ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Янв 25 2018


Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо- «Тоҷикстандарт» аз мардум хост, ки ҳангоми ошкор шудани молу маҳсулоти бесифат ва мӯҳлати истифодаашон гузашта ба Агентӣ муроҷиат намоянд.
Агентии мазкур бо ин мақсад суроғаи  расмии Агентии «Тоҷикстандарт» дар шабакаи иҷтимоии Facebook: fb.me/tojikstandart, дар Instagram: www.Instagram.com/standard.tj ва рақами Viber-ии 988 -50-22-22 фаъол кардааст.
Сокинони мамлакат дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта метавонанд бо суроғаҳои мазкур ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намоянд.


Душанбе, Янв 22 2018


Рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тасдиқ шуд. Рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги парчами давлатӣ иҳота карда шудааст. Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни «2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» навишта шуда, он ифодакунандаи моҳияти рамз мебошад. Истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Бино ба итиллои расмӣ, дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегардад, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст.
Рамз ҳамчунин обҳои софи ҷумҳуриро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар мебошад.

Ҷумъа, Янв 19 2018


Роҳиоҳанчиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои дубора барқарор намудани қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон корҳои омӯзиширо сар кардаанд.
Ин қитъаи роҳ, ки 5 сол сол пеш барҳам дода шуда буд, яке аз роҳҳои асосии воридоту содироти молу маҳсулот ба вилояти Хатлони кишвар тариқи роҳи оҳан ба ҳисоб рафта, ҳамакнун он дубора таҷдид гашта, ҳаракати қатора дар ин масир оғоз шавад.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» расида, ширкати роҳи оҳани кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон инчунин барои рафтуомади қатораҳои Тоҷик дар ҳудуди хеш сабукиҳо пешниҳод кардааст.

СССР

Ҷумъа, Янв 19 2018


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар пайи оташ гирифтани автобуси мусофирбар бо 52 шаҳрванди ҶӮ дар вилояти Актюбински Қазоқистон барқияи тасаллият ирсол намуд.
Фоҷиаи мазкур рӯзи 18.01.2018 ба вуқӯъ пайваста, 52 шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд. 5 нафари дигар захмӣ шуданд ва айни замон онҳо дар бемористон қарор доранд. Ин қурбониён тавассути автобус аз Русия ба Ватан бармегаштанд. Аз рӯи тафтишоти пешакӣ маълум шуд, ки автобус азнавсозӣ карда шуда, ҳангоми сар задани сӯхтор дарҳои баромаду даромади он кор накардаанд. Инчунин, ронандаҳо ба хотири зуд-зуд ист накардан миқдори зиёди маводи сӯхтро низ захира карда будаанд, ки он зуд оташ гирифта, дохили автобусро пур аз дуди ғализ кардааст. Маҳз ҳамин дуди ғализ боиси заҳролуд ва баъдан аз ҳуш рафтани одамон гардидааст.

СССР

Ҷумъа, Янв 19 2018



   Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар соли 2017дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе - 1296 ададро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 – 339 парвоз ё 35,4% зиёдтар мебошад. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 904 ҳолат, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 230 ҳолат, номусоидии обу ҳаво – 65 ҳолат, ҷорӣ будани реҷа – 24 ҳолат ва ғайра.
   Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, фурудгоҳи пойтахт дар соли 2017 ба 1,3 млн. нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли 2016 - 148,8 ҳазор ё 12,7% зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҷи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар соли 2017 - 2473,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 153,0 тн. ё 6,6 % зиёдтар мебошад.
   Миқдори маҳсулоти кишоварзии аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҷи байналмилалии Душанбе қабулшуда дар соли 2017 - 219,9 тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2016 - 100,6 тн. ё 84,2% зиёдтар аст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 5549 рейсҳои доимӣ хизмат расонида шуд, ки назар ба соли 2016 89 рейс ё 1,6 % зиёдтар мебошад. Инчунин оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1191 эрод ворид шуд, ки назар ба соли 2016 – 202 эрод ё 20,4 % зиёдтар мебошад. Аз онҳо 1172 эрод қонеъ гардонида шуд ва 19 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
   Инчунин, дар доираи нақша чорабиниҳо дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳ зимистони солҳои 2017- 2018 техникаи махсуси аэродромӣ, аз он ҷумла, автотранспортёр, ядакҳои майда, автобусҳои перронӣ, автозина, мошини худрави боркунанда, мошини ёрии таъҷилии тиббии СИКАР-3868, АМБУЛИФТ, АПА, мошинҳои муосири сӯхторнишонӣ, автотрапҳо, боркашҳои тасмавӣ, мошинҳои бағоҷкаш, фарштозакунаки Н715-665, электрокарҳо, электротрапҳо, экскаватор, автозинаи махсус барои хизматрасонӣ ба рейсҳои таҳти назорат қарор дошта ва ғайра пурра тайёр карда шуданд.
   Дар назди кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вазифа гузошта шуд, ки дар соли 2018 ба масъалаҳои ҳолати тайёрии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба санҷиши навбатии ИКАО дар соли 2018, натиҷаҳои татбиқи барномаи миллии бехатарии авиатсионӣ барои солҳои 2015-2020 дар фурудгоҳи Душанбе, роҳҳои кам кардани теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошта шудани парвозҳо ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо дар фурудгоҳи Душанбе диққати ҷиддӣ диҳанд.

СССР

Панҷшанбе, Янв 18 2018

саҳ 95 аз 156

Китобҳо

Flag Counter