ХАБАРИ ДОҒ

Иллати афзоиши худкушӣ чист?

  • Сешанбе, Июн 04 2019

Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳанифа Валиева, мураббияи собиқадор аз маҳаллаи 102-уми ноҳияи Сино ба СССР занг задаву гуфт, ки кас имрӯз газетаҳоро хонда, ростӣ, хело ғамгин мешавад. Чӣ ҳодисаҳои нанговаре дар ҷамъият рӯй додан доранд. Гап сари худкушӣ дар байни ҷавонону наврасон меравад. Марду зан, арӯсу домодҳои ҷавон ба оянда нигареду аз корҳои зишту ба ҷамъиятамон бегона ҳазар кунед! Аз одамони некхӯ, оилаҳои беҳтарин ибрат гиред! Ва суоли аслии ман, ки боиси занг заданам ба СССР шуд, ин аст: Чаро худкушӣ дар замони шӯравӣ набуд? Ё бошад ҳам мо намешунидем? Аммо чаро ҳоло ин гуна ҳодисаҳо ба ҷои камшавӣ рӯ ба афзоиш аст???

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter