ҳалолашон бод!

Ҷумъа, Сен 15 2017

Бостоншиноси тоҷик, сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Саразми Панҷакент Абдурауф Раззоқов китоби “Бозёфти муҷассамаи Шоҳи Суғдӣ”-ро пешкаши хонандагон кард.
Дар китоби мазкур дар бораи бозёфти муҷассамаи Шоҳи Суғдӣ, ки таърихи аввали асри миёнаи халқи тоҷик (асрҳои V-VIII-и мелодӣ)-ро дар бар мегирад, гуфта шудааст. Чӣ гунае, ки муаллиф менависад, “ин бозёфт дар таърихи суғдшиносӣ собит сохт, ки ниёгони мо – суғдиён ҳанӯз 1400-1500 сол қабл соҳибдавлат буда, шоҳони хешро ба таври раъйпурсии умумихалқӣ интихоб менамудаанд”.

Бознашр аз сомонаи “Фараж”

Чоршанбе, Сен 06 2017


Устои Тоҷик Алиҷон Бобошарифов муҷассамаи Талабшо Шейхов ва хирси ӯро, ки Маша ном дошта солҳои тӯлонӣ рамзи пойхати Тоҷикистон буд, бунёд намудааст. Ин муҷассамаи таърихиро ширкати «iamdifferent» барои пос доштани хотираи эшону хирсаш ва таърихи Душанбе фармоиш ва маблағгузорӣ кардааст. Муҷассамаи бобо ва хирси ӯ дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар назди мағозаи ин ширкат дар хиёбони Рӯдакӣ гузошта хоҳад шуд.

СССР


  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 23

Китобҳо

Flag Counter