ХАБАРИ ДОҒ

Павлик Морозов Малик Ашӯров шуд!

  • Панҷшанбе, Март 31 2016

Бо қарори депутатҳои шаҳри Душанбе номи 2 кӯчаи пойтахт иваз карда шуд.

 Чуноне ки ба мухбири мо аз Ҳукумати шаҳри Душанбе иттиллоъ доданд, минбаъд кӯчаи Южно-Обходная Зарнисор ва кӯчаи ба номи Павлик Морозов бошад ба номи Малик Ашӯров ном гирифта мешаванд.

Қарори мазкурро бошад дар ин самт депутатҳои шаҳрӣ дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба тасвиб расониданд.

Ту кистӣ Павлик?

Павлик Морозов яке аз қаҳрамонҳои маъруфи даврони шӯравист, ки ба номаш мактабу дружина ва отрядҳои пионериро мемонданд. Қаҳрамонии Павлик ин буд, ки падари худ-Трофимро ҳамчун кулак, ки молу маҳсулоташро аз колхоз пинҳон ва бо кулакҳо, яъне бойҳо ҳамкорӣ мекард, ба мақомот фурӯхт. Трофим Морозов 10 сол гирифт. Баъди ин қаҳрамонӣ бобои Павлику падари Трофим-Дед Сергей бо ҳамкории бибии Павлик-Ксения, хешонаш-Данилаи амакбача (19 сола) ва падари рӯҳонияш-Арсений Кулуканов гунаҳкор дониста шуданд. Кулуканов ва Данила Морозовро парронданд. Бобову Бибии Павлик Морозов дар зиндон мурданд...

Солҳои тӯлонӣ Павлик Морозов «эталони поквиждонӣ» барои пионерҳои советӣ буд.

Баъди пошхӯрди СССР номи Павлик Морозовро аз Русия хат заданд. Инак Душанбе-охирин платсдарми Павлик Морозов низ таслим шуд ва номи ин қаҳрамон-пионери идеологияи шӯравӣ абадан аз сафҳаи таърих шуста гардид.

Павлик Трофимович Морозов соли таваллуд: 14 ноябри 1918 деҳаи Герасимовка

Маргаш: 3 сентябри 1932 ҳамон ҷо. Макони таваллуд: Союз Советских Социалистических Республик

Бо ин ҳама норавшан аст, ки ҷойгузини Павлик-Малик Ашӯров кист...

 

 

1 Паём

  • Шарҳр додан Карим Ҷумъа, 01 Апрел 2016 08:21 Паём аз Карим

    Малик Ашуров кист?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter