ХАБАРИ ДОҒ

Гадо дар Қӯрғонтеппа меафзояд

  • Чоршанбе, Апр 13 2016

Ин садои гӯшхароши 10 - 15 кӯдаки 3-5 солаи дами дари масҷидҳост, ки даст ба дарюзагӣ дароз кардаанд:

 

-Акаҷуно, ягон сум хайр кне, савоб мегире.

-Акаҷоно, ай барои Худо, гуруснаем.

 Маро маъзур бидоред, ки ташбеҳ ва ё қиёси мувофиқе наёфтам, то фарёди ин кӯдакони маъсумро муқоиса намоям. Фарёди онҳо дар гӯши ман овои гӯсолаҳои гуруснаеро мемонд, ки бо расидани модаговҳои пистон пури шир аз саҳро, садо дар медиҳанд. Ҳарчанд кӯдакони ба гадоӣ гаравида фарзанди инсонанд, фишори тоқатхораи гуруснагӣ онҳоро водор сохтааст, ки овоз дардиҳанд мисле гӯсолаҳои навзод. Зеро “лучӣ ба хона, гуруснагӣ ба кӯча” мегӯянд.Гадоии занон, мардони маъюбу ришсафедони қоматхамида як падидаи маъмулӣ буд, ки ба диданаш хӯ кардем. Вале ҳоло атфолеро ба ин кор одат додан мехоҳанд, ки дирӯзакак забон ба гуфтор кушодаанд. Ва ҳайфо, ки нахустин калимот бар забони онҳо аз гадоиву талбандагӣ биншинад!Намедонам, хонандаи мо мушоҳида карда аст ё на, дар ин авохир дами дари ҳар масҷиде дастикам аз 10 то 15 кӯдак гадоӣ мекунад. Пештар танҳо ҷӯгибачаҳоро медидем, ки ҳамроҳи волидайнашон дар ба дари мардум ба суроғи нон мерафтанд. Ва ҳоло ин падида ба мардуми тоҷик сироят кардааст.Чаро чунин шуд? Шояд мардуми мо нисбат ба атфол то ҷое мушфиқ аст, ки ҳар дору надорашро ба ятимону бечорагон бидиҳад? Аз ҳамин рӯ, гадоҳои “касбӣ” кӯдаконро ба ин кор ҷалб кардаанд? Ё воқеан тиҳидастон роҳи дигари пешбурди зиндагиро пайдо накарда, фарзандони хурдсоли худро ба гадоӣ мекашанд? Ҳар чӣ ҳаст ё нест, ин падидаи бисёр бад аст. Тасаввур кунед, ин кӯдакон бузург шаванд бо гадоӣ, табиист, ки ғайри даст дароз кардан ва чашм дӯхтан ба ҷайби мардум кори дигареро нахоҳанд омӯхт ва фарзандони онҳо пушти ҳамин пеша хоҳанд рафт ва фарзандони фарзандонашон ҳам... Як сулолаи гадоҳои тоҷик ташаккул хоҳад ёфт.

Суҳбате доштем пирамарде,ки қисса кард, ки чун бори аввал ба Аврупо сафар намудааст,аз набудани гадоҳо бисёр дар тааҷҷуб афтод. “Як ҳафтаву ду ҳафта ҳамеша кӯчаҳову издиҳоми одамонро меҷустам, ки оё гадое сари роҳе нишастааст ё на? Надидам. Аз марди маҳаллие пурсидам, ки чаро дар ин кишвар касе гадоӣ намекунад?

Барои он ки касе ба гадоҳо пул намедиҳад, - посух дод ӯ.Мазмун, бояд ҳар касе худаш заҳмат кашад ва нони меҳнатӣ тановул кунад. Гарчи муаллиф ҷонибдори он нест, ки дороҳо комилан дари саховату ёрмандӣ ба бечорагонро бубанданд, вале ҳар дирам ва ё сомоние, ки мо ба гадое медиҳем, як инсонро коҳил мекунаду нокора ва тамаъҷӯю муфтхор. Агар он гадо маъюб ва ё пирсоле бошад, ки қудрати заҳмат кашиданро бохта, боке не. Вале солиму тандуруст, дасту пои равон, чашми бинову гӯши шунаво дорад, воқеан, хайри мо ба гунаи хизмати хирсонаест дар ҳаққи ӯ.

Агар тифлонро ба гадоӣ одат диҳем чӣ? Шояд миёни ин кӯдакон нобиғае нуҳуфта аст, эҳтимол нафаре аз онҳо истеъдоди фавқулодае дорад, ё кадомешон дорои ҳофизаи қавист? Пас, чаро ин сифатҳоро қурбонии гадоӣ кард? Бадбахт ҳамон падару модарест, ки тифлони худро ба ин кирдор тавтиа медиҳанд ё маҷбур месозанд. Барои нони якрӯза ҳаёти якумрии фарзандонашонро месӯзонанд...Ҳалли ин масъала як роҳ дорад: бояд ҳар чи зудтар ин тифлакон аз волидайнашон ҷудо карда, ба ятимхонаҳо супурда шаванд. Танҳо дар ин сурат мумкин аст пеши роҳи як насли гадоҳоро гирифт. Вагарна шумори кӯдакони даст ба гадоӣ ёзида афзудан мегирад ва ҳар кадоме баландтар аз дигаре садо медиҳад!

Баҳодур Уроқов,

Хабарнигори СССР дар вил.Хатлон

 

1 Паём

  • Шарҳр додан Гурезкул Панҷшанбе, 21 Апрел 2016 23:52 Паём аз Гурезкул

    Что ставит бедный (и неуспешный) человек на первое место? Вопрос, над которым следует задуматься каждому! Только ДЕНЬГИ. На второе – СТАТУС. На третье – ЭНЕРГИЮ. И на последнее – ВРЕМЯ. Как это выглядит: человек всю жизнь за деньги и статус продает свое время и свою энергию. Что получается: у него нет ни денег, ни статуса – он пенсионер на соцобеспечении. А у богатого ВРЕМЯ на первом месте, поэтому богатый человек всегда делегирует, всегда нанимает людей за ДЕНЬГИ, покупая их ВРЕМЯ, чтобы выиграть свое. На втором месте – ЭНЕРГИЯ. На третьем – СТАТУС. ДЕНЬГИ – на последнем месте.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter