ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Фитна ё воқеият: Чаро Мулло Ҳайдар Мир Сайид Алии Ҳамадониро шиъа ҳукм мекунад???

  • Чоршанбе, Апр 24 2019

Шаб хабареро дӯстам тавассути телефон ба ман гуфт, ки чанд муддат аст мулло Ҳайдар Шарифзода алайҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва маъмурияти осорхонаи ӯ ҷанг эълон карда, дар намозҳои ҷумъа ва ҷанозаҳо бузургворро намояндаи аҳли ташайюъ эълон кардааст. Ва касоне, ки ба зиёрат меоянд одамони гумроҳ будаанду ва боз чанд сухани дигар....
Оё шумо (яъне ман) барои чӣ хомӯширо интихоб кардаву ақаллан барои ҳимояи бузургвор (майли худатон) чизе намегӯед? Ростӣ, баъди шунидани ин хабарҳо то дер хобам набурд. Ва ба чунин хулоса омадам, ки воқеан акнун бояд чизе гуфт:
-Аввал ин, ки мо қудрату вақти бо мулло Ҳайдар мунозараи фиқҳӣ кардан надорем. Мақому манзалати домулло Ҳайдар ба маротиб аз мо болост!
-Дуюм ин, ки банда ҳамчун муҳаққиқи осори аллома бо масъулияти том гуфтаниям, ки ақида ва ҷаҳонбинии бузургвор аз доираи фаҳмишҳои мазҳабӣ болост. Акнун зарур мешуморем, ки рӯзҳои наздик дар ин мавзуъ мақолае пешкаши чоп намоем. Чун мебинам, ки домуллоҳои муҳтарам вақти китобхонӣ надоранд.
-Сеюм ин, ки наход Бурҳониддини Раббонӣ (президенти Афғонистон), Рафсанҷонӣ, Аҳмади Нажод (раисҷумҳурони Эрон), Хонум Пртибха Потил (президенти Ҳиндустон), Навоз Шариф (сарвазири Покистон) ва садҳо донишмандону орифон тайи чанд садсола ба зиёрат оянду мартабаи Ҳазратро надонанд?
-Чаҳорум ин, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар дафъа, ки ба Кӯлоб биёянд, сараввал ба зиёрати мақбараи Ҳазрати Амирҷон меоянд. 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадониро дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудан низ аз иқдомҳои наҷибонаи сарвари муъаззами миллат аст!!!
-Панҷум ин, ки тӯли солиёни дароз бо дастгириҳои Ҳукумати ҶТ ва сахимардони диёр мақбара ва осорхонаи орифи бузург ба яке аз ҷойҳои зеботарину тамошобоби Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ва ин макони ободу хуррамро дар соли рушди сайёҳӣ ба харобазор табдил додан камоли бехирадӣ нест?!
-Шашум ин, ки вақт довар аст. Дар муддати фаъолиятам дар ин остони пок чандин нафаронеро дидам, ки алайҳи ин дӯсти Худо ба набард баромадаву шармсору сарнагун гаштаанд. Дар мазмуни ояҳои Қуронӣ дар чандин ҷо омада, ки фазл додем баъзеи шуморо бар баъзеатон, ё касе бо дӯстони ман ҷанг эълон мекунад, бо ҷанги бо ман омода бошад. Ин далели шеърӣ:
Мардони Худо Худо набошанд,
Аммо зи Худо ҷудо набошанд.
Ин тоифа теғи обдоранд,
Ҷон аз тани беадаб бароранд.
Ва садҳо чунин абёт аст, ки Мавлонову бузургони адабиёти мо гуфтаанд.
-Ва ниҳоят ҳафтум ин, ки дини мубини ислом гуноҳи фитнаангезиро аз гуноҳи қатл боло гуфтааст «Ал фитнату ашаду минал қатли» (фитнаангезӣ аз қатл кардан бадтар аст).
Фикр мекунам, ташкилот ва ашхоси вазифадоре, ки дар паҳлуи сарвари давлатанд ва таъмини сулҳу суботи кишвар вазифаи эшон аст, сари ин гуфтаҳои холисонаи ман чораандешӣ мекунанд. Зеро гапи домулло Ҳайдар ГАП аст. Ин аз салоҳияти мо берун аст...

Ҳотам Асозода
директори Осорхонаи ш.Кӯлоб

Китобҳо

Flag Counter