ХАБАРИ ДОҒ

Аз бадниҳод чашми накӯӣ тамаъ мадор,

Кӯри зи модар омада бино намешавад!

Ба назар мерасад, ки миёни  расонаҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон ва Давлати Тоҷикон 1 навъ сабқат рафта истодааст: 

-Аввалиҳо бояд коронавирус ёбанд;

-Ахириҳо бояд онро радд созанд! 

Вазъ ҳамингуна давом ёбад, дур нест соате, ки бо амри Прага ягон корманди Радиои Озодӣ худро ё мубтало созад ва ё эълон намояд, ки гирифтори ин вируси марговар гардидааст. Зеро дигар роҳе барои ҳалли ин баҳс нест…

Эй, мардум! Коронавирус пандемия шудаасту ҳатман, хоҳем-нахоҳем, рӯзе не рӯзе, моҳе не моҳе, соле на соле дар мо ҳам пайдо мегардад. Вале шахсан маро дар ин моҷаро, кӯшишу талоши ҳамтоҳоям ҳайрон кардааст, ки коре дигар ҷуз ин надоранд, то мурдагонро кофтаву далелу ҳадс зада, мардумро ба таҳлука оваранд. Ҳоло инҳо роҳи дигари ваҳмонидан ифшо намудаанд: ҳар нафаре мурд, коронавирусаш хондан кам буд, ки дурӯғ менависанд, ки хешу табори онҳо низ фавтидааст. Табиист, ки мардуми ом ҳадаҳа бовар мекунад, ки раз инашу мурду сипас он хешаш, пас ин чист? Оре, аккурат, коронавирус... 

Оё ин лже-журналистон намедонанд, ки ҳар гузоришашон паника мезояду бар нархи бозорҳо меафзояд?

Ва ана акнун баргардем, сари нарху наво дар бозор. Арзиши нони №2, яъне картошка дар мо то 8 сомонӣ хест. Айб аст, шарм аст, ки насрониён дар баробари пандемия шудани коронавирус нархҳоро бар замин зананд, миллионер-футболистонашон куллан аз маоши 4-моҳа бар нафъи маризони хеш даст кашанд, туҷҷори амрикоиву аврупоӣ ва ҳатто бутпарастони хитоӣ маҳсулоташонро арзон кунанду дар мо, баракс, онро, яъне нархи маводи ғизоро хезонанд…

1 кг мандарине, ки қаблан 3-4 сомонӣ буд, дирӯз дар Бозорчаи Яккачанор, маъруфтар бар «Сагбозор» 20 сомонӣ шуд! Воқеан ҳам ба ин бозор номи аслашро бубояд баргардонид ва «САГбозор»-аш боистӣ хонд! Агар ин нисбият таҳқир бар сагони реалӣ набошад. Зеро саг низ бар ҳамҷинси худ ин қадар ситам намекунад, ки дар ин бозорча мекунанд. Ва на танҳо дар ин шабу рӯз. Ин сагбозор умре ситам сари харидор мекунаду нархҳояш аз бозорҳои Питеру Маскав фарқ надоранд, вале касе нест, ки ба онҳо ҷояшонро нишон диҳад. Ё Душанбе шаҳри бедарвоза аст, ки касе чӣ нархе хост мегузорад? Шояд соате расида, ки ин бозорчаро чун бозорчаҳои дигар бандем? Бигзор мардум роҳи тӯлонӣ гирифта, ба Саховату Деҳқон равад. Бар ивази роҳкиро маҳсулоти хубсифат ва арзонтар меёбад-ку!

 Ғаробати моҷаро ин аст, ки мандарини 20-сомона дар беруни бозорча, гӯшае, ки мутааллиқ бар КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш. Душанбе» асту раисии ин ниҳодро мӯҳтарам Хушвахтов Фаррух бар дӯш дорад, фурӯхта мешуд. Пурсида мешавад, агар ин КВД нархи мандаринро то 20 ва помидорро 18 ва картошкаро 8 сомонӣ карда бошад, яъне гаронтар ҳатто аз дохили бозор, пас ба чӣ кор ояд? Оё соате нарасидааст, ки ин ниҳод низ баста шаваду ҷони мардум аз ситамаш халос? Суоли матраҳ аст, бар мақомоти ҳукумати ш. Душанбе…

Ин дар ҳолест, ки ягона бозоре, ки нархро дар ҳолати адл ва эътидол нигоҳ доштааст, Бозори Саховат боқӣ мемонад, ки 1001 раҳмату сипос бар директораш, мӯҳтарам Сайвалӣ Сабзаев.  Бо ташаббуси ин ҷавонмарди наҷиб, нархи картошка дар марзи 3,5 сомонӣ ҳифз аст ва 5 кг сари 1 харидор фурӯхта мешавад.

Хуб, гирем, ки мандарину афлесуну банан аз хориҷа меоянд. Картошка низ «хориҷӣ» буду масъулин умед ба ҳосили навъи ин полезӣ доштанд. Коршиносон мегуфтанд, картошкаи нави тоҷикӣ мушкилро рафъ месозад. Вале, аммо, лекин…ин коршиносон бо виждони туҷҷори тоҷик ошноӣ надоштаанд. Картошкаи нав рӯзи душанбеи 20.04.2020 ба фурӯш баромад. Табиист, ки нахуст дар бозори Хуҷанд ва нархаш …15 сомонӣ!!! Ба акс нигар хонанда ва бо бозориён худ… «сипос» фирист. 

Туҷҷори Бохтару Душанбе низ дар ин маъракаи эмонфурӯшӣ канор намонданду нархи картошкаи навро 12 сомонӣ карданд. Э, қандата зан, деҳқони Тоҷик! Чаро деҳқон гуфтем, на савдогар? Зеро ин нархро маҳз худи деҳқонон мондаву худашон мефурӯшанд!!! Ҳоло замона дигар шудагӣ, дилхоҳ деҳқон, гуфти Бобои Ғулом «мобилашро кулучит карда» нархро аз дилхоҳ бозор мефаҳмаду сипас нарх мегузорад.

 Бо ин ҳама мушкили соатафзун, мардум, Худоро шукр, эҳсоси завқ ва танзу хандаро гум накардааст. Ҳоло дар Аврупо коронавирус ва дар Тоҷикистон картошка мавриди лутфу танз қарор гирифтаанд. Баъзеҳо ҳатто таклиф доранд, ки ҷои гулдаста ба маъшуқаҳо «Картошка-даста» (Букет картошки) диҳем. Воқеан ҳам бисёр таклифи баҷост. Ҳам гарон ва ҳам дефитсит ва низ хӯрдааш мешавад. Рӯиҳамрафта, СССР пешниҳод дорад, ки гулчамбарҳои сари гӯрро низ аз картошка созему мурдаро ҳатман тавассути расонаҳои хориҷӣ каронавирус барорем: мардум ба дуову фотиҳа намеояд ва ин «картошкачамбар» ғизои 1 ҳафтаинаи пайвандони фавтидагон мегардад…

Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter