ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 04 2020

Яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳассоси имрӯза, ин зиёд гардидани ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Ин дар ҳоле, ки дар тамоми ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо  ҳатто дар ҷамоату маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ  рафта истодааст. Вале ин тадбирҳо на ҳамавақт натиҷаи мусбат дода истодааст. Дар вилояти Суғд бошад ин муаммо боз ҳам нигаронкунанда аст. Тибқи маълумоте, ки аз Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати омори Демографӣ шуғли аҳолӣ ва омори иҷтимоӣ дар вилояти Суғд дастрас намудем, дар соли сипаришудаи 2019 дар вилояти Суғд 21585 оила барпо ва 4272  оила расман ҷудо шуданд. Ин дар ҳоле, ки соли 2018-ум 22742 нафар никоҳ баста, 4046 адади он  бекор карда шуд. 

Никоҳ каму талоқ беш шуд!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи 2018 никоҳ 1157 адад кам шуда, талоқ 226 адад зиёд гардидааст. Аз рӯи таҳлилҳои  Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд омилҳои асосии вайроншавии оилаҳо  ин якдигарнофаҳмӣ, беморӣ доштани  яке аз тарафҳо, дахолати волидон, таҳаммулнопазирӣ, хиёнати ҳамсарон, муҳоҷирати меҳнатӣ, бефарзандӣ, вазъи пасти иқтисодии оилаҳо мебошад. 

Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд дар соли гузашта 444 адад ҳодисаи  ҷудошавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар ҳамин давраи соли 2018 77 адад зиёд бекоршавии никоҳро нишон медиҳад. Муқаддас Шодибоева сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, барои пешгирии ҷудошавӣ байни оилаҳо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳри Хуҷанд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда истодааст. Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд  гурӯҳи корӣ ташкил намуда хонаводаҳоеро, ки тасмими ҷудошавӣ доранд бо фаҳмондадиҳии мушкилоташон оштӣ дода истодаем. Яъне, ба ғайр аз барномаҳои амалкунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаҳо, инчунин роҳи оштӣ додани зану шавҳар ва волидони онҳоро корбарӣ менамоем, ки он  натиҷаи хуб дода истодааст. Масалан бо роҳи фаҳмондадиҳии оштинамоӣ моҳи январи соли 2020 ду оиларо ба ҳам оштӣ додем. 

 

Интернет, хушдоман ва муҳоҷират

Оила дар мардуми Шарқ бахусус барои мардуми мусулмон ва халқи тоҷик пайванди муқаддас ба ҳисоб меравад. Аммо имрӯзҳо кӯчактарин муаммо байни ҷавонон бо хотимаи он ва ҷудошавӣ анҷом ёфта истодааст. Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо зиёд аст. Аз ҷумла истифодаи интернет, аз байн рафтани маданияти шарқиёна байни ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ, тафоҳуми хонаводаҳо, муаммои келину хушдоман низ сабаби боиси  ҷудошавии оилаҳо гардида истодааст. Пас чи бояд кард? Фардо бо ҷомеаи мо чӣ хоҳад шуд? Худ қазоват намоед.

Сумани Набиҷон

Хуҷанд, махсус барои СССР

 

Чоршанбе, Фев 26 2020

Салом СССР. Ман 1 шикоят дорам, ки дарди дили ҳазорон хонанда аст. Чанд соли дигар мо сарсону саргардон аз пушти 1 “справка” ҷамоат ба ҷамоат, ноҳия ба ноҳия гардем? Ҳаёт дар ҷараён аст ва сол аз сол шумораи аҳолӣ зиёд шуда, техникаву технология тараққӣ карда истодааст. Вале дар деҳоту ноҳияҳо то ҳол мушкилҳои зиёде ҳали худро наёфтаанд. Мо барои андак кор ба ҷамоат медавему аз ҷамоат ба ноҳия. Агар корамон барор гирад хуб, лекин бисёр вақт корамон нотамом мемонаду маҷбур мешавем, ки боз чанд рӯзи дигар рафту омад кунем. Охир, ана соҳибистоқлол шудамонро 28 сол шуд. Намешавад, ки ҳама корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар маҳалла ҳалу фасл шавад? Масъулин барои ин мушкилии мардум чораандешӣ намекунанд! Бояд муомилаю муошират ва рафту омад байни корафтодагону коргузорон  бе мушкилӣ, тавре роҳандозӣ шавад, ки халқи бечора аз ноҳияву деҳоти дурдаст сарсону саргардон ба маркази ноҳия, сипас вилоят ва ахиран пойтахт наоянд. Ҳукуматро ку гӯё электронӣ кардаем, вале сарсониву саргардонии мо пирони барҷомонда то кай давом мекарда бошад?    

Ҳоҷӣ Саид Камолзода, Узви Ихвон ал СССР

 

Ҷумъа, Фев 21 2020

Аз МИҲД шаҳри Гулистон гуфтанд, ки то ҳол ҳамагӣ  12 нафар сокинони авфшудаи шаҳр бо ҷои кор таъмин шудаанд. Дар ин бора раиси ш.Гулистон Фирдавс Шарифзода зимни нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки таъминоти ин сокинон бо ҷойи кор  бо дарназардошти касбу ҳунар ва ҷойи охирини кории онҳо сурат гирифтааст. Мақомоти маҳалли шаҳр мегӯянд руйхати умумии авфшудагонро аз ниҳодҳои дахлдор гирифтаанд ва сари масъалаи бо ҷойи кор таъмин кардани ин афрод чораҷӯӣ карда истодаанд. 

- Дар қайди мақомоти маҳаллӣ 38 нафар шаҳрвандони авфшуда қарор доранд. Барои 22 нафар кӯмакпулии яквақтаина аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъин шудааст, - гуфт сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ш. Гулистон Гулсинат Афзалова. 

Бар пояи иттилои муовини якуми прокурори  Суғд Изатулло Муҳаммадӣ дар вилоят авф нисбати  6 288 нафар татбиқ шудааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Қонуни “Дар бораи авф” 25 октябри соли 2019 ба тасвиб расид ва бино ба маълумот мақомоти кишвар нисбати 20 ҳазор нафар авф татбиқ гардид. Зимнан, мақомоти дахлдори кишвар  дар мӯҳлати 2 моҳ қонуни мазкурро пурра татбиқ намуд. Дар ҳоле ки ҳазорҳо нафар шаҳрвандон бар асоси ин қонун аз маҳбасҳо озод шудаанд, масъалаи таъмини ин афрод бо ҷои кор ҳамоно муҳим арзёбӣ мешавад.

Ҷомеашиносон иддао доранд, бо дарназардошти таърихи доғи судӣ барои озодшудагон дарёфти ҷойи корӣ чандон саҳл нест. Аммо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ дар байни авфшудагон, андешидани чораҳои самарабахш ҷиҳати таъмини онҳо бо ҷои кор масъала бисёр муҳим аст. Зеро гуфта мешавад, ки ба ғояти бекорӣ ва нодорӣ эҳтимол аст, бархеи онҳо даст ба ҷинояти такрорӣ зананд.

 

Ҷаҳонгир Мирсалимов, махсус барои СССР

 

 

 

Панҷшанбе, Фев 20 2020

Кашидани носро низ дар баробари тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ бояд манъ намоянд, зеро ин одати баду ифлос агар аз 1 тараф ба саломатии инсон беш аз тамоку зарар оварад, аз тарафи дигар кӯчаву хиёбонҳоро ифлосу бадбӯй мекунад...

Носда биё, бача!

Мутаасифона, анқариб дар ҳама хонадони тоҷик нафаре пайдо мешавад, ки тамоку истифода мекунад, аз ин лиҳоз гуфтан метавон, ки дар Тоҷикистон, кормандони касбу кори гуногун (омӯзгор, духтур, муҳандис, милиса, амниятӣ, вазиру раис!!!) гирифтори носу тамоку мебошанд. То ҷое, ки барои мо маълум гашт, аксарияти мардум ба он хотире нос истифода мекунанд, ки аз сигоркашӣ парҳез кунанд-аз борон гурехта, ба новардон паноҳ бурдан аблаҳист.

    Дар Душанбе имрӯз чанд намуди носро бо кадом нарх мефурӯшанд ва кадом нос бештар мизоҷ дорад-ин буд мавзӯе, ки хафтаи равон пайгирӣ кардем.

Носи 011, Аэропорт, Носир ва Калек

    07.02.2020. Соат ба вақти Душанбе 11:20 дақиқа. Бозори “Меҳргони”-и ш.Душанбе-Фахру Шарафи пойтахт... Дар пушти бозори мазкур якчанд дӯконе пайи ҳам ҷойгир шудаанд, ки танҳо барои фурӯши нос машғуланд. Расидан баробар дӯкони якумро нигоҳ карда, дидам, ки ҳамаи номҳои машҳури тамоку пайи ҳам гузошта шудаву дар зерашон носҳои ҳархела бо шаклҳои гуногун ҷойгир. Саволи нахустинам ҳам ин буд, ки “амакҷон шумо носро аз куҷо меоред ва он аз кадом навъи маҳсулот омода мешавад?”, фурӯшанда, ки нахост номаш ифшо шавад, иброз дошт: “Мо аксар вақт маҳсулотро аз кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон меорем. Нос бошад аз барги хушки тамоку омода мешавад ва мо низ метавонем онро аз маҳсулоти дохилӣ тайёр намоем, аслан фарқияте надоранд”. 

Дар вақти суҳбат ман медидам, ки фурӯшанда чи тавр носҳои гуногунро халтача менамуд ва пурсидам ки чаро мардум аз носҳои ҳархела истифода мекунанд, дар ҳоле, ки маҳсулоти ҳамааш 1 аст. Ӯ гуфт, “Аслан нос ҳархела намешавад, балки носкашҳо ҳархела мешаванду ба ҳаргуна номи нос одат мекунанд. Тавре дар боло зикр кардем, ҳама аз як навъи маҳсулот барои омода намудани нос  истифода мекунанд. Танҳо фарқият дар омодакунандаи нос дида мешавад, ки бо кадом меъёр онро омода месозад. Маршҳуртарин нос дар ш.Душанбе ин носи “Аэропорт” мебошад. Сабаби чунин ном гирифтани нос ин маҳалли тайёршудааш аст, на чизи дигар. Яке аз носҳои машҳури дигар дар пойтахт ин носи “011” аст, ки ин номро кайфиҳо ба хотири мошини “Жигули-011” мондаанд, ки соҳибаш ҳар рӯз мошинро дар назди бозори “Саховат” ист фармуда, носфурӯшӣ мекунад. Яъне нос яку, номи маҳал-зодгоҳи ону мизоҷон дигар! Мисли “носи Калек” дар Кӯлобу “носи Носир” дар Хуҷанд!

 

Ҳабси “носкашҳо” дар Туркманистон

Дар ҳама давлатҳои Осёи Миёна мардум озодона тамокуро истеҳсол намуда, ба муомилот мебароранд, ғайр аз Ҷумҳурии Туркманистон. Тибқи қавонини ин кишвар муҷозот барои истифодаи 1 халтаи нос баробар ба истеъмоли маводи мухадираст.  Бархе аз сокинони кишвари мо низ бар он ақидаанд, ки кашидани носро низ дар баробари тамоку, ки кашиданаш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст, бояд манъ намоянд, зеро ин одати баду ифлос, агар аз 1 тараф ба саломатии инсон бештар аз тамоку зарар оварад, аз тарафи дигар кӯчаву хиёбон ва назди дари хонаи моро низ ифлосу бадбӯй мекунад.

 

Шералӣ Давлатов, 

СССР

 

Сешанбе, Фев 18 2020

 

    Дируз тақрибан соатҳои 12-13-и рӯз мошини боркаши тамғаи «Фотон» зимни ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти "Бохтариён" аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба симчӯби хатҳои баландшиддати барқӣ бархӯрд. Ин ҳодиса, ки ба садамаи барқӣ оварда расонид, боиси он гашт, ки сокинони маҳал беш аз 30 соат бе барқ монанд. Хушбахтона, касе осеб надид.

    Худи ронандаи бошини боркаш мегӯяд, ки сабабагори садама ронандаи автомашинаи сабукрави тамғаи «Нексия» буд, ки ба самти муқобил баромад. Айни ҳол дар ҷои ҳодиса таъмир идома дошта, масъулони шабакаи барқи вилояти Хатлон талош доранд, ки то охири рӯз сокинонро бо барқ таъмин намоянд.

 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, Фев 14 2020

Қарор аст, ки дар Суғд пардохти  хизматрасониҳои тиббии пулакӣ тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Гуфта мешавад, ки амалиётҳои пардохтӣ дар ин самт аз ҷониби Бонки давлатии Амонатбонк анҷом дода мешавад.  Ба таъкиди масъулини раёсати тандурустии вилоят  алакай дар чанде аз бемористонҳои Суғд терминалҳои махсус барои пардохти хизматрасониҳои тибби музднок насб гардидаанд.  

 Дар робита ба ин масъала Маъруфҷон Абдураҳмонов, Мудири бахши механизми нави маблағгузории Раёсати тандурустии вилояти Суғд, зимни нишасти хабарии сардори ин раёсат иттилоъ дод. Номбурда мегӯяд, набудани терминалҳо дар ҳама муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз мушкилиҳои асосиест, ки сокинон наметавонанд,  дар ҳама бемористонҳо хизматрасониҳои пулакиро тариқи ғайринақдӣ анҷом диҳанд.:

- Аз соли 2019 ин иқдом амалӣ шуда истодааст. Агар бонк дар семоҳаи соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои тиббии системаи давлатии тандурустӣ терминалҳои худро барои пардохти хизматрасониҳои пулакӣ насб кунад, сокинон имкон доранд, пардохтҳои пулакии тибиро тавассути корҳои пластикӣ анҷом диҳанд, гуфт Абдураҳмонов.

  Дар ҳоле, ки бино ба таҳлилҳои оҷонсии зидди фасод дар кишвар соҳаи тандурустӣ аз соҳаҳои фасодзада маҳсуб мешавад, таҳлилгарон мегӯянд, ба таври пурра ба роҳ мондани ҳамаи намуди пардохтҳои хизматрасонии тиббии музднок, то ҷое барои ҷилавгирӣ аз омилҳои порагирии кормандони тиб мусоидат мекунад.

 Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Суғд 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонидашуда ва 247 муассисаи хусусӣ  фаъолият дорад

Ҷаҳонгир Мирсалимов

Махсус барои СССР

 

саҳ 10 аз 128

Китобҳо

Flag Counter