ХАБАРИ ДОҒ

Ба Тоҷикистон кӣ ҳамла кард???

  • Чоршанбе, Нояб 20 2019

 

 

Овоза ва заъфи тоҷикӣ

Моҷарои шаби 6 ноябр, агар аз 1 ҷониб аз омодабоши хуби сарбозони Тоҷик гувоҳӣ диҳад, аз сӯи дигар заъфи дастгоҳҳои хабарии кишварро фош намуд! Зеро дар тӯли 3-4 рӯзи баъди ин террор наҳзатиёну шодихӯрдагонашон дар расонаҳои ВВС ва Озодӣ талош карданд, ҳамлаи даҳшатафганиро «кори дасти мақомоти кишвар дар пасманзаи сафари расмии Президенти ҶТ ба Аврупо» муаррифӣ кунанд, ягон хабаргузории дохилӣ натавонист ва ё нахост, муаммои печидаро ошкор кунад! Инҳо ҳатто ба даъвои примитив-кӯдаконаи наҳзатиён, ки мегуфтанд, агар террорист мурдааст, пас чаро дастонаш бастаанд, шарҳе наёфтанд. Ҳол он ки маълум буд, он террорист захмиву боздошт шудааст ва зинда мебошад!!! Ягон ниҳод ҳатто бо журналистони воқеъанигори хориҷиву ватанӣ сӯҳбат накард. Пресс-секретарҳо хомӯш буданд. Зимнан, мардум ба овозаи «тоҷикони аврупоӣ» бовар кард…

Дар Ғарб баъди чунин бемасъулиятӣ куллан ба истеъфо мераванд! Вале дар мо ҳанӯзам хомӯшист…

ДИИШ ҳамларо ба зимма гирифт

Ғалатӣ ва ғайриинтизор мушкили иттилоотии моро ДИИШ ё худ Давлати исломӣ ҳаллу фасл кард, ки масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт! То ин изҳороти ДИИШ ҷаҳониён ба саҳнаороиҳои наҳзатиён ва журналистони дастнигари аврупоишон бовар мекарданд.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, дар байни 20 нафар ҳамлагарон ба дидбонгоҳи марзии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди «Султонобод»-и ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар сарҳади байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад, шаби 6 ноябри соли ҷорӣ (дар Рӯзи Сарқонун!!!) мавриди ҳуҷуми мусаллаҳона қарор гирифт, 5 нафарашон зан буда, дар пайи ин амалиёт 2 нафари онҳо кушта шуданд.

Дасти «смертница»-ҳои истаравшанӣ дар террор

Манобеъи хабарӣ аз ниҳодҳои қудратӣ мегӯянд, аксарияти ҳамлаварон зодагони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд будаанд. Аз 5 нафаре, ки аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар дастгир шуданд, 3 нафар зан ва 2 нафар мард будаанд. Занҳо моҳҳои тӯлонӣ омодагии ҷангиро дар лагерҳои ҷангиёни ДОИШ дар қаламрави Афғонистон гузашта, ба ҳайси маргталаб-«смертник» омода шудаанд. Бояд гуфт, ин гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ 3.11.2019 аз вулусвол (ноҳия)-и Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус-ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», бо истифода аз торикии шаб, хатти сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди н.Қубодиён гузашта, ба гурӯҳҳо тақсим шуда, 3 рӯз тавассути мошинҳои гуногуни роҳ ва баъдан мошинҳои сабукрави тамғаи «Опел», ки рақамҳои давлатиашон марбут ба пойтахт-01 ҳастанд, савораву пиёда 120 км вориди хоки Тоҷикистон мешаванд. Дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона омодагӣ мебинанд. Ҳарбиёни тоҷик, ки дар ин шабу рӯз пешопеши Рӯзи Конститутсияи ҶТ ва сафари расмии роҳбарияти давлат, дар ҳолати «омодабош» қарор доштанд, чолокӣ нишон дода, ҳамлаи мусаллаҳонаро ба таври оҷил гардонидаанд.

2 не, 6 қаҳрамон!!!

