Садҳо мавзӯи обнорасида аст-медонам. Ва медонам, ки мавзӯи Панҷшер, ҷавонмардии Тоҷикони сарбаланду сарбадори Афғонистон, Ҷавонмардии Президенти ҶТ, ки аз ин мардум пуштибон аст, мавзӯи доғанд. 30-солагии Истиқлолият, 30 – солагии Озодӣ, 30-солагии ворастагӣ ва ноамниҳои глобал-политик, ки имрӯз якояки Тоҷикони олам ба он фуруд рафтаанд, мавзӯи навиштанист-медонам…
Вале медонаммммм, ки имрӯз, ман, СМ, сардабири газетаи мардумӣ, узви Ихвон ал СССР ва дӯсти тамомии хонандагони рӯзнома, БОЯД пеши хонандаам ҲИСОБОТ диҳам. Коре, ки ҳамасола ман мекунам. Ва аз ин дида мавзӯи доғтаре барои ман нест. Зеро ман бо шумоям, ҳамон гуна, ки ҳамаи шумо бо манед ва Мо Метавонем!
14 сол ба гуфтан осон аст!!!
- 14 сол, яъне 168 моҳ. 14 сол, яъне 677 шумора-ҳафта! 14 сол, яъне 5110 рӯз!! 14 сол, яъне 122640 соат!!! 14 сол, яъне 7.358,400 дақиқа ва муҳимтар аз ин: 14 сол, яъне 441 млн 504 ҳазор сония-нафас… мо бо ҳам будем. Набудем? Будем, будем, ещё как будем. Зеро мову ту хонандаи ин сутур ҳамнафасем, ҳамфикрем, ҳамнажодем, ҳаммаромем, ҳамақидаем, ҳамватанем!!!
Танҳо тасаввур кун, ки дар тӯли ин 14 сол, мо бо ҳам, танҳо дар 1 мавзӯи босмачизм, 2369 мақола навиштаву баҳс кардем, вале мавзӯъ боз ҳам пурбаҳсу мунозара ва доғ боқӣ мондааст. Воқеан ҳам дар ҳамин шабу рӯзҳо Ӯзбакистони ҳамсоя, расман Иброҳимбеки лақайро сафед кардаву ҷомаи босмачигариашро кашида, аккурат бар қадаш чапони қаҳрамонӣ пора кард!!! Аммо мо баҳс дорем. Зеро Мо Метавонем!
- Дар ин 168 моҳ расо 2708 хонандаро меҳмони расмӣ гирифта, дарди дилашро гӯш додем. Ва бовар ҳаст, ки боз ҳазорон тани мо, хонандаи мо, узви Ихвон ал СССР, гуфтание обношуста дорад. Мешнавемаш. Мо Метавонем!
- Дар 5110 рӯз 4400 узви Ихвон ал СССР ба мо занг задаву роҷеъ ба мушкили рӯзгорашон матлабе пешбарӣ намудаанд. Мутаассифем, агар занги телефони ҳазорон нафари дигарро қабул карда натавонистаем. Мо Метавонем!
- Дар ин 122 ҳазору 640 соат 8124 СМС-паёмак бар редаксияи мардумӣ расид, ки ҳалоли аъзои Ихвон ал СССР бодо! Бовар дорем, бештар аз ин теъдод боз ҳам пешниҳоду дардеву гуфтание доранд, ки ҳатман нашр хоҳад шуд. Мо Метавонем!
-Дар тӯли 14 сол мо 1354 маротиба таърихи гузаштаи 101 соли худро дар саҳ-4 варақ задем. Даҳҳо, садҳо, ҳазорон ҷонфидои ватан, иштирокчии ҶБВ, қаҳрамонҳои арсаи кору меҳнат, онҳое, ки барои мо СССР, РАСС, РСС ва ахиран ҶТ сохтаву фаромӯш гаштаанд, талоши эҳёи номи некашон кардем ва дар ин ҷода танҳо СССР пешгом аст. Мо Метавонем!
- Дар ин маҳдуда танҳо дар саҳифаи 7 беш аз 700 акси таърихӣ нашр кардаву таърихчаи давлатдории СССР бо 15 ҷумҳурияш 8801 маротиба чашмзад гардид. Боварнокарданист, вале мо ҳудуди 700 лутфу хушгӯиҳои ҳамкорон, ҳамтоҳо ва бузургони фарҳангии худро пеши рӯ гузоштаву завқ бурда хандидем. Мо Метавонем!
- 47 ҳазору 390 нафар, сар аз журналисти шинохташуда, кормандони газетаи мардумӣ, хабарнигорони беруна, шоиру адиб, аъзои Ихвон ал СССР, то хабарнигорони мардумӣ, афроде, ки ҳатто то ин дам боре килк ба даст нагирифта буданд, ба мо ЗАНГ заданд, ПАЁМ ирсол намуданд, НАВИШТАНД! Ва муҳимтар аз ин мо ОНҲОро чоп кардем. Мо Метавонем!
Ба иззати нафси касе намерасем, вале дар кишвар оё дигар рӯзномае ҳаст, ки бо инчунин факту рақам ифтихор дошта бошад? Агар бошад, Белиссимо. Ва агар нест, пас мо ЯГОНАем ва Мо Метавонем!
- Дар ин 14 сол мо чӣ қадар дӯсту бародар ёфтем, Худо шоҳид, ки ҳатто худамон ҳисобашро намеёбем.
- Чӣ миқдор ҳамсинф, ҳамшаҳр, ҳамхизмат, ҳамкурс якдигарро дар саҳафоти мо ёфтаву дубора ҳамсӯҳбат шуданд?
- Чӣ теъдод мардум ҳамфикр гардиданд.?
- Чӣ адад хонандагон бо ҳам баҳсу мунозира намудаву сипас ҷумлагӣ рафиқ шуданд?!… Инро танҳо оне медонад, ки пайваста думболагири газетаи мо ва узви Ихвон ал СССР аст.
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!
- Дар тӯли 14 сол мутаассуф, бархе аз дӯстон ва ҳамкоронро аз даст додем. Раҳими Ашроф, Одинашоҳ Муродов, Шарифи Мисайзод, Бахтиёр Сафаров, Бурҳон Сафарӣ, Аброр Зоҳир, бобои Ҳоҷӣ Ҷамил, бобои Ғулом, бобои Абдаков, Сафармуҳаммад Аюйбзода, -хабарнигорони фаоли мо рафтанд.
Танҳо дар соли наҳси коронавирусӣ устодон Гулназар, Ҷамшед Исмоил, Ҷӯрабек Назриев, Хайриддин Тӯраев, Саврӣ Сабзаалиева, Гуландом Обидова, Сайфиддин Тӯраев, Саидмурод Атоев, Шамсиддин Ҷалолов, Мӯсо Асозода, Қурбоналӣ Раҳмонов, Убайдулло Раҷабов, Шер Абулқайсов, Қиёмиддин Чақалов…ро раҳо кардем, ки муаллифони доимии мо буданд.
Хабарнигорони мардумӣ, дӯстони газета ва просто мухлисони мо, ки аз мо бурридаанд (ниг.саҳ 10-11), барои ҳамешагӣ дар дилҳои мову хонандагони мо ҷой доранд ва муҳаббати ишон ҳаргиз зудуда намешавад. Боқӣ аъзои Ихвон ал СССР дар винеткаи фахрии 14 солагии мо, чун солҳои қаблӣ ҳаккокӣ шудаанд, ки пайваста сафашон меафзояд…
Бовар кун хонанда, номи бархеи шуморо шояд зану кӯдак, ҳаққу ҳамсоя замоне фаромӯш кунанд, вале мутмаинан газетаи мардумӣ ҳаргиз туро, оре маҳз туеро, ки фикр дорӣ, «наход СМ маро дар назар дорад?», фаромӯш нахоҳад кард ва медонӣ чаро?
Аввал ин ки агар фаромӯш шуд, ҳатман ягон узви Ихвон ал СССР ба ёди мо мерасонад ва ана баъдан, фикре, ки дар оғози суол аз сарат гузашт, яъне Мо Метавонем!
30-солагии Озодӣ, Истиқлолият, Ворастагӣ ва 14 солагии зодрӯзи газетаи муҳибат муборакамон бод!!!
МО МЕТАВОНЕМ!!!!!!!