ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июл 22 2019

 Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 10 ҳазору 52 нафар ному насаб иваз карда, мизони таваллуд дар нимсолаи 1-уми соли 2019 43 ҳазору 177 ададро ташкил намуд.

   Чуноне ки Зинатгул Сафарзода, мудири Раёсати САҲШ-и вилояти Хатлон имрӯз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод, дар ин муддат 13 ҳазору 196 қайди ақди никоҳ, 5 ҳазору 896 ҳолати бекор намудани ақди никоҳ, 1343 ҳолати фарзандхонӣ, 268 ҳолати муқаррар намудани падарӣ, 9277 ҳолати барқарор намудани таваллуд, 12 ҳазору 57 ҳолати барқарор намудани хати вафот ба қайд гирифта шудааст.

 

Абдусаломзода Баҳодур, СССР

 

Ҷумъа, Июл 19 2019

   Дар ҷумҳурӣ 65-мактаб-интернат барои кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок, имконияташон маҳдуд, барои кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд ва кӯдаконе, ки муҳити носолими оилавӣ доранд, амал менамоянд. Дар онҳо дар соли таҳсили 2018-2019 8371 нафар таълимгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

   Аз шумораи умумии ин мактаб-интернатҳо 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илми ҶТ буда, бино ба иттилои Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар, кӯдакони тоҷике, ки чанде пеш аз кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба Ватан оварда шуда, ятим мондаанд, дар ин мактаб-интернатҳо ба воя хоҳанд расид.

   - Дастури Ҳукумати ҶТ ҳаст ва аз рӯи он тамоми вазорату кумитаҳои кишвар муваззаф гардидаанд, ки ҳаёту зиндагии минбаъдаи ин кӯдаконро зери назорати ҷиддӣ бигиранд. Кӯдаконе, ки хешутабор доранд, пас аз таҳқиқ ба онҳо дода мешаванд, он кӯдаконе, ки ятими кулл мондаанд, то хатми мактаб-интернат ва таҳсили минбаъда дар коллеҷу литсей ва макотиби олии кишвар зери назорати вазорати маориф ва илми ҶТ хоҳанд буд, - иброз дошт Нуриддин Саид.

СССР

 

Чоршанбе, Июл 17 2019

Имрӯз дар толори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вил.Хатлон нишасти хабарӣ баргузор шуд. Дар нишаст Ҳакимов Қурбоншоҳ сардори Сарраёсат гуфт, ки аҳолии вилоят ба 3.305789 расидааст, ки нисбати даври давраи соли пешин 77.157 нафар зиёд шудааст. Дар вилоят ҳамчунин 27%-и аҳолӣ камбизоат буда, 750 нафар ятими кулл аст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон 

 

Чоршанбе, Июл 17 2019

Дар нишасти хабарии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вил.Хатлон ба намояндагони ВАО иттилоъ доданд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1155  оила ҷудо шудаанд, ки нисбати соли гузашта 100 оила зиёд аст ва ин боиси нигаронист.

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

Чоршанбе, Июл 17 2019

    Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун 1429 иншоот ба истифода дода шуда, аз оғози соли 2018 то ба имрӯз бошад беш аз 2781 иншооти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

   Тавре ба мухбири СССР аз маркази матбуоти МИҲД вил.Суғд хабар доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда то соли 2021 дар вилоят беш аз 6500 иншооти гуногун бояд бунёд карда шаванд. 

 

 

Сешанбе, Июл 16 2019

    Тибқи иттилои Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ дар кишвар то ба имрӯз 6 миллиону 458 ҳазору 990 нафар муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ба қайд гирифташуда, теъдоди муштариёни фаъол 4 миллиону 856 ҳазору 887 нафарро ташкил медиҳад. То 11.07.2019 аз ин теъдод, яъне аз шумораи наздики 6,5 миллионнафара танҳо 1 миллиону 883 ҳазору 385 нафар тавонистаанд бо пешниҳоди шиносномаи намунаи соли 2014 сим-кортҳои хешро аз нав ба қайд бигиранд.

    Чуноне ки мавсуф зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки бар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳоли вобаста ба он» азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон-корти ID гузаронда мешавад. Тибқи ин қарор Хадамоти алоқа вазифадор шудааст, ки то 15.08.2019 ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз 2 симкортро бо шиносномаҳои нав-ID корт анҷом диҳад. 

   - Дар сурати то 15.08.2019 пурра иваз нашудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба шиносномаҳои намунаи соли 2014 мо метавонем барои тамдид намудани мӯҳлати мазкур ба ВКД ҶТ муроҷиат намоем, - таъкид дошт Илҳом Атоев.

 

 

 

саҳ 8 аз 113

Китобҳо

Flag Counter