Тӯли чанд рӯзи баъди ҳамла мақомот аз кушта шудани 1 сарбозу 1 нозири минтақавӣ ёд мекарданд. Ҳол он ки миёни мардум овозаҳо буд, ки теъдоди фавтидагон бештар аст. Боз ҳам бо сабабҳои тамоман номаълум, мақомот номи онҳоеро, ки бояд чун қаҳрамон муаррифӣ мешуданд, пинҳон медошт. Имрӯз, ахиран маълум шуд, ки дар ин ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи «Ишқобод» 6 нафар-сарбозу афсар кушта шудааст:

1.Баҳром Шоҳзода (Ҳомидов), нозири минтақавии ҷамоати Эсанбойи н.Рӯдакӣ, сокини деҳаи Шӯриёни ҳамин ноҳия;

2.Диловар Толибов, майор, муовини фармондеҳи дидбонгоҳи Султонобод, зодаи ш.Конибодом;

3.Прапоршик Иззатулло Латифов, зодаи маҳаллаи Зарафшони ш.Душанбе;

4.Сарбоз Наимҷон Саидолимов аз ҷамоати Додобой Холматови н.Б.Ғафуров;

5.Сарбоз Ҳофиз Ҳасанов аз деҳаи Фароби ш.Панҷакент;

6.Сарбоз Ғаниҷони Давлат аз н.Рашт.

15 кушта ва 5 дастгиршуда

Ба гуфтаи мақомот, дар ҳамлаи шаби 6 ноябр 15 ҳамлагар кушта ва 5 тани онҳо зинда дастгир шудаанд. Аз Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ гуфтаанд, ки ҳамаи онҳо аъзои созмони террористии ДОИШ буда, бо "супориши махсус” аз Афғонистон омадаанд. 8 ноябр ДИИШ – Давлати Исломӣ ба воситаи интернет иддао кард, ки дар ҳамла 10 сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштаанд. Ҳамчунин, 9 ноябр видеои савганди 6 нафар ниқобпӯшро ба ҷойгузини халифаи худхонда-Абубакри Бағдодӣ нашр кард. Хотиррасон мекунем, Бағдодӣ чанде пеш дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия кушта шуд. Чеҳраи ин манфурон, ки байъат мекарданд, ниҳон аст, вале аз либоси онҳо маълум мегардад, ки маҳз онҳо ба Дидбонгоҳи Тоҷикистон шабехун задаанд. Зеро пӯшокаи кушташудагону дастгиршудагон ба инҳо сахт шабеҳ аст...

Ҳоло тахминҳо зиёданд, ки чаро ин гуруҳи 20-нафараи террористӣ аз Қалъаи Золи Афғонистон ба Қубодиён-ҷануби Тоҷикистон ворид шудааст? 1 далел мехоҳед? Қаблан расонаҳои хабарӣ зиёд навишта буданд, ки маҳз ва танҳо аз рустои ӯзбекнишини «Лайлакуя» ва «Қизил Нишон»-и ноҳияи Қубодиён наздик ба 100 нафар хонахез (бо шумули занону кӯдакону наврасон) ба Афғонистон гузашта, вориди гуруҳҳои террористии Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон ва Давлати Исломӣ… шудаанд. Яъне экстремистон дар ин сӯи марз ҷои пой ва пуштибон доштанд!!!

Омодабоши Тоҷикона лозим!!!

Абдуллоҳи Раҳнамо, ки дар гузашта сардори Раёсати сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти ҶТ буд, дар саҳифаи Фейсбуки худ ҳамлаи шаби 6 ноябрро ҳодисаи сода намедонад. Ӯ менависад: “Агар ҳоло ба 20 нафари онон убури марз даст дода бошад, он сӯи марз ҳазорони дигар машқ дидаву саф кашидаанд ва бадтар аз ин, ин нерӯи сиёҳ дар муқобили давлату давлатдории мо аз марказҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ идора ва самт дода мешавад”. Раҳнамо ин ҳамларо паёми ошкор ва ҷиддӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон номида, даъват ба омодабоши ҳамарӯзаи миллӣ мекунад:

“Ту, оилаат, падару модарат, хонаат, деҳаат, шаҳрат, ватанат, миллатат, давлатат, озодият, истиқлолиятат, забонат, фарҳангат, тамаддунат дар хатар аст! Ҳамла паёми бадхоҳони ватану миллати мост, ки ҳанӯз бо ҳастии миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва зиндагии озоди мо оштӣ накардаанд, ҳануз дар пайи нақшаҳои нопоки худанд ва бо ин ҳадаф якеро дар Шарқ пеш андохтаанду дигареро дар Ғарб…”.

Атовуллоев: Шаурмахӯрони ДИИШ дар Аврупо?

Дар ҳамин маврид, тавре дар боло шиора шуд, “тоҷикони урупоӣ” ин ҳамларо кори дастбофти мақомоти кишвар муаррифӣ кардаву бо ин амал Давлати исломиро сафед карданд! Яъне чӣ? Яъне инҳо шодихӯрдагони ДИИШ-анд ва дар Аврупо ба поккории аъмоли бади ин созмони дар ҷаҳон мамнуъ сару кор доранд. Додоҷони Атовулло-журналисти маъруфи Тоҷик, ки беш аз 28 сол дар оппозитсияи конструктивии ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, ин амалкарди наҳзатиён ва ба таъбири худаш “шаурмахӯрони Кабирӣ”-ро низ маҳкум кардааст:

-Танҳо валадуззино метавонад ҳайвонҳо ва ҳайвониҳои ДОИШ-ро, ки ҳама дунё нафрат мехонад ва чандин бор аст, ки фарзандони Тоҷикистонро ба қатл мерасонанд, дастёри ҳукумат бишуморад. Ононе, ки ҳатто баъди эътирофи "Давлати исломӣ" боз афсонаҳои нав мебофанд, на мусалмонанд, на инсон! Чунин оппозитсия аз ДОИШ чӣ тафовут дорад? Танҳо ба ҷои саллача кепка? Танҳо ба ҷои риш рухсораҳои андовакарда?! Порисро "мадҳи озодӣ" хондан? "Урупо"-ро Каъба хондан?! Ҳар боре онҳо забонашонро бо як азоб тоб дода "Урупо" мегӯянд, хун ба сарам мезанад, вақ-вақи қурбоққаву ъурмиҷи сагони девона ба гӯшам мерасад, Ин нодидаҳо ҳоло, ки бисмиллоҳашон "урупою демукросӣ" шудааст, метарсам, ки баъди чанд сол ба суханрониҳояшон чунин оғоз набахшанд: "Ба номи ҳазрати Трампи бузургвор ва ҷалолатмаоб ва ривоҷи демукросӣ дар дунё!"

Шарифхон: Шодихӯрдагони наҳзатӣ дар ВВС?

Шарифхони Тағаймурод-журналисти Тоҷиктабори муқими Маскав бошад дар саҳифаи фейсбукии худ ошкоро навишт, ки Дориюши Раҷабиён (Шавқат Раҷабов)-аз шодихӯрдагони Кабирист, талош кард, то амали даҳшатафгании ДИИШ-ро кори дасти мақомот хонад ва ин созмони террористиро сафед созад:

-Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки аксари расонаҳои маъруфи олам ин ҳодисаро бо такя ба изҳороти мақомоти Тоҷикистон нашр карданд, оддитар карда гӯем, изҳороти Тоҷикистонро расман пазируфтанду бовар доштанд ва хабаргузории ВВС ҳам бо ин, ки ҳақиқатро медонист, фақат ба хотири Дориюш-1 хабарнигораш, ки пинҳонан бо Кабирӣ муомилаи пулӣ карда буд, изҳороти мақомоти Тоҷикистонро зери шубҳа қарор дод...

Анҷоми фоҷеа, ё ҳушдори СССР

Террористонро саркӯб кардем. Зеро миллати ҷангием. Шумо бинед, ки миёни қаҳрамонҳои фавтида аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон шербачаҳо ҳастанд. Вале дар ин террор мо чизи муҳимтареро бохтем:

-Ҷанги иттилоотиро!!! 

Зимнан соате пеш омадааст, ки хабаргузориҳо, расонаҳои электронӣ, ба вежа, ВАО расмӣ, ки аз буҷҷа маош мехӯранд, бознигарӣ шаванд. Бояд профессионалҳо сари кор оянд. Ҳастанд! Ёфтан лозим!!! Бинед, ки 1 Додоҷони Атовулло ва 1 Шарифхони Тағоймурод кореро анҷом доданд, ки 10.000 журналисти расонаҳои давлатӣ карда натавонистанд. Ва то профессионалҳо рӯи кор наоянд, бо “ҷавонони саодатманд” ва раисони хоболудаи расонаҳоямон солҳо дар ҷанги иттилоотӣ варшикастаем...

Мо Метавонем!

М.Амон

махсус барои СССР

 

 

Дар ҳамин маврид!

Чаро маҳз дидбонгоҳи Ишқобод???

Чанд суоле буду ҳаст, ки натанҳо мо, балки олами журналистикаро ба андеша водор менамуд. Ва яке аз суолот ин буд, ки чаро террористон маҳз дидбонгоҳи Ишқободи деҳаи Султонободро мавриди ҳуҷум қарор додаанд??? Хотиррас мешавем, ки душманони Тоҷикистон дар Аврупо маҳз ҳаминро баҳона меоварданд, ки чигуна мешавад, садҳо км роҳро тай карда, террористон ба Султонобод оянду ҷанг кунанд?! Пешопеш мегӯем, рӯи душманони иттилоотиро изҳороти баъдии худи ДИИШ сиёҳ кард, вале ҷузъиёте, ки мо дастрас кардем, ин муаммо, яъне ба дидбонгоҳи Ишқобод ҳуҷум кардани гурӯҳи табоҳкорро равшан месозад. Мо Метавонем!

1 террорист сарбози ин дидбонгоҳ буд!

Манбаи муътамаде ба СССР гуфт, мавриди ҳамла қарор гирифтани ин дидбонгоҳ бе сабаб набуд. Зеро яке аз террористони кушташуда, бо номи Анвар, ки бо хешовандону ҳамдеҳагонаш ба ин мавзеъ ҳуҷум кард, дар ҳамин дидбонгоҳ қаблан хизмати аскарӣ карда будааст ва бо ҷузъиёти дидбонгоҳ ошно буд. Манбаъи мо гуфт, маҳз Анвар (дар акс яке аз фавтидагон!!!) ба ҳаммаслаконаш аз гурӯҳи Давлати ба ном исломӣ гуфтааст, ки ҷои яроқу аслиҳа ва сирру асрори ин дидбонгоҳро медонад. Зимнан, ин гурӯҳи террорист, ки ба Давлати ба ном исломӣ ва халифаи он «байъат» кардаанд, қарор медиҳанд, маҳз ин дидбонгоҳро мавриди ҳамла қарор бидиҳанд…

Онҳо ният доштанд соҳиби силоҳ шудаву сипас ба маҳаллаҳои аҳолинишин ҳуҷум кунанд. Барои ин тӯдаи ҳайвон фарқе надошт, ки баъдан сари роҳашон кӣ мебарояд. Мақсадашон қатли одамон буду бас.

Онҳо дар ин дидбонгоҳ чанд афсару аскарро кушта (исмашон дар боло омадааст), соҳиби автоматҳои Калашников шуда, ҷониби пойтахт ҳаракат мекунанд. Вале яке аз афсарон ба Дидбонгоҳи дигар хабар медиҳад, ки гурӯҳи табоҳкор сӯи онҳо меравад. Бар асари тадобири фаврии марзбонон ва милитсяи маҳаллӣ террористон ба дом-«засада» меафтанд ва маҳв мешаванд!

То ин дам ному насаби чанд террорист, ки ҳамаашон зодагони ноҳияи Истаравшан будаанду бархе аз ишон дар Бозори Корвони пойтахт фаолият дошт (ҳудуди 2 нафар), фош шудааст. Инҳо Малоҳат Ҳайдарова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Зулхумор Ҷумъаева ва Раҳбар Боқиева, сокинони шаҳри Истаравшананд. Ҳусейн Исломов, сокини деҳаи Қалъачаи Араби ҷамоати "Зарҳалол"-и Истаравшан низ дар ин ҳодиса дастгир ва сокини дигари ҳамин деҳа Шавкат Исломов, ки гумон меравад, хеши Ҳусейн Исломов аст, кушта шудааст. Номи террористи дигар, ки «наводчик» ё худ роҳабалади террористон буд, Анвар гуфта мешавад. Маҳз ана ҳамин Анвар пешбарандаи аъмоли бади ин гурӯҳ будааст.

Манбаи мо гуфт, дар ин миён зану кӯдакони ин ба ном инсонҳо низ будаанд, ки барои сирри тафтишот насабашон фош намегардад. Лаънат бар марде, ки зану кӯдакашро барои кадом идеяи хому хаталаи араби пойлуче туъмаи маргу нишони тир мекунад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

PS: Аксҳо барои нахустин бор нашр мешаванд ва расонаҳо ҳини бознашри онҳо муваззафанд, ки такя бар манбаъ, яъне газетаи СССР кунанд. Мо Метавонем!

Ва аз ҳама охир: Шодихӯрдагони Кабирӣ дар ВВС (хонда шавад Шафқати Раҷабиён), дар Аврупо (М.Садриддин), дар Русия (Аркадий Дубнов) ва дар «Озодӣ»-и Аврупо… рӯи 1 акси террористе, ки ба даҳон хоб асту дастонаш баста, баҳс мекунанд, ки чаро дасти мурдаро бастаанд??? Хотиррас мешавем, ки ин террористест, мурда нест, ӯ захмӣ ва боздошт шуда буду зимнан дасти террористро мебанданд (ниг. ба акс)!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter